Skip to content
Home » Знамение Нового Завета

Знамение Нового Завета

  • by

Дар мақолаи гузашта мо суханони пайғамбар Ирмиё алайҳиссаломро оварда будем, ки гуноҳ дар баробари дигар чизҳо аломати ташнагӣ низ мебошад. Мо медонем, ки мо гуноҳ мекунем ва он ранҷу азобро ба вуҷуд меорад, аммо ташнагии ботинии мо ба ҳар ҳол моро ба он водор мекунад. Пайғамбар Ирмиё алайҳиссалом дар охири давраи подшоҳони Исроил – пеш аз доварии Аллоҳ – дар замоне зиндагӣ мекард, ки гуноҳ ва қонуншиканӣ дар ҳама ҷо ҳукмрон буд.

Ин тақрибан дар соли 600-уми пеш аз милод буд, яъне ҳазор сол пас аз дода шудани Шариат аз ҷониби Мусо пайғамбар. То ин вақт исроилиён хеле фосид шуда буданд. Аз Шариат берун шуданд ва ин боиси доварии Аллоҳ гардид. Дин на Аллоҳро қонеъ мекард, на халқи ташнаро. Аммо пайғамбар Ирмиё алайҳиссалом, ки доварии Аллоҳро эълон мекард, мавъизаи дигаре низ дошт – дар бораи чизи дигар. Дар бораи он чи рӯзе… дар оянда рӯй медиҳад.

Парвардигор мегӯяд: «Инак, рӯзҳое меоянд, ки Ман бо хонадони Исроил ва бо хонадони Яҳудо аҳди нав мебандам, — на монанди он аҳде ки бо падарони онҳо бастам, дар рӯзе ки дасташонро гирифтам, то ки онҳоро аз сарзамини Миср берун оварам». Зеро Парвардигор мегӯяд: «Онҳо он аҳди Маро поймол карданд, гарчанде ки Ман хоҷаи онҳо будам». Аммо Парвардигор мегӯяд: «Чунин аҳде Ман бо хонадони Исроил баъд аз он рӯзҳо мебандам: шариати Худро дар даруни онҳо ҷойгир мекунам, ва онро бар дили онҳо менависам; ва Ман Худои онҳо мешавам, ва онҳо қавми ман мешаванд. Касе ба ёри худ ва касе ба бародари худ дигар таълим дода намегӯяд: “Парвардигорро шиносед”». Зеро ки Парвардигор мегӯяд: «Ҳамаашон, аз хурд то калон, Маро мешиносанд, чунки Ман хатои онҳоро мебахшам ва гуноҳи онҳоро дигар ба ёд намеоварам».

Ирм. 31:31-34

Аҳди аввал – Шариате, ки ба воситаи пайғамбар Мусо алайҳиссалом дода шуд, нотавон буд, аммо на аз он сабаб, ки Шариат бад буд. Не. Шариати Мусо хеле хуб буд (ва ҳаст). Аммо он дар тахтаҳои сангин навишта шуда буд. Аммо мардум дар дил ташнагии ҳақиқӣ доштанд; онҳо онро рафъ карда натавонистанд. Мушкилот на дар он буд, ки дар Шариат чӣ навишта шудааст, балки дар он буд, ки дар куҷо навишта шудааст. Шариат бояд дар дили мардум навишта мешуд, то мо онро риоя карда тавонем – на дар лавҳаҳои сангин. Шариат бояд дар ботин навишта шуда бошад, на дар берун – то ки мо онро иҷро карда тавонем.

Шояд онҳо аз боиси яҳудӣ буданашон Шариатро риоя карда натавонистанд? Бисёриҳо ба осонӣ яҳудиёнро дар ҳама гуноҳҳои марговар айбдор мекунанд – ва бо сабабҳои гуногун. Бо вуҷуди ин, беҳтар аст, ки аз худ оғоз кунед. Дар рӯзи Доварӣ ҳар яки мо танҳо барои фурӯ ғалтиданҳо ва болоравиҳои худ дар назди Аллоҳ ҷавоб медиҳем. Корҳои дигарон ба мо ёрӣ намерасонанд. Ба ҳаёти худ назар афканед. Оё шумо фикр мекунед, ки Шариатро риоя мекунед? Оё он дар лавҳаҳои дили шумо навишта шудааст, то ки барои иҷрои он тавоноӣ дошта бошед? Агар шумо гумон доред, ки Шариатро пурра иҷро карда истодаед, пас зиндагии худро дар партави таълимоти пайғамбар Исои Масеҳ алайҳиссалом баҳо диҳед. Ё ин ки бо шумо низ масъала ҳамон таврест, ки бо исроилиён дар замони Ирмиё буд? Шариат хуб аст, аммо дар лавҳаҳои сангин навишта шудааст ва аз ин рӯ, барои риояи он қувват намедиҳад? Меъёри пайғамбар Мусо алайҳиссаломро ба ёд оваред. Қисман ва гоҳ-гоҳ риоя кардани Шариат кофӣ нест. Он бояд ҳамеша ва пурра иҷро карда шавад.

Агар шумо худро барои иҷро накардани Шариат маҳкум мекарда бошед, агар шумо аз кирдоратон шарм медошта бошед, рӯҳафтода нашавед. Худо бо марҳамати худ ба мо ваъдаи дигареро ба воситаи пешгӯии Ирмиё додааст – ваъдаи Аҳди Ҷадид. Рӯзе фаро мерасад, ки ба гуфтаи Ирмиё, ба мо Аҳди Ҷадид дода мешавад. Аҳди Ҷадид дигар мешавад, зеро акнун талаботи Шариат дар дили одамон сабт хоҳанд шуд ва онҳо барои иҷрои он қувва хоҳанд дошт.

Аммо аҳамият диҳед: Аҳди Ҷадид аз яҳудиён, аз “хонадони Исроил” меояд. Ин чӣ маъно дорад? Чунин ба назар мерасад, ки мардуми Исроил гоҳ дар авҷи лутфу марҳамати Худо қарор доранд, гоҳ дар вартаи гуноҳҳо ғарқ мешаванд. Пайғамбари дигари Забур, Ишаъё (касе, ки дар бораи таваллуди Масеҳ аз бокира пешгӯӣ карда буд) пешгӯие гуфтааст, ки бевосита ба пешгӯии Ирмиё алайҳиссалом робита дорад. Ин ду пайғамбарро 150 сол аз ҳам ҷудо мекунанд (чунон ки дар ҷадвали зер дида мешавад). Онҳо ҳамдигарро намешинохтанд, вале ба онҳо ончунон пешгӯиҳои якдигарро пурракунанда дода шуда буданд, ки мо шубҳае надорем, ки ҳар ду ба хости Худо гуфта шудаанд.

Пайғамбар Ирмиё дар ҷадвали замон дар робита бо дигар пайғамбарони Забур

Ишаъё ояндаро пешгӯӣ карда, ҳамчунин дар бораи омадани Банда сухан меронд.  Ин аст он чи ӯ гуфтааст:

Ва акнун Парвардигор чунин мегӯяд, ҳамон, ки Маро аз бачадон барои бандагии Худ сириштааст, то Яъқубро сӯи Ӯ баргардонам, ва Исроил назди Ӯ ҷамъ шавад. Ман дар назари Парвардигор муҳтарам ҳастам, ва Худои Ман қуввати Ман аст. Оре, Ӯ чунин мегӯяд: «Кам аст, ки Бандаи Ман бошӣ, то қабилаҳои Яъқубро аз нав барқарор намоӣ ва боқимондагони Исроилро баргардонӣ, балки ҳамчунин Туро нури халқҳо мегардонам, то ки наҷоти Маро то канори замин расонӣ».

Ишаъё 49:5-6

Ба ибораи дигар, кадом як банда наҷотеро, ки ба халқи яҳудиён дода шудааст, ба ҳамаи ғайрияҳудиён (халқҳо) меорад, то ки он то канорҳои замин паҳн шавад. Ин банда кист? Ва чӣ тавр ӯ вазифаи худро иҷро хоҳад кард? Пешгӯии Ирмиё дар бораи Аҳди Ҷадид, ки на дар лавҳаҳои сангин, балки дар дили одамон навишта шудааст, чӣ гуна иҷро хоҳад шуд? Биёед омӯзиши пешгӯиҳои Забурро давом диҳем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *