Skip to content
Home » История израильтян: сбылись ли проклятия Мусы (мир ему)?

Таърихи исроилиён: Оё лаънатҳои Мусо алайҳиссалом иҷро шуданд?

  • by

Бо мақсади содда кардани фаҳмидани давраҳои сершумори таърихи исроилиён, ба ҷадвали замонӣ рӯ меоварем. Аввал дар он барҷастатарин пайғамбарони Китоби Муқадасро ҷой медиҳем, то омадани Исои Масеҳ алайҳиссалом.

Ҷадвали замонӣ тақвими ғарбиро истифода мебарад, ва воқеаҳои зикршуда ба давраи то милод дахл доранд. Дарозии хатҳои ранга бо муддати зиндагии ин ё пайғамбар мутаносиб аст. Иброҳим алайҳиссалом ва Мусо алайҳиссалом аломатҳои муҳимеро боқӣ гузоштаанд, ки мо онҳоро пештар аз назар гузаронда будем. Довуд алайҳиссалом навиштани Забурро сар кард ва аввалин подшоҳи сулолае буд, ки аз Уршалим ҳукмронӣ менамуд. Исои Масеҳ алайҳиссалом барои мо муҳим аст, зеро дар Инҷил Ӯ мақоми марказӣ дорад. 

Бо ранги сабз даврае ишора шудааст, ки исроилиён дар асорати фиръавни Миср буданд.

Ин давра он вақт сар шуд, ки Юсуф, набераи Иброҳим алайҳиссалом халқи худро ба Миср овард, ва дар он ҷо онҳо бо ҳукми тақдир ба ғуломӣ афтоданд. Мусо алайҳиссалом исроилиёнро аз зери фармонравоии мисриён баровард ва аломати Песаҳро боқӣ гузошт.

Бо омадани Мусо алайҳиссалом давраи нави таърихи исроилиён сар шуд, ки дар ҷадвали замонӣ бо ранги зард ишора шудааст.

Онҳо дар сарзамини Исроил (ё Фаластин) зиндагӣ мекарданд. Мусо алайҳиссалом Баракатҳо ва Лаънатҳоро ба исроилиён дар охири умраш эълон намуд – гузариш аз ранги сабз ба ранги зард дар ҷадвали замонӣ. Ҳамин тавр дар тӯли якчанд садсола исроилиён дар сарзамине мезистанд, ки ба Иброҳим дар аломати 1 ваъда шуда буд. Дар он вақт онҳо на подшоҳ доштанд, на пойтахт дар Уршалим – дар он замон ин шаҳр ба халқи дигар тааллуқ дошт.

Дертар, бо омадани Довуд дар қарибиҳои соли 1000-уми то милод вазъияти исроилиён дигар шуд.

Давуд алайҳиссалом Уршалимро забт намуда, онро пойтахти худ гардонд ва қасри подшоҳӣ сохт. Давудро пайғамбар Самуил алайҳиссалом ба подшоҳӣ тадҳин карда буд. Писари Довуд Сулаймон, ки бо хиради бузурги худ маъруф буд, вориси ӯ буд. Сулаймон дар Уршалим барои Парвардигор қасри боҳашамате бунёд намуд. Авлодони подшоҳ Довуд дар давоми 400 сол ҳукмронӣ мекарданд; ин давра дар ҷадвали замонӣ бо ранги осмонӣ ишора шудааст (солҳои 1000-600 то милод). Ин давраи нашъунамои халқи Исроил буд – дар пеши чашмони онҳо Баракатҳои ваъдашуда иҷро мешуданд. Исроилиён халқи қавӣ буданд, ҷамъият ва фарҳанги инкишофёфта доштанд, маъбади худро доштанд; дар ин давра ба бисёр пайғамбарон паёмҳо аз Аллоҳ ошкор гардиданд. Онҳо дар китоби Забур, ки онро Довуд сар карда буд, навишта шуданд.

Сабаби пайдо шудани пайғамбарони бисёр он буд, ки исроилиён торафт бештар ба гуноҳ дода мешуданд, бутпарастӣ мекарданд ва Даҳ фармударо риоя намекарданд. Аз ҳамин сабаб Аллоҳ ба онҳо пайғамбаронро барои огоҳ кардан ва ёдрас намудан мефиристод, ки Лаънатҳои Мусо ба қарибӣ иҷро мешаванд. Аммо исроилиён ба суханони пайғамбарон гӯш намедоданд.

Ниҳоят, қарибии соли 600-уми то милод Лаънатҳо иҷро шудан гирифтанд. Набукаднесар, подшоҳи тавонои  Бобил омад – айнан ҳамон гуна, ки Мусо дар яке аз Лаънатҳо пешгӯӣ карда буд:

Парвардигор аз дурдаст, аз канори замин халқеро, ки монанди уқоб мепарад, бар ту меоварад… халқи рӯйнатане ки поси хотири пиронро нигоҳ намедорад, ва ба ҷавонон раҳм намекунад… ва туро дар тамоми шаҳрҳоят, дар тамоми сарзаминат… муҳосира мекунад.

Такрори Шариат 28: 49-52

Набукаднесар Уршалимро забт намуда, сӯзонд ва Маъбади Сулаймонро вайрон кард. Пас аз ин ӯ исроилиёнро ба гӯшаҳои гуногуни империяи Бобил бадарға карда, танҳо ба камбағалтарин одамон иҷозат дод, ки дар зарзамини худ бимонанд. Ин воқеа пешгӯии Мусоро иҷро намуд:

… аз сарзамине ки барои соҳибӣ кардани он ба он дохил мешавед, ронда мешавед. Ва Парвардигор туро дар миёни ҳамаи қавмҳо, аз як канори замин то канори дигари замин, пароканда мекунад.

Такрори Шариат 28:63-64

Ҳамин тавр дар давоми 70 сол (ин давра бо ранги сурх ишора шудааст), исроилиён берун аз Замини Ваъдашуда дар бадарға зиндагӣ мекарданд.

Баъд подшоҳи Форс Куруш Бобилро забт намуд ва дар рӯи замин тавонотарин подшоҳ гардид. Ӯ фармоне баровард, ки ба исроилиён иҷозат медод ба замини худ баргарданд.

Аммо сарзамини Исроил акнун давлати мустақил набуд, балки як вилоят дар ҳайати империяи Форс гардид. Ин давра 200 сол давом кард; дар ҷадвали замонӣ он бо ранги гулобӣ ишора шудааст. Дар ин муддат маъбади Уршалим  аз нав сохта шуд (ки чун Маъбади дуюм маълум аст); ва охирин пайғамбарони Аҳди Қадим паёмҳои худро расонданд.

Баъд Искандари Мақдунӣ империяи Форсро забт намуд ва дар давоми 200 соли минбаъда сарзамини Исроилро ба вилояте дар ҳайати империяи юнонӣ табдил дод. Ин давра бо ранги кабуд ишора шудааст.

Сипас румиён империяи юнониёнро шикаст дода давлати пуриқтидори ҷаҳон шуданд. Исроилиён боз вилояте дар ҳайати империя буданд; ин давра бо ранги зарди хира ишора шудааст. Маз ҳамон вақт дар Исроил Исои Масеҳ зиндагӣ мекард. Дар Инҷил зикр шудани ҳокимон ва сарбозони румӣ аз ҳамин сабаб аст – зеро дар замони зиндагии Исои Масеҳ румиён дар сарзамини Исроил бар яҳудиён фармонраво буданд.

Ҳамин тариқ, аз замони Бобил сар карда (соли 600-уми то милод) исроилиён (ки номи ҳозираашон яҳудиён аст) истиқлолият надоштанд, бар хилофи он замоне ки сулолаи Довуд дар Исроил ҳукронӣ менамуд. Онҳо зери ҳукмронии империяҳои дигар буданд. Яҳудиён ба ин зиддият мекарданд ва пас аз марги Исои Масеҳ бар зидди зулми румиён шӯриш бардоштанд. Мубориза барои истиқлолият сар шуд, ва халқи яҳудӣ дар он шикаст хӯрд. Румиён Уршалимро хароб карданд, Маъбади дуюмро сӯзонданд ва яҳудиёнро ҳамчун ғуломон дар тамоми империяи Рум паҳн карданд. Азбаски империяи Рум хеле калон буд, яҳудиён дар тамоми ҷаҳон пароканда гардиданд.

Халқи Исроил қариб 2000 маҳз ҳамин тавр зиндагӣ мекард: паҳну парешон ва пароканда дар кишварҳои бегона, ки дар он ҷойҳо ҳеҷ гоҳ қабул карда нашуда буданд. Лаънатҳои Мусо тасвири аниқи ҳаёти онҳоро дар он замон дар бар мегиранд:

Ва дар миёни он халқҳо ту фароғат намеёбӣ, ва барои кафи поят оромӣ намешавад, ва дар он ҷо Парвардигор ба ту дили беқарор ва чашмони чор ва ҷони пурозор медиҳад

Такрори Шариат 28:65

Оё суханони Мусо иҷро шуданд? Албатта, бо ҷузъиёти хурдтарин иҷро шуданд. Ин лаънатҳо бар сари яҳудиён фурӯ рехтанд, то ки халқҳои дигар аз худ бипурсанд:

Ва ҳамаи халқҳо мегӯянд: “Аз чӣ сабаб Парвардигор ба ин сарзамин чунин амал кардааст? Шиддати ин ғазаби азим аз чӣ сабаб аст?”… “Аз он сабаб аст, ки онҳо аҳди Парвардигор Худои падарони худро…тарк карданд… ва Парвардигор онҳоро… аз сарзаминашон решакан карда, ба сарзамини дигаре партофт

Такрори Шариат 29:23-27

Аломати муҳим барои мо дар он аст, ки ба суханони пайғамбарон бовар кунем, зеро дар онҳо барои ҳар яки мо насиҳату роҳнамоиҳо ҳастанд.

Давраи таърихӣ, ки мо аз назар гузарондем, танҳо то соли 2000-уми пеш аз милодро дар бар мегирад. Дар ин ҷо фаҳмидан мумкин аст, ки чӣ тавр Баракатҳо ва Лаънатҳои Мусо дар замони мо иҷро мешаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *