Сураи Аҳзоб (Сураи 33) барои як ҳолати умумии инсонӣ ҳалли худро медиҳад – вақте ки мо номи касро намедонем, чӣ гуна бояд ном гирем.
Писархондагонро ба номи падарашон бихонед, ки дар назди Худо мувофиқи инсоф аст. Агар падарашонро намешиносед, бародарони динӣ ва маволии (дӯстони) шумо бошанд. Агар пеш аз ин хатое кардаед, боке нест, магар он, ки ба қасди дил кунед. Ва Худо омурзандаву меҳрубон аст! .
Сураи Аҳзоб 33:5
Ин ба мо хотиррасон мекунад, ки дониши инсон маҳдуд аст – мо аксар вақт ҳатто номи одамони гирду атрофро намедонем. Сураи Наҷм (сураи 53) дар бораи баъзе бутҳое, ки дар замони пайғамбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) маъмул буданд (Лут, Узза ва Манот) муҳокимаронӣ мекунад ва мефармояд:
Инҳо чизе нестанд ҷуз номҳое, ки худ ва падаронатон ба онҳо додаед. Ва Худованд ҳеҷ далеле бар онҳо нафиристодааст. Танҳо аз пайи гумону нафси хеш мераванд ва ҳоло он ки аз ҷониби Худо роҳнамоияшон кардаанд (пайғамбарон). .
Сураи Наҷм, 53:23
Номҳои худоёни бардурӯғро одамони одӣ сохтаанд. Ин оятҳо барои ҷудо кардани ибодати ботил аз ҳақ роҳнамоӣ медиҳанд. Азбаски мо баъзан ҳатто номи одамони гирду атрофамонро намедонем, одамон албатта наметавонанд номи пайғамбареро, ки дар ояндаи дур меояд, донанд. Агар номи Масеҳ хеле пештар дода шавад, ин нишонаи он хоҳад буд, ки ин нақшаи ҳақиқии Худост, на бардурӯғ. Мо дар ин ҷо мебинем, ки чӣ тавр номи Навда пешгӯӣ шудааст.
Аломати ном
Тавре ки шумо дар ёд доред, Аллоҳ бо забони пайғамбар аз омадани Подшоҳии бузург хабар дод. Ин Подшоҳӣ мисли подшоҳиҳои одамон нахоҳад буд. Барои фаҳмидани он ки имрӯз дар подшоҳиҳои инсонӣ чӣ рӯй дода истодааст, тамошои телевизор басанда аст. Тирпарронӣ, порахӯрӣ, бераҳмӣ, куштор, истисмори камбағалон аз тарафи сарватмандон. Ва ин дар ҳама ҷо рӯй медиҳад – дар кишварҳои мусулмонӣ, масеҳӣ, яҳудӣ ва буддоӣ ва ҳиндуия ва дар кишварҳои ғарбии атеист. Новобаста ба он ки дар кадом подшоҳӣ бошед, ҳамаи одамон як мушкилот доранд – ташнагии рафънашаванда, ки Ирмиё алайҳиссалом дар бораи он гуфтааст. Ва ин ташнагӣ моро ба гуноҳ водор мекунад. Ҳамаи мушкилоти дар боло зикршуда дар ҳама навъҳои гуногуни худ (фасод, куштор, дастдарозкуниҳои ҷинсӣ ва ғайра) натиҷаи гуноҳ мебошанд. Аз ин рӯ, сабаби асосии он, ки Худо Подшоҳии худро аз мо нигоҳ медорад, худи мо мебошем. Ҳатто агар ӯ имрӯз Подшоҳии худро барқарор кунад ҳам, ҳеҷ яке аз мо ба он дохил шуда наметавонем. Мо онро бо гуноҳҳои худ ба замин яксон мекардем, чунон ки ҳар ҷоеро, ки дар он зиндагӣ мекунем, вайрон мекунем. Аммо Ирмиё алайҳиссалом дар айни замон дар бораи рӯзе пешгӯӣ карда буд, ки Худо бо мо аҳди нав (Аҳди Ҷадид) мебандад. Ин Аҳд нав хоҳад буд, зеро он дар лавҳаҳои дилҳои мо навишта хоҳад шуд, на дар лавҳаҳои сангин, чуно ки Шариати Мусо навишта шуда буд. Барои ворид шудан ба ин Подшоҳӣ, аз дарун, дар сатҳи дил тағйир ёфтан даркор аст.
Аммо инро чӣ тавр бояд кард? Нақшаи Аллоҳ монанди гавҳари гаронбаҳост. Дар «Забур» ба мо чанд ишораи ин нақша дода шудааст, то мо, ки ҷӯёи Подшоҳӣ ҳастем, ба наздикӣ омадани онро бинем, ва касоне ки ба ин таваҷҷуҳ надоранд, бехабар монанд. Биёед ин суханонро хонем. Асоси ин нақша омадани Масеҳ аст (яъне, тавре ки пештар гуфта будем, мо дар бораи Масеҳ = Христос сухан меронем). Дар Таронаҳо, ки як қисми Забур мебошанд (онро подшоҳ Довуд бо илҳоми Худо навиштааст), гуфта мешавад, ки Масеҳ аз хонадони подшоҳ Довуд меояд (ниг. дар ин ҷо).
Пайғамбар Ишаъё дар бораи дарахт, решаи мурда… ва дар бораи Навда (шохаи дарахт)
Пайғамбар Ишаъё алайҳиссалом хабар дод, ки нақшаи Аллоҳ чӣ гуна амалӣ мешавад. Китоби Ишаъё, ки як қисми Забур аст, дар замони подшоҳии сулолаи Довуд (тақрибан солҳои 1000-600 пеш аз милод) таълиф шудааст. Дар он давраи таърих (соли 750 пеш аз милод) подшоҳии Исроил ғарқи фасод буд – аз боиси ташнагӣ дар дилҳояшон, ки онҳоро азоб медод.
Ишаъё алайҳиссалом аз ҷониби Худо илҳом пайдо намуд, то ки ба банӣ-Исроил эъломияе нависад, то ба Аллоҳ рӯ оваранд ва дар рӯҳияи Шариати Мусо зиндагӣ кунанд. Аммо Ишаъё медонист, ки исроилиён ба сӯи Аллоҳ рӯ намеоваранд, аз кирдорҳои бади худ даст намекашанд, ва аз ҳамин сабаб пешгӯӣ карда буд, ки халқ нобуд мешавад ва сулолаи подшоҳӣ қатъ мегардад. Ҳама чиз маҳз ҳамон тавре ки дар ин ҷо гуфта шуд, рӯй дод. Ишаъё дар пешгӯии худ сулолаи подшоҳиро дар шакли дарахти сершоха тасвир кардааст, ки бурида мешавад ва аз он танҳо решаи мурда боқӣ мемонад. Ин тақрибан дар соли 600 пеш аз милод рӯй дод. Уршалимро бобилиён хароб карданд. Аз он вақт инҷониб аз насли подшоҳ Довуд ҳеҷ кас дар тахти Исроил набуд.
Бо вуҷуди ин, дар баробари пешгӯиҳо дар бораи ҳалокати оянда, як паёми махсус вуҷуд дорад:
Навдае аз танаи Ишой берун хоҳад омад, ва ниҳоле аз решаҳояш сабзида, бор хоҳад овард. Бар Ӯ Рӯҳи Парвардигор, рӯҳи ҳикмат ва хирад, рӯҳи маслиҳат ва қудрат, рӯҳи шинохтани Парвардигор ва тарси Ӯ қарор хоҳад гирифт.
Иш. 11:1-2
Сулолаи Довуд алайҳиссалом навдаест, ки аз решаи мурда месабзад. Реша ё асосгузори сулолаи шоҳ Довуд падараш Йисой буд. Пешгӯӣ дар бораи решаи буридаи Йисой – пешгӯӣ дар бораи нест шудани сулолаи хонадони Довуд аст. Ҳамчун пайғамбар, Ишаъё пешгӯӣ карда буд, ки ҳарчанд реша (сулолаи подшоҳон) мурда аст, он комилан мурда нест. Рузе мерасад, ки аз решаи мурда навда месабзад. Навда (шоха) бо ҷонишини «ӯ (дар ҷинсияти грамматикии мардона)» зикр шудааст; Ишаъё дар бораи насли мардина аз авлоди Довуд сухан меронад. Ин насл чунон хирад, қудрат ва дониш нишон хоҳад дод, ки ба ҳама маълум хоҳад шуд, ки Рӯҳи Худо дар ӯст. Чунон ки шумо дар ёд доред, дар бораи Масеҳ пешгӯӣ шуда буд, ки ӯ аз хонадони Довуд меояд – ва ин хеле муҳим аст. Чӣ гуна аст, ки ҳам Навда ва ҳам Масеҳ аз насли Довуд пайдо мешаванд? Шояд мо дар бораи ҳамон шахс гап мезанем? Биёед хондани Забурро давом диҳем.
Пайғамбар Ирмиё… дар бораи Навда
Пайғамбар Ирмиё алайҳиссалом, ки 150 сол пас аз Ишаъё зиндагӣ кардааст, таназзули сулолаи Довудро бо ҷашмони худ дид. Ӯ чунин навиштааст:
Парвардигор мегӯяд: «Инак, рӯзҳое меоянд, ки Ман Шохаи росткоре барои Довуд барпо мекунам; Подшоҳе ҳукмронӣ хоҳад кард, ва хирадмандона рафтор хоҳад намуд, ва инсофу ростиро дар сарзамин ба амал хоҳад овард. Дар айёми Ӯ Яҳудо наҷот меёбад, ва Исроил дар амният сокин мешавад; ва ин аст номи Ӯ, ки бо он номида мешавад: “Парвардигор — росткории мо”».
Ирм. 23:5-6
Ирмиё алайҳиссалом пешгӯиро дар бораи Навда, ки 150 сол пеш аз ӯ Ишаъё алайҳиссалом гуфта буд, бевосита давом медиҳад. Навда подшоҳ мешавад. Мо дар бораи Масеҳ гуфта будем, ки ӯ низ подшоҳ мешавад. Ҳамин тавр, шабоҳатҳои байни Навда ва Масеҳ торафт бештар мешаванд.
Пайғамбар Закарё… Навдаро бо ном зикр мекунад
Пайғамбар Закарё алайҳиссалом пешгӯии қадимиро ошкор мекунад. Ӯ тақрибан дар соли 520 пеш аз милод зиндагӣ кардааст, бевосита пас аз он вақте ки яҳудиён аз асорати аввалини Бобил ба Уршалим баргаштанд. Дар он вақт Исроил ҳанӯз дар зери ҳукмронии форсҳо буд.
(Закарёро бо падари Яҳё/Яҳёи Таъмиддиҳанда, ки номаш Закарё буд, омехта накунед. Закарёи пайғамбар 500 сол пеш аз ин Закарё зиндагӣ кардааст. Гузашта аз ин, ин Закарё ба шарафи номи Закарёи пайғамбар ном гузошта шудааст, ҳамон гуна, ки имрӯзҳо пас аз пайғамбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба бисёриҳо номи Муҳаммадро гузоштаанд).
Дар он вақт яҳудиён бо мақсади таҷдиди қурбониҳои Ҳорун алайҳиссалом маъбади харобшудаи Уршалимро (520 пеш аз милод) фаъолона барқарор мекарданд. Шахсе аз насли Ҳорун, ки дар айёми Закарёи пайғамбар хизмати саркоҳинӣ мекард, Исо ном дошт. Ба ибораи дигар, Закарё пайғамбар дар Исроил (тақрибан 520 то милод) ва Исо саркоҳин буд. Ин аст он чизе ки Худо ба воситаи Закарё дар бораи Исои Саркоҳин хабар дод:
«Пас шунав, эй Исои саркоҳин, ту ва ёронат, ки пеши ту нишастаанд, чунки онҳо мардони нишона ҳастанд: инак, Ман бандаи Худ — Навдаро хоҳам овард. Чунки инак, он санге ки Ман пеши Исо мегузорам; ба он як санг ҳафт чашм менигаранд; инак, Ман нақше бар он кандакорӣ мекунам, мегӯяд Парвардигори лашкарҳо, ва гуноҳи ин заминро дар як рӯз дур мекунам”».
Зак. 3:8-9
Боз дар бораи НАВДА гуфта шудааст! Аммо ин дафъа Навда «Бандаи Ман» ном дорад. Ба як маъно, саркоҳин Исо аломати Навдаи оянда аст. Саркоҳин як аломат аст. Аммо бо кадом роҳ? Чӣ гуна гуноҳи заминро Худованд дар як рӯз маҳв мекунад («Ман онро маҳв хоҳам кард»)? Дар китоби Закарё чизи аҷибе гуфта мешавад.
«Ва сухани Парвардигор бар ман фуруд омада, гуфт: нуқра ва тиллоро бигир ва тоҷҳо сохта, ба сари саркоҳин Юшаъ писари Яҳусодоқ бигузор ва ба ӯ сухан ронда, бигӯй: “Парвардигори лашкарҳо чунин мегӯяд: инак марде ки НАВДА ном дорад» .
Зак. 6:9-10
Диққат диҳед, ки Навда ба номи худи ҳамон шахс – Исо гузошта шудааст. Тааҷҷубовар аст, ки 500 сол пеш аз таваллуди Исои Масеҳ, ки пайғамбари Инҷил аст, пешгӯӣ шуда буд, ки номи навда Исо хоҳад буд. Исо навда аст! Навда ва Масеҳ ду номи як шахсанд! Аммо чаро ӯ ду ном дорад? Ва ӯ бояд чӣ кор мекард? Сипас пайғамбарони Забур инро ба таври муфассал баён мекунанд. Ин дар мақолаи навбатии мо муҳокима хоҳад шуд.