Skip to content
Home » Масих: придет царствовать… или будет «предан смерти»?

Масих: придет царствовать… или будет «предан смерти»?

  • by

Дар мақолаҳои гузашта дар бораи нишонаҳои Масеҳ, ки пайғамбарон ошкор кардаанд, сухан мерафт. Пайғамбарон ҳатто номи ӯро (номи ӯ Исо аст) пешгӯӣ карда, вақти ба ҷаҳон омадани ӯро интизор буданд. Ин пешгӯиҳои аҷиб ва хеле мушаххас садҳо сол пеш аз омадани Исо (Исои Масеҳ алайҳиссалом) навишта шуда буданд ва аниқ иҷро шуданд. Мо инчунин зикр мекунем, ки ҳамаи ин гуфтаҳо дар китобҳои муқаддаси яҳудиён навишта шудаанд (ва онҳо ҳоло ҳам ҳастанд!) – на дар Инҷил ва на дар Қуръон. Саволе ба миён меояд, ки пас чаро яҳудиён Масеҳро қабул накарданд ва ҳоло ҳам қабул намекунанд, агарчи ҳамаи инро дар китобҳои худи онҳо ёфтан мумкин аст.

Пеш аз шарҳ додани ин факти нофаҳмо мегӯям, ки ин тавр гузоштани савол он қадар дуруст нест. Бисёре аз яҳудиён, ки дар замони Исо алайҳиссалом зиндагӣ мекарданд, ӯро ҳамчун Масеҳ қабул карданд. Ҳатто имрӯз бисёр яҳудиён ҳастанд, ки Исоро ҳамчун тадҳиншудаи Худо қабул мекунанд. Бо вуҷуди ин, факт боқӣ мемонад, ки яҳудиён ҳамчун қавм Исоро эътироф накарданд. Чаро?

Чаро яҳудиён Исои Масеҳ алайҳиссаломро эътироф намекунанд?

Дар Инҷили Матто қиссае ҳаст, ки чӣ тавр Исо алайҳиссалом бо муаллимони қавми яҳудӣ (фарисиён ва саддуқиён) суҳбат кардааст. Инҳо ҳамон гуна шахсоне буданд, ки имомҳои ҳозира дар ислом ҳастанд. Фарисиён ва саддуқиён қарор доданд, ки Исоро бо ҳила ба дом афтонанд, аммо  

Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шумо гумроҳ ҳастед, аз он рӯ ки на Китобро медонед, на қуввати Худоро …

Матто 22:29

Аз ин гуфтугӯ мо як қатор нуктахои муҳимро мефаҳмем. Ҳамаи ин одамон пешвоёни яҳудӣ буданд, ки Таврот ва Забурро хуб медонистанд ва ба мардум таълим медоданд, вале Исо онҳоро барои надонистани Навиштаҳо ва қудрати Худо сарзаниш кард. Ӯ чиро дар назар дошт? Чӣ тавр «мутахассисон», муаллимони шариат Навиштаҳоро намедонистанд?

Яҳудиён ТАМОМИ НАВИШТАҲОРО намедонистанд

Вақте ки ҳамаи он чизеро, ки устодони яҳудӣ дар Тавроту Забур таъкид ва ишора кардаанд, бо диққат мехонед, пай набурдан наметавонед, ки онҳо танҳо ба баъзе ваъдаҳо таваҷҷуҳ мекарданд. Ба дигар ваъдаҳо эътибор намедоданд. Масалан, аз мақолаи «Аломати Писари аз бокира таваллудшуда» мо медонем, ки шариатдонон пешгӯиеро, ки Масеҳ аз Байт-Лаҳм меояд, хуб медонистанд. Онҳо ба подшоҳ Ҳиродус ҳамон порчаро дар шариат иқтибос оварданд, ки дар бораи шаҳри Исо сухан меронад.

Ва ту, эй Байт-Лаҳми Эфрото, ки дар миёни хонаводаҳои Яҳудо аз ҳама ҷавонтарӣ! Аз ту барои Ман Ҳокиме дар Исроил хоҳад баромад, ва баромади Ӯ аз қадим, аз айёми азал аст.

Мико 5:2

Тавре ки шумо ба зудӣ боварӣ ҳосил мекунед, онҳо оятеро медонистанд, ки номи Масеҳро зикр мекунад (= Христос – муфассалтар дар бораи он, ки чаро ин истилоҳҳо якхелаанд) ва инчунин Масеҳро “ҳоким” номидаанд. Инак боз як матни дигар, ки ба муаллимони яҳудӣ маълум аст – таронаи дуюм, ки Довуд алайҳиссалом бо илҳоми Худо навиштааст. Дар он бори аввал номи Масеҳ зикр шудааст ва инчунин, тавре ки дар порча гуфта шудааст, ӯ бар Сион (= Уршалим ё Ал-Кудс) подшоҳ хоҳад шуд.

«Подшоҳони замин бармехезанд … Бар зидди Парвардигор ва бар зидди Масеҳи Ӯ … Он ки дар осмон нишастааст, механдад; Худованд онҳоро масхара менамояд. Он гоҳ дар хашми Худ ба онҳо сухан меронад: «Валекин Ман подшоҳи Худро таъйин кардаам, бар кӯҳи муқаддаси Худ Сион …»

Таронаи 2, Забур

Илова бар ин, чунин гуфтаҳои Забур ба муаллимони яҳудӣ маълум буданд:

«Ба хотири бандаи Худ Довуд рӯи масеҳи Худро барнагардон. Парвардигор ба Довуд ба ростӣ қасам хӯрдааст, ва аз он нахоҳад баргашт: «Аз камари ту рӯёнда, бар тахти ту хоҳам гузошт... Дар он ҷо шохи Довудро месабзонам; чароғе барои масеҳи Худ бармеафрӯзам”».

Таронаи 131:10-17, Забур

Яҳудиён қудрати Худоро намедонистанд, зеро онро бо ҳудуди мантиқи худ маҳдуд карданд

Муаллимони яҳудӣ, гарчанде ки оятҳои зиёди Навиштаҳоро аз ёд мекарданд, бо вуҷуди ин пай набурданд, ки ҳамаи онҳо ба як самт ишора мекунанд – рӯзе Масеҳ дар рӯи замин ҳукмронӣ мекунад ва ӯ бо қудрат ва шуҳрати бузург меояд. Азбаски дар замони Исо алайҳиссалом яҳудиён дар сарзамини ваъдашуда дар зери зулми Рум зиндагӣ мекарданд (ниг. таърихи мухтасари яҳудиён дар ин ҷо), онҳо хоҳони маҳз ҳамин гуна Масеҳ буданд. Ба онҳо Масеҳе лозим буд, ки бо қудрат ва ҷалоли бузург омада, румиҳои манфурро берун карда, дар сарзамини онҳо подшоҳии бузурге барпо кунад, ки як вақтҳо, яъне 1000 сол пеш подшоҳ Довуд таъсис дода буд (ниг. Ҳикояти подшоҳ Довуд дар ин ҷо). Орзуи яҳудиён аз рӯи хоҳишҳои худашон сурат мегирифт, на аз рӯи он чи Аллоҳ барои онҳо пешбинӣ кардааст (аз рӯи китобҳои худашон).

Аз ин рӯ, онҳо қудрати Худоро ба ҳудуди ақли инсон маҳдуд карданд. Масалан, пешгӯиҳо мегӯянд, ки Масеҳ дар Уршалим подшоҳӣ мекунад. Аммо мо медонем, ки Исо ҳеҷ гоҳ бар тахти Уршалим нанишаста буд. Аз ин онҳо ба хулосае омаданд, ки Исо Масеҳ нест! Мантиқи онҳо ҳамин аст. Ин як мисоли маҳдуд кардани қудрати Худо дар доираи фаҳмиши худ аст, яъне дар доираи мантиқи хаттӣ.

То имрӯз бисёрии яҳудиён пешгӯиҳои Забурро намедонанд. Агарчи онҳо дар китоби худашон бо номи Танах (Таврот + Забур) навишта шудаанд, онҳо танҳо Тавротро мехонанд. Онҳо фармони Худоро дар хусуси омӯхтани ҲАМАИ Навиштаҳо нодида гирифтанд ва аз ин рӯ яҳудиён аз пешгӯиҳои дигар бехабаранд ва қудрати Худоро ба мантиқи инсонӣ маҳдуд мекунанд. Онҳо ба хулосае омаданд, ки азбаски гуфта шудааст, ки Масеҳ подшоҳ хоҳад буд ва Исо ба таври намоён бар тахт нанишаста буд, пас ӯ наметавонад Масеҳ бошад. Нуқта. Охири гап! Кофтани минбаъдаи ин масъала бефоида аст! Ва то имрӯз аксари яҳудиён ин масъаларо сарфи назар мекунанд.

Масеҳ: меояд, то ки ӯро «кушанд»?

Агар онҳо Китоби Муқаддасро тавре меомӯхтанд, ки Аллоҳ фармудааст, албатта ҳама чизҳоеро, ки ман каме дертар дар бораи онҳо хоҳам гуфт, медиданд. Дар мақолаи пештара мо дар бораи пайғамбар Дониёл алайҳиссалом, ки вақти омадани Масеҳро дақиқ пешгӯӣ карда буд, гуфтугӯ кардем. Аммо аҳамият диҳед: Дониёл дар бораи Масеҳ (= Тадҳиншуда = Христос) на танҳо инро гуфтааст:

 Пас бидон ва бифаҳм, ки аз вақти баромадани калом дар бораи аз нав барқарор ва бино кардани Уршалим то вақти Масеҳи Раис ҳафт ҳафтсола хоҳад гузашт; ва шасту ду ҳафтсола кӯчаҳо ва хандақҳо аз нав барқарор ва бино хоҳад шуд, ва ин дар замонҳои тангӣ хоҳад буд. Ва баъд аз шасту ду ҳафтсола Масеҳ нобуд хоҳад шуд, ва нахоҳад буд; ва қавми раиси оянда шаҳр ва қудсро хароб хоҳад кард, вале охири ӯ зуд фаро хоҳад расид, ва то охири ҷанг вайронаҳо насиб шудааст.

Дон. 9:25-26

Ба гуфтаи Дониёл, бо Масеҳ чӣ мешавад? Оё Дониёл мегӯяд, ки Масеҳ дар Уршалим бар тахт подшоҳӣ мекунад? Оё мегӯяд, ки Масех ба тахти падараш Довуд менишинад ва ба зулми манфури румӣ хотима медиҳад? Не! Зиёда аз ин, вай возеҳу равшан эълон мекунад, ки «Масеҳ нобуд хоҳад шуд, ва нахоҳад буд». Дар давомаш гуфта мешавад, ки маъбад (маъбади яҳудиён) аз дасти аҷнабиён хароб мешавад ва шаҳр (Уршалим) хароб карда мешавад. Агар шумо бо таърихи Исроил ошно бошед, медонед, ки маҳз ҳамин чиз рӯй дод. Пас аз 40 соли марги Исо румиён маъбадро сӯзонданд, Уршалимро ба хок яксон карданд ва яҳудиёнро ба ҳар гӯшаи ҷаҳон пароканда карданд. Яҳудиён аз сарзамини худ ронда шуданд. Ҳамаи ин дар соли 70-уми милодӣ рӯй дод, ҳамон тавре ки Дониёл тақрибан дар соли 537 пеш аз милод пешгӯӣ карда буд. Ва пеш аз ӯ низ худи ҳаминро пайғамбар Мусо алайҳиссалом дар матни Лаънат пешгӯӣ карда буд.

Дониёл возеҳ мегӯяд, ки Масеҳ подшоҳӣ нахоҳад кард! Ӯ «нобуд мешавад ва нахоҳад буд». Муаллимони яҳудӣ ин нуқтаи муҳимро фаромӯш карданд, зеро онҳо Навиштаҳоро намедонистанд. Дар ин робита саволи дигаре ба миён меояд. Оё байни пешгӯии Дониёл дар бораи кушта шудани Масеҳ ва пешгӯиҳое ки яҳудиён ба он такя мекарданд (дар бораи подшоҳии Масеҳ) ихтилофе ҳаст? Дар ниҳоят, агар ҳама пайғамбарон хости Худоро эълон кунанд, пас ҳама пешгӯиҳо бе истисно бояд иҷро шаванд, чунон ки Мусо алайҳиссалом дар Таврот гуфтааст. Оё ҳамзамон нобуд шудан ва подшоҳ шудани Масеҳ имконпазир аст? Чунин ба назар мерасад, ки мантиқи инсонӣ боз кӯшиш мекунад қудрати Худоро бекор кунад.

Тазоди байни «подшоҳ шудан» ва «нобуд шудан» бартараф карда мешавад

Мантиқи яҳудиён, албатта, қудрати Худоро ғунҷоиш намедод. Чунон ки аксар вақт рӯй медиҳад, онҳо фарзияи асосиро, ки дар маркази мулоҳизаҳои худ ҷой доданд, пайхас карда натавонистанд. Ва онҳо онро ба асос мегирифтанд, ки Масеҳ танҳо як маротиба меояд. Агар ин тавр мебуд, пас зиддияти байни пешгӯиҳо дар бораи подшоҳи Масеҳ ва «нобуд шудан»-и ӯ дуруст мебуд. Қудрати Худоро бо мантиқи худ маҳдуд карда, онҳо худро ба роҳи сарбаста бурданд. Масеҳ бояд як бор не, ду бор меомад. Дар омадани аввал, ӯ пешгӯиҳоро дар бораи «нобуд шудан» ва дар дуюм – дар бораи «подшоҳӣ кардан» иҷро хоҳад кард. Аз ин нуқтаи назар ягон зиддият нест.

Оё мо як қисми Навиштаҳоро сарфи назар карда, қудрати Худоро бо мантиқи худ маҳдуд мекунем?

Аммо пешгӯӣ чӣ маъно дорад, ки Масеҳ «нобуд мешавад ва нахоҳад буд»? Дар ин бора баъдтар сухан меронем, вале ҳоло андеша кардан лозим аст, ки чаро яҳудиён аломатҳои фиристодаи Худоро нашинохтанд. Чунон ки гуфтем, ду сабаби асосии он вуҷуд дорад, ки яҳудиён аломатҳои Масеҳро эътироф накарданд. Аммо сабаби сеюм низ ҳаст, ки мо дар Инҷили Юҳанно, ва маҳз дар гуфтугӯи Исо алайҳиссалом ва пешвоёни рӯҳонии қавми яҳудӣ мехонем.

 Шумо Китобро тадқиқ мекунед, зеро гумон доред, ки ба воситаи он ҳаёти абадӣ пайдо мекунед, вале он бар Ман шаҳодат медиҳад. Аммо шумо намехоҳед назди Ман оед, то ҳаёт ёбед. Шумо чӣ гуна имон оварда метавонед, дар ҳоле ки эҳтиромро аз якдигар қабул мекунед, лекин эҳтиромеро, ки аз Худои ягона аст, ҷӯё нестед?

Юҳ. 5:39-40,44

Ба ибораи дигар, сабаби сеюми он ки яҳудиён аломатҳои Масеҳро нашинохтанд, ин буд, ки онҳо аз дидани онҳо саркашӣ мекарданд — онҳо бештар ба эҳтироми инсон таваҷҷуҳ мекарданд, на ба эҳтироми Худо!

Ин маънои онро надорад, ки яҳудиён нисбат ба дигар халқҳо бештар иштибоҳ мекунанд. Барои мо осон аст, ки онҳоро доварӣ кунем ва онҳоро сарзаниш кунем, ки нишонаҳоро қабул накарданд. Пеш аз он ки ангушти худро ба онҳо нишон диҳем, биёед ба худамон нигарем. Оё мо ба таври возеҳ гуфта метавонем, ки мо “ҳамаи Навиштаҳоро” медонем. Оё мо мисли яҳудиён нестем, ки танҳо он оятҳоеро, ки ба мо наздик, қулай ва фаҳмо ҳастанд, интихоб мекунем? Оё мо қудрати Худоро бо мантиқи худ маҳдуд намекунем? Оё чунин намешавад, ки мо матнҳои муқаддасро танҳо аз он сабаб рад мекунем, ки бештар аз Худо ба одамон писанд омадан мехоҳем?

Аломатҳои Худоро инкор кардани яҳудиён барои ҳамаи мо огоҳӣ аст. Мо наметавонем танҳо он китобҳои муқаддасеро интихоб кунем ва хонем, ки бо онҳо шинос ҳастем ва ба мо маъқуланд. Қудрати Худоро бо ҳудуди фаҳмиши инсонӣ маҳдуд кардан мумкин нест. Мо он чиро, ки Навиштаҳо таълим медиҳанд, рад карда наметавонем. Ҳоло, бо огоҳиҳо дар бораи он ки яҳудиён аломатҳои Масеҳи ояндаро рад кардаанд, мусаллаҳ шуда, мо ба фаҳмидани шахсияти асосии ин ҳикоя, симои Банда наздик мешавем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *