Skip to content

Притча о десяти девушках

1Дар он замон Малакути Осмон монанди даҳ бокирае хоҳад буд, ки чароғҳои худро бардошта, ба пешвози домод берун рафтанд;
2Аз онҳо панҷ нафар доно ва панҷ нафар нодон буданд;
3Нодонон чароғҳои худро гирифтанд, вале бо худ равған нагирифтанд;
4Лекин доноён бо чароғҳои худ дар зарфҳо низ равған гирифтанд;
5Чун домод дер монд, ҳама пинак рафта, хуфтанд.
6Ва дар нисфи шаб овозе баланд шуд: „Инак, домод меояд, ба пешвози вай берун оед“.
7Он гоҳ ҳамаи он бокираҳо бархоста, чароғҳои худро тайёр карданд.
8Ва нодонон ба доноён гуфтанд: „Аз равғани худ ба мо диҳед, зеро чароғҳои мо хомӯш мешавад“.
9Аммо доноён дар ҷавоб гуфтанд: „Не, мабодо барои мо ва шумо камӣ кунад; беҳтар аст, ки шумо назди фурӯшандагон рафта, барои худ бихаред“.
10Ва ҳангоме ки онҳо барои харидан рафтанд, домод омад, ва онҳое ки тайёр буданд, бо вай ба тӯи арӯсӣ даромаданд, ва дар баста шуд.
11Баъд аз он, бокираҳои дигар низ омада, гуфтанд: „Эй оғо! Эй оғо! Ба мо воз кун“.
12Лекин вай дар ҷавоби онҳо гуфт: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям: шуморо намешиносам“.
13Пас, бедор бошед, зеро намедонед, ки Писари Одам дар кадом рӯз ва кадом соат меояд.

Масал дар бораи талантҳои амонатӣ.

14Зеро монанди касест, ки ба сафари дур рафтанӣ шуда, ғуломони худро талабид ва молу мулкашро ба онҳо супурд:
15Ба яке панҷ талант, ба дигаре ду, ба сеюмӣ як, яъне ба ҳар кадом алоқадри ҳолаш дода, дарҳол ба сафар рафт.
16Он ки панҷ талант гирифта буд, рафта ба тиҷорат машғул шуд ва панҷ таланти дигар фоида кард;
17Ҳамчунин он ки ду талант гирифта буд, ду таланти дигар ба даст овард;
18Лекин он ки як талант гирифта буд, рафта заминро канд ва пули оғои худро пинҳон кард.
19Пас аз муддати дуру дарозе оғои он ғуломон омада, аз онҳо ҳисобот талаб кард.
20Он ки панҷ талант гирифта буд, панҷ таланти дигарро ҳам оварда, гуфт: „Эй оғо! Ту ба ман панҷ талант дода будӣ; инак, бо онҳо панҷ таланти дигар ба даст овардам“.
21Оғояш ба вай гуфт: „Офарин, эй ғуломи нек ва мӯътамад! Ту дар чизи андак мӯътамад будӣ, туро бар чизҳои бисьёр бигуморам; ба шодии оғои худ шарик шав“.
22Ҳамчунин он ки ду талант гирифта буд, назди вай омада, гуфт: „Эй оғо! Ту ба ман ду талант дода будӣ; инак, бо онҳо ду таланти дигар ба даст овардам“.
23Оғояш ба вай гуфт: „Офарин, эй ғуломи нек ва мӯътамад! Ту дар чизи андак мӯътамад будӣ, туро бар чизҳои бисьёр бигуморам; ба шодии оғои худ шарик шав“.
24Пас он ки як талант гирифта буд, назди вай омада, гуфт: „Эй оғо! Чун медонистам, ки ту марди сахтгире ҳастӣ, аз ҷое ки накоштаӣ, медаравӣ, ва аз ҷое ки напошидаӣ, ҷамъ мекунӣ;
25Бинобар ин тарсидам ва рафта таланти худро дар замин пинҳон кардам; инак, моли ту ин ҷост“.
26Оғояш дар ҷавоби вай гуфт: „Эй ғуломи шарир ва танбал! Ту медонистӣ, ки ман аз ҷое ки накоштаам, медаравам, ва аз ҷое ки напошидаам, ҷамъ мекунам;
27Аз ин рӯ ту мебоист пули маро ба саррофон медодӣ, ва ман омада, пули худро бо фоидааш мегирифтам;
28Пас он талантро аз вай гирифта, ба касе ки даҳ талант дорад, бидиҳед.
29Зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода ва афзуда шавад; лекин ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад;
30Ва он ғуломи нобакорро ба зулмоти берун бароварда партоед: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд“.

Доварии Исои Худованд бар халқҳо.

31Лекин вақте ки Писари Одам дар ҷалоли Худ бо ҳамаи фариштагони муқаддас меояд, он гоҳ бар тахти ҷалоли Худ хоҳад нишаст,
32Ва ҳамаи халқҳо дар назди Ӯ ҷамъ хоҳанд шуд; ва онҳоро аз якдигар ҷудо хоҳад кард, мисли чӯпоне ки гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекунад;
33Ва гӯсфандонро ба тарафи рост ва бузҳоро ба тарафи чапи Худ ҷой хоҳад дод.
34Он гоҳ Подшоҳ ба онҳое ки ба тарафи рости Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: „Биёед, эй баракатьёфтагон аз Падари Ман, Малакутеро, ки аз ибтидои офариниши олам барои шумо муҳайё шудааст, мерос бигиред:
35Зеро ки гурусна будам, ба Ман хӯрок додед; ташна будам, ба Ман об додед; ғариб будам, Маро пазируфтед;
36Бараҳна будам, Маро пӯшондед; бемор будам, Маро иёдат кардед; дар зиндон будам, ба дидани Ман омадед“.
37Он гоҳ одилон дар ҷавоб хоҳанд гуфт: „Худовандо! Кай Туро гурусна дидему хӯрок додем? Ё ташна дидему об додем?
38Кай Туро ғариб дидему пазируфтем? Ё бараҳна дидему пӯшондем?
39Кай Туро бемор ё маҳбус дидему ба дидани Ту омадем?“
40Ва Подшоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳад гуфт: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи ба яке аз ин бародарони хурдтарини Ман кардаед, ба Ман кардаед“.
41Он гоҳ ба онҳое ки ба тарафи чапи Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: „Эй малъунон, аз Ман дур шавед ва ба оташи ҷовидоние ки барои иблис ва фариштагони вай муҳайё шудааст, биравед:
42Зеро ки гурусна будам, ба Ман хӯрок надодед; ташна будам, ба Ман об надодед;
43Ғариб будам, Маро напазируфтед; бараҳна будам, Маро напӯшондед; бемор ва маҳбус будам, ба иёдати Ман наомадед“.
44Онҳо низ дар ҷавоби Ӯ хоҳанд гуфт: „Худовандо! Кай Туро гурусна, ё ташна, ё ғариб, ё бараҳна, ё бемор, ё маҳбус дидему ба Ту хизмат накардем?“
45Он гоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳад гуфт: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи шумо ба яке аз ин хурдтаринҳо накардаед, ба Ман накардаед“.
46Ва онҳо ба азоби ҷовидонӣ хоҳанд рафт, вале одилон — ба ҳаёти ҷовидонӣ».