Skip to content
Home » Принсипи номбаршавии Инҷил дар Қуръон чун аломат аз ҷониби Аллоҳ

Принсипи номбаршавии Инҷил дар Қуръон чун аломат аз ҷониби Аллоҳ

Ҳангоме ки ман бори аввал Қуръони муқаддасро мехондам, бисёр чизҳо маро ҳайрон карданд. Аввалан, ман миқдори зиёди ишораҳои бевоситаро ба Инҷил ошкор намудам. Аммо беш аз ҳама принсипи махсуси номбаршавии Инҷил диққати маро ҷалб намуд. Дар зеро он оятҳои Қуръон оварда шудаанд, ки Инҷил дар онҳо бевосита зикр шудааст. Шояд, шумо низ ба қонунияте ки ман дидам, аҳамият медиҳед.

Ин китобро, ки тасдиқкунандаи китобҳои пеш аз он аст,  ба ҳақ бар ту нозил кард ва қабл  аз он Таврот ва Инҷилро барои ҳидояти мардум фиристод ва Фурқонро (Қуръон) нозил кард. Барои онон, ки ба оятҳои Худо имон намеоранд, азобе сахт муҳайёст ва Худо пирӯзманду интиқомгиранда аст. [

Сураи 3:3-4 (Оли Имрон)]

Худо ба ӯ китобу ҳикмат ва Тавроту Инҷил меомӯзад.

Сураи 3:48 (Оли  Имрон

Эй аҳли Китоб, чаро дар бораи  Иброҳим ҷидол мекунед, дар ҳоле ки Тавроту Инҷил  баъд аз ӯ нозил шудааст? Магар намеандешед?

Сураи 3:65 (Оли  Имрон

Ва аз пайи онҳо Исо  писари Марямро фиристодем, ки тасдиқкунандаи Тавроте буд, ки пеш аз ӯ фиристода будем ва Инҷилро, ба ӯ додем, ки дар он ҳидоят ва нур аст ва тасдиқкунандаи Тавротест, ки пеш аз он нозил карда шудааст ва барои парҳезгорон,  ҳидоят ва пандест.

Сураи 5:46 (Ал-Моида

Ва агар Таврот ва Инҷил ва он чиро, ки аз ҷониби Худо бар онҳо нозил шуда, барпой доранд, аз болои сару зери пояшон рӯзӣ бихӯранд.

Сураи 5:66 (Ал-Моида

Бигӯ:  «Эй аҳли китоб, шумо чизе нестед, то он гоҳ, ки Таврот ва Инҷил ва он чиро аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, барпой доред».

Сураи 5:68 (Ал-Моида

Худо ба Исо ибни Марям гуфт: «Неъматеро, ки ба ту ва модарат арзонӣ доштаам, ёд кун…  ба ту китобу  ҳикмат ва Тавроту  Инҷил омӯхтам.

Сура 5:110 (Ал-Моида

…ваъдае, ки Худо дар  Тавроту Инҷил ва қуръон додааст, ба ҳақ бар  ӯҳдаи ӯст.

Сураи 9:111 (Ат-Тавба

Ин аст васфашон дар Таврот ва дар Инҷил, ки чун киштзоре ҳастанд, ки  хӯша бизанад ва он хӯша маҳкам шавад ва бар пояҳои худ биистад ва кишоварзонро ба ҳайрат водорад.

Сураи 48:29 (Аль-Фатҳ

Агар ҳамаи ишораҳоро ба Инҷил дар Қуръон муқоиса кунем, он чиз ба назар мерасад, ки Инҷил ҳеҷ гоҳ танҳо зикр намешавад. Дар ҳар як маврид пеш аз он Таврот (Шариат) зикр мешавад. «Шариат»  китобҳои пайғамбар Мусо алайҳиссалом мебошанд, ки чун Таврот дар байни мусулмонон ва Тора дар байни яҳудиён маъруфанд. Нотакрории Инҷил дар байни китобҳои муқаддас дар ин аст, ки он ҳеҷ гоҳ алоҳида зикр намешавад. Барои муқоиса: ишораҳоро ба Таврот ва Қуръон ёфтан мумкин аст, ки алоҳида зикр мешаванд. Якчанд мисол меоварем:

Сипас ба Мусо китоб додем, то бар касе, ки некӯкор будааст, неъматро тамом кунем ва барои баёни ҳар чизе ва низ барои роҳнамоиву раҳмат. Бошад, ки ба дидори Парвардигорашон имон биёваранд! Ин китобест муборак. Онро нозил кардаем. Пас аз он пайравӣ кунед ва парҳезгор бошед,  то  ки мавриди раҳмат қарор гиред!

Сураи 6:154-155 (Анъом

Оё дар Қуръон намеандешанд? Ҳар гоҳ аз сӯи  ғайри Худо мебуд, дар ин ихтилофе бисёр меёфтанд.

Сура 4:82 (Нисо

Хулоса, чунон ки мебинем, дар Қуръони муқаддас Инҷил ҳамеша ҳамроҳи Таврот ва ҳатман пас аз он зикр мешавад. Ин беназир аст, зеро Қуръон алоҳида, бе ишора ба дигар китобҳои муқаддас зикр мешавад; Таврот низ айнан ҳамин тавр зикр мешавад.

Принсип дар ягона истисно низ нигоҳ дошта мешавад

Ман танҳо як истисноро аз ин принсип ошкор намудам. Аҳамият диҳед, ки дар ояти зерин Инҷил чӣ гуна зикр мешавад:

«Мо Нӯҳу Иброҳимро ба паёмбарӣ фиристодем ва дар миёни фарзандонашон нубувват ва китоб ниҳодем. Баъзеашон ҳидоятёфтагон буданд, вале бештаринашон нофармононанд» (26)Сипас паёмбаронро пас аз онҳо фиристодем. Ва Исо ибни Марямро аз пайи онҳо равона кардем ва ба ӯ  Инҷилро додем ва дар дили пайравонаш раъфату (шафқату) раҳмат ниҳодем.

Сураи 57:26-27 (Ал-Ҳадид

Агарчи ин дар Қуръон ягона зикри Инҷил аст, ки пеш аз он бевосита Таврот зикр нашудааст, контексти ин оят қонунияти моро тасдиқ мекунад. Ояти аввал (26) Нӯҳ, Иброҳим ва дигар пайғамбаронро зикр мекунад, ва баъд ояти 27 Инҷилро зикр менамояд. Маҳз Шариат, яъне Тавроти Мусо, дар бораи Нӯҳ, Иброҳим ва дигар пайғамбарон нақл менамояд. Пас, ҳатто дар ин истисно қонуният бетағйир нигоҳ дошта шудааст, зеро зикри пайғамбарони Таврот (на номи китоб) пеш аз зикри Инҷил омадааст.

Аломате барои мо аз пайғамбарон?

Оё ин қонуният аҳамиятнок аст (ҳамеша пас аз Таврот зикр шудани Инҷил)? Шояд, касе ба ин аҳамият намедиҳад ва чунин меҳисобад, ки ин тасодуф аст ё тартиби анъанавии номбар кардани Инҷил аст. Аммо ман ба чунин қонуниятҳо дар Китобҳо хеле ҷиддӣ муносибат менамоям. Шояд, ин аломати муҳимест барои мову шумо, ки барои дарк намудани принсипи муқарраркардаи худи Аллоҳ ба мо ёрӣ мерасонад – ки мо Инҷилро пас аз он фаҳмида метавонем, ки дар аввал ба Таврот муроҷиат намоем. Шиносоӣ бо Таврот шарти асосӣ барои фаҳмидани Инҷил аст. Шояд, меарзад, ки аввал Тавротро омӯзем ва бинем, ки аз он чиҳоро омӯхта метавонем, то ки Инҷилро беҳтар фаҳмем. Дар Қуръон гуфта шудааст, ки пайғамбарони пешина барои мо Аломат меоварданд. Биёед бинем ки сухан дар бораи чӣ меравад:

Эй фарзандони Одам, ҳар гоҳ паёмбароне аз худи шумо биёянд ва оятҳои Маро бар шумо бихонанд, касоне, ки парҳезгорӣ кунанд ва ба салоҳ оянд, тарсе бар онҳо нест ва низ ғамгин намешаванд! Ва онҳо, ки оятҳои Моро ба дурӯғ нисбат дода ва  саркашӣ карданд, аҳли ҷаҳаннаманд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд!

Сураи 7:35-36 (ал-Аъроф

Дигар хел карда гӯем, пайғамбарон аломатҳои ҳаёти худ ва паёмро барои фарзандони Одам (ҳамаи мо фарзандони Одам ҳастем!) тарк кардаанд. Касе ки хирадманд ва бофаҳм аст, кӯшиш мекунад ин аломатҳоро фаҳмад. Биёед барои омӯхтани Инҷил пеш аз ҳама ба Таврот муроҷиат менамоем – пайғамбарони аввалинро аз ибтидо меомӯзем, то бинем, ки кадом аломатҳо ба мо дода шуда буданд ва чӣ гуна онҳо ба мо дар фаҳмидани Роҳи Рост ёрӣ расонда метавонанд.

Аз худи аввал сар мекунем, аз замони Аломати Одам. Шояд шумо мехоҳед пурсед, ки оё китобҳои Таврот, Забур ва Инҷил бо мурури замон таҳриф карда шудаанд. Дар ин бора дар Қуръони муқаддас чӣ гуфта шудааст? Дар Сунна? Дар рӯзи Доварӣ ба мо дониши Таврот ва фаҳмиши он, ки Шариат аломати Роҳи Рост аст, даркор шуда метавонад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *