Лут (Дар Таврот/Библия Лот) бародарзодаи Иброҳим алайҳиссалом буд. Ӯ шаҳри гуноҳкорро маҳалли зисти худ интихоб намуд. Аммо Аллоҳ вазъияти ҳаётии ӯро ба як қатор аломатҳои пайғамбарона барои ҳамаи халқҳо табдил дод. Инҳо чӣ аломатҳо буданд? Барои ҷавоб додан ба ин савол, ҳамаи қаҳрамонони ин қиссаро бо диққат аз назар гузарондан даркор аст. Ин ҷойро, зер кунед, то ки ин қиссаро дар Таврот ва Қуръон хонед.
Мувофиқи Таврот ва Қуръон, дар он се гурӯҳи одамон, ва низ фариштаҳои (қосидон) Аллоҳро ҷудо кардан мумкин аст. Дар бораи онҳо фикр мекунем.
Сокинони Садум
Онҳо аз ҳад зиёд фосид ва бадахлоқ буданд. Онҳо хостанд ба номуси меҳмонони Лут таҷовуз кунанд (фариштаҳо; аммо сокинони Садум гумон карданд, ки инҳо одамон ҳастанд, ва хостанд таҷовузи гурӯҳӣ кунанд). Гуноҳи онҳо чунон даҳшатовар буд, ки Аллоҳ қарор дод тамоми шаҳрро доварӣ кунад. Ҷазои Худо бо қароре ки замоне ба Одам эълон карда шуда буд, пурра мувофиқат мекард. Замоне Аллоҳ Одамро огоҳ карда буд, ки сазои гуноҳ марг аст. Ҳеҷ гуна ҷазои дигар (қамчинкорӣ, ба зиндон партофтан) кофӣ нест. Инак он чи Аллоҳ ба Одам гуфта буд:
«…аз дарахти дониши неку бад зинҳор нахӯр; зеро рӯзе ки аз он хӯрӣ, ҳатман мемурӣ».Ҳас. 2:17
Дар мавриди сокинони Садум низ чунин буд — онҳо барои гуноҳи худ бояд мемурданд. Тамоми шаҳр бо сокинонаш бояд бо оташ аз осмон нобуд карда мешуд. Сипас дар Инҷил ин принсип муфассал фаҳмонда мешавад:
«Зеро сазои гуноҳ марг аст» Рум. 6:23
Домодҳои Лут
Дар қиссаи Нӯҳ, чунон ки дар ёд дорем, Худо ба тамоми ҷаҳон тӯфони ҳалокатовар фиристод, ва ин бо аломати Одам дар хусуси сазои гуноҳ пурра мувофиқат мекард. Дар Таврот ва Қуръон гуфта шудааст, ки дар он замон тамоми ҷаҳон пур аз бадкирдорӣ буд. Дар мавриди Садум низ чунин буд — сокинони ин шаҳр беҳад гуноҳкор буданд. Ҳангоми хондани ин сатрҳо дар ман васвасае пайдо шуда метавонад чунин гӯям, ки довариҳои Аллоҳ ба ман таҳдид намекунанд, зеро ман на он қадар гуноҳкор ҳастам. Ман ба Аллоҳ бовар мекунам, корҳои нек мекунам ва ҳеҷ гоҳ чунин бадкирдориҳоро накардаам. Аммо оё ман ҳақиқатан дар бехатарӣ ҳастам? Аломати Лут ва домодҳои ӯ барои ман огоҳии ҳақиқӣ мебошанд. Домодҳои Лут дар байни касоне ки бар меҳмонҳои ӯ зӯроварӣ кардан мехостанд, набуданд. Аммо онҳо ба огоҳӣ дар бораи доварии меомада муносибати ҷиддӣ накарданд. Дар Таврот гуфта шудааст, ки онҳо суханони Лутро ҳазл гумон карданд. Ва чӣ шуд? Оё тақдири онҳо аз тақдири дигар сокинони шаҳр фарқ кард? Не. Онҳо низ ба ҳамон ҷазо гирифтор шуданд. Аз нуқтаи назари натиҷаҳо, тақдири домодҳои Лут ва тақдири сокинони Садум як аст. Ин аломатест барои ҳамаи мо — ки ба огоҳиҳои Худо муносибати ҷиддӣ кунем. Аломатҳо на танҳо барои бадкирдорон дода шудаанд.
Зани Лут
Зани Лут — боз як аломати бузург барои мост. Мувофиқи Таврот ва Қуръон, ӯ ҳамроҳи дигарон ҳалок шуд. Аммо, охир, ӯ зани пайғамбар буд. Аммо ба ҳар ҳол, мақоми махсус ӯро аз ҳалокат наҷот надод, агарчи ӯ ба бадкирдориҳои сокинони Садум шарик набуд. Фариштаҳо ба онҳо фармуданд:
«Ва ҳеҷ як аз шумо ба қафо нанигарад» (Сураи 11:81 Ҳуд) ё «Ба ақиб нигоҳ накун» Ҳас. 19:17
Дар Таврот бошад, чунин гуфта шудааст:
«Вале зани Лут аз ақиби ӯ нигарист, ва сутуни намак гардид». Ҳас. 19:26
Фаҳмонда ншудааст, ки «ба ақиб нигоҳ накун» ба таври мушаххас чӣ маъно доранд. Аз афташ, зан гумон кард, ки метавонад камтарин фармудани Аллоҳро вайрон карда, беҷазо монад. Ҳамин тариқ, тақдири ӯ монанди тақдири дигар сокинони Садум буд, агарчи гуноҳи ӯ ночиз буд. Ин барои ман намунаи муҳим буда, нишон медиҳад, ки Аллоҳ ҳатто гуноҳҳои «ночиз»-ро сарфи назар намекунад. Зани Лут — аломат барои мо ва огоҳӣ аз фикрҳои нодуруст аст.
Лут, Аллоҳ ва қосидон – фариштаҳо
Чунон ки дар мақолаи Аломати Одам гуфта шуд, ҳангоме ки Аллоҳ доварӣ мекунад, Ӯ ҳамон замон марҳамат ато менамояд. Дар мавриди Одам Худо ба ӯ либос аз пӯст дод. Дар мавриди Нӯҳ, ҳангоме ки Аллоҳ ба замин тӯфонро фиристод, ӯ марҳаматро низ ато намуд — киштиро. Дар ин мавриди низ Аллоҳ марҳамат ато менамояд, ҳатто дар вақти ҷазо. Дар Таврот чунин гуфта шудааст:
«Ва чун (Лут) дер мекард, он мардон (фариштаҳо дар шакли одамӣ) дасти ӯ, дасти занаш ва дасти ду духтарашро гирифтанд, — чунки Парвардигор бар ӯ дилсӯзӣ кард, — ва ӯро бароварда, дар беруни шаҳр гузоштанд». Ҳас. 19:16
Аз ин сатрҳо мо чиро мефаҳмем? Чун дар аломатҳои пештара, Худо ба ҳама марҳамат ато менамояд, аммо ин марҳамат бо як восита ба даст меояд — аз шаҳр баромадани онҳо. Масалан, Аллоҳ марҳамати Худро дар он зоҳир накард, ки дар байни шаҳр паноҳгоҳе бунёд кунад, ки ба оташи осмонӣ тоб меоварад. Марҳаматро танҳо бо як восита ба даст овардан мумкин буд — бо фариштаҳо аз шаҳр баромадан. Ва ин марҳамат ба Лут ва аҳли оилааш на аз он сабаб дода шуда буд, ки Лут бегуноҳ буд. Ҳам дар Таврот, ҳам дар Қуръон мо мехонем, ки ӯ тайёр буд ба таҷовузкорон духтарони худро диҳад — инро амали олиҳимматона номидан аз эҳтимол дур аст. Дар Таврот ҳатто гуфта шудааст, ки Лут огоҳии фариштаҳоро шунида, сусткорӣ кард. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин, Аллоҳ ба ҳар ҳол ба ӯ марҳамат намуд ва аз дасташ гирифта аз шаҳр берун баровард. Ин низ аломатест барои мо: Новобаста ба дастовардҳоямон, Аллоҳ ба мо марҳамат мекунад. Ягона коре ки мо бояд кунем, қабул кардани марҳамати ӯст, чунон ки замоне Лут онро қабул кард. Домодҳои Лут марҳаматро рад карданд ва ҳамроҳи он баракатро низ рад карданд.
Дар Таврот гуфта шудааст, ки Аллоҳ ба Лут ба хотири амакаш, пайғамбари бузург Иброҳим алайҳиссалом, ки барои ӯ дуо мегуфт, марҳамат намуд (ниг. порча аз китоби Ҳастӣ дар ин ҷо). Сипас дар Таврот оид ба аломатҳои Иброҳим гуфта шудааст, ва маҳз дар бораи ваъдаи Аллоҳ: «Ҳамаи халқҳои замин дар насли ту баракат меёбанд, чунки ба овози Ман гӯш додӣ». (Ҳас. 22:18). Ин ваъда бояд диққати моро ҷалб намояд, зеро новобаста ба он ки бо кадом забон гап мезанем, дар ҳар ҷое ки сокин бошем, пайрави ҳар дине ки бошем, мо ҳама як ҷузъи «ҳамаи халқҳои замин» ҳастем. Агар Аллоҳ бо шафоати Иброҳим ба Лут марҳамат карда бошад, агарчи ӯ сазовори он набуд, Худо, ба мо, ба «ҳамаи халқҳои замин», аз рӯи аломати Иброҳим то чӣ андоза бештар марҳамат ато мекунад? Ин фикрро бо шиносоии муфассалтар бо Аломатҳои Иброҳим давом медиҳем.