Skip to content
Home » Ҳа, ман ҳамаи фармудаҳоро иҷро мекунам

Ҳа, ман ҳамаи фармудаҳоро иҷро мекунам

  • by

Табрик мекунам! Шумо дар Рӯзи доварӣ осуда буда метавонед, зеро ҳамаи фармудаҳои Шариатро риоя кардаед ва  дар назди Аллоҳ росткорӣ доред. Шахсан ман ҳеҷ касеро намедонам, ки тамоми Шариатро риоя карда бошад, аз ҳамин сабаб ин дастоварди бузург аст. Аммо бо ин дастовард маҳдуд нашавед! Гап дар он ки тамоми умр бо роҳи рост рафтан даркор аст.

Чунон ки ман гуфта будам, Даҳ Фармуда бекор карда нашудаанд, зеро ба қоидаҳои асосии ҳаёти тақводорона дахл мекунанд – парастиши Худои ягона, вафодорӣ дар никоҳ, ростқавлӣ, канораҷӯӣ аз дуздӣ ва ғайра. Пайғамбарон моҳияти ин фармудаҳоро маънидод кардаанд. Масалан, Исои Масеҳ алайҳиссалом дар Инҷил оид ба иҷрои Даҳ Фармуда гуфтааст. Дар таълимоти Худ ӯ фарисиёнро зикр кардааст. Дар он замон фарисиён муаллимони шариат буданд. Ҳозир онҳоро бо илоҳиётшиносон, ки дар масъалаҳои дин маълумоти амиқ доранд, монанд кардан мумкин аст.

Суханони Исои Масеҳ алайҳиссалом дар бораи Даҳ Фармуда

Зеро ба шумо мегӯям: агар росткории шумо аз росткории китобдонон ва фарисиён бартарӣ надошта бошад, ба Подшоҳии Осмон дохил намешавед.

Одамкушӣ

Шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: “Одамкушӣ накун; ҳар кӣ одамкушӣ кунад, сазовори доварӣ мешавад”. Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба бародари худ беҳуда хашм гирад, сазовори доварӣ мешавад; ҳар кӣ бародари худро “аҳмақ” гӯяд, сазовори ҳукми шӯроb мешавад; ва ҳар кӣ “аблаҳ” гӯяд, сазовори оташи дӯзах мешавад. Пас, ҳангоме ки қурбонии худро назди қурбонгоҳ оварӣ, ва дар он ҷо ба хотират ояд, ки бародарат аз ту норозист, қурбонии худро дар он ҷо назди қурбонгоҳ мон, ва рафта, аввал бо бародари худ оштӣ кун, ва баъд омада, қурбонии худро тақдим намо. Ҳанӯз ки бо даъвогари худ дар роҳ ҳастӣ, зуд бо вай оштӣ шав, то даъвогар туро ба қозӣ насупорад, ва қозӣ туро ба навкар насупорад, ва туро ба зиндон напартоянд. Ба ростӣ ба ту мегӯям: то тангаи охиринро надиҳӣ, аз он ҷо берун намеравӣ.

Зино

Шунидаед, ки гуфта шудааст: “Зино накун”. Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳват нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино кардааст. Пас агар чашми ростат туро ба васваса андозад, онро канда, аз худ дур кун; чунки барои ту беҳтар аст, ки яке аз узвҳоят нобуд гардад, ва тамоми баданат ба дӯзах партофта нашавад. Ва агар дасти ростат туро ба васваса андозад, онро бурида, аз худ дур кун; чунки барои ту беҳтар аст, ки яке аз узвҳоят нобуд гардад, ва тамоми баданат ба дӯзах партофта нашавад”.

Мат. 5:20-30

Ғайр аз ин, ҳаввориёни Исои Масеҳ, ҳамсафарони Ӯ, дар бораи бутпарастӣ суханҳо гуфтаанд. Онҳо таълим медоданд, ки бутпарастӣ на танҳо парастиши санами сангин аст, балки дар баробари Аллоҳ парастиш намудани ҳар чизе ки бошад. Масалан, парастиши пул. Аз ҳамин сабаб, чунон ки шумо пай бурдед, онҳо хасисиро бутпарастӣ номидаанд, зеро шахси хасис пулро дар баробари Худо мепарастад.

Пас, узвҳои заминии худро: фосиқӣ, нопокӣ, ҳавою ҳавас, майли бад ва тамаъро, ки он бутпарастист, кушед. Барои онҳо ғазаби Худо бар мардуми беитоат меояд.

Ҳамчунин гуфтори қабеҳ ва беҳудагӯӣ ё шӯхии бемаънӣ, ки аз рӯи одоб нест, набояд бошад, балки шукргузорӣ бояд кард. Зеро инро медонед, ки ҳеҷ як фосиқ, ё нопок, ё тамаъкор, ки ҳамон бутпараст аст, дар Подшоҳии Масеҳ ва Худо мерос надорад. Бигзор ҳеҷ кас шуморо бо гапҳои беҳуда фирефта накунад, зеро барои ин ғазаби Худо бар писарони саркашӣ меояд.

Қул. 3:5-6 ва Эфс. 5:4-6

Ин маънидодҳо ба Даҳ Фармуда ба мо ёрӣ мерасонанд, то на танҳо амалҳои берунаро бубинем, ки бо иҷрои фармудаҳо робита доранд, балки ҳамчунин водоркунандаи ботиниро, ки онро танҳо Аллоҳ мебинад. Дар партави фармудаҳои боло пурра риоя намудани Шариат боз ҳам мушкилтар мешавад.

Бори дигар фикр кунед, ки оё шумо ҳақиқатан тамоми Шариатро риоя менамоед? Ҳанӯз дер нашудаасст, ки аз ин фикр даст кашед. Агар боварӣ дошта бошед, ки ҳамаи фармудаҳоро риоя мекунед, пас Инҷил ба шумо даркор нест. Ба шумо зарур нест, ки аломатҳои Аллоҳро таҳлил намоед ё Инҷилро фаҳмиданӣ шавед. Инҷил танҳо ба касоне дода шудааст, ки  Шариатро риоя карда наметавонанд – на ба касоне ки онро риоя мекунанд. Исои Масеҳ дар ин хусус чунин гуфтааст:

Ҳангоме ки Исо дар хонаи Матто дар сари дастархон нишаста буд, бисёре аз боҷгирон ва гуноҳкорон омада, бо Ӯ ва шогирдонаш дар сари дастархон нишастанд. Чун фарисиён инро диданд, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро Устоди шумо бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад?» Исо инро шунида, ба онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб эҳтиёҷ доранд. Равед ва маънои ин суханро омӯзед: “Марҳамат мехоҳам, на қурбонӣ”. Зеро Ман омадаам, ки на росткоронро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам».

Мат. 9:10-13

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *