Skip to content
Home » Рӯзи доварӣ: Ал-Ҳумаза ва Масеҳ

Рӯзи доварӣ: Ал-Ҳумаза ва Масеҳ

  • by

Сураи Ал-Ҳумаза (Сура 104) моро дар бораи Рӯзи доварӣ ба таври зерин огоҳ мекунад:


Вой бар ғайбаткунандаи айбҷӯе, он ки моле ҷамъ кард ва ҳисоби он нигаҳ дошт.
Мепиндорад, ки дороияш ҷовидонаш гардонад. На чунин аст, ки албатта, ӯро дар ҳутама
андозанд. Ва ҳаройина, ту чӣ донӣ, ки ҳутама чист? Оташи афрӯхтаи Худост…

Ал-Ҳумаза
104:1-6

Сураи Ал-Ҳумаза мегӯяд, ки оташи ғазаби Аллоҳ моро интизор аст, хусусан агар мо бахил
бошем ва дар бораи дигарон бадгӯӣ карда бошем. Касоне ки ҳамеша ба дигарон мадад
мерсонданд, ба сарвати дигарон ҳасад намебурданд, бадгӯӣ намекарданд, ба баҳсу
мунозираҳои молиявӣ ҷалб нашуда буданд, – умед дошта метавонанд, ки Аллоҳ дар Рӯзи
доварӣ ба онҳо раҳм мекунад ва ба ғазаби Худ гирифтор намекунад.


Аммо ҳамаи боқимондагонро чӣ тақдире интизор аст?


Пайғамбар Исои Масеҳ алайҳиссалом маҳз барои он омад, ки касонеро, ки аз ғазаби
одилонаи Аллоҳ метарсанд, наҷот диҳад. Дар Инҷил гуфта шудааст:
Ҳеҷ кас ба осмон боло нарафтааст, магар танҳо он ки аз осмон фуруд омадааст, яъне
Писари Одам, ки дар осмон аст. Ва чунон ки Мусо дар биёбон морро боло бардошт,
Писари Одам низ бояд ончунон боло бурда шавад, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳалок
нашавад, балки ҳаёти абадӣ ёбад. Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи
Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳалок нашавад, балки ҳаёти абадӣ ёбад. Зеро Худо
Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки барои он
ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад. Ҳар кӣ ба Ӯ имон дорад, маҳкум намешавад; лекин ҳар
кӣ имон надорад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба номи Писари ягонаи Худо имон
наовардааст. Ва ҳукм ин аст, ки нур ба ҷаҳон омад; вале одамон торикиро бештар аз
рӯшноӣ дӯст доштанд, чунки корҳои онҳо бад аст. Зеро ҳар кӣ кори бад мекунад, аз
рӯшноӣ нафрат дорад ва пеши рӯшноӣ намеояд, то корҳояш фош нашаванд; лекин ҳар кӣ
росткор аст, пеши рӯшноӣ меояд, то ошкор шавад, ки корҳояш дар Худо карда шудаанд».

Инҷили Юҳанно 3:13-21


Исои Масеҳ мегуфт, ки қудрати бузург дорад, – аз ҷумла мегуфт, ки ӯ «аз осмон фуруд
омадааст». Дар гуфтугӯ бо зани сомарӣ (дар ин ҷо муфассал аз назар гузаронда шудааст),
Пайғамбар дар бораи худ чун дар бораи «Оби ҳаёт» мегуфт:
Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Агар атои Худоро медонистӣ, ва кист, ки ба ту мегӯяд: “Ба Ман
об деҳ”, пас худ аз Ӯ хоҳиш мекардӣ, ва Ӯ ба ту оби ҳаёт медод». Зан ба Ӯ гуфт: «Эй Хоҷа!
Ту зарфе надорӣ, ки об кашӣ, ва чоҳ чуқур аст, пас, аз куҷо оби ҳаёт дорӣ? Магар Ту аз
падари мо Яъқуб бузургтар ҳастӣ, ки ин чоҳро ба мо дод, ва худаш ва фарзандонаш ва
чорвояш аз он менӯшиданд?» Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ҳар кӣ аз ин об нӯшад, боз ташна
мемонад; лекин ҳар кӣ аз обе ки Ман ба вай медиҳам, нӯшад, то абад ташна намемонад,балки обе ки Ман ба вай медиҳам, дар вай чашмаи обе мегардад, ки то ҳаёти абадӣ
меҷӯшад».
Инҷили Юҳанно 4:10-14


Қудрати Масеҳ дар пешгӯиҳои Тавроти Мусо дар бораи дар шаш рӯз офарида шудани
олам тасдиқ карда мешавад. Сипас Забур ва пайғамбарони баъдина ҷузъиёти омадани
ӯро пешгӯӣ кардаанд, ки нақшаи Худоро ошкор менамоянд. Аммо пайғамбар чиро дар
назар дошт, ҳангоме гуфт, ки ӯ «бояд ончунон боло бурда шавад», то ки касоне ки ба ӯ
имон доранд, ҳаётӣ абадӣ дошта тавонанд? Ин дар ин ҷо фаҳмонида мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *