Сураи Ал-Қориа (Сураи 101) Рӯзи доварии меомадаро чунин тасвир менамояд:
Сураи Ал-Қориа 101:2-9
Чист қориа (қиёмат)? Ва ту чӣ донӣ, ки қориа (қиёмат) чист? Рӯзест, ки мардум чун
парвонагон пароканда бошанд ва кӯҳҳо чун пашми задашуда (ҳаллоҷишуда). Пас, ҳар
киро паллаҳои амалҳои некаш (дар тарозу) гарон ояд (вазнин бошад), он шахс дар ҳаёти
хушу босаодат аст. Аммо ҳар киро паллаи тарозуяш (аъмоли некаш) сабук бошад,
ҷойгоҳаш дар ҳовия аст.
Сураи Ат-Такосур 102:1-8
Сураи Ал-Қориа огоҳ мекунад, ки одамоне ки дар паллаи тарозу бори зиёди корҳои нек
доранд, дар Рӯзи доварӣ ба наҷитаи нек умед баста метавонанд.
Аммо касонеро, ки дар паллаи тарозу бори корҳои некашон сабук аст, чӣ интизор аст?
Сураи Ат-Такосур (Сураи 102) огоҳ мекунад:
Ба ғафлат кашид шуморо фахр кардан ба бисёрии молу фарзанд, то ба гӯрҳо расидед. На
чунин аст (ҳаққо), ки ба зудӣ хоҳед донист.Боз ҳам на чунин аст (ҳаққо), ки ба зудӣ хоҳед
донист. Ҳаққо, агар аз рӯи яқин бидонед, на чунин аст, ҷаҳаннамро хоҳед дид. Сипас,
албатта, ба чашми яқин мебинедаш, ки ҳатман, дар он рӯз шуморо аз неъматҳои дунявӣ
бозхост мекунанд.)
Сураи Ат-Такосур мегӯяд, ки дар Рӯзи доварӣ, пас аз он ки китобҳои аъмоли ҳар яки мо
кушода мешаванд, ба мо «ҷаҳаннам (оташи дӯзах)» таҳдид мекунад.
Агар дар паллаи тарозу бори корҳои некамон сабук бошад, оё ба ин рӯз тайёр буда
метавонем?
Пайғамбар Исои Масеҳ алайҳиссалом махсус барои он омад, ки ба ҳар касе ки дар паллаи
тарозу бори зиёди корҳои нек надорад, ёрӣ расонад. Дар Инҷил ӯ мегӯяд:
35 …Ман нони ҳаёт ҳастам; касе ки назди Ман ояд, ҳаргиз гурусна намемонад, ва касе
ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна намемонад. 36 Лекин Ман ба шумо гуфтам, ки Маро
дидаед, ва имон намеоваред. 37 Ҳар он чи Падар ба Ман диҳад, назди Ман меояд, ва ҳар
кӣ назди Ман ояд, берун намеронам. 38 Зеро аз осмон фуруд омадаам на аз барои он ки
ба хости Худ амал кунам, балки ба хости Фиристандаи Худ. 39 Ва хости Падаре ки Маро
фиристод, ин аст, ки аз он чи ба Ман дода шудааст, чизе аз даст надиҳам, балки дар рӯзи
вопасин онро бархезонам. 40 Ва хости Фиристандаи Ман ин аст, ки ҳар кӣ Писарро дид ва
ба Ӯ имон овард, ҳаёти абадӣ дошта бошад; ва Ман дар рӯзи вопасин вайробармехезонам».
Инҷили Юҳанно 6:35-51
41 Яҳудиён аз Ӯ шикоят карданд, чунки гуфта буд: «Манам он ноне ки аз осмон фуруд
омад». 42 Ва гуфтанд: «Оё ин Исои писари Юсуф нест, ки мо падару модари Ӯро
мешиносем? Пас чӣ гуна мегӯяд, ки “Ман аз осмон фуруд омадаам”?»
43 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Байни якдигар шикоят накунед. 44 Ҳеҷ кас назди Ман
омадан наметавонад, магар ин ки Падаре ки Маро фиристод, вайро ҷалб кунад; ва Ман
вайро дар рӯзи вопасин бармехезонам. 45 Дар навиштаҳои пайғамбарон омадааст: “Ва
ҳама аз Худо таълим хоҳанд ёфт”. Ва ҳар кӣ аз Падар шунида ва таълим гирифта бошад,
назди Ман меояд. 46 На ин ки касе Падарро дидааст, магар Он ки аз ҷониби Худост: Ӯ
Падарро дидааст. 47 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба Ман имон оварад,
ҳаёти абадӣ дорад. 48 Ман нони ҳаёт ҳастам. 49 Падарони шумо дар биёбон манн
хӯрданд ва мурданд; 50 валекин ин ҷо нонест, ки аз осмон фуруд омад, то ҳар кӣ аз он
хӯрад, намурад. 51 Ман ҳастам он нони зинда, ки аз осмон фуруд омад. Касе ки аз ин нон
хӯрад, то абад зинда мемонад. Ва ноне ки Ман медиҳам, ҷисми Ман аст, ки онро барои
ҳаёти ҷаҳон медиҳам».
Пайғамбар Исои Масеҳ мегуфт, ки ӯ «аз осмонҳо фаромад» ва ба ҳар касе ки ба ӯ имон
оварад, ҳаёти абадиро туҳфа мекунад. Яҳудиён, ки ин суханонро мешуниданд, тасдиқи
чунин қудратро талаб мекарданд. Исо ба пайғамбарони гузашта, ки омадан ва амалҳои
ӯро пешгӯӣ карда буданд, истинод намуд. Мо пештар аз назар гузаронда будем, ки чӣ
тавр дар Тавроти Мусо ва дар навиштаҳои пайғамбарони пас аз Мусо омадани ӯ пешгӯӣ
шудааст. Аммо «ба ӯ имон овардан» чӣ маъно дорад? Ҷавобро ба ин савол шумо дар ин
ҷо меёбед.
Исои Масеҳ на танҳо бо каломи қудрат шифо медод, балки ҳамчунин бар қувваҳои табиат
қудрат дошт. Ӯ дар таълимоти худ мефаҳмонад:
14 Чун нисфи ид гузашт, Исо ба ибодатгоҳ рафта, ба таълим додан сар кард. 15 Ва яҳудиён
ҳайрон шуда, гуфтанд: «Ин Шахс Китобро чӣ гуна медонад, дар ҳоле ки ҳаргиз таълим
наёфтааст?» 16 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Таълими Ман аз они Ман нест, балки аз они
Фиристандаи Ман аст. 17 Касе ки хости Ӯро ба амал овардан мехоҳад, дар бораи ин
таълим хоҳад донист, ки оё он аз Худост, ё ки Ман аз Худ сухан мегӯям. 18 Ҳар кӣ аз худ
сухан гӯяд, ҷалоли худро меҷӯяд; вале ҳар кӣ ҷалоли Фиристандаи Худро меҷӯяд, Ӯ
ростгӯй аст, ва дар Ӯ норостӣ нест. 19 Оё Мусо ба шумо шариатро надод? Ва касе аз шумо
аз рӯи шариат амал намекунад. Чаро мехоҳед Маро кушед?»
20 Мардум дар ҷавоб гуфтанд: «Ту дев дорӣ. Кӣ мехоҳад Туро кушад?» 21 Исо дар
ҷавоби онҳо гуфт: «Як кор кардам, ва ҳамаи шумо ҳайрон мондед. 22 Мусо ба шумо
хатнаро дод, ки он на аз Мусо, балки аз падарон буд, ва шумо касро дар рӯзи шанбе хатна
мекунед. 23 Пас агар кас дар рӯзи шанбе низ хатна мешавад, то шариати Мусо вайрон
нашавад, чаро бар Ман хашмгин мешавед, ки дар рӯзи шанбе касеро пурра шифо
додаам? 24 Аз рӯи зоҳир доварӣ накунед, балки аз рӯи ростӣ доварӣ кунед». 25 Он гоҳ
баъзе аз уршалимиён гуфтанд: «Оё ин ҳамон Касе нест, ки Ӯро мехоҳанд кушанд? 26 Инак,
Ӯ ошкоро сухан мегӯяд, ва ба Ӯ чизе намегӯянд: оё сардорон ҳақиқатан донистаанд, ки Ӯба ростӣ Масеҳ аст? 27 Лекин мо медонем, ки ин Шахс аз куҷост, аммо чун Масеҳ ояд,
Инҷили Юҳанно 7:14-44
касе намедонад, ки Ӯ аз куҷост».
28 Ва Исо ҳангоме ки дар ибодатгоҳ таълим медод, нидо карда, гуфт: «Маро
мешиносед, ва низ медонед, ки Ман аз куҷо ҳастам; ва Ман аз Худ наомадаам, вале
Фиристандаи Ман ҳақ аст, ки шумо Ӯро намешиносед. 29 Ман Ӯро мешиносам, чунки Ман
аз ҷониби Ӯ ҳастам, ва Ӯ Маро фиристодааст». 30 Он гоҳ хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале
касе даст бар Ӯ наандохт, чунки ҳанӯз соаташ нарасида буд. 31 Лекин бисёре аз мардум ба
Ӯ имон оварданд ва гуфтанд: «Оё чун Масеҳ ояд, аз ин Шахс бештар муъҷизаҳо нишон
медиҳад?» 32 Ва фарисиён шуниданд, ки мардум дар бораи Ӯ пинҳонӣ чунин мегӯянд, пас
фарисиён ва сардорони коҳинон нигаҳбононро фиристоданд, то Ӯро дастгир кунанд. 33 Ва
Исо гуфт: «Боз муддати каме Ман назди шумо ҳастам, пас аз он назди Фиристандаи Худ
меравам. 34 Шумо Маро хоҳед ҷуст ва нахоҳед ёфт; ва ба он ҷое ки Ман ҳастам, омадан
наметавонед». 35 Ва яҳудиён ба якдигар гуфтанд: «Ӯ ба куҷо рафтан мехоҳад, ки мо Ӯро
ёфтан наметавониста бошем? Оё мехоҳад назди онҳое равад, ки дар байни юнониён
пароканда ҳастанд, ва юнониёнро таълим диҳад? 36 Чист маънои суханоне ки Ӯ гуфт:
“Маро хоҳед ҷуст ва нахоҳед ёфт; ва ба он ҷое ки Ман ҳастам, омадан наметавонед”?»
37 Ва дар рӯзи охир, ки рӯзи бузурги ид буд, Исо истода, нидо карда, гуфт: «Ҳар кӣ ташна
бошад, назди Ман ояд ва нӯшад. 38 Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, чунон ки дар Китоб гуфта
шудааст, аз даруни вай дарёҳои оби ҳаёт ҷорӣ мешаванд». 39 Инро Ӯ дар бораи Рӯҳ гуфт,
ки ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, онро меёбад; зеро Рӯҳулқудс ҳанӯз дода нашуда буд, чунки
Исо ҳанӯз ҷалол наёфта буд. 40 Бисёре аз мардум ин суханро шунида, гуфтанд: «Ба ростӣ
ин Шахс ҳамон пайғамбар аст». 41 Дигарон гуфтанд: «Ин Масеҳ аст». Лекин баъзеи дигар
гуфтанд: «Магар Масеҳ аз Ҷалил меояд? 42 Оё дар Китоб гуфта нашудааст, ки Масеҳ аз
насли Довуд ва аз Байт-Лаҳм, ки деҳи Довуд буд, бояд ояд?» 43 Инак, дар бораи Ӯ дар
байни мардум ҷудоӣ афтод. 44 Баъзе аз онҳо хостанд Ӯро дастгир кунанд, лекин касе ба Ӯ
даст наандохт.
Оби ҳаёти ваъдашуда Рӯҳулқудс буд, ки дар рӯзи Пантикост фуруд омад, ва ӯ дар Рӯзи
доварӣ моро аз ҳалокат ҳифз намуда метавонад. Аммо дар аввал мо бояд ташнагии
рафънашудаамонро эътироф намоем.