Мо бо тартиби хронологӣ аз худи аввал (аз Одам/Ҳавво ва Қобил/Ҳобил) давом медиҳем, ва пайғамбари навбатии муҳим дар Таврот Нӯҳ алайҳиссалом аст, ки тақрибан 1600 сол пас аз Одам зиндагӣ кардааст. Аммо аломати Нӯҳ алайҳиссалом чӣ чуна буд? Мо ба чӣ бояд аҳамият диҳем?
Касоне ки бахшидашавиро аз даст медиҳанд ва касоне ки онро ба даст меоваранд
Ҳангоме ки ман бо одамони ғарбӣ дар бораи Доварии Аллоҳ гап мезанам, онҳо аксаран ба монанди ин ҷавоб медиҳанд: “Ман аз Доварӣ на он қадар хавотир ҳастам, зеро Худо раҳмдил аст, ва гумон намекунам, ки Ӯ ҳақиқатан маро маҳкум мекунад”. Маҳз ин қиссаи Нӯҳ алайҳиссалом боиси он гардид, ки дар хусуси ин муҳокимарониҳо шубҳа намоям ва ба таври ҷиддӣ фикр кунам. Ҳа, Аллоҳ раҳмдил аст, ва азбаски Ӯ тағйирнопазир аст, Ӯ дар замони Нӯҳ алайҳиссалом низ пур аз раҳмдилӣ буд. Аммо ба ҳар ҳол тамоми ҷаҳон (ғайр аз Нӯҳ ва аҳли оилааш) ҳангоми он доварӣ нобуд гардид. Дар сураи Нӯҳ гуфта шудааст:
Ба ҷазои гуноҳонашон ғарқ шуданд ва ба оташ рафтанд ва ҷуз Худо барои худ ёваре наёфтанд. (Сураи 71:25
Пас, он вақт раҳмдилии Ӯ дар куҷо буд? Он ба киштӣ равона шуда буд. Сураи 7 Ал Аъроф, ояти 64 ба мо мегӯяд:
Мо (Аллоҳ) ӯ (Нӯҳ алайҳиссалом) ва касонеро, ки бо ӯ дар киштӣ буданд, раҳонидем.
Аллоҳ дар раҳмдилии Худ пайғамбар Нӯҳ алайҳиссаломро истифода бурда, киштиро пешкаш менамояд, ки ба ҳар кас дастрас буд. Ҳар кас метавонист ба ин киштӣ даромада, марҳамат ва бехатарӣ пайдо намояд. Мушкилӣ дар он буд, ки қариб ҳамаи одамон ба ин хабар бовар накарданд. Онҳо Нӯҳ алайҳиссаломро масхара мекарданд, ва ба доварии меомада бовар намекарданд. Агар онҳо ба киштӣ медаромаданд, аз доварӣ раҳоӣ меёфтанд.
Порча аз Қуръони муқаддас ҳамчунин ба мо мегӯяд, ки яке аз писарони Нӯҳ ба доварии меомада бовар мекард. Он факт, ки ӯ ба кӯҳ баромаданӣ шуд, нишон медиҳад, ки ӯ кӯшиш кард аз доварии Аллоҳ раҳоӣ ёбад (яъне, ӯ бояд ба Аллоҳ ва доварӣ бовар мекард). Аммо дар ин ҷо низ мушкилӣ буд. Ӯ дар баробари бовар кардан итоаткорӣ нишон надод ва қарор дод, ки ба таври худ амал намояд, то ки аз рӯзи доварӣ раҳоӣ ёбад. Аммо падар ба ӯ гуфт:
Дар он рӯз ҳеҷ кас аз амри Аллоҳ наҷот ёфта наметавонад, ҳеҷ кас ғайр аз касоне ки Ӯ ба онҳо бахшидани Худро ато менамояд!
Ба ин писар бахшидашавӣ аз ҷониби Аллоҳ даркор буд, на кӯшишҳои худи ӯ барои раҳоӣ аз рӯзи доварӣ. Кӯшишҳои ба кӯҳ баромадани ӯ беҳуда буданд. Аз ҳамин сабаб барои ӯ оқибат монанди оқибати онҳое буд, ки пайғамбар Нӯҳ алайҳиссаломро масхара мекарданд, – марг дар обҳои беканор. Агар ӯ ба киштӣ медаромад, аз рӯзи доварӣ раҳоӣ меёфт. Аз ин мо мебинем, ки фақат имон ба Аллоҳ ва ба рӯзи доварӣ кифоя нест, то ки аз он халосӣ ёбем. Амалан, итоати мо ба раҳмдилии Аллоҳ ба мо дилпурӣ медиҳад, ки мо марҳамат ба даст меоварем. Киштӣ аломати Нӯҳ барои мост. Ин аломати Аллоҳ дар хусуси ҷазо буд, ба монанди марҳамат ва наҷоте ки ӯ ато намуд. Ҳангоме ки ҳар кас сохтмони киштиро мушоҳида карда метавонист, ин “аломати равшан” буд – ҳам дар хусуси доварии меомада, ҳам дар хусуси марҳамати дастрас. Аммо ин нишон медиҳад, ки раҳмдилии Ӯ танҳо бо он шартҳое ки Ӯ муқаррар намудааст, имконпазир мебошад.
Чаро Нӯҳ алайҳиссалом сазовори марҳамати Аллоҳ гардид? Таврот ибораи зеринро якчанд бор такрор мекунад:
Ва Нӯҳ ҳар он чиро, ки Парвардигор ба ӯ фармуд, ба ҷо овард.
Ман пай бурдам, ки одатан он кореро мекунам, ки мефаҳмам, ё кореро, ки ба ман маъқул аст, ё кореро, ки ман бо он розӣ ҳастам. Ман боварӣ дорам, ки дар зершуури Нӯҳ алайҳиссалом дар хусуси огоҳии Аллоҳ оид ба тӯфони меомада ва фармони Ӯ дар хусуси сохтани чунин киштии калон дар хушкӣ бисёр саволҳо буданд. Ман боварӣ дорам, ки Ӯ тахмин карда метавонист, ки азбаски ӯ дар дигар соҳаҳо шахси хуб буд, шояд, ба сохтмони киштӣ диққат доданаш даркор нест. Аммо ӯ ҳамаи фармудаҳоро иҷро кард – на танҳо он чиро, ки падар ба ӯ фармуд, на танҳо он чиро, ки мефаҳмид, на танҳо он чиро, ки барояш қулай буд, ва ҳатто на танҳо он чиро, ки барояш маъное дошт. Ин намунаи беҳтарини ибрат барои мост.
Дар барои наҷот
Таврот ба мо нақл мекунад, ки пас аз он ки Нӯҳ алайҳиссалом, аҳли оилааш ва ҳайвонот ба киштӣ даромаданд,
Парвардигор онро маҳкам кард.
Маҳз Аллоҳ ягона дари киштиро назорат менамуд ва идора мекард – на Нӯҳ алайҳиссалом. Ҳангоме ки доварӣ фаро расид ва об омад, ҳеҷ яке аз тақ-тақҳои бешумор ба киштӣ Нӯҳро ба кушодани дар водор карда натавонист. Аллоҳ ин дарро назорат менамуд. Аммо дар айни замон касоне ки дар киштӣ буданд, дилпурона истироҳат карда метавонистанд, зеро Аллоҳ дарро назорат менамуд, ва ҳеҷ гуна бод ё мавҷ онҳо кушода наметавонист. Онҳо зери парасторӣ ва раҳмдилии Аллоҳ дар бехатарӣ буданд.
Азбаски Аллоҳ тағйирнопазир аст, ин ҳозир нисбати мо низ қобили истифода аст. Ҳамаи пайғамбарон огоҳ мекунанд, ки боз як доварӣ меошавад – бо оташ – аммо аломати Нӯҳ аэайҳиссалом ба мо кафолат медиҳад, ки дар баробари доварӣ Ӯ марҳаматро низ пешнифоҳ мекунад. Ва мо бояд “киштӣ”-и Ӯро ҷӯем, ки як дар дорад ва ба даст овардани марҳаматро кафолат медиҳад.
Қурбониоварии пайғамбарон
Таврот ҳамчунин ба мо мегӯяд:
Ва Нӯҳ қурбонгоҳе барои Парвардигор сохт; ва аз ҳар чорпои пок, ва аз ҳар парандаи пок гирифта, қурбониҳои сӯхтанӣ бар қурбонгоҳ тақдим кард. Ҳастӣ 8:20
Ин ба намунаи Одам/Ҳавво ва Ҳобил/Қобил бо қурбонӣ кардани ҳайвонот мувофиқат мекунад. Ин бори дигар маънои онро дорад, ки мурдани ҳайвон ва хушк шудани хун маҳз ҳамон чизест, ки пайғамбар Нӯҳ алайҳиссалом кард ва Аллоҳ ӯро қабул намуд. Таврот мегӯяд, ки дарҳол пас аз ин қурбонӣ Аллоҳ “Нӯҳ ва писаронашро баракат дод” (Ҳастӣ 9: 1) ва “бо Нӯҳ аҳд баст” (Ҳастӣ 9: 8), ки дигар ҳеҷ гоҳ одамонро бо тӯфон ҷазо намедиҳад. Ҳамин тариқ, чунин ба назар мерасад, ки ҳайвонро қурбонӣ кардан, куштан ва хунашро хушкондани Нӯҳ дар парастиши Аллоҳ асосӣ буд. Ин то чӣ андоза муҳим аст? Мо тадқиқи пайғамбарони Тавротро давом медиҳем, ва Лут шахси навбатӣ аст.