Skip to content
Home » Метод текстуального критицизма для проверки достоверности Библии

Метод текстуального критицизма для проверки достоверности Библии

  • by

«Ба китобҳои Библия муроҷиат кардани ман чӣ фоида дорад? Онҳо дар замонҳои қадим навишта шудаанд, ин қадар ислоҳ ва тарҷума шудаанд; ҳатто мегӯянд, ки аз паёми пештара нишоне ҳам намондааст». Ман чунин суханонро дар бораи Таврот, Забур ва Инҷил – китобҳое ки Библияро ташкил мекунанд, борҳо шунидаам.

Масъалаи саҳеҳ будан хеле муҳим аст ва ба он  чи мо дар бораи ал-китоб, яъне дар бораи Библия медонем, вобаста аст. Ба ҳар ҳол он зиёда аз ду ҳазор сол пеш навишта шудааст. Дар давоми аксари ин муддат дастгоҳҳои чопкунӣ, аппаратҳои нусхабардорӣ ва нашриётҳо набуданд. Аз ҳамин сабаб аз насл ба насл нусхаҳои дастхатҳои аслиро бо даст рӯйбардор мекарданд; бо мурури замон забонҳо пайдо мешуданд ва аз байн мерафтанд, империяҳо якдигарро иваз мекарданд ва ҳокимиятҳои нав ба сари қудрат меомаданд. Азбаски дастнависҳои аслӣ то замони мо нарасидаанд, мо чӣ тавр дилпур буда метавонем, ки матни ал-китоб/Библияи ҳозира ҳамон гуна аст, ки замоне муаллифонаш навишта буданд? Оё ғайр аз шаҳодатҳои динӣ боз шаҳодатҳои илмӣ ва ратсионалӣ вуҷуд доранд, ки матни Библияи ҳозира дар кадом як марҳалаи мавҷудияташ таҳриф нашудааст?

Принсипҳои асосии танқиди матнӣ

Дар масъалаи саҳеҳ будан ё набудани Библия ба мо фанни илмии «танқиди матнӣ» ёрӣ мерасонад. Усулҳои он нисбати ҳар гуна осорҳои қадимӣ қобили истифода мебошанд. Мо ду принсипи асосии танқиди матниро нисбати матнҳои Библия аз назар мегузаронем.

Аз расме сар мекунем, ки дар он раванди бо мурури замон маҳфуз мондани ҳуҷҷатҳои қадимӣ тасвир ёфтааст.

Раванди маҳфуз мондани ҳуҷҷатҳои қадимӣ

Барои мисол асаре гирифта шудааст, ки дар соли 500 уми то милод навишта шудааст. Нусхаи аслӣ муддати беҳад зиёд маҳфуз монда наметавонист, аз ҳамин сабаб то лаҳзаи зарар дидан, гум шудан ё нобуд гардиданаш аз он нусхаи дастнависӣ гирифта мешуд (нусхаи 1-ум). Барои бо даст нусхабардорӣ кардан одамони махсус омӯзондашуда – котибон буданд. Бо мурури замон аз ин нусха дигар нусхаҳо бардошта мешуданд (нусхаи 2-юм ва нусхаи 3-юм). Дар кадом як лаҳза нусхае маҳфуз мондааст, ки мо ҳозир дорем (нусхаи 3-юм). Дар сурат ин нусхае ки ҳозир ҳаст, бо соли 500-уми милодӣ санагузорӣ шудааст. Ин маънои онро дорад, ки маълумотҳои қадимитарин дар бораи ҳолати ҳуҷҷат танҳо дар соли 500-уми милодӣ пайдо шудаанд. Давраи солҳои 500-уми пеш аз милод то соли 500-уми милодӣ (дар диаграмма бо x ишора шудааст) – давраест, ки мо саҳеҳ будани нусхаро тафтиш кардан наметавонем, зеро ҳеҷ як дастнависи ин давра маҳфуз намондааст. Масалан, агар хатоҳо ҳангоми нусхабардории нусхаи 2-юм аз нусхаи 1-ум рӯй дода бошанд, мо онҳоро ошкор карда наметавонем, зеро ҳеҷ яке аз ин ҳуҷҷатҳо маҳфуз намондаанд, то ки онҳоро бо якдигар муқоиса карда тавонем. Аз ҳамин сабаб давраи то пайдо шудани нусхаҳои ҳозира (давраи x) – давраи номуайянии матнӣ аст, ки он вақт ҳангоми нусхабардорӣ хатоҳо содир шуда метавонистанд. Мувофиқи принсипи якуми танқиди матнӣ, ин давра ҳар қадар кӯтоҳтар бошад, дилпурӣ ба он ки ҳуҷҷат то замони мо саҳеҳ маҳфуз мондааст, бештар мебошад, зеро давраи номуайянӣ кӯтоҳ аст.

Албатта, ҳозир одатан зиёда аз аз як нусхаи дастнавис вуҷуд дорад. Фарз мекунем, ки мо дуто ҳамин гуна нусхаҳои дастнавис дорем ва дар ҳамон як ҷои ҳар яки онҳо мо тарҷумаи ҷумлаи зеринро мебинем:

Муаллифи нусхаи аслӣ Яҳё ё Явё навишта буд, ва дар яке аз ин дастнависҳо ҳангоми нусхабардорӣ хато содир шудааст. Масъала дар он аст, ки хато дар кадоме аз дастнависҳо аст? Дар асоси маълумотҳои мавҷуда муайян кардан хеле душвор аст.

Акнун тасаввур мекунем, ки боз ду нусхаи дигари ҳамон асар маҳфуз мондаанд, чунон ки дар зер тасвир шудааст:

Акнун муқаррар намудан осонтар аст, ки дар кадоме аз дастнависҳо ба хато роҳ дода шудааст. Аз эҳтимол дур аст, ки ҳамон як хато се бор такрор шавад, яқинан танҳо як бор ба хато роҳ дода шудааст; аз ҳамин сабаб аён аст, ки нусхаи №2 хато дорад, ва муаллиф на Явё, балки Яҳё гуфтанӣ буд.

Ин намунаи одӣ принсипи дуюми танқиди матниро нишон медиҳад – ҳар қадар бештар нусхаҳои дастнавис маҳфуз монда бошанд, хатоҳоро ошкор ва ислоҳ карда, мундариҷаи нусхаи аслиро то ҳадди имкон аниқ муқаррар намудан ҳамон қадар осонтар аст.

Танқиди матнии китобҳои таърихӣ

Дар боло мо ду принсипро барои муқаррар намудани саҳеҳияти матнии ҳуҷҷатҳои қадимӣ аз назар гузарондем: 1) чен кардани давраи замонӣ аз вақти навишта шудани нусхаи аслӣ то пайдо шудани нусхаҳои қадимтарини маҳфузмондаи он, ва 2) миқдори нусхаҳои маҳфузмонда, ки аз нусхаи асл нусхабардорӣ шудаанд. Азбаски ин принсипҳо ба ҳар гуна асари қадимӣ мувофиқат мекунанд, мо онҳоро на танҳо нисбати Библия, балки ҳамчунин нисбати дигар асарҳои қадимӣ истифода бурда метавонем – ниг. ҷадвал дар зер (1):

МуаллифСоли навишта шуданНусхаи қадимтаринДавраи замон, солМиқдори нусхаҳо
Сезарсоли 50 то милодсоли 900 милодӣ95010
Афлотунсоли 350 то милодсоли 900 милодӣ12507
Арасту*соли 300 то милодсоли 1100 милодӣ14005
Фукидидсоли 400 то милодсоли 900 милодӣ13008
Ҳеродотсоли 400 то милодсоли 900 милодӣ13008
Софоклсоли 400 то милодсоли 1000 милодӣ1400100
Таситсоли 100 милодӣсоли 1100 милодӣ100020
Плинийсоли 100 милодӣсоли 850 милодӣ7507

* барои ҳар як асари ӯ

Ин муаллифон барҷастатарин нависандагони замони қадим мебошанд – асарҳои онҳо инкишофи тамаддуни Ғарбро муайян намудаанд. Ба ҳисоби миёна, асарҳои онҳо дар шакли 10-100 нусхаи дастнавис маҳфуз мондаанд, ки қариб 1000 сол пас аз нусхаи асл нусхабардорӣ шудаанд.

Танқиди матнии Библия /ал-китоб

Дар ҷадвали зерин дастнависҳои Библия (аз ҷумла Инҷил, ё Аҳди Нав) аз рӯи ҳамон меъёрҳое ки дар боло зикр шуд (2), муқоиса карда мешаванд.

НомСоли навишта шуданНусхаи қадимтаринДавраи замон, сол
Дастнависи Ҷон Райландсоли 90 милодӣсоли 130 милодӣ40
Папирусҳои Бодмерсоли 90 милодӣсоли 150-200 милодӣ110
Папирусҳои Честер Биттӣсоли 60 милодӣсоли *80 милодӣ20
Кодекси Ватикансоли 60-90 милодӣсоли 325 милодӣ265
Кодекси Синосоли 60-90 милодӣсоли 350 милодӣ290

* Аз рӯи анъана бо соли 200 милодӣ санагузорӣ шудаанд, аммо дар тадқиқотҳои охирин соли 80 милодӣ оварда шудааст

Хулосаҳо аз танқиди матнии Библия /ал-китоб

Миқдори дастнависҳои Аҳди Нав чунон зиёд аст, ки дар ин ҷадвал номбар кардани онҳо ғайриимкон аст. Яке аз олимон (3), ки ин мавзӯъро солҳои зиёд омӯхтааст, мегӯяд:

«Ҳозир зиёда аз 24000 нусхаҳои дастнависи порчаҳои Аҳди Нав ҳастанд… Ҳеҷ як ҳуҷҷати дигари қадимӣ ба ин адад ва ба чунин эътироф ақаллан наздик шуда наметавонад. Барои муқоиса, «Илиада»-и Гомер бо 643 нусхаи дастнависи маҳфузмонда дар ҷои дуюм аст».

Олими намоён аз осорхонаи Британия (4) инро тасдиқ мекунад:

«Олимон аз он қаноатманд ҳастанд, ки нусхаҳои амалан аслии муаллифони барҷастаи юнонӣ ва румиро доранд … дар айни ҳол донишҳои мо дар бораи асарҳои онҳо дар миқдори хеле ками дастнависҳо асос ёфтаанд, ҳол он ки миқдори дастнависҳои маҳфузмондаи Аҳди Нав … ҳазорон нусха аст».

 Ман китоберо дар бораи ҳуҷҷатҳои қадимитарини Аҳди Нав дорам. Он ин тавр ба охир мерасад:

«Дар ин китоб транскрипсияҳои 69 дастнависи қадимитарини Аҳди Нав ҷамъ оварда шудаанд … ки бо аввали асри 2    аввали асри 4 (солҳои 100-300-уми милодӣ) санагузорӣ шудаанд… дар онҳо қариб 2/3 ҳиссаи матни Аҳди Нав ҳаст» (5).

Ба ибораи дигар, бисёрии онҳо нусхаҳои барвақтӣ мебошанд, ки на дертар аз сад сол пас аз дастнависҳои аслии Аҳди Нав нусхабардорӣ шудаанд.

Ин муҳим аст, зеро онҳо то ҳукмронии қайсари Рум Константин (қарибиҳои соли 325 милодӣ) ва то афзун шудани таъсири калисои католикӣ нусхабардорӣ шудаанд; ҳар дуи онҳоро одатан дар тағйир додани матни Библия айбдор мекунанд. Мо метавонем ин изҳоротро тафтиш кунем – матнҳои пеш аз Константин навишташударо (зеро мо онҳоро дорем) бо нусхаҳое ки дертар пайдо шудаанд, муқоиса намоем ва фарқҳоро ёбем. Дар натиҷаи муқоиса мо мебинем, ки матнҳо пурра мувофиқат доранд.

Паём дар матнҳои соли 200-уми милодӣ айнан ҳамон гуна аст, ки дар матнҳои соли 1200-уми милодӣ аст. На калисои католикӣ ба Библия дигаргунӣ ворид намудааст, на қайсар Константин. Ин на танҳо изҳороти динӣ аст, он сирф дар фактҳои илмӣ асос асос ёфтааст.

Аз ин чӣ гуна хулоса бармеояд? Бешубҳа, ақаллан дар он қисме ки мо ба таври объективӣ баҳо дода метавонем (аз рӯи муқдори дастнависҳои мавҷуда ва давраи замонии байни нусхаи аслӣ ва қадимтарин нусхаи мавҷудаи аз он нусхабардоришуда), Аҳди Нав беш аз ҳар як асари дигари классикӣ аз тафтиши саҳеҳият гузаштааст. Хулосае ки аз ҳамаи ин шаҳодатҳо бармеояд, бештар аз ҳама дар иқтибоси зерин ифода ёфтааст (6):

«Ба матни ниҳоии Аҳди Нав шаккокона муносибат намудан баробар ба он аст, ки тамоми асарҳои классикии қадим рад карда шаванд, зеро ҳеҷ як ҳуҷҷати дигари давраи қадим ба андозаи Аҳди Нав аз ҷиҳати библиографӣ бо ҷиддият санҷида нашудааст».

Муаллиф моро даъват менамояд, ки  муҳокимаи мантиқӣ намоем, зеро агар мо саҳеҳияти матни маҳфузмондаи ал-китоб/Библияро зери шубҳа гузорем, пас ҳамчунин метавонем аз ҳамаи он чи умуман дар бораи таърихи қадим медонем, даст кашем, – ҳол он ки ягон таърихшиноси донишманд то ҳол чунин накардааст. Чаро мо асарҳои  Ҳеродотро саҳеҳ меҳисобем, ҳол он ки ҳамагӣ ҳашт нусхаи дастнависи асари ӯро дорем, ки пас аз 1300 соли навишта шудани нусхаи аслӣ нусхабардорӣ шудаанд? Ва чаро мо матни Библияро таҳрифшуда меҳисобем, ҳол он ки 24000 дастнавис дорем, ки бисёрии онҳо дар давоми сад сол пас аз навишта шудани нусхаи аслӣ нусхабардорӣ шудаанд? Мо ба худамон мухолифат мекунем.

Ба мо маълум аст, ки матнҳои Библия дар замони ивазшавии давраҳо ва империяҳо дигаргун нашудаанд, зеро дастнависҳои қадимии мавҷуда пеш аз ин воқеаҳо нусхабардорӣ шудаанд. Масалан, мо медонем, ки ҳеҷ як роҳиби беандоза серғайрати асрҳои миёна ба матни ал-китоб оид ба муъҷизаҳои Исо чизе илова накардааст, зеро дастнависҳои маҳфузмонда пеш аз давраи асрҳои миёна нусхабардорӣ шудаанд ва аллакай дар бораи ин муъҷизаҳо нақл менамоянд.

Расми поёнӣ хронологияи дастнависҳои Аҳди Навро тасвир менамояд.

Ҷамъбаст мекунем: Идеяҳо ва фикрҳое ки дар сарчашмаҳои дастнависи то замони мо расидаи Библия /ал-китоб дарҷ шудаанд, на бо мурури замон таҳриф шудаанд, на бо хости сарварони масеҳӣ. Мо метавонем дилпур бошем, ки Библияи ҳозира он чиро, ки муаллифон дар замонҳои қадим навиштаанд, ифода метамояд. Усулҳои танқиди матнӣ тасдиқ мекунанд, ки Библия аз ҷиҳати матн саҳеҳ аст.

Рӯйхати адабиёт

  1. Taken from McDowell, J. Evidence That Demands a Verdict. 1979. саҳ. 42-48
  2. Comfort, P.W. The Origin of the Bible, 1992. саҳ. 193
  3. McDowell, J. Evidence That Demands a Verdict. 1979. саҳ. 40
  4. Kenyon, F.G. (бывший директор Британского музея) Our Bible and the Ancient Manuscripts. 1941 саҳ.23
  5. Comfort, P.W. “The Text of the Earliest New Testament Greek Manuscripts”. саҳ. 17. 2001
  6. Montgomery, History and Christianity. 1971. саҳ.29

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *