Skip to content
Home » From Books » Page 3

From Books

Муқаддима.

1Номаи аввалро навиштаам, эй Теофилус, дар бораи ҳар он чи Исо ба амал овард ва таълим дод аз ибтидо,
2То ҳамон рӯзе ки ба василаи Рӯхулқудс ба ҳаввориёни баргузидаи Худ дастурҳо дод ва ба осмон бурда шуд;
Хизматгузории Исои Масеҳ баъд аз эҳьё шудан.
3Ба онҳо низ, баъд аз азобу уқубаташ, бо далелҳои бисьёр Худро зинда нишон дод ва дар давоми чиҳил рӯз ба онҳо зоҳир шуда, дар бораи Малакути Худо сухан гуфт,
4Ва онҳоро ҷамъ карда, чунин амр фармуд: «Ерусалимро тарк накунед, балки мунтазири он ваъдаи Падар бошед, ки аз Ман шунидаед;
5Зеро ки Яҳьё бо об таъмид медод, лекин шумо, баъд аз чанд рӯз, бо Рӯҳулқудс таъмид хоҳед ёфт».
6Пас, онҳое ки ҷамъ шуда буданд, ба Ӯ савол дода, гуфтанд: «Худовандо, оё дар ҳамин вақт салтанатро бар Исроил аз нав барқарор хоҳӣ кард?»
7Ба онҳо гуфт: «Кори шумо нест, ки замонҳо ва мӯҳлатҳоеро, ки Падар бо кудрати Худ муқаррар намудааст, бидонед;
8Аммо вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дуньё шоҳидони Ман хоҳед буд».
Ба осмон сууд кардани Исо.
9Ҳамин ки инро гуфт, боло бурда шуд, ва онҳо менигаристанд, ва абре Ӯро аз пеши назари онҳо гирифта бурд.
10Чун Ӯ боло мебаромад, ва онҳо ба осмон менигаристанд, ногоҳ ду марди сафедпӯш назди онҳо пайдо шуданд
11Ва гуфтанд: «Эй мардони Ҷалил! Чаро ин ҷо истода, сӯи осмон нигаронед? Ҳамин Исо, ки аз пеши шумо ба осмон боло бурда шуд, чӣ тавре ки Ӯро сӯи осмон равона дидед, боз ҳамон тавр хоҳад баргашт».

Аъмол 1-11

Яъқуб ва хонаводаи ӯ.

1Ва Яъқуб дар замини мусофирати падари худ, дар замини Канъон маскан гирифт.

2Ин аст насаби Яъқуб. Юсуф, дар синни ҳафдаҳсолагӣ, бо бародарони худ чорво мечаронид, ва ин навҷавон бо писарони Билҳо ва бо писарони Зилфо, занони падараш, буд. Ва Юсуф рафтори бади онҳоро ба падарашон хабар медод.

3Ва Исроил Юсуфро аз ҳамаи писарони худ зиёдтар дӯст медошт, чунки ӯ писари пиронсолагиаш буд; ва барои ӯ куртаи рангин кард.

4Ва чун бародаронаш диданд, ки падарашон ӯро аз ҳамаи бародаронаш зиёдтар дӯст медорад, аз ӯ нафрат карданд, ва бо ӯ осуда сухан гуфта наметавонистанд.

5Ва Юсуф хобе дида, онро ба бародарони худ нақл кард; ва онҳо боз зиёдтар аз ӯ нафрат карданд.

6Ба онҳо гуфт: «Хоберо, ки дидаам, бишнавед:

7Инак, мо дар киштзор бандҳо мебастем; ва инак, банди ман бархост ва рост истод; ва инак, бандҳои шумо гирд омада, ба банди ман саҷда карданд».

Бародарон аз Юсуф нафрат доранд ва ӯро ба ғуломӣ фурӯхтанд.

8Бародаронаш ба ӯ гуфтанд: «Наход ки бар мо подшоҳӣ мекарда бошӣ? Наход ки бар мо ҳукмфармо мешуда бошӣ?» Ва барои хобҳо ва суханонаш боз ҳам зиёдтар аз ӯ нафрат карданд.

9Ва ӯ боз хоби дигаре дид, ва онро ба бародарони худ нақл карда, гуфт: «Инак, боз хобе дидам, ва инак, офтоб ва моҳ ва ёздаҳ ситорагон ба ман саҷда карданд».

10Ва ӯ ба падар ва бародарони худ нақл кард; ва падараш ӯро мазаммат намуда, гуфт: «Ин чӣ хобест, ки дидаӣ? Наход ки ман, ва модарат, ва бародаронат омада, ба ту то замин саҷда мекарда бошем?»

11Бародаронаш ба ӯ ҳасад бурданд; ва падараш инро дар хотир нигоҳ дошт.

12Бародаронаш барои чаронидани чорвои падарашон ба Шакем рафтанд.

13Ва Исроил ба Юсуф гуфт: «Магар бародаронат дар Шакем намечаронанд? Биё, то ки туро назди онҳо бифиристам». Ба ӯ гуфт: «Лаббай!»

14Ва ба ӯ гуфт: «Бирав ва саломатии бародаронат ва саломатии чорворо бубин, ва ба ман хабар биёр». Ӯро аз водии Ҳебрӯн фиристод, ва ӯ ба Шакем омад.

15Ва шахсе ӯро дид, ки дар саҳро овора шуда гаштааст; ва он шахс аз ӯ пурсида, гуфт: «Чӣ меҷӯӣ?»

16Гуфт: «Ман бародарони худро меҷӯям; хоҳишмандам, ба ман бигӯй, ки онҳо дар куҷо мечаронанд?»

17Ва он шахс гуфт: «Аз ин ҷо баромада рафтанд; зеро шунидам, ки мегуфтанд: „Ба Дӯтон меравем“». Ва Юсуф аз ақиби бародарони худ рафта, онҳоро дар Дӯтон ёфт.

18Вале онҳо ӯро аз дур диданд, ва пеш аз он ки ба онҳо наздик ояд, қасд карданд, ки ӯро бикушанд.

19Ва ба яқдигар гуфтанд: «Инак, соҳиби хобҳо ба ин ҷо меояд;

20Акнун биёед, ӯро бикушем ва ба яке аз ин чоҳҳо биафканем, ва гӯем, ки ҳайвони даррандае ӯро хӯрдааст; ва бубинем, ки хобҳояш чӣ мешавад».

21Вале Реубен инро шунида, ӯро аз дасти онҳо раҳо кард, ва гуфт: «Ӯро накушем!»

22Ва Реубен ба онҳо гуфт: «Хун нарезед; ӯро ба ин чоҳе ки дар биёбон аст, биафканед, ва дасти тааддӣ бар ӯ дароз накунед». Мехост, ки ӯро аз дасти онҳо раҳонида, назди падари худ гардонда фиристонад.

23Вақте ки Юсуф назди бародарони худ расид, куртаи Юсуфро, он куртаи рангинро, ки дар бар дошт, кашиданд,

24Ва ӯро гирифта, дар чоҳ афканданд; вале чоҳ холӣ буд: об надошт.

25Ва барои нон хӯрдан нишастанд, ва чашм андохта, диданд, ки инак, корвони исмоилиён аз Ҷилъод меояд, ва шутурони онҳо атриёт, баласон ва лодан мекашонанд; мераванд, то ки онро ба Миср бибаранд.

26Ва Яҳудо ба бародарони худ гуфт: «Чӣ суд аст аз он ки бародари худро бикушем ва хунашро махфӣ дорем?

27Биёед, ӯро ба исмоилиён бифрӯшем, ва дасти мо бар ӯ набошад; зеро ки ӯ бародар ва гӯшти мост». Бародаронаш гапи ӯро гӯш карданд.

28Ва ҳангоме ки тоҷирони мидьёнӣ аз пеши онҳо мегузаштанд, Юсуфро аз чоҳ кашида бароварданд, ва Юсуфро ба исмоилиён ба бист сиккаи нуқра фурӯхтанд; ва Юсуфро ба Миср бурданд.

29Ва Реубен ба сари чоҳ баргашт; ва инак, Юсуф дар чоҳ нест. Ва ҷомаи худро чок зад,

30Ва назди бародарони худ баргашт, ва гуфт: «Бача нест, ва ман куҷо биравам?»

31Ва куртаи Юсуфро гирифтанд, ва нарбузеро кушта, куртаро ба хун олуда карданд;

32Ва куртаи рангинро фиристоданд, ва ба падари худ расонида, гуфтанд: «Инро ёфтем; бишнос, ки оё куртаи писари туст ё не».

33Ва онро шинохта, гуфт: «Куртаи писари ман аст! Ҳайвони даррандае ӯро хӯрдааст! Яқинан Юсуф дарида шудааст!»

34Ва Яъқуб либоси худро чок зада, палос дар бар кард, ва рӯзҳои бисьёр барои писари худ мотам гирифт.

35Ва ҳамаи писаронаш ва духтаронаш ҷамъ омаданд, то ки ӯро тасаллӣ диханд; вале ӯ тасаллиро қабул намекард, ва мегуфт: «Бо мотам назди писари худ ба гӯр меравам». Ва падараш барои ӯ мегирист.

36Ва мидьёниён Юсуфро дар Миср ба Фӯтифар, ки дарбории фиръавн, сардори посбонон буд, фурӯхтанд.

Гуноҳи Яҳудо.

1Ва воқеъ шуд дар он замон, ки Яҳудо аз пеши бародарони худ рафта, назди шахси адӯломӣ, ки Ҳиро ном дошт, меҳмон шуд.

2Ва дар он ҷо Яҳудо духтари марди канъониро, ки Шуа ном дошт, дид; варо ба занӣ гирифт, ва бо вай хобид.

3Вай ҳомила шуда, писаре зоид; ва ӯро Эр ном ниҳод.

4Ва боз ҳомила шуда, писаре зоид; ва ӯро Ӯнон ном ниҳод.

5Ва боз писаре зоид, ва ӯро Шело ном ниҳод. Дар вақти таваллуди ӯ Яҳудо дар Казиб буд.

6Ва Яҳудо ба нахустзодаи худ Эр зане гирифт, ки номаш Томор буд.

7Ва нахустзодаи Яҳудо, Эр, дар назари Худованд бад буд, ва Худованд ӯро миронид.

8Ва Яҳудо ба Ӯнон гуфт: «Бо зани бародарат бихоб ва ҳамчун додаршӯй варо ба занӣ гирифта, насле барои бародари худ ба вуҷуд овар».

9Вале Ӯнон медонист, ки он насл аз они ӯ нахоҳад буд; бинобар ин, ҳар гоҳ, ки назди зани бародараш мехобид, манӣ ба замин мерехт, то ки насле барои бародари худ надиҳад.

10Ва ин кори ӯ дар назари Худованд бад намуд; ӯро низ миронид.

11Ва Яҳудо ба келини худ Томор гуфт: «Дар хонаи падари худ бева бинишин то даме ки писарам Шело калон шавад». Зеро гуфт: «Мабодо ӯ низ мисли бародаронаш бимирад». Ва Томор рафта, дар хонаи падари худ бимонд.

12Вақти бисьёре гузашт, ва духтари Шуа, зани Яҳудо, мурд. Ва Яҳудо, баъд аз он ки тасаллӣ ёфт, бо дӯсти худ Ҳирои адӯломӣ назди пашм бу рони рамаи худ ба Тимно рафт.

13Ва ба Томор хабар дода, гуфтанд: «Инак, падаршӯят барои буридани пашми рамаи худ ба Тимно меравад».

14Ва либоси бевагии худро кашида, ба сари худ чодаре партофт, ва рӯяшро пӯшида, назди дарвозаи Энаим, ки дар сари роҳи Тимно мебошад, нишаст; зеро дид, ки Шело калон шудааст, ва ӯро ба вай ба занӣ надоданд.

15Ва ӯро Яҳудо бидид, ва ӯро фоҳиша гумон кард, зеро ки он зан рӯи худро пӯшида буд.

16Ва аз роҳ ба тарафи ӯ гашта, гуфт: «Биё, бо ту бихобам». Зеро надонист, ки келини ӯст. Гуфт: «Ба ман чӣ медиҳӣ, агар бо ман бихобӣ?»

17Гуфт: «Бузғолае аз рама мефиристам». Гуфт: «Оё то вақти фиристоданат гараве медиҳӣ?»

18Гуфт: «Ба ту чӣ гарав диҳам?» Гуфт: «Мӯҳр ва зуннори худро, ва асое ки дар даст дорӣ». Ва ба ӯ дод, ва бо ӯ хобид; ва ӯ аз вай ҳомила шуд.

19Ва бархоста, бирафт, ва чодарро аз сари худ кашида, либоси бевагии худро пӯшид.

20Ва Яҳудо бузғоларо ба воситаи дӯсти адӯломии худ фиристод, то ки гаравро аз дасти он зан бигирад; вале ӯро наёфт.

21Ва аз мардуми он мавзеъ пурсида, гуфт: «Он фоҳишае ки дар сари роҳи Энаим нишаста буд, куҷост?» Гуфтанд: «Фоҳишае дар ин ҷо набуд».

22Ва назди Яҳудо баргашта, гуфт: «Ӯро наёфтам; ва мардуми он мавзеъ низ гуфтанд, ки фоҳишае дар ин ҷо набуд».

23Ва Яҳудо гуфт: «Бигзор барои худ нигоҳ дорад, мабодо расво шавем; инак, ин бузғоларо фиристодам; вале ту ӯро наёфтӣ».

24Ва баъд аз гузаштани қариб се моҳ ба Яҳудо хабар дода, гуфтанд: «Келинат Томор зино кардааст, ва инак, аз зино низ ҳомила шудааст». Ва Яҳудо гуфт: «Ӯро берун оред, то ки сӯзонида шавад».

25Вақте ки ӯро берун оварданд, ӯ назди падаршӯи худ фиристода, гуфт: «Ман аз соҳиби ин чизҳо ҳомила шудаам». Ва гуфт: «Бишнос, ки ин мӯҳр ва зуннор ва асо аз они кист».

26Ва Яҳудо шинохта, гуфт: «Ҳақ ба ҷониби ӯст, чунки ӯро ба писари худ Шело надодам». Вале дигар ҳаргиз бо ӯ нахобид.

27Дар вақти зоиданаш маълум шуд, ки дар батнаш экизак аст.

28Ва ҳангоме ки мезоид, яке дасти худро берун овард; ва доя риштаи қирмизӣ гирифта, бар дасташ баст, ва гуфт: «Ин аввал берун омад».

29Вале дасташро боз кашид; ва инак, бародараш берун омад. Ва доя гуфт: «Чӣ гуна рахнае барои худ кушодаӣ!» Ва ӯро Форас ном ниҳоданд.

30Сонӣ бародари ӯ, ки бар дасташ риштаи қирмизӣ буд, берун омад, ва ӯро Зораҳ номиданд

Юсуф назди Фӯтифар. Озмоиш ва зиндон.

1Ва Юсуфро ба Миср бурданд; ва ӯро Фӯтифар ном марди мисрӣ, ки дарбории фиръавн, сардори посбонон буд, аз дасти исмоилиёне ки ӯро ба он ҷо бурда буданд, харид.

2Ва Худованд бо Юсуф буд; ва ӯ марди комьёб шуд, ва дар хонаи оғои мисрии худ бимонд.

3Ва оғояш дид, ки Худованд бо ӯст, ва ҳар он чи ӯ мекунад, Худованд дар дасти ӯ муваффақият меоварад.

4Ва Юсуф дар назари вай илтифот ёфт, ва ба вай хизмат мекард. Ва ӯро ба хонаи худ баргумошт, ва тамоми дороии худро ба дасти ӯ дод.

5Ва аз ҳамон вақте ки ӯро ба хонаи худ ва ба тамоми дороии худ баргумошт, Худованд хонаи он мисриро барои хотири Юсуф баракат дод, ва баракати Худованд бар ҳамаи дороии вай чи дар хона, чи дар саҳро буд.

6Ва ҳар он чи дошт, ба дасти Юсуф вогузошт; ва аз он чи бо ӯ буд, ҳеҷ хабар надошт, ҷуз ноне ки мехӯрд. Ва Юсуф хушандом ва хушрӯй буд.

7Ва баъд аз ин ҳодисот чунин воқеъ шуд, ки зани оғояш бар Юсуф чашм андохта, гуфт: «Бо ман бихоб».

8Вале ӯ розӣ нашуда, ба зани оғои худ гуфт: «Инак, оғои ман аз он чи бо ман дар хона аст, хабар надорад, ва ҳар он чи дорад, ба дасти ман додааст;

9Аз ман калонтаре дар ин хона нест; ва ӯ ҳеҷ чизе аз ман дареғ надоштааст, ҷуз ту, чунки ту зани ӯ ҳастӣ; пас чӣ гуна ин бадкирдории бузургро содир кунам ва дар назди Худо гуноҳкор шавам?»

10Ва агарчи вай ҳаррӯза ба Юсуф сухан мегуфт, ки бо вай бихобад ва назди вай бошад, ӯ гапи варо гӯш намекард.

11Ва рӯзе воқеъ шуд, ки ӯ ба хона даромад, то ки бо кори худ машғул шавад, аммо аз аҳли хона касе он ҷо, дар хона набуд;

12Вай ӯро аз ҷомааш дошта, гуфт: «Бо ман бихоб». Вале ӯ ҷомаи худро дар дасти вай монда, давид ва берун рафт.

13Чун зан дид, ки Юсуф ҷомаи худро дар дасти вай монд ва давида, берун рафт,

14Аҳли хонаашро фарьёд карда, гуфт: «Бубинед, марди ибриро назди мо овард, то ки моро масхара кунад. Ӯ назди ман омад, то ки бо ман бихобад; лекин ман бо овози баланд фарьёд задам;

15Ва чун шунид, ки ман овози худро баланд карда, фарьёд задам, ҷомаашро пеши ман монд ва давида, берун рафт».

16Ва ҷомаи ӯро назди худ нигоҳ дошт то вақте ки оғояш ба хона омад.

17Ва ба вай ҳамон суханонро такрор карда, гуфт: «Он ғуломи ибрӣ, ки ба мо овардӣ, назди ман омад, то ки маро масхара кунад;

18Ва чун овози худро баланд карда, фарьёд задам, ҷомаи худро пеши ман монд ва гурехта, берун рафт».

19Вақте ки оғояш суханони зани худро шунид, ки ба ӯ нақл карда, гуфт: «Ғуломат ба ман чунин рафтор кард», ӯ ба ғазаб омад;

20Ва оғои Юсуф ӯро гирифта, дар зиндоне андохт, ки дар он ҷо маҳбусони подшоҳ буданд. Ва он ҷо ӯ дар зиндон буд.

21Ва Худованд бо Юсуф буд, ва ба ӯ эҳсон мекард, ва ӯро дар назари сардори зиндон илтифот бахшид.

22Ва сардори зиндон ҳамаи маҳбусонеро, ки дар зиндон буданд, ба дасти Юсуф дод, ва ҳар коре ки дар он ҷо мекарданд, ӯ идоракунандаи он буд.

23Сардори зиндон ба ҳеҷ як чизе ки дар дасти Юсуф буд, нигоҳ намекард: чунки Худованд бо ӯ буд, ва дар ҳар кори ӯ Худованд муваффақият меовард.

Соқӣ ва нонвой дар зиндон.

1Баъд аз ин ҳодисот чунин воқеъ шуд, ки соқии подшоҳи Миср ва нонвой пеши оғои худ подшоҳи Миср хато карданд.

2Ва фиръавн ба ду дарбории худ: ба сарсоқӣ ва ба сарнонвой хашм гирифт.

3Ва онҳоро дар хонаи сардори посбонон, дар зиндоне ки Юсуф он ҷо бандӣ буд, андохт.

4Сардори посбонон Юсуфро бар онҳо баргумошт, ва ӯ ба онҳо хизмат мекард. Ва муддате онҳо дар ҳабс буданд.

5Ва соқӣ ва нонвои подшоҳи Миср, ки дар зиндон бандӣ буданд, ҳар ду дар як шаб хоб диданд, ҳар яке мувофиқи таъбири хоби худ хоб диданд.

6Ва бомдодон Юсуф назди онҳо омада, дид, ки инак, онҳо бедимоғ ҳастанд.

7Ва аз дарбориёни фиръавн, ки бо ӯ дар хонаи оғояш буданд, пурсида, гуфт: «Чаро имрӯз чеҳраи шумо ғамгин аст?»

8Ба ӯ гуфтанд: «Хобе дидем, ва касе нест, ки онро таъбир кунад». Ва Юсуф ба онҳо гуфт: «Оё таъбирҳо аз Худо нест? Ба ман нақл кунед».

9Ва сарсоқӣ хоби худро ба Юсуф нақл карда, гуфт: «Хоб дидам, ки инак, токе пеши ман буд;

10Ва ток се шоха дошт; ва он бишукуфт, ва ғӯра баст, ва шингилҳои ангураш пухт.

11Ва ҷоми фиръавн дар дастам буд, ва ангурҳоро гирифта, дар ҷоми фиръавн фушурдам, ва ҷомро ба дасти фиръавн додам».

12Ва Юсуф ба вай гуфт: «Таъбираш ин аст: се шоха се рӯз аст.

13Баъд аз се рӯз фиръавн саратро барафрозад ва ба мансабат баргардонад, ва ҷоми фиръавнро ба дасти вай хоҳӣ дод, ба тариқи пештара, ки соқии ӯ будӣ.

14Вақте ки аҳволи ту некӯ шавад, маро ёд кун; ва ба ман эҳсон фармуда, маро назди фиръавн зикр намо, ва маро аз ин хона берун овар.

15Зеро ки ман аз замини ибриён дуздида шудаам; ва ин ҷо низ ҳеҷ коре накардаам, ки маро дар зиндон андозанд».

16Ва чун сарнонвой дид, ки некӯ таъбир кард, ба Юсуф гуфт: «Ман низ хоб дидам, ки инак, се сабад кулча бар сари ман аст;

17Ва дар сабади болоӣ ҳар гуна хӯрок барои фиръавн аз ҳунари нонвой мебошад; вале мурғон онҳоро аз сабаде ки бар сари ман аст, мехӯранд».

18Ва Юсуф ба ҷавоб гуфт: «Таъбираш ин аст: се сабад се рӯз аст;

19Баъд аз се рӯз фиръавн сари туро аз танат ҷудо кунад, ва туро бар дарахте овезад; ва мурғон гӯшти баданатро бихӯранд».

20Дар рӯзи сеюм, ки рӯзи таваллуди фиръавн буд, ӯ зиёфате барои тамоми чокарони худ орост, ва дар миёни чокарони худ сарсоқӣ ва сарнонвойро ҳозир кард.

21Ва сарсоқиро ба мансаби ӯ баргардонид, ва ӯ ҷомро ба дасти фиръавн дод.

22Вале сарнонвойро ба дор кашид, чунон ки Юсуф ба онҳо таъбир карда буд.

23Ва сарсоқӣ Юсуфро ба ёд наовард, балки ӯро фаромӯш кард.

Хоби фиръавн.

1Ва воқеъ шуд баъд аз гузаштани ду сол, ки фиръавн хобе дид: инак, ӯ дар канори наҳри Нил истодааст.

2Ва инак, аз наҳр ҳафт модагови хубсурат ва фарбеҳ баромаданд, ва дар чаманзор чаридан гирифтанд.

3Ва инак, аз паси онҳо хафт модагови дигари бадсурат ва лоғар аз наҳр баромаданд, ва дар паҳлуи он модаговон дар соҳили наҳр биистоданд.

4Ва ин модаговони бадсурат ва лоғар ҳафт модагови хубсурат ва фарбеҳро хӯрданд. Ва фиръавн бедор шуд.

5Ва боз хобаш бурд, ва дуюмбора хобе дид: инак, ҳафт хӯшаи солим ва некӯ дар як поя сабзида баромаданд.

6Ва инак, ҳафт хӯшаи холӣ ва аз боди шарқӣ хушкшуда аз паи онҳо рӯиданд.

7Ва ин хӯшаҳои холӣ ҳафт хӯшаи солим ва пурборро фурӯ бурданд. Ва фиръавн бедор шуд, ва ин буд хобаш.

8Субҳгоҳон хотираш мушавваш шуд, ва кас фиристода, ҳамаи соҳирони Мисрро, ва ҳамаи ҳакимони онро даъват намуд, ва фиръавн ба онҳо хоби худро нақл кард, вале касе набуд, ки онро ба фиръавн таъбир кунад.

9Ва сарсоқӣ ба фиръавн арз намуда, гуфт: «Хатоҳои ман имрӯз ба хотирам омад.

10Фиръавн ба чокарони худ хашм гирифта, маро ва сарнонвойро дар хонаи сардори посбонон бандӣ карда буд.

11Ва ман ва ӯ дар як шаб хобе дидем, ҳар яке мувофиқи таъбири хоби худ хоб дидем.

12Ва он ҷо ҷавони ибрӣ, ғуломи сардори посбонон, бо мо буд, ва хобҳои худро ба ӯ нақл кардем, ва ӯ онҳоро ба мо таъбир кард, ба ҳар яке мувофиқи хобаш таъбир кард.

13Ва чӣ тавре ки ба мо таъбир кард, ҳамон тавр воқеъ шуд: ман ба мансаби худ баргардонида шудам, ва он дигаре ба дор кашида шуд».

Юсуф дар Миср ба бузургӣ расид.

14Ва фиръавн кас фиристода, Юсуфро даъват намуд; ва ӯро зуд аз зиндон бароварданд. Ва ӯ мӯйсару риши худро тарошида ва либоси худро иваз карда, назди фиръавн омад.

15Ва фиръавн ба Юсуф гуфт: «Хобе дидам, ва касе нест, ки онро таъбир кунад, ва дар бораи ту шунидам, ки хобро фаҳмида, таъбир мекунӣ».

16Ва Юсуф ба ҷавоби фиръавн гуфт: «Ин аз ман нест; Худо ба саломатии фиръавн ҷавоб хоҳад дод».

17Ва фиръавн ба Юсуф гуфт: «Дар хоби худ дидам, ки инак, дар соҳили наҳри Нил истодаам.

18Ва инак, аз наҳр ҳафт модагови фарбеҳ ва хубсурат баромаданд; ва дар чаманзор чаридаи гирифтанд.

19Ва инак, аз паси онҳо ҳафт модагови дигари лоғарандом ва хеле бадсурат ва камгӯшт баромаданд, ки дар тамоми замини Миср ба зиштӣ мисли онҳо надидаам.

20Ва ин модаговони лоғар ва бадсурат ҳафт модагови фарбеҳи аввалро хӯрданд.

21Ва чун ба шиками онҳо даромаданд, маълум нашуд, ки ба шиками онҳо даромадаанд. Ва сурати онҳо мисли аввала зишт буд. Ва ман бедор шудам.

22Ва боз хоб дидам, ки инак, ҳафт хӯшаи пурбор ва некӯ дар як поя сабзида баромаданд.

23Ва инак, ҳафт хӯшаи борик, холӣ ва аз боди шарқӣ хушкшуда аз паси онҳо рӯиданд.

24Ва ин хӯшаҳои холӣ ҳафт хӯшаи некӯро фурӯ бурданд. Ва ман ба соҳирон гуфтам, вале касе нест, ки ба ман шарҳ диҳад».

25Ва Юсуф ба фиръавн гуфт: «Хоби фиръавн якест: он чи Худо карданист, ба фиръавн хабар додааст.

26Ҳафт модагови некӯ ҳафт сол аст; ва ҳафт хӯшаи некӯ ҳафт сол аст; хоб якест.

27Ва ҳафт модагови лоғар ва зишт, ки аз паси онҳо баромадаанд, ҳафт сол аст, ва ҳафт хӯшаи холии аз боди шарқӣ хушкшуда ҳафт соли қаҳтӣ мебошад.

28Аз ҳамин сабаб он суханро ба фиръавн гуфтам: он чи Худо карданист, ба фиръавн зоҳир сохтааст.

29Инак, ҳафт соли фаровонии бузург дар тамоми замини Миср фаро мерасад.

30Вале баъд аз онҳо ҳафт соли қаҳтӣ меояд; ва тамоми он фаровонӣ дар замини Миср фаромӯш мешавад, ва қаҳтӣ заминро табоҳ мекунад.

31Ва фаровонӣ дар замин маълум намешавад, ба сабаби қаҳтие ки аз паси он меояд, зеро ки он бағоят сахт хоҳад буд.

32Ва ба фиръавн ду бор такрор шудани ин хоб далели он аст, ки ин чиз ҳақиқатан аз ҷониби Худост, ва Худо онро ба зудӣ ба амал хоҳад овард.

33Ва акнун бигзор фиръавн марди оқил ва ҳакимро пайдо кунад, ва ӯро бар замини Миср бигуморад.

34Фиръавн чунин бикунад, ва нозиронро бар замин таъин намояд, ва дар хафт соли фаровонӣ панҷьяк аз замини Миср бигирад.

35Ва бигзор хӯроквории ин солҳои некӯро, ки меояд, ҷамъ оваранд, ва ғалларо зери дасти фиръавн захира кунанд, ва дар шаҳрҳо хӯрокворӣ нигоҳ доранд.

36Ва ин хӯрокворӣ барои замин ба ҳафт соли қаҳтие ки дар замини Миср фаро мерасад, захира шавад, то ки замин аз қаҳтӣ табоҳ нагардад».

37Ин сухан ба назари фиръавн ва ба назари ҳамаи чокаронаш писанд афтод.

38Ва фиръавн ба чокарони худ гуфт: «Оё касеро мисли ин мард ёфта метавонем, ки Рӯҳи Худо дар ӯст?»

39Ва фиръавн ба Юсуф гуфт: «Азбаски Худо тамоми ин нуктаро ба ту маълум кардааст, касе мисли ту оқил ва ҳаким нест;

40Ту бар хонаи ман бош, ва тамоми қавми ман каломи туро риоя кунанд; ман фақат дар хусуси тахт аз ту бузургтар бошам».

41Ва фиръавн ба Юсуф гуфт: «Бидон, ки туро бар тамоми замини Миср баргумоштам».

42Ва фиръавн нигини худро аз дасти худ кашид, ва онро ба дасти Юсуф пӯшонид; ва ӯро ба либоси катони нозук ороста кард, ва тавқи тилло бар гарданаш овехт;

43Ва ӯро ба аробаи дуюмини худ савор кунонид, ва пешопеши ӯ нидо мекарданд: «Зону занед!» Ва ӯро бар тамоми замини Миср баргумошт.

44Ва фиръавн ба Юсуф гуфт: «Ман фиръавн ҳастам, вале бидуни фармони ту ҳеҷ кас даст ё пои худро дар тамоми замини Миср баланд накунад».

Юсуф духтари бутпарастро ба занӣ гирифт. Хоби фиръавн ба амал меояд.

45Ва фиръавн Юсуфро Софнат‐фаънеаҳ номид, ва Оснат, духтари Фӯтифараъ, коҳини Ӯнро ба ӯ ба занӣ дод. Ва Юсуф сар то сари замини Миср сафар кард.

46Ва Юсуф сисола буд, вақте ки пеши фиръавн, подшоҳи Миср, биистод, ва Юсуф аз пеши фиръавн берун рафта, тамоми замини Мисрро тай намуд.

47Ва замин дар ҳафт соли фаровонӣ аз ҳар донае миқдори бисьёр ҳосил овард.

48Ва ӯ тамоми хӯроквории ҳафт солро, ки дар замини Миср рӯида буд, ҷамъ овард, ва хӯроквориро дар шаҳрҳо захира кард; ва хӯроквории киштзори гирду пеши ҳар шаҳрро дар дохили он гузошт.

49Ва Юсуф ғалладонаи зиёде мисли реги дарьё захира кард, то ба дараҷае ки аз ҳисоб кардан бозмонд; зеро ки аз ҳисоб берун буд.

50Ва пеш аз фаро расидани солҳои қаҳтӣ ба Юсуф ду писар таваллуд шуд, ки онҳоро Оснат, духтари Фӯтифараъ, коҳини Ӯн, ба ӯ зоид.

51Ва Юсуф нахустзодаи худро Менашше ном ниҳод, зеро ки, гуфт ӯ, «Худо маро аз тамоми машаққатам ва аз тамоми хонаи падарам фаромӯшӣ дод».

52Ва дуюминро Эфроим номид, зеро ки, гуфт ӯ, «Худо маро дар замини мазаллатам борвар гардонид».

53Ва ҳафт соли фаровонӣ, ки дар замини Миср буд, ба оҳир расид.

54Ва ҳафт соли қаҳтӣ оғоз ёфт, чунон ки Юсуф гуфта буд. Ва дар ҳамаи заминҳо қаҳтӣ рӯй дод, вале дар тамоми замини Миср нон буд.

55Ва чун тамоми замини Миср низ гирифтори қаҳтӣ шуд, қавм барои нон назди фиръавн фарьёд заданд. Ва фиръавн ба ҳамаи мисриён гуфт: «Назди Юсуф биравед, ва он чи ӯ ба шумо гӯяд, бикунед».

56Ва қаҳтӣ тамоми рӯи заминро фаро гирифт; ва Юсуф ҳамаи анборҳоро кушода, ба мисриён ғалла мефурӯхт. Вале қаҳтӣ дар замини Миср қавӣ мешуд.

57Ва аз ҳамаи кишварҳо барои харидани ғалла назди Юсуф ба Миср меомаданд, зеро ки қаҳтӣ дар тамоми дуньё қавӣ шуд

Юсуф бародарони худро меҳмоннавозӣ мекунад.

1Ва Яъқуб фаҳмид, ки дар Миср ғалла мавҷуд аст, ва Яъқуб ба писарони худ гуфт: «Чаро нигоҳ карда нишастаед?»

2Ва гуфт: «Инак, шунидам, ки дар Миср ғалла ҳаст; ба он ҷо биравед, ва барои мо аз он ҷо ғалла бихаред, то ки зист кунем ва намирем».

3Даҳ бародари Юсуф барои харидани ғалла ба Миср рафтанд.

4Вале Биньёмин, бародари Юсуфро Яъқуб бо бародарони ӯ нафиристод; зеро гуфт: «Мабодо зиёне ба ӯ расад».

5Дар миёни ононе ки барои харидани ғалла омаданд, банӣ‐Исроил ҳам буданд; зеро ки дар замини Канъон қаҳтӣ буд.

6Ва Юсуф ҳокими он замин буд; ва ба тамоми қавми он замин ғалла мефурӯхт. Вақте ки бародарони Юсуф омаданд, рӯй ба замин ниҳода, ба ӯ саҷда карданд.

7Ва чун Юсуф бародарони худро дид, онҳоро шинохт; вале худро ба онҳо ношинос вонамуд кард, ва бо онҳо ба дуруштӣ гап зад, ва ба онҳо гуфт: «Аз куҷо омадед?» Гуфтанд: «Аз замини Канъон, то ки хӯрокворӣ бихарем».

8Агарчи Юсуф бародарони худро шинохт, онҳо ӯро нашинохтанд.

9Ва Юсуф хобҳоеро, ки дар бораи онҳо дида буд, ба хотир овард; ва ба онҳо гуфт: «Шумо ҷосус ҳастед; барои дидани урьёнии ин замин омадаед».

10Ба ӯ гуфтанд: «Не, оғои мо; ғуломонат барои харидани хӯрокворӣ омадаанд.

11Мо ҳама писарони як шахс ҳастем; мо одамони дурусткорем; ғуломонат ҷосус нестанд».

12Ба онҳо гуфт: «Не, шумо барои дидани урьёнии замин омадаед».

13Гуфтанд: «Мо, ғуломонат, дувоздаҳ бародаронем; мо писарони як шахс ҳастем дар замини Канъон, ва инак, хурдӣ имрӯз пеши падари мост, ва яке нест».

14Ва Юсуф ба онҳо гуфт: «Ҳамин аст он чи ба шумо гуфтам, ки ҷосус ҳастед.

15Ба ин тариқ озмуда хоҳед шуд: қасам ба ҷони фиръавн, ки аз ин ҷо берун нахоҳед рафт, магар ки бародари хурдии шумо ба ин ҷо биёяд.

16Як нафарро аз байни худ бифиристед, то ки бародари шуморо биёрад; ва шумо ба ҳабс гирифта мешавед, то ки суханони шумо санҷида шавад, ки ҳақ ба ҷониби шумост ё не; вагар на, қасам ба ҷони фиръавн, ки шумо ҷосус ҳастед».

17Ва онҳоро серӯза ба ҳабс гирифт.

18Ва рӯзи сеюм Юсуф ба онҳо гуфт: «Чунин бикунед ва зинда бимонед, зеро ки ман аз Худо метарсам.

19Агар шумо одамони дурусткор бошед, бигзор як бародари шумо дар ҳабсхонаи шумо бимонад; ва шумо биравед, ва ғалла барои гуруснагии хонаҳои худ бибаред.

20Ва бародари хурдии худро назди ман биёред, то ки суханони шумо тасдиқ шавад, ва намиред». Ва чунин карданд.

21Ва ба якдигар гуфтанд: «Дар ҳақиқат мо назди бародари худ гуноҳкор ҳастем. Вақте ки ба мо тазаррӯъ мекард, азияти ҷони ӯро дидем ва гӯш наандохтем; аз ин рӯ ин азият ба сари мо омад».

22Ва Реубен ба ҷавоби онҳо гуфт: «Оё ба шумо нагуфта будам, ки ба муқобили бача гуноҳ накунед? Вале гӯш накардед; ва инак, хуни ӯ бозхост мешавад».

23Ва онҳо надонистанд, ки Юсуф мефаҳмад; зеро ки тарҷумоне дар миёни онҳо буд.

24Ва Юсуф худро аз онҳо канор гирифта, бигирист. Ва назди онҳо баргашта, бо онҳо гуфтугӯ кард, ва Шимъӯнро аз миёни онҳо гирифта, дар пеши назари онҳо ӯро бандӣ кард.

25Ва Юсуф фармон дод, ки ҷуволҳои онҳоро аз ғалла пур кунанд, ва нуқраи онҳоро дар халтаи ҳар яке баргардонанд, ва ба онҳо тӯшаи роҳ бидиҳанд. Ва ба онҳо чунин карданд.

26Ва ғаллаи худро ба харони худ бор карда, аз он ҷо равона шуданд.

27Ва чун яке халтаи худро дар манзил кушод, то ки хӯроке ба хари худ диҳад, нуқраи худро дид, ки инак, дар даҳани халтаи ӯст.

28Ва ба бародарони худ гуфт: «Нуқраи ман баргардонида шудааст! Инак, дар халтаи ман аст!» Ва дили онҳо ба тапиш афтод, ва ба якдигар бо тарсу ларз мегуфтанд: «Ин чӣ кор аст, ки Худо ба мо кардааст?»

29Ва назди падари худ Яъқуб ба замини Канъон омаданд, ва аз он чи ба онҳо рӯй дод, хабар дода, гуфтанд:

30«Он марде ки ҳокими он замин аст, бо мо ба дуруштӣ сухан гуфт, ва моро ҷосусони он замин гумон кард.

31Вале ба ӯ гуфтем: „Мо одамони дурусткорем; мо ҷосус нестем.

32Мо, дувоздаҳ бародарон, писарони падари худ ҳастем; яке нест, ва хурдӣ имрӯз назди падари мо дар замини Канъон аст“.

33Ва он марде ки ҳокими он замин аст, ба мо гуфт: „Ба ин тариқ хоҳам фаҳмид, ки шумо дурусткор ҳастед: яке аз бародарони худро назди ман бимонед; ва ғалла барои гуруснагии хонаҳои худ бигиред, ва биравед.

34Ва бародари хурдии худро назди ман биёред, то донам, ки шумо ҷосус нестед, балки одамони дурусткоред; он гоҳ бародари шуморо ба шумо бидиҳам, ва дар ин замин додугирифт кунед“».

35Ва ҳангоме ки онҳо халтаҳои худро холӣ мекарданд, инак, ҳамьёни нуқраи ҳар яке дар халтаи вай буд. Ва чун онҳо ва падарашон ҳамьёнҳои нуқраро диданд, ҳаросон шуданд.

36Ва падари онҳо Яъқуб ба онҳо гуфт: «Маро аз фарзандонам маҳрум кардед: Юсуф нест, ва Шимъӯн нест, ва Биньёминро мехоҳед бибаред, — ин ҳама кулфатҳо бар сари ман аст!»

37Ва Реубен ба падари худ арз намуда, гуфт: «Ду писари маро бикуш, агар ӯро назди ту набиёрам; ӯро ба дасти ман бисупор; ва ман ӯро назди ту баргардонам».

38Гуфт: «Писарам бо шумо нахоҳад рафт, зеро ки бародараш мурдааст, ва ӯ танҳо мондааст. Ва агар дар роҳе ки меравед, зиёне ба ӯ расад, ҳамоно мӯи сафеди маро бо андӯҳ ба гӯр хоҳед бурд».

Бародарон бори дуюм ба Миср бо Биньёмин меоянд.

1Ва қаҳтӣ дар замин сахт шуд.

2Ва ҳангоме ки ғаллаеро, ки аз Миср оварда буданд, хӯрда тамом карданд, падарашон ба онҳо гуфт: «Баргардед, ва андак хӯрокворӣ барои мо бихаред».

3Ва Яҳудо ба ӯ арз карда, гуфт: «Он мард қатъиян таъкид карда, гуфт: „Агар бародари шумо бо шумо набошад, рӯи маро нахоҳед дид“.

4Агар бародари моро бо мо фиристонӣ, меравем ва хӯрокворӣ бароят мехарем.

5Вале агар нафиристонӣ, намеравем, зеро ки он мард ба мо гуфт: „Агар бародари шумо бо шумо набошад, рӯи маро нахоҳед дид“».

6Ва Исроил гуфт: «Чаро ба ман бадӣ карда, ба он мард гуфтед, ки бародари дигаре доред?»

7Гуфтанд: «Он мард аҳволи мо ва хешу табори моро пурсупос карда, гуфт: „Оё падари шумо ҳанӯз зинда аст? Оё бародари дигаре доред?“ Ва мо мувофиқи ин суханон нақл кардем. Магар медонистем, ки „бародари худро биёред“ мегӯяд?»

8Ва Яҳудо ба падари худ Исроил гуфт: «Бачаро бо ман бифиристон; ва мо бархоста, меравем, ва зист мекунем, ва намемирем, ҳам мо, ҳам ту ва ҳам фарзандони мо.

9Ман зомини ӯ мебошам, ӯро аз дасти ман талаб намо. Агар ӯро назди ту набиёрам ва ба пешат ҳозир насозам, умрбод пеши ту гуноҳкор бошам.

10Агар мо таъхир намекардем, то ҳол ду маротиба рафта меомадем».

11Ва падарашон Исроил ба онҳо гуфт: «Ин тавр бошад, чунин бикунед: аз самароти хуби ин замин дар зарфҳои худ бигиред, ва дастовезе барои он мард бибаред: қадаре баласон ва қадаре асал, мум ва лодан, писта ва бодом.

12Ва нуқраи дучандон ба дасти худ бигиред, ва он нуқраро, ки дар даҳани халтаҳои шумо гардонда монда шуда буд, бо дасти худ гашта диҳед: шояд, саҳве шуда бошад.

13Ва бародари худро гирифта, ба роҳ дароед, ва назди он мард баргардед.

14Бигзор Худои Қодир ба шумо пеши он мард шафқат нишон диҳад, то ки бародари дигари шумо ва Биньёминро ҳамроҳи шумо фиристонад. Ва ман агар аз фарзандон маҳрум шуда бошам, бигзор маҳрум шавам».

15Пас он мардон ин дастовезро гирифтанд, ва нуқраи дучандонро ба дасти худ гирифтанд, ва бо Биньёмин ба роҳ даромаданд, ва ба Миср расида, пеши Юсуф биистоданд.

16Ва Юсуф, чун Биньёминро бо онҳо дид, ба нозири хонаи худ фармуд: «Ин одамонро ба хона бибар, ва ҳайвоне бикуш, ва тадоруке бикун, зеро ки ин одамон дар нимирӯзӣ бо ман хӯрок мехӯранд».

17Ва он мард аз рӯи гуфтаи Юсуф амал кард, ва ин одамонро ба хонаи Юсуф овард.

18Ва ин одамон аз омаданашон ба хонаи Юсуф тарсиданд, ва гуфтанд: «Барои нуқрае ки пеш аз ин дар халтаҳои мо гардонда монда шуда буд, моро овардаанд, то ки ба мо хурдагирӣ кунанд, ва ба мо ҳуҷум оваранд, ва моро ғулом гардонанд, ва харони моро».

19Бинобар ин ба нозири хонаи Юсуф наздик шуданд, ва дар даромадгоҳи хона ба ӯ гап заданд,

20Ва гуфтанд: «Гӯш кун, эй оғо, мо пеш аз ин барои харидани хӯрокворӣ омада будем.

21Вале чунин воқеъ шуд, ки чун ба манзил расидем ва халтаҳои худро кушодем, — инак, нуқраи ҳар яке дар даҳани халтааш; нуқраи мо мувофиқи вазни он мавҷуд аст, ва мо онро бо дасти худ гашта медиҳем.

22Ва нуқраи дигаре барои харидани хӯрокворӣ ба дасти худ овардем. Намедонем, ки нуқраи моро кӣ дар халтаҳои мо мондааст».

23Гуфт: «Хотирҷамъ бошед, натарсед! Худои шумо ва Худои падари шумо ганҷе дар халтаҳои шумо ба шумо додааст; нуқраи шумо ба ман расид». Ва Шимъӯнро пеши онҳо баровард.

24Ва он мард ин одамонро ба хонаи Юсуф дароварда, об дод, ва онҳо пойҳои худро шустанд; ва хӯрок ба харони онҳо дод.

25Ва дастовезро то вақти омадани Юсуф дар нимирӯзӣ тайёр карданд; зеро шунида буданд, ки дар он ҷо бояд нон хӯранд.

26Вақте ки Юсуф ба хона омад, дастовезро, ки дар дасти онҳо буд, пеши ӯ ба хона оварданд, ва то замин ба ӯ саҷда карданд.

27Ва аз саломатии онҳо пурсид, ва гуфт: «Оё падари пири шумо, ки зикраш карда будед, саломат аст? Оё ҳанӯз дар қайди ҳаёт аст?»

28Гуфтанд: «Ғуломат, падари мо, саломат аст, ҳанӯз дар қайди ҳаёт аст». Ва онҳо таъзим карданд ва саҷда бурданд.

29Ва чашм андохта, бародари худ Биньёмин, писари модари худро дид, ва гуфт: «Оё ин аст бародари хурдии шумо, ки назди ман зикраш карда будед?» Ва гуфт: «Марҳамати Худо бо ту бод, писарам!»

30Ва Юсуф шитобон баромада рафт, зеро ки меҳраш нисбат ба бародараш ҷӯш зада, гирьяаш омад, ва ба ҳуҷрае даромада, он ҷо бигирист.

31Ва рӯи худро шуста, берун омад, ва худро ба даст гирифта, гуфт: «Таом бигузоред».

32Ва барои ӯ алоҳида гузоштанд, ва барои онҳо алоҳида, ва барои мисриёне ки бо ӯ хӯрок мехӯрданд, алоҳида, зеро ки мисриён бо ибриён хӯрок хӯрда наметавонанд; чунки ин барои мисриён кароҳатангез аст.

33Ва пеши ӯ бинишастанд, нахустзода мувофиқи нахустзодагиаш ва хурдсол мувофиқи хурдсолиаш, ва ин одамон ба якдигар тааҷҷуб менамуданд.

34Ва чун луқмаҳо аз пеши Юсуф барои онҳо оварда шуд, луқмаи Биньёмин аз луқмаҳои ҳамаи онҳо панҷ баробар зиёд буд. Ва бо ӯ нӯшиданд, ва кайфашон хеле баланд шуд.

Бародарони Юсуфро ҳароси азиме фаро мегирад.

1Ва Юсуф ба нозири хонаи худ амр фармуда, гуфт: «Халтаҳои ин мардонро, ба қадре ки бурда метавонанд, аз хӯрокворӣ пур кун, ва нуқраи ҳар якеро дар даҳани халтааш бимон;

2Ва ҷоми маро, он ҷоми нуқраро, дар даҳани халтаи он хурдӣ бо қимати ғаллаи ӯ бимон». Ва мувофиқи сухане ки Юсуф гуфт, иҷро кард.

3Бомдодон, чун чашми рӯз кушода шуд, ин мардонро бо харони онҳо равона карданд.

4Онҳо аз шаҳр баромада, ҳанӯз чандон дур нарафта буданд, ки Юсуф ба нозири хонаи худ гуфт: «Бархоста, аз ақиби ин одамон шитоб кун, ва чун ба онҳо даррасидӣ, бигӯй: „Чаро бадӣ ба ивази некӣ кардед?

5Оё ин ҳамон ҷом нест, ки оғоям аз он менӯшад? Ва ӯ бо он фол мекушояд. Он чи кардед, бад кардед“».

6Ва ба онҳо даррасид, ва ин суханонро ба онҳо гуфт.

7Ба ӯ гуфтанд: «Чаро оғои мо чунин суханонро мегӯяд? Ҳошо, ки ғуломонат коре мисли ин бикунанд.

8Он нуқраеро, ки дар даҳани ҳалтаҳои худ ёфта будем, аз замини Канъон назди ту гашта овардем; пас чӣ гуна аз хонаи оғоят нуқра ё тилло медуздем?

9Назди ҳар яке аз ғуломонат ёфт шавад, бимирад; ва мо низ ғуломони оғои ту бошем».

10Гуфт: «Майлаш; аз рӯи гуфтаи шумо шавад: назди касе ки ёфт шавад, ӯ ғуломи ман бошад, ва шумо озод бошед».

11Ва шитоб намуда, ҳар яке халтаи худро ба замин фуроварданд, ва ҳар яке халтаи худро кушоданд.

12Ва кофтуков кард; аз калонӣ сар карда, бо хурдӣ тамом кард; ва ҷом аз халтаи Биньёмин ёфт шуд.

13Ва либосҳои худро чок заданд, ва ҳар яке хари худро бор карда, ба шаҳр баргаштанд.

14Вақте ки Яҳудо ва бародаронаш ба хонаи Юсуф омаданд, ӯ ҳанӯз он ҷо буд, ва пеши ӯ бар замин афтоданд.

15Ва Юсуф ба онҳо гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки кардед? Оё надонистед, ки шахсе мисли ман албатта фол мекушояд?»

16Яҳудо гуфт: «Ба оғои худ чӣ гӯем? Чӣ арз кунем? Ва чӣ гуна худро сафед намоем? Худо гуноҳи ғуломонатро дарьёфтааст; инак, мо ғуломони оғои худ бошем, ҳам мо ва ҳам он ки ҷом дар дасташ ёфт шуд».

17Гуфт: «Ҳошо, ки ман чунин кунам: он ки ҷом дар дасташ ёфт шуд, ғуломи ман бошад, ва шумо ба саломатӣ назди падари худ биравед».

18Ва Яҳудо ба ӯ наздик омада, гуфт: «Эй оғои ман, марҳамат фармуда ба ғуломи худ изн бидеҳ, ки сухане ба гӯши оғои худ бигӯям, ва бар ғуломи худ хашм нагир; зеро ки ту чун фиръавн ҳастӣ.

19Оғоям аз ғуломонаш пурсида, гуфт: „Оё шуморо падар ё бародаре ҳаст?“

20Ва ба оғои худ арз кардем, ки моро падари пире ҳаст, ва ӯро писари пиронсолагӣ, писари хурдӣ, ки бародараш мурдааст, ва ӯ аз модари худ танҳо мондааст; ва падараш ӯро дӯст медорад.

21Ва ба ғуломони худ гуфтӣ: „Ӯро назди ман биёред, то ки ба ӯ чашм андозам“.

22Ва ба оғои худ гуфтем: „Он ҷавон аз падари худ ҷудо шуда наметавонад, ва агар аз падари худ ҷудо шавад, ӯ хоҳад мурд“.

23Вале ба ғуломони худ гуфтӣ: „Агар бародари хурдии шумо бо шумо наояд, рӯи маро дигар нахоҳед дид“.

24Ва ҳангоме ки назди ғуломат, падари худ, омадем, суханони оғои худро ба ӯ нақл кардем.

25Ва падари мо гуфт: „Баргардед, ва андаке хӯрокворӣ барои мо бихаред“.

26Гуфтем: „Рафта наметавонем; лекин агар бародари хурдии мо бо мо равад, меравем; зеро ки рӯи он мардро дида наметавонем, агар бародари хурдии мо бо мо набошад“.

27Ва ғуломат, падарам, ба мо гуфт: „Шумо медонед, ки занам ба ман дуто зоида буд.

28Ва яке аз назди ман берун рафт, ва ман гуфтам: албатта дарида шудааст; ва то кунун ӯро надидаам;

29Ва агар инро низ аз назди ман бибаред, ва зиёне ба ӯ расад, ҳамоно мӯи сафеди маро бо андӯҳ ба гӯр хоҳед бурд“.

30Ва акнун агар назди ғуломат, падари худ, биравем, ва ин ҷавон бо мо набошад, ва ҳол он ки ҷони ӯ бо ҷони вай баста аст,

31Ва чун бубинад, ки писар нест, ӯ хоҳад мурд; ва ғуломонат мӯи сафеди ғуломат, падари худро бо андӯҳ ба гӯр хоҳанд бурд.

32Зеро ки ғуломат назди падари худ зомини писар шуда, гуфтам: „Агар ӯро назди ту набиёрам, умрбод пеши падари худ гуноҳкор бошам“.

33Ва акнун бигзор, ки ғуломат ба ивази ин ҷавон дар бандагии оғои худ бимонад, ва ин ҷавон бо бародарони худ биравад.

34Зеро чӣ гуна назди падари худ биравам, ва ин ҷавон ҳамроҳи ман набошад? Мабодо балоеро, ки ба падарам рӯй диҳад, бубинам».

Юсуф худро ба бародаронаш мешиносонад.

1Ва Юсуф пеши ҷамоате ки дар хузураш истода буданд, дигар худдорӣ карда натавонист, ва нидо кард: «Ҳамаро аз пеши ман берун бароред!» Ва касе назди Юсуф намонд, вақте ки ӯ худро ба бародаронаш шиносонид.

2Ва бо овози баланд бигирист, ва мисриён шуниданд, ва аҳли байти фиръавн шунид.

3Ва Юсуф ба бародарони худ гуфт: «Ман Юсуф ҳастам! Оё падарам зинда аст?» Вале бародаронаш ба ӯ ҷавоб дода наметавонистанд; зеро ки пеши ӯ мушавваш гардиданд.

4Ва Юсуф ба бародарони худ гуфт: «Наздики ман биёед». Ва наздик омаданд. Ва гуфт: «Ман Юсуф, бародари шумо ҳастам, ки маро ба Миср фурӯхтед.

5Вале акнун ғамгин ва мутаассиф нашавед, ки маро ба ин ҷо фурӯхтед; зеро ки Худо маро пеш аз шумо барои ҳифзи ҳаёт фиристод.

6Зеро ҳоло ду сол шудааст, ки қаҳтӣ бар замин ҳукмфармост, ва боз панҷ соли дигар на шудгор мешавад, на дарав.

7Лекин Худо маро пеш аз шумо фиристод, то ки шуморо дар замин боқӣ гузорад ва бо наҷоти бузурге ҳаёти шуморо нигоҳ дорад.

8Пас, на шумо маро ба ин ҷо фиристодаед, балки Худо, ки Ӯ маро падар ба фиръавн, оғо ба тамоми аҳли байти вай ва ҳоким бар тамоми замини Миср гардонид.

9Шитоб кунед ва назди падарам рафта, ба ӯ гӯед: писари ту Юсуф чунин мегӯяд: „Худо маро оғои тамоми Миср гардондааст; назди ман биё, таъхир накун.

10Ва дар замини Ҷӯшан маскан хоҳӣ гирифт; ва наздики ман хоҳӣ буд, ту ва писаронат, ва писарони писаронат, ва гӯсфандонат, ва говонат, ва ҳар чизе ки дорӣ.

11Ва туро дар он ҷо ризқу рӯзӣ хоҳам дод, зеро ки боз панҷ сол қаҳтӣ мешавад; мабодо ту, ва аҳли байти ту, ва ҳар чизе ки дорӣ, бенаво гардед“.

12Ва инак, чашмони шумо ва чашмони бародарам Биньёмин мебинад, ки ин манам, ки бо шумо сухан мегӯям.

13Пас ба падарам аз тамоми ҷалоли ман дар Миср ва аз он чи дидед, хабар диҳед; ва шитоб намуда, падарамро ба ин ҷо биёред».

14Ва бар гардани бародари худ Биньёмин афтода, бигирист; ва Биньёмин бар гардани ӯ гирья кард.

15Ва ҳамаи бародарони худро бӯсид ва дар оғӯш гирифта, бигирист; ва баъд аз он бародаронаш бо ӯ гуфтугӯ карданд.

Юсуф бародаронро ба Канъон мефиристад, мо ки падарро биёранд.

16Вақте ки ба гӯши аҳли байти фиръавн овоза расид, ки бародарони Юсуф омадаанд, ин ба назари фиръавн ва ба назари чокаронаш хуш омад.

17Ва фиръавн ба Юсуф гуфт: «Ба бародарони худ бигӯ: „Чунин бикунед: маркабҳои худро бор кунед, ва ба замини Канъон равона шавед;

18Ва падари худ ва аҳли байти худро гирифта, назди ман биёед; беҳтарин замини Мисрро ба шумо хоҳам дод, ва аз фарбеҳии замин хоҳед хӯрд“.

19Ва туро амр мефармоям ба онҳо бигӯӣ: „Чунин бикунед: аробаҳо аз замини Миср барои тифлони худ ва барои занони худ бигиред, ва падари худро бардошта биёред;

20Ва аз тарк кардани чизу чораи худ таассуф нахӯред зеро ки беҳтарини тамоми замини Миср аз они шумост“»

21Ва банӣ‐Исроил чунин карданд. Ва Юсуф, мувофиқи амри фиръавн, аробаҳо ба онҳо дод, ва тӯшаи роҳ ба онҳо дод

22Ба ҳар яке аз онҳо як даста либос дод, вале ба Биньёмин сесад сиккаи нуқра ва панҷ даста либос дод.

23Ва ҳамчунин барои падари худ даҳ хари боршуда бо нозу неъмати Миср ва даҳ модахари боршуда бо ғалла ва нон ва хӯрок барои сафари падари худ фиристод.

24Ва бародарони худро фиристод, ва чун онҳо равона шуданд, ба онҳо гуфт: «Дар роҳ низоъ накунед».

25Ва аз Миср баромаданд, ва назди падари худ Яъқуб ба замини Канъон омаданд.

26Ва ӯро огоҳ намуда, гуфтанд: «Юсуф ҳанӯз зинда аст, ва ӯ ҳокими тамоми замини Миср аст». Вале дили ӯ ошуфта шуд; зеро ки ба гапи онҳо бовар накард.

27Ва ҳамаи суханонеро, ки Юсуф ба онҳо гуфта буд, ба ӯ нақл карданд; ва аробаҳоеро ки Юсуф барои овардани ӯ фиристода буд, бидид; ва рӯҳи падари онҳо, Яъқуб, боз зинда шуд.

28Ва Исроил гуфт: «Бас аст! Писари ман Юсуф ҳанӯз зинда аст; меравам ва пеш аз мурданам ӯро мебинам».

Сафари Яъқуб ба Миср.

1Ва Исроил бо ҳар чи дошт, ба сафар рафт, ва чун ба Беэр‐Шобаъ омад, барои Худои падари худ Исҳоқ қурбо ниҳо забҳ кард.

2Ва Худо дар рӯъёи шаб ба Исроил хитоб карда, гуфт «Яъқуб, Яъқуб!» Гуфт: «Лаббай!»

3Гуфт: «Манам он Худо, Худои падарат; аз рафтан ба Миср натарс; зеро ки дар он ҷо кавми бузурге аз ту ба вуҷуд меоварам.

4Ман бо ту ба Миср меравам; ва Ман низ туро аз он ҷо берун меоварам; ва Юсуф бо дасти худ чашмони туро мепӯшад».

5Ва Яъқуб аз Беэр‐Шобаъ равона шуд; ва банӣ‐Исроил падари худ Яъқубро, ва тифлони худро, ва занони худро бо аробаҳое ки фиръавн барои овардани ӯ фиристода буд, бурданд.

6Ва чорвои худ ва дороии худро, ки дар замини Канъон пайдо карда буданд, гирифтанд, ва Яъқуб ва тамоми наслаш бо ӯ ба Миср омаданд.

7Ва писарони худ ва писарони писарони худро бо худ, ва духтарони худ ва духтарони писарони худро, ва тамоми насли худро бо худ ба Миср овард.

8Ва ин аст номҳои банӣ‐Исроил, ки ба Миср омаданд: Яъқуб ва писарони ӯ. Реубен, нахустзодаи Яъқуб.

9Писарони Реубен: Ҳанӯх, Фаллу, Ҳесрӯн ва Кармӣ.

10Писарони Шимъӯн: Ямуил, Ёмин, Ӯҳад, Ёкин, Сӯҳар ва Шоул, ки писари зани канъонӣ буд.

11Писарони Левӣ: Ҷершӯн, Қаҳот ва Марорӣ.

12Писарони Яҳудо: Эр, Ӯнон, Шело, Форас ва Зораҳ; вале Эр ва Ӯнон дар замини Канъон мурданд. Писарони Форас Ҳесрӯн ва Ҳомул буданд.

13Писарони Иссокор: Тӯлоъ, Фувво, Йӯб ва Шимрӯн.

14Писарони Забулун: Сарад, Элӯн ва Яҳлаил.

15Инҳоянд писарони Леё, ки онҳоро, ва духтари худ Диноро дар Фаддони Арам ба Яъқуб зоид; ҳамаи писарон ва духтаронаш сию се нафар.

16Писарони Ҷод: Сифйӯн, Ҳаҷӣ, Шунӣ, Эсбӯн, Эрӣ, Арӯдӣ ва Аръилӣ.

17Писарони Ошер: Имно, Ишво, Ишвӣ ва Барио ва хоҳари онҳо Сораҳ. Писарони Барио: Ҳабар ва Малкиил.

18Инҳоянд писарони Зилфо, ки варо Лобон ба духтари худ Леё дод; ва ин шонздаҳ нафарро ба Яъқуб зоид.

19Писарони Роҳел, зани Яъқуб: Юсуф ва Биньёмин.

20Ва ба Юсуф дар замини Миср Менашше ва Эфроим таваллуд шуданд, ки онҳоро Оснат, духтари Фӯтифараъ, коҳини Ӯн ба ӯ зоид.

21Писарони Биньёмин: Балаъ, Бакар, Ашбел, Ҷеро, Наамон, Эҳӣ, Рӯш, Муфим, Ҳуфим ва Орд.

22Инҳоянд писарони Роҳел, ки ба Яъқуб таваллуд шуданд; ҷамъ чордаҳ нафар.

23Писари Дон: Ҳушим.

24Писарони Нафтолӣ: Яҳсаил, Ҷунӣ, Есар ва Шилем.

25Инҳоянд писарони Билҳо, ки варо Лобон ба духтари худ Роҳел дод. Вай инҳоро ба Яъқуб ҷамъ ҳафт нафар зоид.

26Ҳамаи касоне ки бо Яъқуб ба Миср омаданд, онҳое ки аз камари ӯ рӯидаанд, ғайр аз занони писарони Яъқуб, ҷамъ шасту шаш нафар буданд.

27Ва писарони Юсуф, ки ба ӯ дар Миср таваллуд шуданд, ду нафар буданд. Ҳамаи касони хонадони Яъқуб, ки ба Миср омаданд, ҳафтод нафар буданд.

28Ва Яҳудоро пеш аз худаш назди Юсуф фиристод, то ки ӯро ба Ҷӯшан роҳнамоӣ кунад. Ва ба замини Ҷӯшан омаданд.

29Ва Юсуф аробаи худро тайёр кард, ва ба пешвози падари худ Исроил ба Ҷӯшан рафт, ва чун ӯро бидид, ба гарданаш овезон шуд, ва муддате бар гарданаш бигирист.

30Ва Исроил ба Юсуф гуфт: «Акнун, пас аз дидани рӯи ту, метавонам бимирам; зеро ки ҳанӯз зинда ҳастӣ».

31Ва Юсуф ба бародарони худ ва ба аҳли байти падари худ гуфт: «Меравам, ва ба фиръавн хабар медиҳам, ва ба вай мегӯям: „Бародаронам ва аҳли байти падарам, ки дар замини Канъон буданд, назди ман омаданд.

32Ва ин одамон рамабон ҳастанд, зеро ки мардуми чорводор мебошанд; ва гӯсфандон ва говон ва тамоми дороии худро овардаанд“.

33Ва агар фиръавн шуморо даъват намуда, гӯяд: „Касбу коратон чист?“

34Бигӯед: „Ғуломонат аз наврасии худ то алҳол мардуми чорводор ҳастем, ҳам мо ва ҳам падарони мо“, — то ки дар замини Ҷӯшан сокин шавед. Зеро ки ҳар рамабон барои мисриён нафратангез аст».

Афзоиши насли Яъқуб, ки дар Миср муқимӣ гардидаанд.

1Ва Юсуф омад ва ба фиръавн хабар дода, гуфт: «Падарам ва бародаронам бо гӯсфандон ва говони худ ва бо ҳар чи доранд, аз замини Канъон омаданд; ва инак, дар замини Ҷӯшан мебошанд».

2Ва аз бародарони худ панҷ нафарро гирифта, пеши фиръавн муаррифӣ намуд.

3Ва фиръавн ба бародарони ӯ гуфт: «Касбу коратон чист?» Ба фиръавн гуфтанд: «Ғуломонат рамабон ҳастем, ҳам мо ва ҳам падарони мо».

4Ва ба фиръавн гуфтанд: «Омадем, то ки дар ин замин сокин шавем, зеро ки барои чорвои ғуломонат чарогоҳ нест; чунки қаҳтӣ дар замини Канъон сахт аст. Ва акнун ба ғуломонат изн бидеҳ, ки дар замини Ҷӯшан маскан гирем».

5Ва фиръавн ба Юсуф хитоб карда, гуфт: «Падарат ва бародаронат назди ту омадаанд.

6Замини Миср пеши туст; дар беҳтарин ҷои ин замин ба падарат ва бародаронат маскан бидеҳ; бигзор дар замини Ҷӯшан сокин шаванд. Ва агар донӣ, ки дар миёни онҳо одамони қобил ҳастанд, онҳоро нозирони чорвои ман таъин кун».

7Ва Юсуф падари худ Яъқубро овард, ва ӯро ба фиръавн муаррифӣ намуд; ва Яъқуб фиръавнро баракат дод.

8Ва фиръавн ба Яъқуб гуфт: «Айёми солҳои умри ту чанд аст?»

9Ва Яъқуб ба фиръавн гуфт: «Айёми солҳои мусофирати ман саду сӣ сол аст; айёми солҳои умри ман кам ва бад аст, ва ба айёми солҳои умри падарони ман дар айёми мусофирати онҳо нарасидааст».

10Ва Яъқуб фиръавнро баракат дод, ва аз пеши фиръавн берун рафт.

11Ва Юсуф ба падар ва бародарони худ маскан дод, ва дар замини Миср, дар беҳтарин замин, дар замини Раамсис, чунон ки фиръавн фармуда буд, мулке ба онҳо дод.

12Ва Юсуф падари худро, ва бародарони худро, ва тамоми аҳли байти падари худро, мувофиқи талаботи хӯрандаҳошон, бо нон таъмин мекард.

13Ва дар тамоми замин нон набуд; зеро ки қаҳтӣ бағоят сахт буд, ва замини Миср ва замини Канъон аз қаҳтӣ дар ҳолати табоҳ буд.

14Ва Юсуф тамоми нуқраро, ки дар замини Миср ва дар замини Канъон буд, ба ивази ғаллае ки мехариданд, ҷамъ кард; ва Юсуф ин нуқраро ба хонаи фиръавн даровард.

15Ва чун нуқра дар замини Миср ва дар замини Канъон тамом шуд, ҳамаи мисриён назди Юсуф омада, гуфтанд: «Ба мо нон бидеҳ! Чаро пеши ту бимирем? Чунки нуқра тамом шуд».

16Ва Юсуф гуфт: «Чорвои худро биёред, ва ман ба ивази чорвои шумо медиҳам, модоме ки нуқра тамом шудааст».

17Ва чорвои худро назди Юсуф оварданд; ва Юсуф ба ивази аспон, ба ивази рамаҳои гӯсфандон, ба ивази рамаҳои говон ва ба ивази харон ба онҳо нон дод; ва ҳамон сол онҳоро ба ивази тамоми чорвои онҳо бо нон таъмин намуд.

18Вақте ки сол ба охир расид, соли дуюм назди ӯ омада, гуфтанд: «Аз оғои худ махфӣ намедорем, ки нуқра тамом шуд ва рамаҳои чорво дар дасти оғои мост; пеши оғои мо чизе, ҷуз ҷисми мо ва замини мо, боқӣ намондааст.

19Чаро мо ва замини мо низ дар пеши назари ту ҳалок шавем? Моро ва замини моро ба ивази нон бихар; ва мо бо замини худ ғуломони фиръавн шавем, ту ба мо тухмӣ бидеҳ, то ки зист кунем ва намирем, ва замин табоҳ нашавад».

20Ва Юсуф тамоми замини Мисрро барои фиръавн харид, зеро ки мисриён ҳар яке киштзори худро фурӯхтанд; чунки қаҳтӣ барояшон сахт буд. Ва замин аз они фиръавн шуд.

21Ва халқро аз ин канор то он канори Миср ба шаҳрҳо гузаронид.

22Фақат замини коҳинонро нахарид, зеро ки ба коҳинон ротибае аз ҷониби фиръавн муқаррар шуда буд, ва аз ротибае ки фиръавн ба онҳо дода буд, мехӯрданд; ба ин сабаб замини худро нафурӯхтанд.

23Ва Юсуф ба халқ гуфт: «Инак, имрӯз шуморо ва замини шуморо барои фиръавн харидам; барои шумо тухмӣ ин ҷост, то заминро кишт кунед.

24Ва чун ҳосил бирасад, панҷьякашро ба фиръавн бидиҳед; ва чор ҳиссаи он аз они шумо бошад барои зироати замин ва барои хӯроки шумо ва аҳли хонаи шумо, ва барои хӯроки кӯдакони шумо».

25Гуфтанд: «Ту ба мо ҷон даровардӣ; дар назари оғои худ илтифот биёбем, ва ғуломони фиръавн бошем».

26Ва Юсуф инро бар замини Миср то имрӯз ба ҳукми қонун даровард: панҷьяк аз они фиръавн бошад; ғайр аз замини коҳинон, ки фақат он аз они фиръавн набуд.

Рӯзҳои охирини Яъқуб.

27Ва Исроил дар замини Миср, дар замини Ҷӯшан маскан гирифт, ва онро соҳибӣ намуд, ва бағоят борвар ва афзун гардиданд.

28Ва Яъқуб дар замини Миср ҳафдаҳ сол бизист; ва айёми солҳои умри Яъқуб саду чилу ҳафт сол буд.

29Ва чун вақти фавти Исроил наздик шуд, писари худ Юсуфро назди худ хонда, ба вай гуфт: «Агар дар назари ту илтифот ёфта бошам, дасти худро зери рони ман бигузор, ки эҳсон ва вафо бо ман бикунӣ ва маро дар Миср дафн накунӣ,

30То ки бо падарони худ бихобам: маро аз Миср бурда, дар мақбараи онҳо дафн намоӣ». Гуфт: «Ман мувофиқи гуфтаи ту хоҳам кард».

31Ва гуфт: «Ба ман қасам ёд кун». Ва ба ӯ қасам ёд кард. Ва Исроил бар сари бистари худ саҷда кард.

12|1|Алиф, лом, ро. Инҳост оёти китоби равшангар.
12|2|Мо Қуръоне арабӣ нозилаш кардаем, бошад, ки шумо дарёбед!
12|3|Бо ин Қуръон, ки ба ту ваҳй кардаем, беҳтарин достонро бароят ҳикоят мекунем, ки ту аз ин
пеш аз бехабарон будаӣ.
12|4|Он гоҳ, ки Юсуф ба падари худ гуфт: «Эй падар, ман дар хоб ёздаҳ ситора ва хуршед ва моҳ
дидам, дидам, ки саҷдаам мекунанд».
12|5|Гуфт: «Эй писари хурдакам, хобатро барои бародаронат ҳикоят макун, ки туро ҳилае
меандешанд, Зеро шайтон одамиёнро душмане ошкор аст!
12|6|Ва инчунин Парвардигорат туро бармегузинад ва таъбири хоб меомӯзад ва ҳамчунон, ки
неъмати худро пеш аз ин бар падарони ту Иброҳиму Исҳоқ комил карда буд, бар туву хонадони
Яъқуб ҳам комил мекунад, ки Парвардигорат донову ҳаким аст!»
12|7|Дар достони Юсуф ва бародаронаш барои онон, ки аз он пурсидаанд, ибратҳост.
12|8|Он гоҳ, ки гуфтанд: «Юсуф ва бародараш назди падарамон маҳбубтар аз мо ҳастанд, ҳол он
ки мо худ гурӯҳе нерӯмандем. Падарамон дар гумроҳии ошкорест».
12|9|«Юсуфро бикушед ё дар сарзамине дигараш биандозед, то падар хоси шумо гардад ва аз он
пас мардуме шоиста гардед».
12|10|Яке аз онҳо гуфт: «Агар мехоҳед коре кунед, Юсуфро накушед; дар қаъри торики чоҳаш
бипартоед, то корвоне ӯро бигирад».
12|11|Гуфтанд: Эй падар, чӣ шуд, ки моро бар Юсуф боварӣ намекунӣ, ҳол он ки мо хайрхоҳи ӯ
ҳастем?
12|12|Фардо ӯро бо мо бифирист, то бигардаду бози кунад ва мо нигаҳдораш ҳастем».
12|13|Гуфт: «Агар ӯро бибаред, ғамгин мешавам ва метарсам, ки аз ӯ ғофил шавед ва гург ӯро
бихӯрад».

12|14|Гуфтанд: «Бо ин гурӯҳи нерӯманд, ки мо ҳастем, агар гург ӯро бихӯрад, аз зиёнкорон хоҳем
буд».
12|15|Чун ӯро бурданд ва қасд карданд, ки дар қаъри торики чоҳаш бияфкананд, ба ӯ ваҳй
кардем, ки онҳоро аз ин корашон огоҳ хоҳӣ сохт ва худ надонанд.
12|16|Шабҳангом гирён назди падарашон боз омаданд.
12|17|Гуфтанд: «Эй падар, мо ба асп тохтан рафта будем ва Юсуфро назди матоъи худ гузошта
будем, гург ӯро хӯрд. Ва ҳарчанд ҳам, ки рост бигӯем, ту сухани моро бовар надорӣ».
12|18|Ҷомаашро, ки ба хуни дурӯғин оғушта буд, оварданд, гуфт: «Нафси шумо кореро дар
назаратон биёроста аст. Акнун барои ман сабри ҷамил беҳтар аст ва Худост, ки дар ин бора аз ӯ
ёрӣ бояд хост».
12|19|Корвоне омад. Обоварашонро фиристоданд. Сатил фурӯ кард. Гуфт: «Муждагонӣ, ин
писарест». Ӯро чун матоъе пинҳон сохтанд ва Худо ба коре, ки мекарданд, огоҳ буд.
12|20|Ӯро ба баҳои андак, ба чанд дирҳам фурӯхтанд, ки ҳеҷ рағбате ба ӯ надоштанд.
12|21|Касе аз мардуми Миср, ки ӯро харида буд, ба занаш гуфт: «То дар ин ҷост, гиромияш
бидор, шояд ба мо суде бирасонад, ё ӯро ба фарзандӣ бипазирем». Ва инчунин Юсуфро дар замин
ҷой додем, то ба ӯ таъбири хоб омӯзем. Ва Худо бар кори хеш ғолиб аст. Вале бештари мардум
намедоканд!
12|22|Ва чун болиғ шуд, ҳикмату донишаш додем ва некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем.
12|23|Ва он зан, ки Юсуф дар хонааш буд, дар паи комҷӯӣ аз Юсуф мебуд. Ва дарҳоро басту гуфт:
«Бишитоб». Гуфт: «Паноҳ мебарам ба Худо, Ӯ парваронандаи ман аст ва маро обрӯи некӯ дода ва
ситамкорон наҷотёфта намешаванд».
12|24|Он зан майли ӯ кард. Ва агар бурҳони Парвардигорашро надида буд, ӯ низ майли он зан
мекард. Чунин кардем, то бадиву зишткориро аз вай бозгардонем. Зеро ӯ аз бакдагони покдили Мо
буд!
12|25|Ҳар ду ба ҷониби дар давиданд ва зан ҷомаи ӯро аз пас бидарид. Ва шӯи он занро наздики
дар диданд. Зан гуфт: «Ҷазои касе, ки бо зани ту қасди баде дошта бошад, чист, ҷуз ин ки ба
зиндон афтад ё ба азобе дардовар гирифтор ояд?»
12|26|Юсуф гуфт: «Ӯ дар паи комҷӯӣ аз ман буд ва маро ба худ хонд». Ва яке аз касони зан
гувоҳӣ дод, ки агар ҷомааш аз пеш даридааст, зан рост мегӯяд ва ӯ дурӯғгӯст.
12|27|Ва агар ҷомааш аз пас даридааст, зан дурӯғ мегӯяд ва ӯ ростгӯст.
12|28|Чун дид ҷомааш аз пас даридааст, гуфт: «Ин аз макри шумо занон аст, ки макри шумо занон
макре бузург аст!
12|29|Эй Юсуф, забони худ нигоҳ дор ва эй зан, аз гуноҳи худ бахшоиш бихоҳ, ки ту аз
хатокоронӣ».
12|30|Закони шаҳр гуфтанд: «Зани Азиз дар паи комҷӯӣ аз ғуломи худ шудааст ва шефтаи ӯ гашта
аст. Мо вайро дар гумроҳии ошкоро мебипем».
12|31|Чун афсунашонро шунид, наздашон кас фиристод ва маҷлисе тартиб дод ва ба ҳар як корде
дод ва гуфт: «Берун ой, то туро бингаранд». Чун ӯро диданд, бузургаш шумурданд ва дасти хеш
бибуриданд ва гуфтанд: «Маъозаллоҳ ин одами нест, ин фариштае бузургвор аст!»
12|32|Гуфт: «Ин ҳамон аст, ки маро дар боби ӯ маломат мекардед. Ман дар паи комҷӯӣ аз ӯ будам
ва ӯ худро нигоҳ дошт. Агар он чӣ фармонаш медиҳам, накунад, ба зиндон хоҳад афтод ва хор
хоҳад шуд».
12|33|Гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман зиндон дӯст доштанитар аст аз он чӣ маро ба он
мехонанд ва агар макри ин занонро аз ман нагардонӣ, ба онҳо майл мекунам ва дар шумори
нодонон дармеоям».
12|34|Парвардигораш дуъояшро иҷобат кард ва макри занон аз ӯ дур кард. Зеро Худо шунавову
доност!
12|35|Пас бо он нишонаҳо, ки дида буданд, тасмим карданд, ки чанде ба зиндонаш бияфкананд.
12|36|Ду ҷавон низ бо ӯ ба зиндон афтоданд. Яке аз он ду гуфт: «Дар хоб худро дидам, ки ангур
мефишорам». Дигаре гуфт: «Худро дидам, ки нон бар сар ниҳода мебарам ва паррандагон аз он
мехӯранд. Моро аз таъбири он огоҳ кун, ки аз некӯкоронат мебинем».
12|37|Гуфт: «Таъоми рӯзонаи шумо ҳанӯз наомада бошад, ки пеш аз он шуморо аз таъбири он
хобҳо, чунон ки Парвардигорам ба ман омӯхтааст, хабар медиҳам. Ман дини мардумеро, ки ба
Худои якто имон надоранд ва ба рӯзи қиёмат кофиранд, тарк кардаам.
12|38|Ман пайрави дини падаронам Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб ҳастам ва моро нашояд, ки ҳеҷ чизро
шарики Худо қарор диҳем. Ин фазилатест, ки Худо бар мову бар мардуми дигар арзонӣ доштааст,
вале бештари мардум ношукранд.
12|39|Эй ду зиндонӣ, оё худоёни пароканда беҳтар аст ё Оллоҳ — он Худованди яктои ғолиб бар
ҳамагон?
12|40|Намепарастед ғайри Худои якто магар бутонеро, ки худ ва падаронатон онҳоро ба номҳое
хондаед ва Худо ҳуҷҷате бар исботи онҳо нозил накардааст. Ҳукм ҷуз ҳукми Худо нест. Фармон

додааст, ки ҷуз ӯро напарастед. Ин аст дини росту устувор, вале бештари мардум намедонанд.
12|41|Эй ду зиндонӣ, аммо яке аз шумо барои хоҷаи худ шароб резад, аммо дигареро бар дор
кунанд ва паррандагон сари ӯ бихӯранд. Коре, ки дар бораи он назар мехостед, ба поён
омадааст»,
12|42|Ба яке аз он ду, ки медоннст, раҳо мешавад, гуфт: «Маро назди хоҷаи худ ёд кун!» Аммо
шайтон аз хотираш дур кард, ки пеши мавлояш аз ӯ ёд кунад ва чанд сол дар зиндон бимонд.
12|43|Подшоҳ гуфт: «Дар хоб ҳафт гови фарбеҳро дидам, ки онҳоро ҳафт гови лоғар мехӯранд ва
ҳафт хушаи сабз дидам ва ҳафт хушаи хушк. Эй хосагони ман, хоби маро таъбир кунед, агар
таъбири хоб медонед».
12|44|Гуфтанд: «Инҳо хобҳои ошуфтааст ва моро ба таъбири ин хобҳо огоҳӣ нест».
12|45|Яке аз он ду, ки раҳо шуда буд ва пас аз муддате ба ёдаш омада буд, гуфт: «Ман шуморо аз
таъбири он огоҳ мекунам. Маро назди ӯ бифиристед».
12|46|«Эй Юсуф, эй марди ростгӯй, барои мо таъбир кун, ки ҳафт гови фарбеҳро ҳафт гови лоғар
мехӯранд ва ҳафт хушаи сабзу ҳафт хушаи хушк. Бошад, ки ман назди мардум бозгардам ва онон
огоҳ гарданд».
12|47|Гуфт: «Ҳафт сол пай дар пай бикоред ва ҳар чӣ медаравед, ҷуз андаке, ки мехӯред, бо хуша
анбор кунед.
12|48|Аз он пас ҳафт сол кахтӣ меояд ва дар он ҳафт сол он чӣ барояшон ҷамъ кардаанд,
бихӯранд ғайри андаке, ки нигоҳ медоред.
12|49|Пас аз он соле ояд, ки мардумонро борон диҳанд ва дар он сол афшурданиҳоро
мефушуранд».
12|50|Подшоҳ гуфт: «Назди манаш биёваред». Чун фиристода назди ӯ омад, Юсуф гуфт: «Назди
хоҷаат бозгард ва бипурс: Ҳикояти он занон, ки дастҳои худро буриданд, чӣ буд? Ки Парвардигори
ман ба макрашон огоҳ аст!»
12|51|Гуфт: «Эй занон, он гоҳ ки хостори тани Юсуф мебудед, ҳикояти шумо чӣ буд?» Гуфтанд:
«Паноҳ бар Худо! Ӯро ҳеҷ гунаҳкор намедонем». Зани Азиз гуфт: «Акнун ҳақ ошкор шуд. Ман дар
паи комҷӯӣ аз ӯ мебудам ва ӯ дар зумраи ростгӯён аст!»
12|52|«Чунин шуд то бидонад, ки ман дар ғайбаташ ба ӯ хиёнат накардаам ва Худо ҳилаи
хоинонро ба мақсад намерасоздад.
12|53|Ман худамро бегуноҳ намедонам, зеро нафс одамиро ба бадӣ фармон медиҳад. Магар
Парвардигори ман бибахшояд, зеро Парвардигори ман омурзандаву меҳрубон аст!»
12|54|Подшоҳ гуфт: «Ӯро назди ман биёваред то ҳамнишини хоси худ гар донам». Ва чун бо ӯ
сухан гуфт, гуфт; «Ту аз имрӯз назди мо соҳибмартаба ва боваринок ҳастӣ».
12|55|Гуфт: «Маро бар хазинаҳои ин сарзамин муқаррар кун, ки ман нигаҳбоне доноям».
12|56|Инчунин Юсуфро дар он сарзамин обрӯ додем. Ҳар ҷо, ки мехост, ҷой мегирифт. Раҳмати
худро ба ҳар кас, ки бихоҳем, арзонӣ медорем ва музди некӯкоронро барбод намекунем.
12|57|Ва албатта музди онҷаҳонӣ барои касоне, ки имоп овардаанд ва парҳезгорӣ мекунанд,
беҳтар аст.
12|58|Бародарони Юсуф омаданд ва бар ӯ дохил шуданд, онҳоро шинохт ва онҳо нашинохтандаш.
12|59|Чун борҳояшонро муҳайё сохт, гуфт: «Бародари падариятонро низ назди ман биёваред, оё
намебинед, ки паймонаро комил адо мекунам ва беҳтарин мизбонам?
12|60|Агар ӯро назди ман наёваред, паймонае назди ман нахоҳед дошт ва ба ман наздик
машавед».
12|61|Гуфтанд: «Мо ӯро ба исрор аз падар хоҳем хост ва ин корро хоҳем кард».
12|62|Ва ба мардони худ гуфт: «Сармояашонро дар борҳояшон биниҳед, бошад, ки чун назди
касонашон бозгарданд ва онро биёбанд, боз оянд».
12|63|Чун назди падар бозгаштанд, гуфтанд: «Эй падар, паймона аз мо манъ намуданд.
Бародарамонро бо мо бифирист, то паймона бозгирем. Мо нигаҳдори ӯ ҳастем».
12|64|Гуфт: «Оё ӯро ба шумо бисупорам, ҳамчунон ки бародарашро пеш аз ин ба шумо супурдам?
» Худо беҳтарин нигаҳдор аст ва Ӯст меҳрубонтарини меҳрубонон!
12|65|Чун бори худро кушуданд, диданд, ки сармояашонро пас додаанд. Гуфтанд: «Эй падар, дар
талаби чӣ ҳастем? Ин сармояи мост, ки ба мо пас додаанд. Барои касони худ ғалла биёварем ва
бародарамонро ҳифз кунем ва бори шутуре афзун гирем, ки он чӣ дорем, андак аст».
12|66|Гуфт: «Ҳаргиз ӯро бо шумо намефиристам, то бо ман ба номи Худо паймоне бибандед, ки
назди манаш бозмеоваред. Магар он ки ҳама гирифтор шавед». Чун бо ӯ аҳд карданд, гуфт: «Худо
бар он чӣ мегӯем, гувоҳ аст!»
12|67|Гуфт: «Эй писарони ман, аз як дарвоза дохил нашавед; аз дарвозаҳои гуногун дохил шавед.
Ва ман қазои Худоро аз сари шумо дафъ натавонам кард ва ҳеҷ фармоне ғайри фармони Худо
нест. Бар Ӯ таваккал кардам ва таваккалкунандагон бар Ӯ таваккул кунанд».
12|68|Чун аз ҷое, ки падар фармон дода буд, дохил шуданд, ин кор дар баробари иродаи Худо
судашон набахшид. Танҳо ҳоҷате дар замири Яъқуб буд, ки онро ошкор сохт, зеро ӯро илме буд,

ки Худ ба ӯ омӯхта будем, вале бештари мардум намедонанд.
12|69|Чун бар Юсуф дохил шуданд, бародарашро назди худ ҷой дод. Гуфт: «Ман бародари ту
ҳастам. Аз коре, ки инҳо кардаанд, андӯҳгин мабош».
12|70|Чун борҳояшонро муҳайё кард, ҷомро дар бори бародар ниҳод. Он гоҳ мунодӣ
(садодиҳанда) садо дод: «Эй корвониён, шумо дуздонед».
12|71|Корвониён назди онҳо бозгаштанд ва гуфтанд: «Чӣ гум кардаед?»
12|72|Гуфтанд: «Ҷоми подшоҳро. Ва ҳар ки биёварадаш, ӯро бори шутурест ва ман кафилӣ
мекунам».
12|73|Гуфтанд: «Худоро, шумо худ медонед, ки мо фасод кардан ба ин сарзамин наёмадаем ва
дузд набудаем».
12|74|Гуфтанд: «Агар дурӯғ гуфта бошед, ҷазои дузд чист?»
12|75|Гуфтанд: «Ҷазояш ҳамон касест, ки дар бори ӯ ёфта шавад. Пас ӯ худ ҷазои амали худ аст
ва мо гунаҳкоронро чунин ҷазо диҳем».
12|76|Пеш аз бори бародар бар бори онҳо кофтанро сар кард, он гоҳ аз бори бародараш берун
овард. Ҳилае инчунин ба Юсуф омӯхтем. Дар дини он подшоҳ гирифтани бародар хаққи ӯ набуд,
чизе буд, ки Худо мехост. Ҳар касро, ки бихоҳем, ба дараҷоте боло мебарем ва болои ҳар доное
донотарест.
12|77|Гуфтанд: «Агар ӯ дуздӣ карда, бародараш низ пеш аз ин дуздӣ карда буд». Юсуф ҷавоби он
сухан дар дил пинҳон дошт ва ҳеҷ изхор накард ва гуфт: «Шумо дар вазъе бадтар ҳастед ва Худо
ба бӯҳтоне, ки мезанед, огоҳтар аст!»
12|78|Гуфтанд: «Эй азиз, ӯро падарест солхӯрда. Яке аз моро ба ҷои ӯ бигир, ки аз некӯкоронат
мебинем».
12|79|Гуфт: «Худо накунад, ки ҷуз он касро, ки бори худ назди ӯ ёфтаем, бигирем. Агар чунин
кунем, аз ситамкорон хоҳем буд».
12|80|Чун аз ӯ ноумед шуданд, барои машварат ба каноре рафтанд ва бузургтаринашон гуфт: «Оё
намедонед, ки падаратон аз шумо ба номи Худо паймон гирифта ва пеш аз ин низ дар ҳаққи Юсуф
кӯтоҳӣ кардаед? Ман аз ин сарзамин берун намеоям, то падар маро рухсат диҳад ё Худо дар бораи
ман довари кунад, ки Ӯ беҳтарини доварон аст.
12|81|Назди падар бозгардед ва бигӯед: «Эй падар, писарат дуздӣ кард ва мо ҷуз ба он чӣ
медонистем, шаҳодат надодем ва аз ғайб низ огоҳ нестем.
12|82|Аз шаҳре, ки дар он будаем ва аз корвоне, ки ҳамроҳаш омадаем бипурс, ки мо рост
мегӯем».
12|83|Гуфт: «На, нафси шумо кореро дар назаратон биёрост ва маро сабри ҷамил беҳтар аст.
Шояд Худо ҳамаро ба ман бозгардонад, ки Ӯ донову ҳаким аст!»
12|84|Рӯи худ аз онҳо бигардониду гуфт: «Эй андӯҳо бар Юсуф». Ва чашмонаш аз ғам сапедӣ
гирифт ва ҳамчунон андӯҳи худ фурӯ мехӯрд.
12|85|Гуфтанд: «Ба Худо савганд пайваста Юсуфро ёд мекунӣ, то бемор гардӣ ё бимирӣ».
12|86|Гуфт; «Ҷуз ин нест, ки шарҳи андӯҳи худ танҳо бо Худо мегӯям. Зеро он чӣ ман аз Худо
медонам, шумо намедонед!
12|87|Эй писарони ман, бираведу Юсуф ва бародарашро биҷӯед ва аз раҳмати Худо ноумед
машавед. Зеро танҳо кофирон аз раҳмати Худо маъюс мешаванд».
12|88|Чун бар Юсуф дохил шуданд, гуфтанд: «Эй азиз, мову касонамон ба гуруснагӣ афтодаем ва
бо сармояи андак омадаем, паймонаи моро тамом адо кун ва бар мо садақа бидеҳ зеро Худо
садақадиҳандагонро дӯст дорад!»
12|89|Гуфт: «Медонед, ки аз рӯи нодонӣ бо Юсуф ва бародараш чӣ кардед?»
12|90|Гуфтанд: «Оё ба ҳақиқат ту Юсуфӣ?» Гуфт: «Ман Юсуфам ва ин бародари ман аст ва Худо
ба мо неъмат дод. Зеро ҳар кас, ки парҳезгорӣ кунад ва сабр намояд, Худо муздашро нобуд
намесозад».
12|91|Гуфтанд: «Ба Худо савганд, ки худо туро бар мо фазилат дод ва мо хатокор будем».
12|92|Гуфт: «Имрӯз шуморо сарзаниш набояд кард; Худо шуморо мебахшояд, ки Ӯ меҳрубонтарини
меҳрубонон аст!
12|93|Ин ҷомаи маро бибаред ва бар рӯи падарам андозед то бино гардад. Ва ҳамаи касони худро
назди ман биёваред».
12|94|Чун корвон ба роҳ афтод, падарашон гуфт: «Агар маро девона нахонед, бӯи Юсуф ҳис
мекунам».
12|95|Гуфтанд: «Ба Худо савганд, ки ту дар ҳамон гумроҳии деринан худ ҳастӣ!»
12|96|Чун муждадиҳанда омад ва ҷома бар рӯи ӯ андохт, бино гашт. Гуфт: «Оё нагуфтаматон, ки
он чӣ ман аз Худо медонам, шумо намедонед?»
12|97|Гуфтанд: «Эй падар, барои гуноҳони мо омурзиш бихоҳ, ки мо хатокор будаем».
12|98|Гуфт; «Аз Парвардигорам барои шумо бахшоиш хоҳам хост, Ӯ бахшояндаву меҳрубон аст!»
12|99|Чун бар Юсуф дохил шуданд, падару модарро ба оғӯш кашиду гуфт: «Ба Миср дароед, ки

агар Худо бихоҳад, дар амон хоҳед буд!»
12|100|Падару модарро бар тахт баровард ва ҳама дар баробари ӯ ба саҷда даромаданд. Гуфт:
«Эй падар, ин аст таъбири он хоби ман, ки инак Парвардигорам онро рост баровард. Ва чӣ қадар
ба ман некӣ кардааст, он гоҳ, ки маро аз зиндон бираҳонид ва пас аз он, ки шайтон миёни ману
бародаронам фасод карда буд, шуморо аз бодия ба ин ҷо овард. Парвардигори ман ба ҳар чӣ
ирода кунад, дақиқ аст, ки Ӯ донову ҳаким аст!
12|101|Эй Парвардигори ман, маро фармонравоӣ додӣ ва маро илми таъбири хоб омӯхтӣ. Эй
офаринандаи осмонҳову замин, ту дар дунёву охират корсози мани. Маро мусалмон бимирон ва
қарини шоистагон соз!»
12|102|Инҳо хабарҳои ғайб аст, ки ба ту ваҳй мекунем. Ва он ҳангом, ки бо якдигар гирд омада
буданд ва машварат мекарданд ва хила месохтанд, ту назди онҳо набудӣ!
12|103|Ҳарчанд ту ба имонашон ҳарис бошӣ, бештари мардум имон намеоваранд!