Skip to content

Дар ҳафтаи аввал

19Бегоҳии худи ҳамон рӯзи якшанбе, вақте ки шогирдон дар хонае ҷамъ омада, аз тарси яҳудиён дарҳои онро баста буданд, Исо омада, дар миёни онҳо биистод ва ба онҳо гуфт: «Салом бар шумо бод!»
20Чун инро гуфт, дастҳо ва қабурғаи Худро ба онҳо нишон дод. Шогирдон Худовандро дида, шод гардиданд.
21Боз Исо ба онҳо гуфт: «Салом бар шумо бод! Чунон ки Падар Маро фиристод, Ман низ шуморо мефиристам».
22Чун инро гуфт, бар онҳо дамид ва гуфт: «Рӯҳулқудсро пайдо кунед:
23Гуноҳи касеро, ки афв намоед, омурзида мешавад; ва касеро, ки афв накунед, омурзида намешавад».
24Лекин Тумо, ки яке аз он дувоздаҳ буд ва Экизак номида мешуд, вақте ки Исо омад, бо онҳо набуд.
25Шогирдони дигар ба вай гуфтанд: «Мо Худовандро дидаем». Вай ба онҳо гуфт: «То дар дастҳои Ӯ ҷои мехҳоро набинам, ва ангушти худро дар ҷои мехҳо нагузорам, ва дасти худро бар қабурғаи Ӯ наниҳам, бовар нахоҳам кард».
Исо ва Тумо.
26Баъд аз ҳашт рӯз боз шогирдони Ӯ дар хона буданд, ва Тумо низ бо онҳо буд, ва дарҳо баста. Исо омада, дар миёни онҳо биистод ва гуфт: «Салом бар шумо бод!»
27Пас аз он ба Тумо гуфт: «Ангушти худро ба ин ҷо биёр ва дастҳои Маро бубин; ва дасти худро биёр ва бар қабурғаи Ман бигузор; ва беимон набош, балки имон дошта бош».
28Тумо дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Худованди ман ва эй Худои ман!»
29Исо ба вай гуфт: «Ба хотири он ки Маро дидаӣ, имон овардӣ: хушо касоне ки надида, имон меоваранд».
30Боз бисьёр мӯъҷизоти дигаре Исо дар назди шогирдонаш нишон дод, ки дар ин китоб навишта нашуд;

Инҷили Юҳанно 20: 19-30

Исо назди кӯли Табария.

1Баъд аз он боз Исо дар соҳили баҳри Табария ба шогирдон зоҳир шуд. Зоҳир шуданаш ин тавр буд:
2Шимъӯни Петрус, Тумо, ки Экизак номида мешуд, Натанъил, ки аз Қонои Ҷалил буд, писарони Забдой ва ду нафари дигар аз шогирдони Ӯ бо ҳам буданд.
3Ва Шимъӯни Петрус ба онҳо гуфт: «Мехоҳам ба сайди моҳӣ биравам». Ба вай гуфтанд: «Мо низ ҳамроҳи ту меравем». Дарҳол рафта, ба қаиқ савор шуданд, ва он шаб чизе сайд накарданд.
4Вақте ки субҳ шуд, Исо дар соҳил истода буд, лекин шогирдон надонистанд, ки ин Исост.
5Исо ба онҳо гуфт: «Эй фарзандон! Оё назди шумо хӯроке ҳаст?» Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Не».
6Ӯ ба онҳо гуфт: «Тӯрро ба тарафи рости қаиқ биандозед, ва хоҳед ёфт». Онҳо андохтанд, ва аз бисьёрии моҳӣ онро кашида натавонистанд.
7Он шогирде ки Исо дӯст медошт, ба Петрус гуфт: «Ин Худованд аст». Чун Шимъӯни Петрус шунид, ки ин Худованд аст, ҷомаашро ба худ печонд, чунки бараҳна буд, ва худро дар баҳр андохт;
8Ва шогирдони дигар бо қаиқ омаданд, — зеро ки аз соҳил дур набуданд, балки қариб ба дусад зироъ, — ва тӯри пур аз моҳиро кашиданд.
9Ва чун ба хушкӣ баромаданд, оташи афрӯхта ва моҳии бар он гузошташуда ва нон диданд.
10Исо ба онҳо гуфт: «Аз он моҳие ки ҳозир сайд кардед, биёред».
11Шимъӯни Петрус рафта, тӯрро пур аз моҳиёни бузург, ки саду панҷоҳу се адад буданд, ба хушкӣ кашид, ва бо вуҷуди бисьёрии моҳӣ тӯр надарид.
12Исо ба онҳо гуфт: «Биёед, хӯрок бихӯред». Лекин аз шогирдон касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ бипурсад: «Ту кистӣ?» Зеро медонистанд, ки ин Худованд аст.
13Ва Исо пеш омада, нонро гирифт ва ба онҳо дод, ва ҳамчунин моҳиро.
14Ин бори сеюм буд, ки Исо, пас аз эҳьё шуданаш аз мурдагон, ба шогирдони Худ зоҳир шуд.
Имтиҳони Петрус ва ба вай баргардонидани хизматгузории ҳавворигӣ.
15Баъд аз хӯрок хӯрданашон, Исо ба Шимъӯни Петрус гуфт: «Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро бештар аз инҳо дӯст медорӣ?» Ба Ӯ гуфт: «Оре, Худовандо! Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Ба вай гуфт: «Барраҳои Маро бичарон».
16Боз бори дигар ба вай гуфт: «Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро дӯст медорӣ?» Ба Ӯ гуфт: «Оре, Худовандо! Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Ба вай гуфт: «Гӯсфандони Маро чӯпонӣ намо».
17Ва бори сеюм ба вай гуфт: «Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки бори сеюм аз вай пурсид: «Оё Маро дӯст медорӣ?» ва ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ту аз ҳама чиз воқиф ҳастӣ; Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Исо ба вай гуфт: «Гӯсфандони Маро бичарон;
18Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: вақте ки ҷавон будӣ, камаратро худат мебастӣ ва ба ҳар ҷо, ки мехостӣ, мерафтӣ; лекин вақте ки пир шавӣ, дастҳоятро дароз хоҳӣ кард, ва дигаре туро баста, ба он ҷое ки намехоҳӣ, туро хоҳад бурд».
19Чунин гуфт, то ишорат кунад, ки бо чӣ гуна фавт вай бояд Худоро ҷалол диҳад. Ва чун инро гуфт, ба вай фармуд: «Аз ақиби Ман биё».
20Петрус ба атроф нигоҳ карда, дид, ки он шогирде ки Исо дӯст медошт, аз ақиби онҳо меояд, ва ин ҳамон буд, ки дар вақти таоми шом бар сандуқи синаи Ӯ такья зада, гуфта буд: «Худовандо! Кист он ки Туро таслим мекунад?»
21Чун Петрус вайро дид, ба Исо гуфт: «Худовандо! Оқибати ин чӣ хоҳад буд?»
22Исо ба вай гуфт: «Агар хости Ман ин бошад, ки то вақти омаданам вай бимонад, ин ба ту чӣ дахл дорад? Аз ақиби Ман биё».
23Бинобар ин дар миёни бародарон чунин сухан паҳн шуд, ки он шогирд нахоҳад мурд. Лекин Исо ба вай нагуфт, ки вай нахоҳад мурд, балки гуфт: «Агар хости Ман ин бошад, ки то вақти омаданам вай бимонад, ин ба ту чӣ дахл дорад?»
24Ва ин шогирдест, ки ба ин чизҳо шаҳодат медиҳад ва инҳоро навишт; ва мо медонем, ки шаҳодати вай рост аст.
25Боз бисьёр аъмоли дигаре Исо ба ҷо овард, ки агар муфассалан навишта шавад, ба гумонам, тамоми дуньё ҳам он китобҳои навишташударо гунҷоиш дода наметавонист. Омин

Инҷили Юҳанно 21

Муқаддима.

1Номаи аввалро навиштаам, эй Теофилус, дар бораи ҳар он чи Исо ба амал овард ва таълим дод аз ибтидо,
2То ҳамон рӯзе ки ба василаи Рӯхулқудс ба ҳаввориёни баргузидаи Худ дастурҳо дод ва ба осмон бурда шуд;
Хизматгузории Исои Масеҳ баъд аз эҳьё шудан.
3Ба онҳо низ, баъд аз азобу уқубаташ, бо далелҳои бисьёр Худро зинда нишон дод ва дар давоми чиҳил рӯз ба онҳо зоҳир шуда, дар бораи Малакути Худо сухан гуфт,
4Ва онҳоро ҷамъ карда, чунин амр фармуд: «Ерусалимро тарк накунед, балки мунтазири он ваъдаи Падар бошед, ки аз Ман шунидаед;
5Зеро ки Яҳьё бо об таъмид медод, лекин шумо, баъд аз чанд рӯз, бо Рӯҳулқудс таъмид хоҳед ёфт».
6Пас, онҳое ки ҷамъ шуда буданд, ба Ӯ савол дода, гуфтанд: «Худовандо, оё дар ҳамин вақт салтанатро бар Исроил аз нав барқарор хоҳӣ кард?»
7Ба онҳо гуфт: «Кори шумо нест, ки замонҳо ва мӯҳлатҳоеро, ки Падар бо кудрати Худ муқаррар намудааст, бидонед;
8Аммо вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дуньё шоҳидони Ман хоҳед буд».
Ба осмон сууд кардани Исо.
9Ҳамин ки инро гуфт, боло бурда шуд, ва онҳо менигаристанд, ва абре Ӯро аз пеши назари онҳо гирифта бурд.
10Чун Ӯ боло мебаромад, ва онҳо ба осмон менигаристанд, ногоҳ ду марди сафедпӯш назди онҳо пайдо шуданд
11Ва гуфтанд: «Эй мардони Ҷалил! Чаро ин ҷо истода, сӯи осмон нигаронед? Ҳамин Исо, ки аз пеши шумо ба осмон боло бурда шуд, чӣ тавре ки Ӯро сӯи осмон равона дидед, боз ҳамонтавр хоҳад баргашт».

Аъмоли Ҳаввориён 1:11