Skip to content
Home » Рӯзи доварӣ: Ал-Иншиқоқ, Тур ва Масеҳ

Рӯзи доварӣ: Ал-Иншиқоқ, Тур ва Масеҳ

  • by

Сураи ал-Иншиқоқ (сураи 84) тасвир менамояд, ки чӣ тавр замину осмон дар Рӯзи доварӣ
ба ларза меоянд ва кашида ва паҳн мешаванд:

Чун осмон шикофта шавад, ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки
чунин кунад. Ва чун замин кашида ва паҳн шавад, ва ҳар чиро, ки дар дарун дорад, берун
афканад ва холӣ гардад, ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин
кунад…Эй инсон, ҳаройина, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, пас
мукофоти онро хоҳӣ дид. Ҳар кас, ки номаашро ба дасти росташ диҳанд. Пас, ба зудӣ осон
аз ӯ ҳисоб гиранд, ва шодмон назди касонаш (аҳлаш) бозгардад. Аммо ҳар кас, ки номааш
аз пушти сар дода шавад, ба зудӣ, ки бигӯяд: «Вой бар ман, ки ҳалок шудаам». Ва ба
оташи афрӯхта дарояд.

Ал-Иншиқоқ 84:1-12

Сураи ал-Иншиқоқ огоҳ мекунад, ки касоне ки китоб «ба дасти рост»-и онҳо дода
намешавад, дар он рӯз дар алангаи оташ ҳалок мешаванд.
Оё шумо дилпурона гуфта метавонед, ки китоб ба дасти ростатон дода мешавад ё аз
пушти сар?
Сураи Ат-Тур (сураи 52) кафидани замин ва азобу укубати одамонро дар Рӯзи доварӣ
муфассал тасвир мекунад

:Ҳаройина, азоби Парвардигорат ҳатман воқеъ шуданист. Ва онро дафъкунандае нест, рӯзе
ки осмон сахт бичархад, ва кӯҳҳо шитобон равон шаванд. Пас вой, дар он рӯз
бардурӯғбарорандагон…

Ат-Тур 52:7-11

Пас, онҳоро вогузор, то рӯзеро, ки дар он ба ҳалокат мерасанд, бингаранд, рӯзе, ки
макрашон ҳеҷ ба ҳолашон суд накунад ва кас ба ёрияшон барнахезад. Ҳаройина, барои
касоне, ки ситам мекунанд, боз ҳам азобест ҷуз ин азоб, вале бештаринашон намедонанд.

Ат-Тур 52:45-47

Оё боварӣ доред, ки ҳаргиз макре накардаед ва ростиро дӯрӯғ наҳисобидаед (фиреб
накардаед), то ки дар Рӯзи доварӣ устувор бимонед?
Пайғамбар Исои Масеҳ алайҳиссалом барои ёрӣ додан ба касоне омад, ки намедонанд,
ки китоби аъмолашон дар Рӯзи доварӣ чӣ гуна ба онҳо дода мешавад. Ӯ барои онҳое
омада буд, ки аз ҳеҷ ҷой ёриро интизор шуда наметавонанд. Дар Инҷил гуфта шудааст:

Боз Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Ман барои гӯсфандон дар
ҳастам. 8 Ҳамаи касоне ки омаданд, дузд ва роҳзан ҳастанд; лекин гӯсфандон ба овози
онҳо гӯш надоданд. 9 Ман дар ҳастам; ҳар кӣ ба воситаи Ман дарояд, наҷот меёбад, ва ба
даруну берун меравад, ва чарогоҳ пайдо мекунад. 10 Дузд меояд, то дуздад, кушад ва

нобуд кунад; Ман омадаам, то онҳо ҳаёт ёбанд ва онро ба фаровонӣ дошта бошанд.
11 Ман чӯпони некам. Чӯпони нек ҷони худро барои гӯсфандон фидо мекунад. 12 Лекин
шахси кирошудае ки чӯпон нест, ва гӯсфандон аз они худаш нестанд, чун бинад, ки гург
меояд, гӯсфандонро монда мегурезад; ва гург гӯсфандонро мегирад ва пароканда
мекунад. 13 Шахси кирошуда мегурезад, чунки кирошуда аст, ва ғами гӯсфандонро
намехӯрад. 14 Ман чӯпони некам. Ман гӯсфандони Худро мешиносам, ва гӯсфандонам
Маро мешиносанд, 15 чунон ки Падар Маро мешиносад ва Ман Падарро мешиносам.
Ман ҷони Худро барои гӯсфандон фидо мекунам. 16 Ман гӯсфандони дигар низ дорам, ки
аз ин оғил нестанд. Онҳоро низ бояд оварам, ва онҳо низ овози Маро мешунаванд. Он гоҳ
як рамаву як чӯпон мешаванд. 17 Аз ин сабаб Падар Маро дӯст медорад, ки Ман ҷони
Худро фидо мекунам, то онро боз ёбам. 18 Ҳеҷ кас онро аз Ман намегирад, балки Худи
Ман онро фидо мекунам. Қудрат дорам, ки онро фидо кунам, ва қудрат дорам, ки онро
боз ёбам. Ин фармударо аз Падари Худ гирифтаам».

Юҳанно 10:7-18

Пайғамбар Исои Масеҳ мегуфт, ки қудрати бузурге дорад “гӯсфандони худро” муҳофизат
кунад ва ба онҳо ҳаёт диҳад – ҳатто дар Рӯзи доварӣ. Оё ӯ дар ҳақиқат ин қудратро
дорад? Тавроти Мусо алайҳиссалом қудрати Ӯро дар асоси дар 6 рӯз офарида шудани
ҷаҳон пешгӯӣ кардааст. Баъд пайғамбарони Забур пешгӯиро бо шароити омадани ӯ пурра
намуда, нақшаи Худоро оид ба рисолати ӯ тасдиқ карданд. Аммо чӣ тавр яке аз
«гӯсфандон»-и ӯ шудан мумкин аст ва пайғамбар бо суханони «Ҷони худро барои
гӯсфандон фидо мекунам» чиро дар назар дошт? Мо инро дар ин ҷо аз назар
мегузаронем.
Таълимоти пайғамбар Исои Масеҳ аксар вақт боиси низоъ байни одамон мегардад. Дар
давоми ҳаёти заминии ӯ низ ҳамин тавр буд. Дар зер порчае аз он аст, ки баҳсе ки боиси
низоъ миёни шунавандагон гардид, бо чӣ ба охир расид

Ба сабаби ин суханон боз дар байни яҳудиён ҷудоӣ афтод. 20 Бисёре аз онҳо гуфтанд:
«Ӯ дев дорад ва аз ақл бегона аст; чаро ба суханонаш гӯш медиҳед?» 21 Дигарон гуфтанд:
«Ин суханони девзада нест. Оё дев чашми кӯронро воз карда метавонад?»
22 Зимистон буд. Дар Уршалим иди Таҷдидa барпо шуд. 23 Исо дар ибодатгоҳ, дар
айвони Сулаймонb мегашт. 24 Яҳудиён гирди Ӯро гирифта, ба Ӯ гуфтанд: «То кай моро дар
шубҳа мегузорӣ? Агар Ту Масеҳ бошӣ, ошкоро гӯй». 25 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ман ба
шумо гуфтам, ва бовар намекунед. Корҳое ки Ман ба номи Падари Худ ба ҷо меоварам,
бар Ман шаҳодат медиҳанд. 26 Лекин шумо бовар намекунед, зеро аз гӯсфандони Ман
нестед, чунон ки ба шумо гуфтам. 27 Гӯсфандони Ман ба овози Ман гӯш медиҳанд; Ман
онҳоро мешиносам, ва онҳо Маро пайравӣ мекунанд. 28 Ман ба онҳо ҳаёти абадӣ
мебахшам, ва онҳо то абад нобуд намешаванд, ва ҳеҷ кас онҳоро аз дасти Ман кашида
гирифтан наметавонад. 29 Падаре ки онҳоро ба Ман дод, аз ҳама бузургтар аст, ва ҳеҷ кас
онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирифтан наметавонад. 30 Ман ва Падар як ҳастем».
31 Боз яҳудиён санг бардоштанд, то Ӯро сангсор кунанд. 32 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Аз
ҷониби Падари Худ ба шумо бисёр корҳои нек нишон додаам. Барои кадоми онҳо Маро
сангсор мекунед?» 33 Яҳудиён дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Туро барои кори нек сангсор

намекунем, балки барои куфр, зеро Ту, ки одам ҳастӣ, Худро Худо мешуморӣ». 34 Исо ба
онҳо ҷавоб дод: «Оё дар шариати шумо навишта нашудааст: “Ман гуфтам: шумо худоён
ҳастед”?c 35 Агар онҳоеро, ки каломи Худо сӯяшон фуруд омад, худоён номидааст, ва
Китоб беэътибор шудан наметавонад, 36 пас ба Касе ки Падар Ӯро муқаддас шуморида,
ба ҷаҳон фиристод, чӣ гуна шумо мегӯед, ки “куфр мегӯӣ”, чунки гуфтам: “Писари Худо
ҳастам”? 37 Агар корҳои Падари худро ба ҷо наоварам, ба Ман бовар накунед. 38 Аммо
агар ба ҷо оварам, ҳарчанд шумо ба Ман бовар намекунед, пас ба корҳо бовар кунед, то
донед ва бовар кунед, ки Падар дар Ман аст, ва Ман дар Ӯ».
39 Он гоҳ бори дигар хостанд Ӯро дастгир кунанд; лекин Ӯ аз дасташон раҳо шуд. 40 Боз
Исо ба он тарафи Урдун, ба ҳамон ҷое ки пештар Яҳё таъмид медод, рафт ва дар он ҷо
монд. 41 Бисёр касон назди Ӯ омаданд ва гуфтанд: «Яҳё ҳеҷ муъҷизае нишон надод;
лекин ҳар он чи Яҳё дар бораи ин Шахс гуфт, рост буд». 42 Пас, бисёр касон дар он ҷо ба
Исо имон оварданд.

Юҳанно 10:19-42

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *