Skip to content

Муқаддима.

1Номаи аввалро навиштаам, эй Теофилус, дар бораи ҳар он чи Исо ба амал овард ва таълим дод аз ибтидо,
2То ҳамон рӯзе ки ба василаи Рӯхулқудс ба ҳаввориёни баргузидаи Худ дастурҳо дод ва ба осмон бурда шуд;
Хизматгузории Исои Масеҳ баъд аз эҳьё шудан.
3Ба онҳо низ, баъд аз азобу уқубаташ, бо далелҳои бисьёр Худро зинда нишон дод ва дар давоми чиҳил рӯз ба онҳо зоҳир шуда, дар бораи Малакути Худо сухан гуфт,
4Ва онҳоро ҷамъ карда, чунин амр фармуд: «Ерусалимро тарк накунед, балки мунтазири он ваъдаи Падар бошед, ки аз Ман шунидаед;
5Зеро ки Яҳьё бо об таъмид медод, лекин шумо, баъд аз чанд рӯз, бо Рӯҳулқудс таъмид хоҳед ёфт».
6Пас, онҳое ки ҷамъ шуда буданд, ба Ӯ савол дода, гуфтанд: «Худовандо, оё дар ҳамин вақт салтанатро бар Исроил аз нав барқарор хоҳӣ кард?»
7Ба онҳо гуфт: «Кори шумо нест, ки замонҳо ва мӯҳлатҳоеро, ки Падар бо кудрати Худ муқаррар намудааст, бидонед;
8Аммо вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дуньё шоҳидони Ман хоҳед буд».
Ба осмон сууд кардани Исо.
9Ҳамин ки инро гуфт, боло бурда шуд, ва онҳо менигаристанд, ва абре Ӯро аз пеши назари онҳо гирифта бурд.
10Чун Ӯ боло мебаромад, ва онҳо ба осмон менигаристанд, ногоҳ ду марди сафедпӯш назди онҳо пайдо шуданд
11Ва гуфтанд: «Эй мардони Ҷалил! Чаро ин ҷо истода, сӯи осмон нигаронед? Ҳамин Исо, ки аз пеши шумо ба осмон боло бурда шуд, чӣ тавре ки Ӯро сӯи осмон равона дидед, боз ҳамон тавр хоҳад баргашт».

Аъмол 1-11