Skip to content
Home » Знамение жажды

Знамение жажды

  • by

Дар мақолаи «Таърихи банӣ-Исроил» гуфта мешуд, ки агарчи ба исроилиён Шариат дода шуда буд, онҳо дар давоми тамоми таърихи худ ба ҳар ҳол аз фармудаҳо канораҷӯӣ мекарданд (дар китоби ал-китоб/Инҷил сабт шудааст). Аз мақолаи «Муқаддима ба Забур» ба ёд меоред, ки подшоҳони баъд аз Довуд ва Сулаймон бештар бадкирдор буданд, агарчи аз авлоди нахустпадарони тақводор буданд. Аллоҳ Забур пайғамбаронро мефиристод, то ки онҳоро аз хатар огоҳ намояд.

Ирмиё – пайғамбари огоҳкуниҳо

Пайғамбар Ирмиё дар ҷадвали замонӣ дар робита бо дигар пайғамбарони Забур

Пайғамбар Ирмиё алайҳисссалом дар охири давраи подшоҳон, ки гуноҳу бадкирдориҳои исроилиён хеле зиёд буданд, зиндагӣ мекард (ниг. солҳои умри пайғамбар дар ҷадвали замонӣ). Дар китоби худ ӯ гуноҳҳоеро зикр мекунад, ки имрӯз ҳам паҳн шудаанд: зино, бутпарастӣ, ҷодугарӣ, фосиқӣ, душманӣ, зӯроварӣ, фиребу найранг, истисмори бенавоён аз ҷониби сарватмандон ва ғайра. Ирмиё китоби худро бо номбар кардани гуноҳҳои Исроил оғоз карда, онҳоро ба ду категорияи умумӣ тақсим мекунад:

Зеро ки қавми Ман ду кори бад кард: Маро, ки чашмаи оби ҳаёт ҳастам, тарк карда,

барои худ сардобаҳо канданд, сардобаҳои кафидае ки наметавонанд обро нигоҳ доранд.

Ирм. 2:13

Дар ин ҷо пайғамбар маҷозро меоварад, тасвире медиҳад, то моҳияти гуноҳро нишон диҳад. Аллоҳ (бо забони пайғамбар) гуфт, ки қавмаш ташнагӣ мекашид. Дар ташнагӣ ҳеҷ чизи маҳкумшаванда нест – танҳо аз як сарчашмаи хуб об нӯшидан даркор аст. Сарчашмаи оби ҳаёт, ки ҳар як ташнагиро рафъ мекунад, барои онҳо худи Худо буд. Аммо исроилиён ба ҷои он ки назди ӯ биёянд ва ташнагии худро рафъ кунанд, барои худ сардобаҳое канданд, ки обро нигоҳ дошта натавонистанд. Ташнагӣ қатъ нашуд. Яъне гуноҳи Исроил бо тамоми зуҳуроташ дар он буд, ки онҳо аз Аллоҳ рӯ гардонданд ва барои қонеъ кардани ташнагии худ ба чизҳои дигар рӯ оварданд. Аммо ҳамааш бефоида буд – ташнагӣ боқӣ монд. Пас аз нӯшидани косаи гуноҳ, исроилиён қаноатманд нашуда монданд, аммо акнун Аллоҳ бо онҳо набуд. Фақат сардобахои шикаста — мусибатҳо ва андӯҳҳое, ки аз боиси гуноҳ ба амал омадаанд, буданд.

Хиради Сулаймон майли моро ба «сардобаҳои шикаста» фош мекунад

Сулаймон алайҳиссалом аз таҷрибаи худаш чӣ будани сардобаҳои шикастаро фаҳмида, дар ин бора хеле хуб гуфтааст. Дар мақолаи «Хираде ки ман дар итоаткорӣ ба Аллоҳ ба даст овардаам» навишта будам, ки хиради Сулаймон маро то умқи дил мутаассир намуд. Ӯ зиндагии худро чун зиндагии шахсе тасвир мекунад, ки ҳама чизи мехостаашро дошт, аммо ин ташнагии дилашро сер накард. Ӯ дар бораи кӯшиши нӯшидан аз сардобаҳои шикаста, ки дар атрофи мо зиёданд, чунин мегӯяд:

Ман, Воиз, дар Уршалим подшоҳ бар Исроил будам; ва дили худро ба он ниҳодам, ки ҳар кореро, ки дар зери осмон карда мешавад, бо ҳикмат тадқиқ ва тафтиш намоям … Ҳамаи корҳоеро, ки дар зери офтоб карда мешавад, дидам, ва инак, ҳама ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!

Ба дили худ гуфтам: «Инак, ман бузург шудам, ва бештар аз ҳар касе ки пеш аз ман бар Уршалим буд, ҳикмат зиёд кардам. Дили ман ҳикмату донишро бисёр дид». Пас дили худро ба донистани ҳикмат ва шинохтани аҳмақию нодонӣ ниҳодам; вале фаҳмидам, ки ин низ бод паймудан аст…

Ба дили худ гуфтам: «Биё, туро бо айшу ишрат озмоям, то хуширо пайдо кунам», — вале инак, ин низ ҳеҷу пуч аст! Дар бораи ханда гуфтам: «Аблаҳист!» Ва дар бораи айшу ишрат: «Ин чӣ фоида мекунад?» Дар дили худ аҳд кардам, ки ҷисми худро бо май лаззат диҳам ва, дар ҳоле ки дилам бо ҳикмат рафтор мекунад, аҳмақиро низ нигоҳ дорам, то бинам, ки кадомаш барои банӣ-одам хуб аст, ки онро дар зери осмон дар рӯзҳои ками умри худ ба амал оваранд.

Корҳои бузурге кардам: хонаҳо барои худ сохтам, ва токзорҳо барои худ шинондам. Боғҳо ва чорбоғҳо барои худ барпо кардам, ва дар онҳо ҳар хел дарахтони мевадор шинондам. Ҳавзҳои об барои худ сохтам, то ки аз онҳо бешаеро, ки дарахтон дар он мерӯянд, обёрӣ намоям. Ғуломон ва канизон харидам, ва хоназодон доштам. Ҳамчунин бештар аз ҳамаи онҳое ки пеш аз ман дар Уршалим буданд, рамаҳои говон, гӯсфандон ва бузон доштам. Нуқра ва тилло ва ганҷи подшоҳон ва вилоятҳоро низ барои худ ҷамъ кардам. Сарояндагон аз ҷинси марду зан, ва ҳаловатҳои банӣ-одам, яъне бисёр канизони ҳамхоба барои худ пайдо кардам. Пас бузург шудам, ва бар ҳар касе ки пеш аз ман дар Уршалим буд, бартарӣ ёфтам; ҳикматам низ бо ман буд.

Ҳар чизе ки чашмонам ҳавас карданд, аз онҳо дареғ надоштам. Дили худро аз ҳеҷ айшу ишрат бознадоштам, чунки дилам аз ҳар меҳнати ман шод мешуд, — ва насибаи ман аз ҳар меҳнатам ҳамин буд. Вале ман ба ҳамаи корҳои худ, ки дастҳоям карда буданд, ва ба меҳнате ки дар карданаш заҳмат кашида будам, назар андохтам, — ва инак, ҳама ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст, ва дар зери офтоб фоидае надорад!

Воиз 1-2

Ҳикмати Сулаймон ва огоҳиҳои Ирмиё барои ману шумо навишта шудаанд. Онҳо махсусан дар замони фаровонӣ, фароғат, синамо, мусиқӣ ва лаззатҳои бепоёни мо, ки наслҳои пештара онҳоро надоштанд, аҳамият доранд. Ҷамъияти ҳозира сарватмандтарин ва маълумотноктарин аз ҳама ҷамъиятҳои пештара аст. Мо дар тамоми ҷаҳон сафар мекунем, хурсандӣ мекунем, хушбахтии худро эҷод мекунем ва худро бо технологияи навтарин иҳота мекунем. Аммо рӯ овардани мо ба ин давуғеҷи беҳуда хеле осон аст – ба ҳамаи он чи давраи мо пешниҳод мекунад: ба порнография, алоқаҳои берун аз никоҳ, маводи нашъаовар, машрубот, тамаъҷӯӣ, пулпарастӣ, хашм, рашк – бо умеди он ки ин ташнагии моро рафъ мекунад. Мо аз Таврот ва тамоми пайғамбарон медонем, ки мо гуноҳ ва бадкирдорӣ карда истодаем, вале пинҳонӣ умедворем, ки ин чизҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки ташнагии дилҳои моро рафъ кунанд ва аз паси онҳо медавем. Дар замони подшоҳ Сулаймон, Ирмиё ва дигар пайғамбарон низ ҳамин тавр буд. Худи ҳаминро мо имрӯз ҳам мебинем.

Огоҳкуниҳои Аллоҳ, ки ба воситаи Ирмиё ва Сулаймон фиристода мешуданд, моро водор менамоянд, ки ба худ як саволи софдилона диҳем.

  • Чаро дар замони фаровонӣ мо аз афсурдагӣ, худкушӣ, фарбеҳшавӣ, талоқ, ҳасад, рашк, нафрат, порнография ва майлҳои ҳалокатовар ин қадар азоб мекашем?
  • Барои рафъ намудани ташнагии худ шумо ба кадом сарчашмаҳо (сардобаҳо) рӯ меоваред? Оё онҳо обро нигоҳ дошта метавонанд?
  • Оё ягон вақт дорои хиради подшоҳ Сулаймон мешавед, ва оё ҳамин гуна корҳои бузург мекунед? Агар ҳатто ӯ аз дастовардҳои худ қаноатманд нашуда бошад, чӣ гуна мо ба натиҷаи беҳтар умед мебандем?

Гуноҳ на танҳо дуршавӣ аз фармудаҳо, балки чизи дигар низ аст. Шумо бояд ба ин диққат диҳед. Гуноҳ аломати ташнагӣ аст. Ҳамин ки ин ташнагиро дар худ дидем, хирад ба даст овардем. Аллоҳ аз он хушнуд аст, ки ҳамаи ин огоҳкуниҳоро дар Забур ҷой диҳад, зеро Ӯ ташнагии моро медонад ва мехоҳад, ки мо низ онро донем. Ва ӯ ташнагии моро рафъ мекунад. Ӯ мехоҳад ин корро кунад. Ӯ ба таври барояш муқаррарӣ амал намуданро сар мекунад – ваъдаи пайғамбаронаро баён намуда. Ва боз ҳам ба воситаи Ирмиё. Аммо дар ин бора дар мақолаи навбатӣ гап мезанем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *