Skip to content
Нишонаи Иброҳим – Қуръон Аломати Иброҳим – Таврот (Ҳастӣ 12:1-7)
Сура 3:84 (Аль Имрам) «Мы верим в Бога и в то, что было открыто нам и что было открыто Аврааму, Исмаилу, Исааку, Иакову и племенам, и в (Книгах), данных Моисею. Иисус и пророки от их Господа: Мы не делаем различий между ними, и перед Богом мы склоняем нашу волю (в исламе) ».

Сураи 4:54 (Зан)

4|54|Ё бар мардум ба хотири неъмате, ки Худо аз фазли хеш ба онон додааст, ҳасад мебаранд?
Дар ҳоле, ки мо ба хонадони Иброҳим китобу ҳикмат додем ва фармонравоии бузург арзонӣ
доштем.

.

Ваъда. Аз вақти даъват шудани Абром то вақти қонунгузорӣ.
Аҳди чоруми Худо бо одам.
1Ва Худованд ба Абром гуфт: «Аз замини худ, аз ақрабои худ ва аз хонаи падари худ сӯи замине ки ба ту нишон диҳам, равона шав.
2Ва аз ту халқи бузурге ба вуҷуд оварам,
ва туро баракат диҳам,
ва номи туро бузург созам:
ва ту намунаи баракат хоҳӣ шуд.
3Ва баракат диҳам онҳоеро, ки туро муборак хонанд,
ва лаънат гӯям ба онҳое ки туро малъун хонанд;
ва дар ту ҳамаи қабилаҳои рӯи замин
баракат хоҳанд хост».
Абром дар замини мавъуд.
4Ва Абром, чунон ки Худованд ба ӯ фармуд, равона шуд; ва Лут ҳамроҳи ӯ рафт. Ва Абром ҳафтоду панҷсола буд, ҳангоме ки аз Ҳоррон берун омад.
5Ва Абром зани худ Сорай ва бародарзодаи худ Лутро бо тамоми дороие ки андӯхта буданд, ва бо ашхосе ки дар Ҳоррон доштанд, гирифт; ва берун омаданд, то ки сӯи замини Канъон равона шаванд; ва ба замини Канъон омаданд.
6Ва Абром заминро тай карда, то мавзеи Шакем, то булутзори Мӯре расид. Ва дар он вақт канъониён дар ин замин буданд.
7Ва Худованд бар Абром зоҳир гардида, гуфт: «Ба насли ту ин заминро медиҳам». Ва дар он ҷо барои Худованд, ки бар ӯ зоҳир шуд, қурбонгоҳе бино кард.