Skip to content
Home » Рӯзи доварӣ: ал-Масад, ал-Ҳадид ва Масеҳ

Рӯзи доварӣ: ал-Масад, ал-Ҳадид ва Масеҳ

  • by

Сураи Масад (сураи 111) аз «алангаи оташ» дар Рӯзи доварӣ огоҳ мекунад:

1.Дастҳои Абу Лаҳаб (киноя аз худи ӯст) ҳалок бод ва ҳалок бод Абу Лаҳаб. 2.Дороӣ ва он
чи ба даст оварда буд, ба ҳолаш суд нахоҳад кард. 3.Ба зудӣ ба оташе шӯълавар дарафтад
4.ва занаш низ, ки ҳезумкаш аст (яъне, суханчин аст), дарояд (ҳамроҳи ӯ) 5.ва бар гардан
ресмоне аз лифи (пӯсти) хурмо дорад (яъне, ба гулӯгир кардан азоб дод шавад)

Ал-Масад
111:1-5


Сураи 111 огоҳ мекунад, ки мо дар он рӯз ҳалок шуда метавонем. Ҳатто наздиконамон,
масалан, ҳамсаронамон, кафолат надоранд, ки дар Рӯзи доварӣ аз алангаи оташ эмин
мемонанд.
Оё мо ба вохӯрдан бо Аллоҳ, ки ҳамаи сирру асрори дарунии моро медонад, бо ягон
восита тайёр шуда метавонем?
Дар сураи «Ҳадид» (сураи 57) гуфта шудааст, ки Аллоҳ ба мо аломатҳое мефиристод, то
моро аз торикии асрори шармоварамон ба сӯи Нур бароварад:

Ӯст он Худое, ки бар бандаи худ оятҳои равшанро нозил мекунад, то шуморо аз торикӣ ба
рӯшноӣ оварад. Ва ҳаройина, Худо ба шумо, ҳатман, мушфиқу меҳрубон аст.

ал Ҳадид
57:9


Ба мо огоҳӣ дода мешавад, ки касоне ки умри худро дар торикии гуноҳ гузаронидаанд,
дар Рӯзи доварӣ бо изтироб нурро меҷӯянд:

Рӯзе мардони мунофиқу занони мунофиқ ба касоне, ки имон овардаанд, мегӯянд: «Ба мо
нигоҳ кунед, то аз нуратон фурӯғе гирем!» Ба онҳо гуфта мешавад: «Ба дунё бозгардед ва
аз он ҷо нур биталабед!» Миёнашон деворе бароваранд, ки бар он девор даре бошад,
даруни он раҳмат бошаду беруни он азоб.Ва онҳоро нидо диҳанд, ки оё мо бо шумо ҳамроҳ набудем? Мегӯянд: «Бале, аммо шумо
хештанро дар бало афкандед ва ба интизор нишастед ва дар шак будед ва орзуҳо шуморо
бифирефт, то он гоҳ ки фармони Худо (аҷал) даррасид ва шайтон (дар фармонбардорӣ)
ба Худо фиребатон дод.

ал-Ҳадид 57:13-14


Чӣ мешавад, агар чунон тарзи зиндагӣ доштем, ки дар он рӯз сазовори Нур нашавем?
Оё барои мо умеде ҳаст?

Пайғамбар Исои Масеҳ ба замин омад, то дар ин рӯз ба мо ёрӣ расонад. Ӯ мефаҳмонад,
ки ӯ худи ҳамон Нурест, ки одамони дар торикии гуноҳ зиндагӣ мекарда дар назди курсии
доварии Худо аз он маҳрум мешаванд:

Сипас Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам. Ҳар кӣ Маро пайравӣ кунад, дар
торикӣ роҳ намеравад, балки нури ҳаётро дорад». Он гоҳ фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Ту бар
Худ шаҳодат медиҳӣ, шаҳодати Ту эътибор надорад». Исо дар ҷавоби онҳо гуфт:
«Гарчанде Ман бар Худ шаҳодат медиҳам, шаҳодати Ман рост аст, зеро Ман медонам, ки
аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам. Лекин шумо намедонед, ки Ман аз куҷо омадаам ва
ба куҷо меравам. Шумо аз рӯи ҷисм доварӣ мекунед, вале Ман ҳеҷ касро доварӣ
намекунам. Агар Ман доварӣ кунам ҳам, доварии Ман рост аст, чунки Ман танҳо нестам,
балки Падаре ки Маро фиристод, бо Ман аст. Дар шариати шумо ҳам навишта шудааст, ки
шаҳодати ду кас рост аст. Ман бар Худ шаҳодат медиҳам, ва низ Падаре ки Маро
фиристод, бар Ман шаҳодат медиҳад». Ба Ӯ гуфтанд: «Падари Ту куҷост?» Исо ҷавоб дод:
«Шумо на Маро мешиносед ва на Падари Маро. Агар Маро мешинохтед, Падари Маро
низ мешинохтед». Ин суханонро Исо дар назди ганҷина, ҳангоме ки дар ибодатгоҳ таълим
медод, гуфт. Аммо ҳеҷ кас Ӯро дастгир накард, чунки соати Ӯ ҳанӯз нарасида буд.
Боз Исо ба онҳо гуфт: «Ман меравам, ва шумо Маро меҷӯед, ва дар гуноҳҳои худ
мемуред. Ба он ҷое ки Ман меравам, шумо омадан наметавонед». Яҳудиён гуфтанд: «Оё
Ӯ мехоҳад Худро кушад, ки мегӯяд: “Ба он ҷое ки Ман меравам, шумо
омадан наметавонед”?» Ба онҳо гуфт: «Шумо аз поин мебошед, Ман аз боло. Шумо аз ин
ҷаҳон ҳастед, лекин Ман аз ин ҷаҳон нестам. Аз ин сабаб ба шумо гуфтам, ки дар гуноҳҳои
худ мемуред; зеро агар бовар накунед, ки ин Ман ҳастам, дар гуноҳҳои худ мемуред». Ба
Ӯ гуфтанд: «Ту кистӣ?» Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамонам, ки аз аввал ҳам ба шумо гуфтам. Ман
чизҳои бисёр дорам, ки дар бораи шумо гӯям ва доварӣ кунам. Лекин Фиристандаи Ман
ҳақ аст, ва Ман ҳар чи аз Ӯ шунидаам, ба ҷаҳон мегӯям». Онҳо нафаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо
дар бораи Падар сухан мегӯяд. Исо ба онҳо гуфт: «Ҳангоме ки Писари Одамро баланд
бардоштед, мефаҳмед, ки ин Ман ҳастам, ва аз Худ коре намекунам, балки он чиро, ки
Падарам ба Ман таълим дод, мегӯям. Фиристандаи Ман бо Ман аст. Падар Маро танҳо
нагузоштааст, зеро Ман ҳамеша корҳои писандидаи Ӯро ба ҷо меоварам». Чун инро гуфт,
бисёр касон ба Ӯ имон оварданд.

Юҳанно 8:12-30


Исои Масеҳ алайҳиссалом қудрати бузурги худро «нури ҷаҳон» эълон кард ва вақте ба
суханонаш шубҳа мекарданд, ба «Шариат» истинод мекард. Охир, маҳз Тавроти Мусо
омадану тавоноии ӯро пешгӯӣ кардааст. Баъд пайғамбарони Забур пешгӯиро бо шароити
омадани ӯ пурра намуда, қудрати эълонкардаи ӯро тасдиқ карданд. «Писари Худо» кист
ва Масеҳ чиро дар назар дошт, вақте гуфт, ки «Ҳангоме ки Писари Одамро баланд
бардоштед, мефаҳмед»? “Нури ҳаёт” ба даст овардан чӣ маъно дорад? Мо онро дар яке
аз мақолаҳо баррасӣ мекунем. Мо шуморо даъват мекунем, ки ҳозир дар бораи ин
маълумот пайдо кунед, Дар Рӯзи доварӣ дер мешавад,

Ва имрӯз на аз шумо фидяе (ҷаримае) пазиранд ва на аз кофирон. Ҷойгоҳатон оташ аст.
Оташ сазовори шумост ва бад саранҷомест!»

ал-Ҳадид 57:15


Пайғамбар Исои Масеҳ таълими Худро дар ин мавзӯъ бо чунин суханон анҷом дод:

Он гоҳ Исо ба яҳудиёне ки ба Ӯ имон оварданд, гуфт: «Агар шумо дар каломи Ман монед,
ба ростӣ шогирдони Ман ҳастед, ва ростиро мешиносед, ва ростӣ шуморо озод мекунад».
Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Мо аз насли Иброҳим ҳастем ва ҳеҷ гоҳ ғуломи касе набудем. Пас, чӣ
гуна Ту мегӯӣ, ки “озод мешавед”?» Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба
шумо мегӯям: ҳар кӣ гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст. Лекин ғулом ҳамеша дар хона
намемонад; писар ҳамеша мемонад. Пас, агар Писар шуморо озод кунад, ба ростӣ озод
мешавед. Медонам, ки аз насли Иброҳим ҳастед; лекин Маро куштан мехоҳед, чунки
каломи Ман дар шумо намеғунҷад. Ман он чи назди Падари Худ дидаам, мегӯям; ва шумо
он чи назди падари худ дидаед, мекунед».
Онҳо дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Падари мо Иброҳим аст». Исо ба онҳо гуфт: «Агар
фарзандони Иброҳим мебудед, корҳои Иброҳимро ба ҷо меовардед. Валекин ҳоло Маро
куштан мехоҳед, ва Ман Шахсе ҳастам, ки ростиро, ончунон ки аз Худо шунидаам, ба
шумо мегӯям. Иброҳим чунин коре накардааст. Шумо корҳои падари худро мекунед». Ба
Ӯ гуфтанд: «Мо аз фосиқӣ таваллуд нашудаем. Мо як Падар дорем — Худо». Исо ба онҳо
гуфт: «Агар Худо падари шумо мебуд, Маро дӯст медоштед, чунки Ман аз ҷониби Худо
баромада, назди шумо омадаам. Ман ба хости Худ наомадаам, балки Ӯ Маро фиристод.
Чаро сухани Маро намефаҳмед? Чунки каломи Маро шунида наметавонед. Падари шумо
иблис аст, ва шумо орзуҳои падари худро ба амал овардан мехоҳед. Вай аз ибтидо
одамкуш буд ва дар ростӣ устувор намонд, зеро дар вай ростӣ нест. Ҳангоме ки вай
сухани дурӯғ мегӯяд, аз они худро мегӯяд, зеро вай дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст. Лекин
азбаски Ман сухани ростро ба шумо мегӯям, ба Ман имон намеоваред. Кист аз шумо, ки
Маро ба гуноҳе таъна зада тавонад? Пас агар Ман сухани ростро гӯям, чаро ба Ман имон
намеоваред? Касе ки аз Худост, ба суханони Худо гӯш медиҳад; шумо ба он сабаб гӯш
намедиҳед, ки аз Худо нестед».
Он гоҳ яҳудиён дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Оё дуруст нагуфтаем, ки Ту сомарӣ ҳастӣ ва дев
дорӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ман дев надорам, балки Падари Худро эҳтиром мекунам, вале
шумо ба Ман беэҳтиромӣ мекунед. Ман ҷалоли Худро намеҷӯям. Яке ҳаст, ки меҷӯяд ва
доварӣ мекунад. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе ки каломи Маро риоя кунад, то
абад маргро намебинад».
Яҳудиён ба Ӯ гуфтанд: «Акнун донистем, ки Ту дев дорӣ. Иброҳим ва пайғамбарон
мурданд, вале Ту мегӯӣ: “Касе ки каломи Маро риоя кунад, то абад маргро намечашад”.
Оё Ту аз падари мо Иброҳим, ки мурд, ва аз пайғамбарон, ки низ мурданд, бузургтар
ҳастӣ? Ту Худро кӣ медонӣ?»
Исо ҷавоб дод: «Агар Ман Худро ҷалол диҳам, ҷалоли Ман ҳеҷ аст. Маро Падари Ман
ҷалол медиҳад, ки дар бораи Ӯ шумо мегӯед: “Ӯ Худои мост”. Шумо ҳеҷ вақт Ӯро
нашинохтаед, лекин Ман Ӯро мешиносам. Агар гӯям, ки Ӯро намешиносам, монанди
шумо дурӯғгӯй мешавам. Лекин Ман Ӯро мешиносам ва каломи Ӯро риоя мекунам.
Падари шумо Иброҳим шод буд, ки рӯзи Маро бинад; ва онро дид ва шод гардид».
Яҳудиён ба Ӯ гуфтанд: «Ҳанӯз панҷоҳсола ҳам нестӣ, ва Ту Иброҳимро дидаӣ?» Исо ба
онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: пеш аз он ки Иброҳим бошад, Ман
ҳастам». Он гоҳ санг бардоштанд, то Ӯро сангсор кунанд. Лекин Исо пинҳон шуд ва аз
миёни онҳо гузашта, аз ибодатгоҳ берун шуд ва рафт.

Юҳанно 8:31-59

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *