Skip to content
Home » Аломати Қобил ва Ҳобил

Аломати Қобил ва Ҳобил

Дар мақолаи гузашта мо аломати Одаму Ҳавворо таҳлил намудем. Одаму Ҳавво ду писар доштанд, ки байни онҳо зиддият ба миён омад. Ин зиддият бо куштори аввалин дар таърих анҷом ёфт. Кӯшиш мекунем аз ин қиссаи Китоби Муқаддас ҳақиқатҳои универсалиро ҷудо кунем, то ки аломати ба мо додашударо беҳтат фаҳмем. Биёед ин қиссаро бо диққат мехонем. (Ин ҷойро зер кунед, то ки порчаро дар тирезаи дигар кушоед).

Қобил ва Ҳобил (Қобил ва Ҳобил). Ду писар, ду қурбонӣ.

Дар Таврот ду писари Одам ва Ҳавво зикр мешаванд: Қобил ва Ҳобил. Дар Қуръон онҳо ҳеҷ хел номбар нашудаанд, аммо дар наъанаи исломӣ онҳо Қобил ва Ҳобил номида мешаванд. Боре бародарон ба Аллоҳ қурбонӣ карданд, аммо Аллоҳ танҳо қурбонии Ҳобилро қабул кард, аммо қурбонии Қобилро рад кард. Қобил пур аз ҳасад шуда, бародарашро кушт, аммо албатта ин амали нангинашро аз Аллоҳ пинҳон карда наметавонист. Дар ҳамаи ин қисса як саволи муҳим ҳаст: Чаро қурбонии Ҳобил ба Аллоҳ писанд омад, аммо қурбонии Қобил – не? Бисёр касон чунин меҳисобанд, ки сабаб дар ягон хеле фарқҳо дар байни бародарон аст. Аммо ҳангоми бо диққат хондани порча ба хулосаи дигар меоем. Дар Таврот вазъият аниқ мешавад: он ҷо гуфта шудааст, ки фарқ на дар бародарон, балки дар қурбониҳои овардашуда буд. Қобил «маҳсули замин» (яъне меваҳо ва сабзавот) овард, Ҳобил бошад «аз нахустзодагони рамаи худ гӯсфандонро ба қурбонӣ овард». Ҳобил ҳайвонҳоро, барраҳо ё бузҳоро аз рамаи худ қурбонӣ кард.

Ин ҷо монандии ҷолиб бо аломати Одам дида мешавад. Чунон ки мо дар ёд дорем, Одам шармсории худро бо баргҳои дарахти ғор пӯшонданӣ буд, аммо ин пӯшиш кифоя набуд. Он гоҳ Худо лучии ӯро бо пӯстҳои ҳайвонҳои қурбонӣ (ки кушта шуданд) пӯшонд, ин пӯстҳо кифоя буданд. Дар баргҳо, меваҳо ва сабзавот хун нест; бар хилофи одамону ҳайвонот, дар онҳо ҳаёт нест. Барои Одам бо баргҳо пӯшондани гуноҳи худ кифоя набуд – қурбонии Қобил низ нодуруст буд, чунки он хун надошт. Ҳобил аз нахустзодагони рамаи  худ ва аз дунбаи онҳо қурбонӣ овард. Хуни ин ҳайвони қурбонӣ рехта шуд, ва баъд дар офтоб хушк карда шуд, айнан ҳамон тавре ки хуни аввалин ҳайвони қурбонӣ, ки гуноҳи Одам ва Ҳавво бо хуни он пӯшонида шуд.

Ин аломатро бо иборае ки ҳанӯз дар кӯдакӣ шунида будам, хулоса кардан мумкин аст: «Роҳ ба сӯи дӯзах бо ниятҳои беҳтарин сохта шудааст».  Ва ин нисбати Қобил пурра қобили истифода аст. Ҳа, ӯ ба Аллоҳ бовар мекард ва имони худро бо он нишон дод, ки бо қурбонӣ ба парастиши Ӯ омад. Аммо Аллоҳ қурбонии Қобилро ва худи ӯро қабул накард. Чаро? Чунки рӯҳияи ӯ нодуруст буд? Дар ибтидо рӯҳияи ӯ он қадар бад набуд. Ҳатто, шояд, ӯ ниятҳои хуб дошт. Калиди ҳалли муаммо – аломати Одам, падари Ӯст. Ҳамин ки Аллоҳ Одаму Ҳавворо маҳкум намуд, онҳо миранда шуданд. Музди гуноҳи онҳо марг буд. Маҳз ҳамон вақт Аллоҳ ба онҳо аломати пӯстро дод – барои пӯшондани лучӣ. Албатта, ин ҳайвони қурбонӣ бояд мемурд. Ҳангоме ки ҳайвон мурд, ва хунаш дар офтоб хушк шуд, шармсории Одам ва Ҳавво пӯшонида шуд. Ба писарон бармегардем: аз ду қурбонии овардашуда танҳо қурбонии Ҳобил (аз нахустзодагони рама) марг ва рехтани худро металабад. Маҳсулоти замин, ки Қобил тақдим намуд, мурда наметавонанд, зеро онҳо зинда нестанд, ва онҳо хун надоранд, ки рехта шавад.

Аломат барои мо: рехтан ва хушкидани хун.

Ин ҷо Аллоҳ ба мо дарси ибрат меомӯзонад. Дараҷаи ба Ӯ наздик буданамонро худамон муайян намекунем. Ӯ Худаш меъёреро муқаррар мекунад, ва мо қарор медиҳем, ки онро риоя намоем ё не. Ин меъёр – қурбонӣ аст, ки мемирад ва хуни худро медиҳад. Шахсан ман, эҳтимол, ягон талаботи дигарро афзал медонистам, зеро онро аз ҳисоби имкониятҳои худ қонеъ карда метавонистам. Ман ба Худо вақт, қувва, пул, дуо ва садоқатро пешкаш карда метавонистам, аммо на ҳаётро. Аммо Аллоҳ қурбониро бо рехтани хун талаб мекунад. Дигар хел ҳадияҳо ба Ӯ даркор нестанд. Аломатҳои минбаъдаи пайғамбарона қонуниятеро нишон медиҳанд, ки ин қурбониовариҳо чӣ гуна давом ёфтанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *