Skip to content

Ман дар бораи он нақл кардан мехоҳам, ки чаро «Хушхабар»-и Инҷил барои ман маъно пайдо намуд. Ман чунин меҳисобам, ки ин барои беҳтар фаҳмидани мақолаҳои дар ин ҷо нашршаванда ба шумо ёрӣ мерасонад.

(Мухтасар дар бораи худ: ман дар Канада зиндагӣ мекунам. Оиладор ҳастам, писарамро тарбия мекунам. Дар донишгоҳи Торонто, донишгоҳи Ню-Брансуик  ва донишгоҳи Акадия таҳсил кардаам. Касби муҳандисиро соҳиб шуда, асосан бо коркарди таъмини барномавӣ ва моделсозии математикӣ машғул будам.)

Дар бораи он ки чӣ тавр намояндаи ҷавонони табақаи болоии ҷамъият барои худ ҷой ёфта наметавонист

Ман дар оилаи осудаҳоли синфи миёна ба воя расидаам. Мо аслан аз Шведсия ҳастем; ҳангоми кӯдак буданам ба Канада кӯчидаем. Дар он муддате ки ман ба воя мерасидам, мо аз як кишвар ба кишвари дигар мекӯчидем. Ман дар Алҷазоир, Олмон ва Камерун зиндагӣ кардаам, ва баъд ба Канада баргаштам, то ки ба донишгоҳ дохил шавам. Чун ҳар шахси дигар, ман хоҳони пуррагии зиндагӣ, ҳисси қаноатмандӣ, ҷаҳони ботинӣ ва мақсад будам (ва ҳоло низ хоҳони ҳамаи ин чизҳо ҳастам). Ва албатта, ман ҳамеша муносибатҳоро бо дигар одамон қадр менамудам.

Дар фарҳангҳои гуногун зиста, динҳои гуногун ва гоҳо тарзи зиндагии хеле дунявиро мушоҳида намуда, ман бо бисёр нуқтаҳои назар шинос шудам, ки ҳақиқат чист, ва чӣ тавр ба пуррагии зиндагӣ ноил шудан мумкин аст. Илова ба ин ман ба китобхонӣ майли зиёд доштам. Ва инак он чи ман пай бурдам: бисёрии одамон дар Ғарб (аз он ҷумла ман низ) сарватҳои зиёд, технологияҳо ва имкониятҳоро барои мақсадҳои дар назди худ гузоштаамон истифода мебарем, аммо парадокси замони мо дар он аст, ки неъмати ҳақиқӣ торафт бештар бароямон дастнорас мегардад.  Мо беш аз пеш муносибатҳоро қурбон мекунем. Робитаҳои байни одамон  нопойдор ва ноустувор мешаванд.  Ибораи «даводави мушҳо» торафт бештар ба ҳаёти мо қобили истифода шуда истодааст. Бисёр вақт ба мо мегӯянд: «Боз каме, ва …» «Каме» чӣ қадар аст? Ва, умуман, каме чӣ? Каме пул? Каме донишҳои илмӣ? Технологияҳо? Ҳаловатҳо?

Он чиро, ки ман дар ҷавонӣ эҳсос менамудам, бо суханони «ҳисси норавшани безобитагӣ» ифода намудан мумкин аст.  Падари ман муҳоҷир буд ва дар Африқо муҳандис-мушовир шуда кор мекард, аммо ман, мувофиқан танҳо бо ҷавонони сарватманд, имтиёзнок ва соҳибмаълумот аз Ғарб муошират менамудам. Ҳаёт дар он ҷойҳо якранг буд, имконияти вақтхушӣ кардан кам буд.   Ману дӯстонам доимо орзу мекардем, ки ба кишвари худ баргашта «истироҳат кунем» — телевизор тамошо кунем, хӯроки хуб хӯрем, имкониятҳоро истифода кунем ва аз сабукии ҳаёт дар Ғарб ҳаловат барем. Он вақт, ниҳоят, ҳаёти ҳақиқӣ фаро мерасад. Аммо ҳатто ҳангоме ки ман ба муддати кӯтоҳ ба Канада ё Аврупо меомадам, хушҳолии рӯзҳои аввал зуд аз байн мерафт, ва ҳисси холигӣ бармегашт. Аз ин ҳам бадтар он буд, ки ҳамин ҳисси холигиро ман дар мардуми маҳаллӣ низ ошкор намудам. Онҳо ҳар қадар сарват ғун карда бошанд ҳам (онҳо сарвати зиёд ғун кардаанд), ҳамеша ҳисси беқаноатӣ боқӣ мемонд.

Ба ман чунин метофт, ки агар маҳбубаи зебоеро ба даст оварам, ҳамааш хуб мешавад. Муддате ин ҳақиқатан ёрӣ мерасонд, аммо пас аз якчанд моҳ ман боз холигиро эҳсос менамудам.  Баъд ман фикр мекардам, ки ҳамин ки мактабро хатм кунам, ҳамааш дигаргун мешавад … ман ҳуҷҷати ронандагӣ мегирам ва озодона аз ҷое ба ҷои дигар рафта метавонам. Ниҳоят, ҷустуҷӯҳои ман ба охир мерасанд. Аммо акнун ман хеле калонсолтар шудаам ва доимо мешунавам, ки одамон ба нафақа баромаданро камоли хушбахтӣ меҳисобанд. Оё ин ҳамин тавр аст? Наход мо тамоми умр аз пайи шабаҳҳо давида, фикр мекунем, ки хушбахтии мо дар паси он хамгашт аст, ва ногоҳ … тамом? Ин тамоман бемаъно аст!

Дар ин муддат ман ба Аллоҳ (Худо) имон овардам, агарчи Ғарб асосан дунявӣ ва ҳатто атеистӣ буд. Бароям тасаввурнопазир метофт, ки ҷаҳони мо ва ҳамаи он чи дар он ҳаст, тасодуфан пайдо шуда бошад. Аммо бо вуҷуди ин диндорӣ, ман ҳанӯз ҳам ботинан ошуфтагӣ эҳсос мекардам, ва нооромии дар боло зикршударо рафъ намуданӣ шуда, корҳое мекардам ва дар бораи чизҳое фикр мекардам, ки дар охир маро шармсор менамуданд. Мисли он ки ман ҳаёти пинҳонӣ доштам, ва ҳеҷ кас дар бораи он намедонист. Аммо ин ҳаёт пур аз ҳасад (ман хоҳони чизҳои дигарон будам), ноинсофӣ (гоҳо ман ҳақиқатро пинҳон мекардам), ҷанҷолҳо (ман ба осонӣ бо аъзоёни оилаам баҳсу мунозира мекардам), бадахлоқии ҷинсӣ (он чи бисёр вақт дар телевизор медидам, – ва ин пеш аз пайдо шудани Интернет буд – ва хондан ё фикр кардан дар мавзӯъҳои шаҳвонӣ) ва худпарастӣ буд. Ман медонистам, ки агарчи бисёр касони дигар ин қисми ҳаёти маро намедиданд, Аллоҳ медид. Ин маро ба ташвиш меовард. Амалан, аз бисёр ҷиҳатҳо барои ман осонтар мебуд, ки ба мавҷудияти Ӯ бовар накунам, зеро он гоҳ ман ҳисси шармсориро дар назди Ӯ сарфи назар карда метавонистам. Ба монанди Довуд дар Забур, ман чунин савол медодам: «Ҷавон роҳи худро бо чӣ покиза медорад?» (Псалом 118: 9). Ҳар қадар бештар маросимҳои диниро иҷро карданӣ  шавам, аз қабили дуоҳо, даст кашидан аз манфиатҳои шахсӣ ё иштирок дар ҷамъомадҳои динӣ, дар асл ин муборизаро аз байн набурд.

Хиради Сулаймон

Дар он солҳое ки ман доимо ҳисси холигӣ доштам, ҳам дар худ, ҳам дар дигарон, хиради подшоҳ Сулаймон, ки дар муҳокимароиҳои ӯ ошкор намудам, ба ман таъсири амиқ расонд. Сулаймон дар Исроили қадим подшоҳ буд. Ӯ бо хиради худ машҳур буд ва якчанд китобҳои Аҳди Қадимро навиштааст. Дар китоби Воиз дар бораи ҳамон холигӣ гуфта мешавад, ки маро тамоми умр дунболагирӣ менамуд. Дар он чунин навишта шудааст:

 Ба дили худ гуфтам: «Биё, туро бо айшу ишрат озмоям, то хуширо пайдо кунам», — вале инак, ин низ ҳеҷу пуч аст! Дар бораи ханда гуфтам: «Аблаҳист!» Ва дар бораи айшу ишрат: «Ин чӣ фоида мекунад?» Дар дили худ аҳд кардам, ки ҷисми худро бо май лаззат диҳам ва, дар ҳоле ки дилам бо ҳикмат рафтор мекунад, аҳмақиро низ нигоҳ дорам, то бинам, ки кадомаш барои банӣ-одам хуб аст, ки онро дар зери осмон дар рӯзҳои ками умри худ ба амал оваранд. Корҳои бузурге кардам: хонаҳо барои худ сохтам, ва токзорҳо барои худ шинондам. Боғҳо ва чорбоғҳо барои худ барпо кардам, ва дар онҳо ҳар хел дарахтони мевадор шинондам. Ҳавзҳои об барои худ сохтам, то ки аз онҳо бешаеро, ки дарахтон дар он мерӯянд, обёрӣ намоям. Ғуломон ва канизон харидам, ва хоназодон доштам. Ҳамчунин бештар аз ҳамаи онҳое ки пеш аз ман дар Уршалим буданд, рамаҳои говон, гӯсфандон ва бузон доштам. Нуқра ва тилло ва ганҷи подшоҳон ва вилоятҳоро низ барои худ ҷамъ кардам. Сарояндагон аз ҷинси марду зан, ва ҳаловатҳои банӣ-одам, яъне бисёр канизони ҳамхоба барои худ пайдо кардам. Пас бузург шудам, ва бар ҳар касе ки пеш аз ман дар Уршалим буд, бартарӣ ёфтам; ҳикматам низ бо ман буд. Ҳар чизе ки чашмонам ҳавас карданд, аз онҳо дареғ надоштам. Дили худро аз ҳеҷ айшу ишрат бознадоштам, чунки дилам аз ҳар меҳнати ман шод мешуд, — ва насибаи ман аз ҳар меҳнатам ҳамин буд. (Воиз 2:1-10)

Сарват, шуҳрат, дониш, дастовардҳо, занҳо, ҳаловатҳо, қудрат, мансаб, май… Сулаймон ҳама чизро дошт — ва ҳатто зиёда аз он. Ақли Эйнштейн, сарвати Билл Гейтс, занҳои бисёр, чун аз Мик Ҷаггер, ва насаб чун насаби шоҳзода Уилям аз оилаи шоҳонаи Британия. Чунин ҳамоиши неъматҳоро ҳеҷ кас надошт. Ва ӯ бояд хушбахт мебуд! Аммо инак суханони ӯ:

Вале ман ба ҳамаи корҳои худ, ки дастҳоям карда буданд, ва ба меҳнате ки дар карданаш заҳмат кашида будам, назар андохтам, — ва инак, ҳама ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст, ва дар зери офтоб фоидае надорад! …Бинобар ин аз ҳаёт нафрат намудам, зеро корҳое ки зери офтоб карда мешаванд, дар назарам нохушанд, чунки ҳама чиз ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!… Одамизод аз тамоми меҳнати худ ва орзуи дили худ, ки зери офтоб кардааст, чӣ ҳаловате мебарад?… Чунки тамоми рӯзҳои ӯ андӯҳ аст, ва кори ӯ ғусса. Шабона ҳам дили ӯ ором надорад. Ин низ ҳеҷу пуч аст!

Воиз. 2:11-23

 Марг, дин ва беадолатӣҳамсафарони «Ҳаёт дар зери офтоб» мебошанд.

Дар заминаи ҳамаи ин ҷустуҷӯҳо боз як саволе буд, ки маро азоб медод. Он Сулаймонро низ азоб медод.

Зеро ки сарнавишти банӣ-одам монанди сарнавишти чорпоён аст. Барои онҳо ҳамон як сарнавишт аст: чунон ки инҳо мемуранд, онҳо низ мемуранд. Барои ҳама ҳамон як рӯҳ аст, ва одамизод аз чорпоён бартарӣ надорад. Дар асл ҳама чиз ҳеҷу пуч аст! Ҳама ба як ҷо мераванд: ҳама аз хоканд, ва ҳама ба хок бармегарданд. Кӣ медонад, ки оё рӯҳи банӣ-одам ба боло мебарояд, ва рӯҳи чорпоён ба поён, ба сӯи замин мефурояд? 

Воиз 3:19-21

Ҳар чиз барои ҳама баробар аст: ҳамон як сарнавишт барои росткор ва бадкор аст, барои неку пок ва нопок аст, барои касест, ки қурбонӣ мекунад, ва барои касест, ки қурбонӣ намекунад. Хоҳ нек бошад, хоҳ гуноҳкор; хоҳ қасам ёд кунад, хоҳ аз қасам тарсад. Дар ҳар коре ки зери офтоб карда мешавад, аз ҳама бадтар ин аст, ки ҳамон як сарнавишт барои ҳама аст. Бинобар ин дили банӣ-одам аз бадӣ пур аст, ва ҳангоми зиндагии онҳо девонагӣ дар дили онҳост; ва пас аз он сӯи мурдаҳо мераванд. Касе ки дар миёни зиндаҳост, барои вай ҳанӯз умеде ҳаст, зеро ки саги зинда аз шери мурда беҳтар аст. Зиндаҳо медонанд, ки бояд муранд, вале мурдаҳо чизе намедонанд, ва барои онҳо дигар подоше нест, ҳатто зикрашон фаромӯш шудааст. 

Воиз 9:2-5

Ман дар оилаи диндор ба воя расидаам ва дар Алҷазоир зиндагӣ кардаам, ки худ аз худ кишвари диндорон аст. Оё дин ҷавоб буда метавонад? Аммо ман ошкор намудам, ки дин аксар вақт рӯякӣ мешавад – танҳо бо маросими берунӣ сару кор дорад, аммо ба дили мо дахл намекунад. Чӣ қадар маросимҳои диниро, аз қабили дуо гуфтан ё ба калисо (ё масҷид) рафтан, ба ҷо овардан даркор аст, то ки дар назди Худо ба қадри кофӣ “дастовардҳо” пайдо намоем? Ба сар бурдани ҳаёти диндорона-ахлоқӣ хеле хастакунанда аст, ва кӣ метавонад доимо аз гуноҳ барканор бошад? Ман аз чӣ бояд канораҷӯӣ мекардам? Дар асл Худо аз ман чиро интизор буд? Уҳдадориҳои динӣ хастакунанда буда метавонанд.

Ва ҳақиқатан, агар Худо сарвар бошад, чаро Ӯ ин қадар бад кор мекунад? – пурсидам ман аз худ. Ҳатмӣ нест, ки ба атроф бо диққати зиёд нигарем, то бубинем, ки дар ҷаҳон беадолатӣ, фасодкорӣ ва зулм рӯй медиҳанд. Ва ин фақат ҳозир чунин нашудааст, зеро Сулаймон низ инро 3000 сол пеш дида буд. Ӯ гуфтааст:

Илова бар ин, зери офтоб макони инсофро дидам, ки он ҷо зулм аст, ва макони адолатро, ки он ҷо ноинсофист.… Ман боз нигоҳ карда, ҳамаи ситамҳоеро, ки зери офтоб карда мешаванд, дидам: инак ашкҳои ситамкашон, вале барои онҳо тасаллидиҳандае нест; қувват дар дасти ситамгарони онҳост, вале барои онҳо тасаллидиҳандае нест. Ман мурдаҳоеро, ки пеш аз ин мурдаанд, назар ба зиндаҳое ки ҳанӯз зиндаанд, хушбахттар мешуморам. Вале аз ҳар дуи онҳо хушбахттар аст касе ки ҳанӯз ба дунё наомадааст, касе ки корҳои бадеро, ки зери офтоб карда мешавад, надидааст. 

Воиз 3:16; 4:1-3

Барои Сулаймон, чунон ки ба мо низ фаҳмост, ҳаёт «дар зери офтоб» бо зулм, беадолатӣ ва бадӣ ҳамроҳӣ мекунад. Чаро чунин аст? Оё ягон роҳи ҳал ҳаст? Ва он гоҳ ҳаёт бо марг меанҷомаду тамом. Марг ниҳоӣ аст ва бар ҳаёти мо комилан ҳукмфарост. Чунон ки Сулаймон навишта буд, ин тақдири ҳамаи одамон аст, хоҳ нек бошанд, ё бад, хоҳ диндор бошанд, ё бедин. Масъалаи абадият бо марг вобастагии зич дорад. Оё ман ба биҳишт меравам ё  ба макони доварии абадӣ – ба дӯзах меравам (ва ин боз бештар изтиробовар аст)?

Ҷустуҷӯҳо дар асарҳои безавол

Масъалаҳои ба даст овардани қаноатмандии тӯлонӣ дар зиндагӣ, бори маросимҳои динӣ, зулм ва беадолатӣ, ки тамоми таърихи инсониятро дунболагирӣ мекарданд, ва низ ногузир будани марг ва ҳисси пешакии он чи баъд рӯй медиҳад, дар вуҷуди ман талотум мекарданд. Дар синфҳои болоӣ мо супориш гирифта будем, ки рӯйхати сад асари бадеиро (шеърҳо, сурудҳо, ҳикояҳо ва ғайра), ки ба мо маъқул шудаанд, тартиб диҳем. Ин яке аз машқҳои судмандтарин буд, ки ман дар мактаб мекардам. Қисми зиёди маҷмӯаи ман ба яке аз ин масъалаҳо бахшида шуда буд. Ин ба ман имкон дод, ки бо бисёр одамони дигар, ки ба ҳамин гуна масъалаҳо рӯ ба рӯ шудаанд, «вохӯрам» ва суханони онҳоро гӯш кунам. Ва ман бо онҳо вохӯрдам – бо намояндагони давраҳои гуногун, ки таҳсилот, ақидаҳои фалсафӣ  ва жанрҳояшон гуногун буд.

Ман баъзе таълимотҳои маъруфи Исоро низ аз Инҷил дохил намудам. Дар баробари асарҳои бадеӣ дар маҷмӯаи ман чунин изҳороти Исо буданд:

«Ман омадаам, то онҳо ҳаёт ёбанд ва онро ба фаровонӣ дошта бошанд». 

Юҳанно 10:10

Ман фикр кардам, ки эҳтимол, ҳа, маҳз эҳтимол, ба саволҳои ман ва ба саволҳои Сулаймон ва дигар муаллифон ба ҳар ҳол ҷавобҳо ҳастанд. Инҷил (ки дар он вақт барои ман танҳо истилоҳи динӣ буд) маънои «Хушхабар»-ро дорад. Ин хабари худ аз чӣ иборат аст? Ё, шояд, ин фақат тахминҳои беасос, бофтаи хаёлот аст?

Вохӯрии фаромӯшнашаванда

Дертар ҳамон сол ману дӯстонам барои лижаронӣ ба Швейтсария сафар кардем. Пас аз рӯзи олидараҷаи лижаронӣ ва ба шарофати ғайрати тамомнашавндаи ҷавонӣ мо бегоҳиҳо ба маҳфил мерафтем. Дар он ҷо мо мерақсидем, бо духтарон вомехӯрдем ва то нисфи шаб вақтхушӣ мекардем.

Осоишгоҳҳои кӯҳии Швейтсария дар ҷойҳои баландкӯҳ ҷойгиранд. Ман ёд дорам, ки боре шабона хеле дер аз толори рақс баромадам, то ки ба ҳуҷраи худ равам. Ман таваққуф намуда, ба ситораҳо нигаристам. Азбаски хеле торик буд (ман дар болои кӯҳ будам, ки он ҷо «ифлосии рӯшноӣ»-и сунъӣ кам аст), ман бузургӣ ва азамати ҳамаи ситораҳоро дида метавонистам. Аз шиддати ҳиссиёт нафасгир шуда, ман бо тарси эҳтиромона ба онҳо менигаристам. Оят аз Забур ба ёдам омад, ки дар он гуфта мешуд: «Осмон ҷалоли Худоро эълон мекунад …»

Псалом 18:1

Дар шаби хеле торик ба бузургии олами ситоразор нигариста, ман гӯё ба андозаи хеле кам бузургии Аллоҳро дида метавонистам. Ва дар оромии ин лаҳза ман медонистам, ки интихобе дорам. Ман метавонистам ба Ӯ тобеъ шавам, ё бо роҳи худ рафтанро давом диҳам, бо як шакли тақводорӣ, аммо қувваи Ӯро ба тамоми ҳаёти худ рад карда. Ҳамин тариқ, ман дар торикии ҳамон шаб ба зону афтода, сарамро ба замин хам кардам ва чунин дуо гуфтам: «Ту Худованд ҳастӣ. Ман ба Ту итоат мекунам. Ман бисёр чизҳоро намефаҳмам. Хоҳиш мекунам, маро бо Роҳи Рости Худ бар». Ман итоаткорона сарамро то замин хам карда, эътироф менамудам, ки дар ҳаёти ман гуноҳҳо буданд, ва роҳнамоӣ дархост менамудам. Дар ин дақиқаҳо касе бо ман набуд. Танҳо ман ва Аллоҳ дар манзари осмони ситоразор қарибии соати 2-и шаб берун аз ҳудуди осоишгоҳи лижаронӣ дар Швейтсария. Ин вохӯриро ман ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, ва ҳатто ҳангоми кӯшиши тасвир намудани он бароям суханон кам мекунанд.

Ин дар роҳи ман қадами муҳим буд. Ман ба интихоби Ӯ итоат кардам, ҳангоме мехостам ҷавобҳоро пайдо намоям. Ва ҳангоме он чиро, ки донистам, тадқиқ мекардам ва тасаввур менамудам, ҷавобҳо омадан гирифтанд. Бисёр чизҳоро аз он чи дар ин веб-сайт ҳаст, ман аз ҳамон шаб фаҳмидам. Ҳисси хеле воқеӣ ҳаст, ки ҳангоме касе ба чунин сафар раҳсипор мешавад, ӯ ҳеҷ гоҳ пурра ба он рафта намерасад, аммо ман фаҳмидам ва аз сар гузарондам, ки Инҷил ҳақиқатан ба он саволҳое ки дар ҳаёти худ медодам, ҷавобҳоро медиҳад. Мақсади асосии Инҷил дар асл ба инҳо муроҷиат кардан аст – ба ҳаёти мукаммал, марг, абадият, озодӣ ва чизҳои амалӣ, аз қабили муҳаббат дар муносибатҳои оилавии мо, хиҷолат, айбдорӣ, тарс ва бахшида шудан. Инҷил мегӯяд, ки ин таҳкурсӣ аст, ки мо ҳаёти худро бар он бунёд карда метавонем. Эҳтимол, ҷавобҳое ки Инҷил медиҳад, ба касе маъқул нашаванд, ё шояд шахс онҳоро пурра фаҳмида наметавонад, аммо азбаски ин паём аз ҷониби Аллоҳ дар шахси Исои Масеҳ омадааст, дар бораи он маълумот надоштан бехирадона аст.

Агар шумо вақт ёбед, то ки бо диққат бо Инҷил шинос шавед, эҳтимол ба шумо низ ҳамин чиз ошкор мешавад.