Skip to content
Home » Иброҳим алайҳиссалом киро ба қурбонӣ овард: Исҳоқро ё Исмоилро?

Иброҳим алайҳиссалом киро ба қурбонӣ овард: Исҳоқро ё Исмоилро?

  • by

Ҳар боре ки мо дар бораи қурбонии овардаи Иброҳим алайҳиссалом гап мезанем,
дӯстони ман исрор менамоянд, ки ҳазрати Исмоил ба қурбонӣ оварда шуд, яъне писари
Иброҳим аз Ҳоҷар, на ин ки Исҳоқ, писари ӯ аз Соро. Аз ҳамин сабаб ҳангоме ки ин
қиссаро дар Қуръон хондам, ҳайрон шудам. Ҳангоме ки ин матнро ба дӯстонам нишон
медиҳам, онҳо низ ҳайрон мешаванд. Дар мақолаи  Аломати Иброҳим 3  мо аллакай ин
воқеаи муҳимтаринро таҳлил карда будем. Матни пурраи порчаро дар ин ҷо хондан
мумкин аст.  Дар он чӣ гуфта шудааст? Ин оятро бори дигар меоварем:

Иброҳим соҳиби писаре шуд, ки ба воя расида, ба синне расид, ки меҳнат карда
метавонист. Ва он гоҳ Иброҳим хобе дида, ба озмоише дучор шуд. Иброҳим ба писараш
гуфт: «Эй писаракам, ҳаройина, дар хоб дидаам, ки туро, бе шубҳа, қурбонӣ мекунам.
Бингар, ки чӣ меандешӣ». Гуфт: «Эй падар, мувофиқи ҳар он чи ба ту фармуда шудааст,
амал кун, ки агар Худо бихоҳад, маро аз собирон хоҳӣ ёфт». (Ас-Соффот 37:102)

Дар порча оид ба қурбонӣ овардани Иброҳим алайҳиссалом номи писаре ки ба Аллоҳ
пешкаш карда шуд, зикр нашудааст. Дар чунин мавридҳо беҳтар он аст, ки ҳамаи
маълумотҳои мавҷуда бо диққат таҳлил карда шаванд. Агар Қуръонро аз аввал то охир
хонем, мебинем, ки номи пайғамбар Исмоил 12 бор зикр шудааст.

o Дар дутои ин 12 порча танҳо номи Исмоил ҳамроҳи номи Иброҳим зикр шудааст
(2:125, 2:127).
o Панҷ бор ӯ ҳамроҳи Иброҳим ва бародараш Исҳоқ зикр шудааст (3:84, 4,163, 2:133,
2:136, 2:140).
o Дар панҷ порчаи боқимонда дар бораи ӯ бе зикри Иброҳим гуфта шудааст — дар
рӯйхати дигар пайғамбарон (6:86, 14:39, 19:54, 21:85, 38:48).

Аён аст, ки дар ду порчае ки танҳо Исмоил бо падараш Иброҳим алайҳиссалом зикр
шудааст, сухан дар бораи воқеаҳое меравад, ки на бо қурбонӣ, балки бо дуо робита
доранд.

Ва Каъбаро ҷойгоҳи иҷтимоъ ва макони амни мардум сохтем. Мақоми Иброҳимро
намозгоҳи хеш гиред. Мо Иброҳим ва Исмоилро фармон додем: «Хонаи маро барои
тавофкунандагону муқимон ва рокиону соҷидон покиза доред!» (Ал-Бақара 2:125)
Ва чун Иброҳим ва Исмоил пояҳои хонаро боло бурданд, гуфтанд: «Эй Парвардигори
мо, аз мо бипазир, ки ту шунаво ва доно ҳастӣ!». (Ал-Бақара 2:127)

Дар ҳеҷ ҷои Қуръони муқаддас гуфта нашудааст, ки маҳз Исмоил ба қурбонӣ оварда шуд.
Танҳо «писар» гуфта шудааст. Чаро ақиқае паҳн шудааст, ки ин Исмоил буд?

Тафсири матн дар хусуси ба қурбонӣ оварда шудани писари Иброҳим

Юсуф Алӣ — тафсиркунанда ва тарҷумони боэътибори Қуръон. Тафсири ӯро дар ин ҷо
хондан мумкин аст.

Тафсири ӯ дар хусуси қурбонӣ кардани Иброҳим ду поварақ дорад, ки дар онҳо гуфта
шудааст, ки маҳз кадоме аз писарон ба қурбонӣ оварда шуд.

4071  Он замини ҳосилхез дар Сурия ва Фаластин буд. Аз рӯи анъанаи мусулмонӣ,
нахустзодаи Иброҳим, ки дар он ҷо зода шуд, Исмоил буд. Номи ӯ аз решаи самиа аст, ки

маънояш «шунидан» аст, чунки Худо дуои Иброҳимро шунид (ояти 100). Дар соли зода
шудани Исмоил Иброҳим 86-сола буд (Ҳас. 16:16).

Ягона далел, ки дар ин ҷо Юсуф Алӣ меоварад, анъанаи мусулмонӣ аст.

4076 Версияи мо бо версияи яҳудӣ-масеҳӣ, ки Аҳди Қадим ҳаст, муқоисашаванда аст.
Анъанаи яҳудӣ барои болобардор кардани шохаи хурдии оила ба воситаи Исҳоқ, ки
яҳудиён аз ӯ ба вуҷуд омадаанд, ин қурбониро бо Исҳоқ алоқаманд намуда, онро бо
шохаи калонии оила ба воситаи Исмоил, нахустпадари арабҳо, муқобил мегузоранд (Ҳас.
22:1-18). Исҳоқ он вақт зода шуд, ки Иброҳим 100-сола буд (Ҳас. 21:5), ва ҳангоми зода
шудани Исмоил Иброҳим 86-сола буд (Ҳас. 16:16). Ҳамин тариқ, Исмоил 14 сол аз Исҳоқ
калонсолтар аст. Дар давоми 14 соли аввали ҳаёти худ Исмоил ягона писари падараш
Иброҳим буд. Исҳоқ бошад, ҳеҷ гоҳ дар ҳаёти худ ягона писари Иброҳим набуд. Аммо ба
ҳар ҳол дар матни Аҳди Қадим (Ҳас. 22:2) гуфта шудааст: “Худо гуфт: «Писари худро, ки
ягонаи туст, ва ӯро дӯст медорӣ, яъне Исҳоқро гир; ва ба сарзамини Мӯриё рав, ва дар он
ҷо ӯро бар яке аз кӯҳҳое ки ба ту мегӯям, барои қурбонии сӯхтанӣ барор…»”.

Дар ин ҷо далели зерин баён шудааст: азбаски дар Таврот гуфта шудааст, ки «Писари
худро, ки ягонаи туст…гир …» (Ҳас. 22:2), ва азбаски Исмоил аз додараш 14 сол калонтар
буд, маҳз ӯ ҳамон «писари ягона» буд. Аммо тафсирдиҳанда фаромӯш мекунад, ки дар
боби гузашта, дар боби 21-ум, Иброҳим алайҳиссалом аллакай Исмоил ва Ҳоҷарро аз
пеши рӯи худ ронда буд. Аз ҳамин сабаб дар Ҳас. 22 гуфта шудааст, ки дар он вақт Исҳоқ
«ягона» писари Иброҳим буд, чунки Исмоил аллакай ронда шуда буд. Маълумоти
иловагиро дар ин ҷо хондан мумкин аст.

Писари Иброҳим, ки ба қурбонӣ оварда шуд: шаҳодати Таврот

Ҳамин тариқ, дар Қуръон, бар хилофи Таврот, номи писари ба қурбонӣ овардашуда зикр
нашудааст. Дар Таврот бошад, дар  Ҳас. 22 , номи Исҳоқ шаш бор зикр шудааст (22:2, 3, 6, 7
(2 бор), 9).

Пайғамбар Муҳаммад (с) эътиборнокии Тавротро тасдиқ кардааст

Дар ҳадисҳо аниқ гуфта шудааст, ки пайғамбар Муҳаммад (с) эътиборнокии Тавротро дар
он шакле ки ҳозир дорем, тасдиқ кардааст. Дар мақолаи ман, ки ба ин факт бахшида
шудааст, якчанд ҳадисҳо ҳамчун тасдиқ зикр шудаанд:

Абдуллоҳ ибн Умар нақл кардааст: «Гурӯҳи яҳудиён омаданд ва расулуллоҳро (с) ба
Квафф даъват карда, гуфтанд: «Абулқосим, яке аз одамони мо бо зане зино кардааст,
бинобар ин ҳукми худро оид ба онҳо бигӯ». Онҳо барои расулуллоҳ (с) болине гузоштанд,
ва ӯ ба он нишаста гуфт: “Тавротро биёред”. Ҳангоме ки онро ба ӯ доданд, ӯ болинро аз
зери худ гирифта, Тавротро бар он гузошт ва гуфт: “Ман ба ту ва ба касе ки туро ошкор
кардааст, бовар мекунам”. Сунани Аби Довуд, китоби 38, № 4434:

Пайғамбар Исои Масеҳ алайҳиссалом эътиборнокии Тавротро тасдиқ кардааст

Чунон ки пештар гуфта шуда буд, пайғамбар Исои Масеҳ низ эътиборнокии Тавротро
тасдиқ кардааст. Дар яке аз таълимотҳо, ки дар ин мақола зикр шудаанд, гуфта шудааст:

… то осмон ва замин аз миён наравад, ҳеҷ як ҳарфе ё нуқтае аз Таврот аз миён намеравад,
то даме ки ҳамааш иҷро шавад. Пас, ҳар кӣ яке аз ин фармудаҳои хурдтаринро вайрон
кунад ва ба одамон чунин таълим диҳад, вай дар Подшоҳии Осмон хурдтарин шумурда
мешавад. Вале ҳар кӣ ба амал оварад ва таълим диҳад, вай дар Подшоҳии Осмон бузург
шумурда мешавад. (Инҷили Матто 5:18-19)

Огоҳӣ: анъана аз Таврот авлотар нест

Анъанаро аз матни Тавроти Мусо афзал донистан хирадмандона нест. Ҳақиқатан,
пайғамбар Исои Масеҳ алайҳиссалом, сарварони динии замони Худро фош карда, изҳори
таассуф мекард, ки онҳо анъанаҳои одамиро аз Шариат афзал медонанд:

Ӯ дар ҷавоби онҳо гуфт: «Чаро худи шумо ба хотири ривоятҳои худ фармудаи Худоро
вайрон мекунед? Худо фармудааст: "Падару модари худро эҳтиром намо"; ва "Ҳар
кӣ падар ё модари худро дашном диҳад, бояд кушта шавад". Лекин шумо мегӯед: "Касе
ки ба падар ё модари худ гӯяд: 'Ҳар ёрдаме ки аз ман гирифтанатон мумкин мебуд, ҳадия
барои Худост', набояд падар ё модари худро эҳтиром намояд". Ҳамин тавр шумо
фармудаи Худоро бо ривояти худ бартараф намудаед. Эй дурӯягон! (Инҷили Матто 15:3-7)

Дар ин ҷо пайғамбар возеҳу равшан дар бораи хатари аз Шариат афзал донистани
анъанаҳои одамӣ огоҳ менамояд.

Матни Тавроте ки ҳозир ҳаст, бо лӯлапечҳои баҳри Мурда тасдиқ шудааст

Дар схемаи поёнӣ нишон дода шудааст, ки дастхатҳои қадимитарини Таврот, лӯлапечҳои
баҳри Мурда, ба соли 200-уми пеш аз милод мувофиқат мекунанд (тафсилотро ниг. дар ин
ҷо). Ин маънои онро дорад, ки Таврот, ки пайғамбар Муҳаммад алайҳиссалом ва
пайғамбар Исои Масеҳ алайҳиссалом ишора кардаанд, то ба мо дар ҳамон шакле ки
навишта шуда буд, расидааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *