Skip to content
Home » Введение в Забур

Муқаддима ба Забур

  • by

Подшоҳ Довуд (ки инчунин Довуд алайҳиссалом номида мешавад) дар байни паёмбарони қадим шахсияти муҳим аст. Иброҳим алайҳиссалом барои корсозии нави файз замина гузошт – аввалан, ба ӯ ваъдаи насли сершумор дода шуд, ки дар ниҳоят як миллати комилро ташкил медиҳанд ва дуюм, ӯ қурбонии бузурге кард. Пайғамбар Мусо алайҳиссалом банӣ-Исроилро аз ғуломӣ озод карда, қурбонии Песаҳро ба ҷо овард ва сипас ба онҳо Шариатро дод, то мардуми комил шаванд. Ба онҳо танҳо Подшоҳе намерасид, ки кишварро тавре идора кунад, ки аз Худо баракат бигирад, на лаънат. Довуд алайҳиссалом аввалин подшоҳ ва паёмбар буд. Аз вай корсозии нави файз — корсозии подшоҳоне, ки дар Уршалим ҳукмрон буданд, сар шуд.

Подшоҳ Довуд овуд алайҳиссалом) кӣ буд?

Чунон ки дар ҷадвали замонии таърихи Исроил аён аст, Довуд алайҳиссалом тақрибан дар соли 1000-уми пеш аз милод зиндагӣ кардааст, яъне ҳазор сол пас аз Иброҳим алайҳиссалом ва 500 сол пас аз Мусо алайҳиссалом. Довуд алайҳиссалом дар ҷавонӣ гӯсфандони падарашро мечаронд. Боре ба Исроил як душмани тавоно ҳамла кард ва сардори ин лашкар бузургҷусса бо номи Ҷолёт буд. Ӯро дида, исроилиён ба даҳшат афтоданд ва рӯҳафтода шуданд. Аммо Довуд алайҳиссалом Ҷолётро ба ҷанг даъват кард ва ӯро кушт. Чунин ҳодисаи аҷиб ба Довуд алайҳиссалом дарҳол шӯҳрату ҷалол овард – на он қадар зуд-зуд чӯпони ҷавонеро дидан мумкин аст, ки як ҷанговари бузургро мағлуб мекунад. Исроилиён аз ин ғалаба рӯҳбаланд гардида, душманро торумор карданд. Қуръон дар бораи ҷанги Довуд алайҳиссалом ва Ҷолёт мегӯяд:

Пас ба хости Худо онҳоро шикаст доданд ва Довуд Ҷолутро бикушт ва Худо ба ӯ подшоҳиву ҳикмат дод ва он чи мехост, ба ӯ биёмӯхт. Ва агар Худо баъзе аз мардумро (кофиронро) ба василаи баъзе дигар (муъминон) дафъ намекард, замин табоҳ мешуд, вале  Худо бар ҷаҳониён фазлу карами хешро арзонӣ  медорад.

Сураи 2:251 – ал Бақара

Пас аз ин ҷанг шуҳрати Довуд зуд дар саросари кишвар паҳн шуд. Аммо ӯ танҳо пас аз озмоишҳои тӯлонӣ ва сершумор подшоҳ шуд – ӯ ҳам дар байни хориҷиён ва ҳам дар байни исроилиён бадхоҳони зиёде дошт. Дар китоби 1 ва 2-уми Подшоҳон (Инҷил / ал-Китоб) пирӯзӣ ва андӯҳи Довуд алайҳиссалом ба таври муфассал баён шудааст. Муаллифи ин китобҳо Самуил алайҳиссалом паёмбари Худо буд, ки Довуд алайҳиссаломро ба подшоҳӣ тадҳин кард.

Довуд алайҳиссалом, аз ҷумла, мусиқинавоз ҳам буд – дар васфи Худо як китоби пур аз таронаҳо ва шеърҳои зебо навиштааст. Қуръон дар оятҳои зерини сураи 38 (Биҳишт) дар ин бора ишора мекунад::

Бар ҳар чи мегӯянд, сабр кун ва аз бандаи Мо Довуди қудратманд, ки ҳамеша ба даргоҳи Мо тавба мекард, ёд овар! ҳаройина, Мо кӯҳҳоро ром кардем, кӯҳҳо дар шомгоҳу бомдодон бо ӯ тасбеҳ мегуфтанд. Ва парандагон бар ӯ гирд меомаданд. Ҳама фармонбари ӯ буданд. Фармонравоияшро устуворӣ бахшидем ва ӯро ҳикмату фасоҳат дар сухан ато кардем.

Сураи 38:17-20 – Сод

Дар ин оятҳо тавоноии Довуди паҳлавон ва ҳамзамон шукӯҳу шаҳомати таронаҳои ситоишии ӯ, ки мисли сурудани парандагон ба васфи Офаридгор аст, таъкид мешавад. Ба ӯ ҳамчун ба подшоҳ, аз ҷониби Худо дар сухан ҳикмат нозил шуда буд. Суруду шеърҳои Довуд алайҳиссалом навишта шуда, дар Таронаҳо – нахустин китоби Забур гирд оварда шудааст. Азбаски ба Довуд алайҳиссалом Худо ҳикмат додааст, Забур низ ба қатори китобҳои муқаддас ва дорои илҳоми илоҳӣ дохил мешавад, ба мисли Таврот. Ин аст он чизе ки Қуръон мегӯяд:

Ва Парвардигори ту ба касе, ки  дар осмонҳову замин аст, огоҳтар аст. Баъзе  аз паёмбаронро бар баъзе дигар бартарӣ ниҳодем ва ба Довуд Забурро додем.

Сураи 17:55 – ал Исро

Сулаймон навиштаи Забурро давом медиҳад

Навиштаҳои дорои илҳоми илоҳӣ бо марги Довуд алайҳиссалом, ки дар синни калонсолӣ ва пур аз рӯзҳо ба сӯи Худо бозгашт, ба охир нарасиданд. Писар ва вориси ӯ Сулаймон (ё Сулаймон алайҳиссалом) низ аз ҷониби Худованд ҳикматро ҳадя гирифта буд. Дар сураи Сод чунин омадааст::

Сулаймонро бар Довуд ато кардем. Чӣ бандаи некӯе буд ва рӯй ба Худо дошт.

Сураи 38:30 – Сод

Ва Довуду Сулаймонро (ёд кун), он гоҳ ки дар бораи киштзоре доварӣ карданд, ки гӯсфандони он қавм шабона дар он ҷо мечариданд. Ва Мо шоҳиди доварии онҳо будем. Ва ин шеваи довариро ба Сулаймон омӯхтем ва ҳар якеро  ҳукму илм додем ва кӯҳҳоро мутеъи Довуд гардонидем, ки онҳо ва паррандагон бо ӯ тасбеҳ мегуфтанд ва ин ҳамаро Мо кардем.

Сураи 21:78-79 – Анбиё

Мо ба Довуду Сулаймон  дониш додем. Гуфтанд: «Сипос аз они Худо аст, ки моро  бар бисёре аз бандагони муъмини худ бартарӣ дод!».

Сураи 27:15 – Намл

Сулаймон алайҳиссалом анъанаи навиштани китобҳои ҳикмати дорои илҳоми илоҳии Забурро идома дод. Китобҳои ӯ Масалҳо, Воиз ва Суруди Сурудҳо мебошанд.

Пас аз Сулаймон анъанаи Забурро дигар паёмбарон давом доданд

Пас аз марги Сулаймон алайҳиссалом подшоҳон аз фармудаҳои Таврот дур шуданд ва дигар ҳикмати дорои илҳоми илоҳӣ надоштандтанд. Аз тамоми подшоҳони Исроил танҳо Довуд ва писараш Сулаймон, ки ҳам подшоҳ ва ҳам паёмбар буданд, ҳикмати илоҳии Аллоҳро доштанд. Ба ҳамаи подшоҳони баъдӣ, ки баъд аз Сулаймон зиндагӣ мекарданд, Худованд паёмбаронашро бо огоҳиҳои зиёд мефиристод. Яке аз паёмбарони Худо Юнус алайҳиссалом буд, ки ӯро моҳии калон фурӯ бурда буд (Сураи 37:139-144). Дар тӯли 300 сол Аллоҳ паёмбарони худро назди подшоҳон мефиристод. Огоҳӣ, насиҳату пайғамбариҳои онҳо низ вориди Забури дорои илҳоми илоҳӣ гардид. Тавре ки аллакай дар ин мақола зикр гардид, подшоҳии Исроил ба зери итоати бобилиён афтод ва яҳудиён ба бадарға бурда шуданд ва баъд аз он онҳо замони ҳукмронии шоҳ Куруш, асосгузори империяи Форс, ба сарзамини ваъдашуда баргаштанд. Дар тамоми ин муддат Худованд паёмбарони худро ба сӯи мардум мефиристод, ки аз номи Ӯ сухан мегуфтанд. Пешгӯиҳо бо диққат сабт карда мешуданд ва баъд онҳо як қисми Забур шуданд.

Забур – интизории омадани Масеҳ

Ҳамаи ин пешгӯиҳо барои ману шумо низ муҳиманд, зеро онҳо на танҳо ҳушдорҳои Аллоҳро, балки он чи асоси Инҷилро ташкил додааст, дар бар мегиранд. Худи истилоҳи «Масеҳ»-ро Довуд алайҳиссалом дар аввали китоби Забур (қисмати Забур, ки ӯ навиштааст) овардааст. Мо маълумоти иловагиро дар бораи омадани Масеҳ дар пайғамбарони баъдӣ пайдо мекунем. Ин махсусан дар партави он муҳим аст, ки пас аз Сулаймон подшоҳон аз Таврот рӯ гардонданд ва Исроил ҳамчун қавм  Фармудаҳоро рад карданд. Ваъдаи омадани Масеҳ ва умед ба мадади Ӯ дар заминаи аз имон гаштан дода шуда буд. Ба гуфтаи Мусо алайҳиссалом, пайғамбарони Таврот ояндаро интизор буданд ва медиданд. Ҳамаи ин пешгӯиҳо имрӯз ба мо низ нигаронида шудаанд, зеро мо низ аз роҳи рост дур шудаем, гарчанде медонем, ки аз мо чӣ талаб карда мешавад. Масеҳ чароғи умедест, ки дар торикии беимонӣ медурахшад.

Исои Масеҳ алайҳиссалом ба Забур чӣ тавр муносибат менамуд

Пайғамбар Исои Масеҳ дар сӯҳбат бо ҳамроҳону пайравонаш бисёр вақт ба Забур ишора карда, ба воситаи навиштаҳо Инҷил ва нақши Масеҳро баён мекунад. Исо мегӯяд:

Сипас аз Мусо ва аз ҳамаи пайғамбарон сар карда, он чиро, ки дар тамоми Китоб дар бораи Ӯ гуфта шудааст, ба онҳо фаҳмонда дод.

Луқо 24:27

Ибораи «ҳамаи пайғамбарон» ба пайғамбарони Забур, ки Тавроти Мусо алайҳиссаломро пайравӣ кардаанд, ишора мекунад. Исои Масеҳ алайҳиссалом ба пайравонаш мефаҳмонд, ки омадани ӯ дар Забур чӣ гуна пешгӯӣ шудааст. Исои Масеҳ алайҳиссалом таълим медод:

Он гоҳ ба онҳо гуфт: «Ин аст он чизе ки, чун бо шумо будам, ба шумо мегуфтам, ки ҳар он чи дар Тавроти Мусо ва дар китобҳои пайғамбарон ва Забур дар бораи Ман навишта шудааст, бояд ба амал ояд». Он гоҳ зеҳни онҳоро равшан кард, то ки Китобро фаҳманд.

Луқо 24:44-45

Ибораи «дар китобҳои пайғамбарон ва Забур» ба аввалин китоби Забур, ки Довуд навиштааст (Таронаҳо) ва ба китобҳои баъдӣ, ки ба ҳайати китобҳои пайғамбарон дохил шудаанд, ишора мекунад. Исои Масеҳ алайҳиссалом бояд зеҳнашонро равшан менамуд, то навиштаҳоро (яъне китобҳои дорои илҳоми илоҳии Таврот ва Забурро) дарк кунанд. Дар силсилаи мақолаҳои навбатӣ мо кӯшиш мекунем фаҳмонем, ки Исои Масеҳ аз ин китобҳо ба шогирдонаш чиро ошкор кардааст, то ки зеҳни мо низ барои фаҳмидани Инҷил равшан шавад.

Довуд алайҳиссалом ва пайғамбарони Забур дар ҷадвали замонӣ

Дар расми зер ҳамаи паёмбарони Забур дода шудаанд (дар он ҷо нишонаҳо шумораи онҳо намебуд). Дарозии хат ба давомнокии ҳаёти ҳар як паёмбар подшоҳат мекунад. Рамзи намудӣ дар ҷадвали вақти он ба исроилиён табдил меёбад.

Солҳои ҳаёти пайғамбар Довуд алайҳиссалом дар муқоиса бо дигар пайғамбарони Забур дар ҷадвали замонӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *