Ба хотири Худо маро бубахшед, аммо ин хабари бад аст. Дар асл ин маънои онро дорад, ки шумо (ва ман, зеро ман низ ҳамин мушкилиро дорам) росткорӣ надорем. Росткорӣ муҳим аст, зеро маҳз он асос барои рафтан ба биҳишт, Подшоҳии Худост. Биҳишт самари он аст, ки мо ба якдигар чӣ гуна муносибат мекунем (дурӯғ намегӯем, дуздӣ намекунем, одамкушӣ намекунем, бутпарастӣ намекунем ва ғайра) ва то чӣ андоза Аллоҳро гиромӣ медорем. Аз ҳамин сабаб ба Подшоҳии Муқаддас танҳо касе даромадан меравонад, ки росткорӣ дорад, чунон ки Довуд дар Забур гуфтааст. Танҳо чунин одамон ба Подшоҳии Муқаддас медароянд, ва маҳз аз ҳамин сабаб он биҳишт номида мешавад.
Парвардигоро! Кист, ки дар хаймаи Ту меҳмон шавад? Кист, ки дар кӯҳи муқаддаси Ту сокин гардад? Касе ки дар рафтораш беайб бошад, ва аз рӯи ростӣ амал кунад, ва дар дили худ ростгӯй бошад; бо забони худ туҳмат накунад, ба ёри худ бадӣ накунад, ва хешовандони худро дашном надиҳад; нафратангез дар назараш хор бошад, валекин тарсгорони Парвардигорро иззат кунад; қасамаш ба зарари худаш бошад ҳам, онро тағйир надиҳад; пули худро ба фоида надиҳад, ва бар зидди бегуноҳ пора нагирад. Касе ки чунин рафтор мекунад, то абад фурӯ нахоҳад ғалтид.
Забур 14:1-5
Гуноҳ чист?
Азбаски мову шумо на ҳамеша мувофиқи гуфтаҳои ин оятҳо амал менамоем, пас мо ҳамаи фармудаҳои Худоро риоя намекунем – мо гуноҳ мекунем. Гуноҳ чист? Дар Китоби Аҳди Қадим, ки дарҳол пас аз Таврот меояд, тимсоле ҳаст, ки барои дидани чӣ будани он ёрӣ мерасонад. Дар ин оят гуфта шудааст:
… Аз тамоми ин қавм 700 марди интихобшудаи чапдаст буданд, ва ҳамаи инҳо ба мӯе санг мепартофтанд, ва хато намекарданд.
Дов. 20:16
Мо дар ин ҷо дар бораи сарбозоне мехонем, ки фалахмонро чунон моҳирона истифода мебурданд, ки амалан бе хато санг мезаданд. Таврот ва Аҳди Қадимро пайғамбарон ба ибронӣ навиштаанд. Калимаи ибронӣ, ки дар ин ҷо ҳамчунин «ба ҳадаф нарасондан» тарҷума шудааст, יַחֲטִֽא׃ ( хо-то) аст.Ҳамин калимаи ибронӣ дар Тавротҳамчун гуноҳ тарҷума шудааст. Масалан, он дар қиссаи Юсуф, ки дар Миср ғулом буд, чун «гуноҳ» тарҷума шудааст. Ӯ зино кардан нахост, ҳангоме ки зани Фӯтифараъ ҳамаҷиҳата ӯро ба ин моил карданӣ мешуд (Дар Қуръон дар ин бора дар Сураи Юсуф 12:22-29 гуфта шудааст). Ӯ ба вай ҷавоб дод:
… аз ман калонтаре дар ин хона нест; ва ӯ ҳеҷ чизе аз ман дареғ надоштааст, ғайр аз ту, чунки ту зани ӯ ҳастӣ; пас чӣ гуна ин бадкирдории бузургро содир кунам ва дар назди Худо гуноҳкор шавам?
Ҳас. 39:9
Дарҳол пас аз Даҳ Фармуда дар Таврот чунин гуфта шудааст:
Ва Мусо ба қавм гуфт: «Натарсед, зеро Худо барои озмудани шумо омадааст, то тарси Ӯ пеши рӯи шумо бошад ва шумо гуноҳ накунед».
Хур. 20:20
Дар ҳар ду порча калимаи ибронии יַחֲטִֽא׃, истифода шудааст, ки ҳамчун «гуноҳ» тарҷума мешавад. Яъне, ҳангоме сухан дар бораи он меравад, ки одамон бояд чӣ гуна ба якдигар муносибат намоянд, барои ифода намудани «гуноҳ» ҳамон калимае истифода мешавад, ки дар мавриди сарбозон ҳамчун «ба ҳадаф нарасондан» тарҷума шудааст. Аллоҳ дар ин ҷо ба мо барои фаҳмидани моҳияти гуноҳ тимсоли олидараҷаро медиҳад. Сарбоз сангро гирифта, бо ёрии фалахмон онро ба ҳадаф мезанад. Агар санги ӯ хато равад, пас ӯ ба ҳадаф нарасонд. Ҳамчунин Аллоҳ моро барои мақсади муайян офарид – барои парастиши Ӯ ва дӯст доштани одамон. «Гуноҳ кардан» ба ҳадафе ки мо барои он офарида шудаем, нарасондан аст. Ҳангоме ки ҳамаи фармудаҳоро риоя намекунем, мо дар чунин вазъият мебошем. Мо ба ҳадафе ки Аллоҳ гузоштааст, намерасонем.
Мувофиқи Таврот, марг натиҷаи гуноҳ аст
Натиҷаҳои хато кардан (ба ҳадаф нарасондан) чӣ гуна мебошанд? Аввалин ишора аллакай дар Аломати Одам дода шудааст. Одам фармударо вайрон кард (ҳамагӣ як бор!), ва Аллоҳ аллакай ӯро миранда гардонд. Дигар хел карда гӯем, акнун ӯ мурда метавонист. Қиати Нӯҳ давом меёбад. Аллоҳ насли башарро маҳкум намуда, дар обҳои тӯфон ба марг дучор намуд. Марҳалаи навбатӣ – Аломати Лут аст, ки он вақт подоши гуноҳ боз марг буд. Писари Иброҳим бояд дар қурбонгоҳ ми даҳуми Песаҳ аз он иборат буд, ки ҳамаи нахустзодагони Миср мурданд. Мо такрори ҳамон моделро дар суханони Аллоҳ, ки ба Мусо алайҳиссалом нигаронида шудаанд, мебинем. Чунон ки мебинем, пеш аз он ки Даҳ Фармударо дар лавҳҳои сангӣ сабт намояд, Аллоҳ фармуд:
Ва Парвардигор ба Мусо гуфт: «Назди қавм рафта, онҳоро имрӯз ва фардо муқаддас гардон, ва бигзор онҳо либосҳошонро шӯянд, ва ба рӯзи сеюм тайёр бошанд, зеро дар рӯзи сеюм Парвардигор, пеши назари тамоми қавм, бар кӯҳи Сино фуруд меояд. Ва ҳадде барои қавм гирдогирд муқаррар намуда, гӯй: “Аз баромадан бар кӯҳ ва даст расондан ба доманаи он эҳтиёт шавед; ҳар кӣ ба кӯҳ даст расонад, ҳатман мемурад.
Хур. 19:10-12
Дар ҳамаи саҳифаҳои Таурот мо ҳамон як манзараро мебинем. Исроилиён ҳамаи фармудаҳои Аллоҳро иҷро накарданд (гуноҳ карданд), аммо дар айни ҳол ҷуръат карда ба қудс наздик омаданд. Бибинед, ки ҳангоме онҳо натиҷаҳои ин беандешагии худро диданд, чӣ даҳшате онҳоро фаро гирифт.
Ва банӣ-Исроил ба Мусо сухан ронда, гуфтанд: «Инак, мо мемурем, ба ҳалокат мерасем, ҳамаамон ба ҳалокат мерасем! Ҳар кӣ ба маскани Парвардигор наздик ояд, мемурад; оё ҳамаамон ба мурдан маҳкум шудаем?»
Ададҳо 17:12-13
Ҳорун алайҳиссалом, бародари Мусо, писарон дошт, ки ҳамин тавр мурданд, ҳангоме ки ба Қудси Қудсҳо даромаданд, ҳол он ки гуноҳкор буданд.
Ва Парвардигор ба Мусо пас аз мурдани ду писари Ҳорун, ки ба ҳузури Парвардигор наздик омаданд ва мурданд, сухан ронда, гуфт; ва Парвардигор ба Мусо гуфт: «Ба бародарат Ҳорун гӯй, ки дар макони муқаддас ба пушти пардае ки пеши сарпӯши сандуқ аст, ҳар вақт дохил нашавад, то ки намурад, зеро Ман андаруни абр бар сарпӯш зоҳир мешавам.
Ибодат 16:1-2
Ба Ҳорун алайҳиссалом дастурҳои аниқ дода шуда буданд, ки ба Қудси Қудсҳо чӣ гуна даромадан даркор аст. Аллоҳ ба коҳинон чунин фармуда буд:
… Вале ту, ва писаронат бо ту, коҳинии худро аз ҷиҳати ҳар кори қурбонгоҳ ва он чи андарун, дар пушти парда аст, риоя намуда, хизмат кунед. Кори коҳиниро Ман ба шумо ҳадия мекунам, ва ҳар бегонае ки наздик ояд, кушта шавад.
Ададҳо 18:7
Пас аз муддат духтароне ки бародарон надоштанд, назди Мусо алайҳиссалом омаданд, ва заминро ҳамчун мерос дархост намуданд. Падари онҳо аз чӣ сабаб мурд?
… Падари мо дар биёбон мурд; ва ӯ дар миёни он дастае набуд, ки ба зидди Парвардигор дар дастаи Қураҳ ҷамъ шуда буданд, балки дар гуноҳи худ мурд; ва писаре надошт.
Ададҳо 27:3
Ҳамин тариқ, дар ин ҷо робитаи тарафайн возеҳу равшан дида мешавад, ки дар охири Таврот чунин ҷамъбаст карда шудааст:
… ҳар кас бояд барои гуноҳи худаш кушта шавад.
Такрори Шариат 24:16
Аллоҳ ба исроилиён (ва ба мо) нишон дод, ки натиҷаи гуноҳ марг аст.
Раҳмдилии Аллоҳ
Аммо Аллоҳ раҳмдилӣ дорад. Оё мо зоҳиршавиҳои раҳмдилиро аз ҷониби Аллоҳ мебинем? Оё мо дарсҳои даркорӣ омӯхта метавонем? Ҳа! Албатта! Барои мо, ки гуноҳ кардаем ва росткорӣ надорем, дидани раҳмдилии Худои Таоло хеле муҳим аст. Мо аллакай якчанд аломатҳоро номбар кардем, ки дар бораи раҳмдилӣ мегӯянд. Ва акнун диққатамонро ба равшантарин аломати раҳмдилӣ равона мекунем – Аломати Ҳорун – як модагов ва ду буз.