Чунон ки шумо аз Аломати якуми Мусо (Песаҳ) дар ёд доред, Аллоҳ огоҳ намуд, ки дар хонаҳое ки паҳлудариҳояш хуни барраи қурбонӣ молида нашудааст, нахустзодаҳо мемуранд. Фиръавн ба огоҳӣ аҳамият надод ва писарашро аз даст дод, ва пас аз он Мусо алайҳиссалом исроилиёнро аз Миср баровард. Фиръавн бошад, онҳоро таъқиб намуда, дар баҳри Қулзум (Сурх) ҳалок шуд.
Аммо мақсади Мусо на танҳо аз Миср бароварднаи исроилиён, балки ба онҳо омӯзондани ҳаёти нав буд — мувофиқи Шариат, қонуни Аллоҳ.
Сураи Ал-Аъло (сураи 87) ба мо ёдрас менамояд, ки ҷаҳони офаридаи Аллоҳ ба қонунҳои табиат итоат менамояд:
Номи Парвардигори бузурги хешро ба покӣ ёд кун, он ки офарид ва дурустандом кард. Ва он ки андоза муайян кард. Сипас роҳ намуд. Ва он ки чарогоҳҳоро рӯёнид, сипас хушку сиёҳ гардонид.
сураи Ал-Аъло 87:1-5
Дар хусуси одамон Аллоҳ ҳамчунин мефармояд, ки мо қонунҳои ахлоқро риоя намоем.
Чанде пас аз баромадан аз Миср Мусо алайҳиссалом ва исроилиён ба кӯҳи Сино наздик шуданд. Мусо алайҳиссалом ба кӯҳ баромад ва 40 рӯз дар он ҷо буд, то ки аз Худо қонунро, Шариатро қабул науд. Дар ин бора дар сураи 2 аль-Бакара ва дар сураи 7 ал-Аъроф гуфта шудааст:
Ва (ба ёд оред) он замонро, ки бо шумо паймон бастем ва кӯҳи Турро бар болои саратон бардоштем. Он чиро, ки ба шумо додаем,10 бо итминон бигиред ва он чиро, ки дар он аст, ба хотир бисупоред! То ки парҳезгор шавед!»
сураи 2:63 – ал-Бақара
Сӣ шаб бо Мусо ваъда ниҳодем ва даҳ шаби дигар бар он афзудем, то ваъдаи Парвардигораш чиҳил шаби комил шуд..…
сураи 7:142 – ал-Аъроф
Ба Мусо алайҳиссалом чӣ Шариате фиристода шуда буд? Матни пурраи Шариат хеле калон аст (613 фармуда ва қоидаҳо дар хусуси он чи мумкин аст ва он чи мумкин нест — масалан, қоидаҳо дар хусуси ҳаром ва ҳалол). Ин фармудаҳо қисми назарраси Тавротро дар бар мегиранд. Аммо дар аввал Мусо аз Аллоҳ ҳамагӣ якчанд фармудаҳои мушаххасро гирифт, ки дар лавҳҳои сангин навишта шуда буданд. Онҳо Даҳ фармуда ном доранд ва барои бисёр дигар қоидаҳо дар Шариат асос мебошанд. Даҳ фармуда маркази Шариат мебошанд — минимуми зарурӣ. Дар ин бора дар сураи ал-Аъроф чунин гуфта шудааст:
Барои ӯ дар он лавҳаҳо ҳар гуна панд ва тафсили ҳар чизро навиштем. Пас гуфтем: «Онро ба нерӯмандӣ бигир ва қавматро бифармой, то ба беҳтарини он амал кунанд, ба зудӣ ҷойгоҳи нофармононро ба шумо нишон диҳам».Он касонеро, ки ба ноҳақ дар замин саркашӣ мекунанд, ба зудӣ аз оятҳои хеш рӯйгардон созам, чунон ки ҳар оятеро, ки бубинанд, имон наёваранд ва агар тариқи ҳидоят бубинанд, аз он нараванд, ва агар роҳи гумроҳӣ бубинанд, аз он бираванд. Зеро инҳо оятҳоро дурӯғ бароварданд ва аз он ғафлат варзиданд.
Сураи 7:145-146 – ал-Аъроф
Даҳ фармуда
Ҳамин тариқ, мувофиқи шаҳодати сур ал-Аъроф дар Қуръон, Даҳ фармуда дар сангҳо чун аломатҳо аз ҷониби Аллоҳ навишта шуда буданд. Инҳо чӣ фармудаҳо мебошанд? Дар зер мо онҳоро пурра аз рӯи китоби Хуруҷ, ки ба таркиби Таврот медарояд, меоварем. Мусо алайҳиссалом онҳоро бевосита аз лавҳҳои сангӣ нусхабардорӣ кард. (Ман танҳо рақамҳои тартибиро илова кардаам).
Ва Худо ин суханонро ба забон ронда, гуфт:
«Ман Парвардигор Худои ту ҳастам, ки туро аз сарзамини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овардам.
1) Туро худоёни дигар, ғайр аз Ман, набояд бошанд.
2) Буте, ҳар сурате аз он чи дар осмон аз болост, ва аз он чи дар замин аз поён аст, ва аз он чи дар об аз зери замин аст, барои худ насоз. Ба онҳо саҷда набар ва онҳоро ибодат накун; зеро Ман Парвардигор Худои ту ҳастам, Худои рашкноке ҳастам, ки барои гуноҳи падарон аз писарон, то насли сеюм ва чорум, аз онҳое ки аз Ман нафрат дошта бошанд, қасос мегирам; ва ба ҳазорон кас, ки Маро дӯст медоранд ва фармудаҳои Маро ба ҷо меоваранд, меҳрубонӣ мекунам.
3) Номи Парвардигор Худои худро беҳуда ба забон нагир, зеро Парвардигор касеро, ки номи Ӯро беҳуда ба забон мегирад, беҷазо намегузорад.
4) Рӯзи шанберо дар хотир дор, то ки онро муқаддас шуморӣ. Шаш рӯз кор кун ва ҳар амалатро ба ҷо овар; вале рӯзи ҳафтум шанбеи Парвардигор Худои туст; дар он ҳеҷ кор накун; на худат, на писарат, на духтарат, на ғуломат, на канизат, на чорпоят, на ғарибат, ки андаруни шаҳри туст. Зеро дар шаш рӯз Парвардигор осмон, замин, баҳр ва ҳар он чиро, ки дар онҳост, офарид, ва дар рӯзи ҳафтум ором гирифт; бинобар ин Парвардигор рӯзи шанберо муборак хонд ва онро муқаддас шумурд.
5) Падару модари худро эҳтиром намо, то дар сарзамине ки Парвардигор Худоят ба ту медиҳад, умри дароз бинӣ.
6) Одамкушӣ накун.
7) Зино накун
8) Дуздӣ накун.
9) Дар ҳаққи ёри худ гувоҳии бардурӯғ надеҳ.
10) Хонаи ёри худро тамаъ накун; ва зани ёрат, ғуломаш, канизаш, говаш, хараш ва ҳар чизеро, ки аз они ёрат аст, тамаъ накун.
Весь народ видел громы и пламя, и звук трубный, и гору дымящуюся; и увидев то, народ отступил и стал вдали.
Ва чун тамоми қавм тундарҳо, забонаҳои оташ, садои шайпур ва кӯҳи пур аз дудро диданд ва шуниданд, ларзиданд ва аз дур истоданд
Хуруҷ 20:1-18
Бисёр вақт мо, сокинони кишварҳои дунявӣ, фаромӯш мекунем, ки сухан дар бораи фармудаҳо меравад. Инҳо маслиҳатҳои хайрхоҳона нестанд. Ва на тавсияҳо. Ва на қоидаҳое ки зери шубҳа гузоштан мумкин аст. Инҳо фармудаҳо мебошанд, ки бо фурӯтанӣ ба ҷо овардан даркор аст. Чунин аст қонуни Шариат. Аз дидани Худо исроилиён ба даҳшат омаданд.
Меъёри итоаткорӣ
Сураи ал-Ҳашр (сураи 59) Даҳ фармударо ба таври бавосита бо нозил карда шудани Қуръон муносибатдор мекунад. Бар хилофи Қуръон, Даҳ фармуда ба Мусо дар кӯҳи дудкунанда дар байни раъд ва алангаи оташ зоҳир карда шуданд.
Агар ин Қуръонро бар кӯҳ нозил мекардем, аз хавфи Худо онро тарсида ва шикофхӯрда медидӣ. Ва ин мисолҳоест, ки барои мардум меоварем, шояд ба фикр фурӯ раванд. Ӯст Худои ягона, ки ҳеҷ Худое барҳақ ҷуз ӯ нест. Донои ниҳону ошкор ва бахшояндаву меҳрубон аст!
сураи ал-Ҳашр 59:21-22
Аммо як саволи муҳим беҷавоб мемонад. Онҳо бояд чӣ миқдор фармудаҳоро риоя намоянд? Ояти навбатӣ бевосита пеш аз рӯйхати Даҳ фармуда оварда шудааст:
… ба биёбони Сино омаданд, ва дар биёбон хайма заданд; ва дар он ҷо Исроил рӯ ба рӯи кӯҳ хайма заданд. Ва Мусо сӯи Худо баромад, ва Парвардигор аз кӯҳ ӯро даъват намуда, гуфт… агар шумо ба овози Ман ҳақиқатан гӯш диҳед, ва аҳди Маро риоя кунед, шумо аз миёни ҳамаи қавмҳо қавми махсуси Ман мешавед; зеро тамоми замин аз они Ман аст…
Хур. 19:2-5
Ва ин оят дарҳол пас аз Даҳ фармуда меояд:
… ва (Мусо) китоби аҳдро гирифта, дар ҳузури қавм хонд, ва онҳо гуфтанд: «Ҳар он чи Парвардигор гуфтааст, ба амал меорем ва гӯш медиҳем».
Хур. 24:7
Дар китоби охирини Таврот (онҳо ҳамагӣ панҷто ҳастанд), яъне дар насиҳати охирини Мусо дар бораи итоаткорӣ ба Шариат чунин гуфта шудааст:
… ва Парвардигор ба мо фармуд, ки тамоми ин қоидаҳоро ба амал оварда, аз Парвардигор Худои худ тарсем, то ки ҳама рӯз барои мо некӯ бошад, ва Ӯ моро зинда нигоҳ дорад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст”.
Так.Шар. 6:24-25
Ба даст овардани росткорӣ
Ва боз дар ин ҷо калимаи «росткорӣ» пайдо мешавад. Ин калимаи хеле муҳим аст. Бори аввал он ба мо дар Аломати Одам вохӯрдааст, ҳангоме ки Аллоҳ ба авлодони Одам гуфт (яъне ба ҳамаи мо!):
Эй фарзандони Одам, барои шумо ҷомае фиристодем, то шармгоҳатонро бипӯшад ва низ ҷомаи зинат бошад. Ва ҷомаи парҳезгорӣ аз ҳар ҷомае беҳтар аст. Ва ин яке аз оёти Худост, бошад, ки панд гиранд.
Сура 7:26 (ал-Аъроф)
Сипас мо онро дар Аломати Иброҳим 2 дида будем, ҳангоме ки Аллоҳ ба пайғамбар писар ваъда дод, ва Иброҳим алайҳиссалом ба Аллоҳ бовар кард. Чунон ки гуфта шудааст:
«Абром ба ПАРВАРДИГОР имон овард, ва ин барои ӯ [аз ҷониби Аллоҳ] росткорӣ ҳисобида шуд»
Ҳас. 15:6
(Маънидоди муфассали мафҳуми «росткорӣ» дар мақолаи Аломати Иброҳим 2 оварда шудааст).
Чунон ки мо мебинем, Шариат ба мо воситаи нави ба даст овардани росткориро ошкор менамояд, чунон ки гуфта шудааст: «Ва ин барои мо росткорӣ ҳисоб меёбад, агар саъю кӯшиш намоем, ки тамоми ин фармударо ба ҳузури Парвардигор Худои худ ба амал оварем, чунон ки Ӯ ба мо фармудааст» (Так. Шар. 6:25).
Шарти росткориро иҷро кардан хеле душвор аст. Гуфта шудааст, ки шахс бояд «кӯшиш кунад, ки ҳамаи ин фармудаҳоро риоя намояд», ва танҳо ҳамон вақт ӯ росткорӣ ба даст меоварад. Ин моро баргашта ба Аломати Одам равона мекунад. Танҳо як беитоатии Одам боиси он шуд, ки Аллоҳ ӯро доварӣ намуд ва аз биҳишт ронд. Аллоҳ интизор нашуд, ки кай Одам якчанд бор фармудаҳоро вайрон мекунад. Худи ҳаминро дар хусуси зани Лут гуфтан мумкин аст, ки дар борааш дар Аломати Лут нақл карда шудааст. Барои беҳтар фаҳмидани тамоми ҷиддияти ин талаботҳо, як қатор оятҳоро аз Таврот меоварам, ки дар онҳо аҳамиятнокии итоаткорӣ ба Шариат таъкид карда мешавад.
Биёед фикр мекунем, ки ҳамаи ин чӣ маъно дорад. Ҳангоме ки ман дар донишгоҳ таҳсил мекардам, як профессор ба мо як миқдор саволҳо медод (масалан, 25), аммо талаб мекард, ки мо танҳо ба баъзеи онҳо ҷавоб диҳем — интихобан. Масалан, аз 25 савол ба 20-тои онҳо ҷавоб додан мумкин буд. Агар як савол хеле мураккаб тобад, донушҷӯ метавонист саволи дигарро интихоб карда, инашро сарфи назар кунад. Барои дигар донишҷӯ дигар хел буда метавонист. Амалан танҳо ба 20 савол аз 25-то талаб карда мешуд. Профессор вазифаи моро сабуктар кардан мехост.
Бисёр касон ба Даҳ фармуда ҳамин тавр муносибат мекунанд. Онҳо гумон мекунанд, ки Аллоҳ ба одамон Даҳ фармударо дода, дар назар дошт: «Кӯшиш кунед, ки ақаллан панҷ фармударо риоя намоед — аз рӯи интихоби худ». Аммо ин тавр нест. Аллоҳ дар назар дошт, ки ҲАМАИ фармудаҳоро риоя кардан даркор аст — на танҳо онҳоеро, ки ба мо маъқуланд. Танҳо дар мавриди иҷро намудани ҳамаи фармудаҳо Шариат росткории онҳо мешавад.
Аммо чаро баъзе одамон ба Шариат ин гуна сабукфикрона муносибат мекунанд? Зеро риоя кардани Шариат хеле душвор аст, зеро ин корро на як рӯз, балки дар тӯли тамоми умр ба ҷо овардан даркор аст. Худро фиреб дода, талаботро паст кардан бароямон осонтар аст. Фармудаҳоро бори дигар хонед ва ба савол ҷавоб диҳед: «Оё ман ҳамаи инро риоя карда метавонам? Комилан ҳамаашро. Ҳар рӯз. Бетағйир». Ин муҳим аст, зеро Даҳ фармударо ҳеҷ кас бекор накардааст. Аллоҳ онҳоро аз эътибор соқит накардааст; онҳо пас аз вафоти пайғамбар Мусо алайҳиссалом низ амал мекарданд ва дар давраҳои баъдинаи Исои Масеҳ ва Муҳаммад, ва низ замони ҳозира низ амал мекунанд (Ниг. ин ҷо). Азбаски ин фармудаҳо ба асосҳои ахлоқ, масалан, ба бутпарастӣ, парастиши Худои ягона, вафодорӣ дар никоҳ, дуздӣ, шаҳодати бардурӯғ дахл мекунанд, онҳо ба замони муайян дахл надоранд, ва онҳоро ба таври пурра риоя кардан даркор аст. Ҳеҷ кас ба ин савол ба ҷои каси дигар ҷавоб дода наметавонад. Танҳо барои худ. Дар Рӯзи Доварӣ ӯ ба он бори дигар ҷавоб медиҳад — дар назди Аллоҳ.
Саволи муҳимтарин дар назди Аллоҳ
Ман дар асоси Такрори Шариат 6:25, онро ба таври шахсӣ баён намуда, ба шумо савол медиҳам, то ки шумо барои худ ҷавоб дода тавонед. Вобаста ба ҷавобатон ва фармудаи додашуда, Шариат нисбати шумо ҳар хел истифода мешавад. Ҷавоберо интихоб намоед, ки беш аз ҳама шуморо тасвир медиҳад. Ҷавоби мувофиқро зер кунед.
Такрори Шариат 6:24-25 дар истифода нисбати мо:
Парвардигор ба ман фармуд, ки тамоми ин қоидаҳоро риоя намуда, аз Парвардигор Худои худ тарсам, то ки ҳама рӯз барои ман некӯ бошад, ва Ӯ маро зинда нигоҳ дорад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст. Ва ин барои ман росткорӣ ҳисоб меёбад, агар саъю кӯшиш намоям, ки тамоми ин фармударо ба ҳузури Парвардигор Худои худ ба амал оварам, чунон ки Ӯ ба ман фармудааст.