Файзи Худо ва марҳамат ҳамеша ҳамроҳи баргузидагон мебошад.
Худованд Чӯпони ман аст: ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нахоҳам шуд.2Дар чарогоҳҳои сералаф маро мехобонад,сӯи обҳои роҳатафзо маро мебарад,3Ҷонамро қувват мебахшад,ба хотири исми Худ мароба роҳҳои адолат равона мекунад.4Дар водии зулмот роҳ равам ҳам,аз бадӣ наметарсам, чунки Ту бо ман ҳастӣ;асо ва чӯбдасти Ту маро тасаллӣ медиҳад.5Суфрае барои ман пеши назари хасмҳоям андохтаӣ,бо равған сарамро тадҳин намудаӣ;косаи ман лабрез аст.6Пас, некӯӣ ва эҳсон тамоми айёми умрам бо ман ҳамроҳӣ хоҳанд кард,ва ман муддати дуру дароз дар хонаи Худованд сокин хоҳам буд.