Skip to content

Хуруҷ 12:1-42

1Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун дар замини Миср сухан ронда, гуфт:
2«Бигзор ин моҳ барои шумо сари моҳҳо бошад; бигзор он барои шумо моҳи якум дар миёни моҳҳо бошад.
3Ба тамоми ҷамоати Исроил сухан ронда, гӯед: „дар рӯзи даҳуми ҳамин моҳ бигзор ҳар яке баррае барои хонавода бигиранд, яъне барои ҳар хонадон як барра.
4Ва агар аҳли байт барои истеъмоли барра кам бошанд, бигзор вай бо ҳамсояи наздики хонааш, мувофиқи шумораи нуфусашон бигирад; ба андозаи хӯрдани ҳар яке ба барра ширкат кунед.
5Барраи шумо бояд беайб, наринаи яксола бошад; аз гӯсфандон ва бузон онро бигиред.
6Ва бигзор он назди шумо то рӯзи чордаҳуми ҳамин моҳ ингоҳ дошта шавад, ва онро тамоми ҷамъомади ҷамоати Исроил бегоҳирӯзӣ забҳ кунанд.
7Ва аз хуни он гирифта, ба ҳар ду паҳлударӣ ва ба болодарии хонаҳое ки дар онҳо онро мехӯранд, бимоланд.
8Ва гӯшташро дар он шаб ба оташ бирьён карда, бо фатир бихӯранд; бо сабзаҳои талх онро бихӯранд.
9Аз он хом, ё дар об пухта нахӯранд, балки ба оташ бирьён шуда бошад, бо каллаю почаҳояш ва дилу дарунаш.
10Ва аз он то субҳ боқӣ нагузоред; ва он чиро, ки аз он то субҳ боқӣ монда бошад, ба оташ бисӯзонед.
11Ва онро ин тавр бихӯред: камари шумо баста, кафшҳои шумо бар пойҳои шумо, ва асои шумо дар дасти шумо бошад; ва онро шитобон бихӯред, ки ин фисҳи Худованд аст.
Кафорат ба воситаи хун.
12Ва Ман дар он шаб аз замини Миср убур намуда, ҳар нахустзодаро дар замини Миср, аз одамон то чорпоён, зарба хоҳам зад, ва бар ҳамаи худоёни Миср доварӣ хоҳам кард; Ман Худованд ҳастам.
13Ва он хун барои шумо аломате хоҳад буд бар хонаҳое ки шумо дар он ҷо мебошед, ва Ман хунро дида, аз болои шумо хоҳам ҷаҳид, ва ҳангоме ки замини Мисрро зарба мезанам, он офати ҳалокатовар ба шумо нахоҳад расид.
14Ва он рӯз барои шумо рӯзи ёдгорӣ хоҳад буд, ва онро ҳамчун иде барои Худованд ид кунед; онро, ҳамчун қонуни абадӣ, насл ба насли худ ид кунед.
15Ҳафт рӯз фатир бихӯред; аммо дар арафаи рӯзи якум хамиртурушро аз хонаҳои худ нест кунед, зеро ҳар кӣ аз рӯзи якум то рӯзи ҳаштум хамири турушшудае бихӯрад, он кас аз миёни Исроил маҳв хоҳад шуд.
16Ва дар рӯзи якум ҷамъомади муқаддас ва дар рӯзи ҳафтум ҷамъомади муқаддас барои шумо хоҳад буд; дар онҳо набояд ҳеҷ коре карда шавад; аммо он чи бояд ҳар кас бихӯрад, фақат онро ба ҷо оварданатон мумкин аст.
17Ва хӯрдани фатирро риоя намоед, зеро ки дар худи ҳамин рӯз Ман фавҷҳои шуморо аз замини Миср берун овардаам; ва ин рӯзро, ҳамчун қонуни абадӣ, насл ба насли худ риоя намоед.
18Дар моҳи якум, дар рӯзи чордаҳуми он, бегоҳӣ фатир бихӯред, то бегоҳии рӯзи бисту якуми моҳ.
19Ҳафт рӯз дар хонаҳои шумо хамиртуруш бояд ёфт нашавад; зеро, ҳар кӣ хамири турушшудае бихӯрад, он шахс аз ҷамоати Исроил маҳв хоҳад шуд, хоҳ ғарибе бошад, хоҳ сокини муқимии он.
20Ҳеҷ хамири турушшудае нахӯред; дар ҳамаи масканҳои худ фатир бихӯред“».
21Ва Мусо ҳамаи пирони Исроилро даъват намуда, ба онҳо гуфт: «Биравед ва баррае барои худ мувофиқи хонаводаҳотон бигиред, ва фисҳро забҳ кунед.
22Ва бандчае аз зуфо гирифта, дар хуне ки дар лаган аст, биғӯтонед, ва ба болодарӣ ва ду паҳлударӣ аз хуне ки дар лаган аст, бимолед; ва касе аз шумо аз дари хонаи худ то субҳ берун наравад.
23Ва Худованд убур намуда, мисриёнро зарба хоҳад зад, ва ҳамин ки хунро бар болодарӣ ва ду паҳлударӣ бубинад, Худованд аз болои он дар хоҳад ҷаҳид, ва ҷонситонро нахоҳад гузошт, ки ба хонаҳои шумо даромада, зарба занад.
24Ва ин амрро, ҳамчун қоида, барои худ ва барои писарони худ ба сурати абадӣ риоя намоед.
25Ва чун ба замине дохил шудед, ки онро Худованд мувофиқи гуфтаи Худ ба шумо хоҳад дод, он вақт ин ибодатро риоя намоед.
26Ва чун писаронатон ба шумо гӯянд: „Ин ибодати шумо барои чист?“
27Бигӯед: „Ин қурбонии фисҳ барои Худованд аст, ки Ӯ дар Миср, вақте ки мисриёнро зарба зад, аз болои хонаҳои банӣ‐Исроил ҷаҳида гузашт, ва хонаҳои моро раҳоӣ дод“». Ва қавм сар хам карда, саҷда бурданд.
28Ва банӣ‐Исроил рафта, ба амал оварданд; чунон ки Худованд ба Мусо ва Ҳорун амр фармуда буд, ончунон ба амал оварданд.
Мубоҳиса бо фиръавн давом мекунад. Фавти нахустзодагон.
29Ва нисфи шаб чунин воқеъ шуд, ки Худованд ҳамаи нахустзодагони замини Мисрро, аз нахустзодаи фиръавн, ки бар тахт нишаста буд, то нахустзодаи асире ки дар зиндон буд, ва ҳар нахустзодаи чорпоёнро зарба зад.
30Ва дар он шаб фиръавн, ва ҳамаи навкаронаш, ва ҳамаи мисриён бархостанд, ва фарьёди азиме дар Миср ба вуқӯъ омад, зеро хонае набуд, ки мурдае дар он набошад.
31Ва Мусо ва Ҳорунро шабона даъват намуда, гуфт: «Бархезед ва аз миёни қавми ман берун равед, ҳам шумо ва ҳам банӣ‐Исроил, ва рафта, Худовандро ибодат намоед, чунон ки гуфтед.
32Гӯсфандон ва говони худро низ, чунон ки гуфтед, бигиред, ва биравед, ва маро низ баракат диҳед».
33Ва мисриён бар қавм фишор меоварданд, то ки зудтар онҳоро аз замин равона кунанд, зеро ки гуфтанд: «Ҳамаамон мемирем».
34Ва қавм хамири худро, пеш аз он ки туруш шавад, бардошта бурданд; лаганҳои худро бо либосҳошон печонида, бар дӯши худ гузошта буданд.
35Ва банӣ‐Исроил аз рӯи гуфтаи Мусо амал карда, аз мисриён колои нуқра ва колои тилло ва либосҳо пурсиданд.
36Ва Худованд қавмро дар назари мисриён мӯътабар гардонид, ва ҳар чизи пурсидаи онҳоро доданд; ва онҳо мисриёнро тороҷ карданд.
Ибтидои хуруҷ.
37Ва банӣ‐Исроил аз Раамсис ба ҷониби Суккӯт равона шуданд, ки тақрибан шашсад ҳазор мардони пиёда, ғайр аз кӯдакон, буданд.
38Ва издиҳоми гуногунқабилаи зиёде низ ҳамроҳи онҳо баромаданд, ва гӯсфандон ва говон, ки рамаи бағоят бузурге буданд.
39Ва аз хамире ки аз Миср берун оварда буданд, кулчаҳои фатир пухтанд, зеро ки он туруш нашуда буд, чунки аз Миср ронда шуда буданд, ва натавонистанд даранг кунанд, ва тӯшае низ барои худ тайёр накарда буданд.
40Ва сукунати банӣ‐Исроил, ки дар Миср доштанд, чорсаду сӣ сол буд.
41Ва ҳангоме ки чорсаду сӣ сол ба охир расид, дар он рӯз ҳамаи фавҷҳои Худованд аз замини Миср берун омаданд.
42Ин — шаби бедории Худованд буд барои берун овардани онҳо аз замини Миср; ин ҳамон шабе буд барои Худованд, ки дар он тамоми банӣ‐Исроил насл ба насли худ бояд бедор бошанд.