Сураи Ат-Ториқ (Сураи 86) дар бораи Рӯзи доварии меомада моро бо чунин суханон огоҳ
мекунад:
Сураи Ат-Ториқ 86:8-10
Ҳаройна, Худо ба бозгардонидани ӯ тавоност, рӯзе, ки розҳо ошкор мешаванд. Ӯро на
қувватест ва на ёваре.
Сураи Ат-Ториқ мегӯяд, ки Аллоҳ ҳамаи фикрҳо ва амалҳои ниҳонӣ ва ношоистаи моро
ошкор мекунад, ва касе ёфт намешавад, ки моро аз доварии Ӯ ҳимоя кунад. Сураи Ал-
Одиёт (Сураи 100) низ ин Рӯзро ба ҳамин монанд тасвир менамояд:
Сураи Ал-Одиёт 100:6-11
Одамӣ Парвардигори худро, албатта, сипос намегӯяд ва ҳаройина, ӯ худ бар ин, албатта,
гувоҳ аст. Ҳаройна, ӯ молро фаровон, албатта, дӯст дорад. Оё намедонанд, ки чун он чи
дар гӯрҳост, зинда гардад ва он чи дар дилҳо ниҳон аст, ошкор карда шавад, албатта,
Парвардигорашон дар он рӯз аз ҳолашон огоҳ аст?
Сураи Ал-Одиёт огоҳ мекунад, ки ҳатто сирру асрори хурдтарини ношоиста, ки дар умқи
диламон ниҳон ҳастанд, ошкор мешаванд, зеро Аллоҳ ҳамаи фикрҳо ва амалҳои ҳар як
инсонро медонад.
Мо метавонем дар хусуси Рӯзи доварии меомада фикр накунем ва уме бандем, ки ба мо
хатаре таҳдид намекунад, аммо сураҳои Ат-Ториқ ва Ал-Одиёт дар ин робита огоҳиҳои
возеҳу равшан доранд.
Магар ба ин Рӯз тайёр будан беҳтар нест? Аммо чӣ тавр?
Пайғамбар Исои Масеҳ алайҳиссалом махсус барои онҳое омад, ки ба ин Рӯз тайёр будан
мехоҳанд. Дар Инҷил гуфта шудааст:
Инҷили Юҳанно 5:21-27
Зеро, ҳамчунон ки Падар мурдагонро бармехезонад ва зинда мегардонад, Писар низ
ончунон ҳар киро хоҳад, зинда мегардонад. Зеро Падар ҳеҷ касро доварӣ намекунад,
балки тамоми довариро ба Писар супурдааст, то ҳама Писарро эҳтиром кунанд, ончунон
ки Падарро эҳтиром мекунанд. Касе ки Писарро эҳтиром накунад, Падарро, ки
Фиристандаи Ӯст, эҳтиром накардааст. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ сухани
Маро шунавад ва ба Фиристандаи Ман имон оварад, ҳаёти абадӣ дорад ва ба доварӣ
намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: соате
мерасад, ва акнун расидааст, ки мурдагон овози Писари Худоро мешунаванд, ва ҳар кӣ
шунавад, зинда мегардад. Зеро, ҳамчунон ки Падар дар Худ ҳаёт дорад, ба Писар низ
ончунон ато кардааст, ки дар Худ ҳаёт дошта бошад; ва ба Ӯ қудрат додааст, ки доварӣ
кунад, зеро Ӯ Писари Одам аст».
Пайғамбар Исои Масеҳ алайҳиссалом мегӯяд, ки қудрати бузург дорад – ҳатто дар
масъалаи ёрӣ додан ба мо дар Рӯзи доварӣ. Қудрати Масеҳ дар пешгӯиҳои Taвроти
пайғамбар Мусо дар бораи дар шаш рӯз офарида шудани олам тасдиқ мешавад. Баъд дар
Забур ва дар навиштаҳои пайғамбарони баъдина ҷузъиёти омадани ӯ пешгӯӣ шудаанд, ки
нақшаи Худоро ошкор менамоянд. Аммо пайғамбар чиро дар назар дошт, ҳангоме
мегуфт, ки «ҳар кӣ ба Фиристандаи Ман имон оварад, ҳаёти абадӣ дорад ва ба доварӣ
намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст»? Мо инро дар ин ҷо аз назар мегузаронем.