Skip to content

Аломати Одам – Қуръон

Аломати Одам – Таврот

(Аълоҳо) Сураи 7:19-26

19|Эй одам, туву ҳамсарат дар биҳишт макон гиред. Аз ҳар ҷо, ки хоҳед, бихӯред, вале ба ин
дарахт наздик машавед, ки дар қатори ба хеш ситамкунандагон хоҳед шуд!»
7|20|Пас шайтон он дуро васваса кард, то шармгоҳашонро, ки аз онҳо пӯшида буд, дар назарашон
ошкор кунад. Ва гуфт: «Парвардигоратон шуморо аз ин дарахт манъ кард, то мабод аз
фариштагон ё ҷобидонон шавед».
7|21|Ва барояшон савганд хӯрд, ки некхоҳи шумоям.
7|22|Ва он дуро фиребнд ва ба пастӣ андохт. Чун аз он дарахт хӯрданд, шармгоҳҳояшон ошкор
шуд ва ба пӯшидани худ бо баргҳои биҳишт сар карданд. Парпардигорашон нидо кард: «Оё
шуморо аз он дарахт манъ накарда будам ва нагуфта будам, ки шайтон ба ошкоро душмани
шумост?»
7|23|Гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, ба худ ситам кардем ва агар моро набахшӣ ва бар мо раҳмат
накунӣ, аз зиёндидагон хоҳем буд».
7|24|Гуфт: «Поён равед, баъзе душмани баъзе дигар ва то рӯзи қиёмат замин қароргоҳ ва ҷои
манфиати шумо хоҳад буд».
7|25|Гуфт: «Дар он ҷо зиндагӣ хоҳед кард ва дар он ҷо хоҳед мурд ва аз он берун оварда шавед».
7|26|Эй фарзандони Одам, барои шумо ҷомае фиристодем то шармгоҳатонро бипушад ва низ
ҷомаи зинат. Ва ҷомаи парҳезгорӣ аз хар ҷомае беҳтар аст. Ва ин яке аз оёти Худост, бошад, ки
панд гиранд.

(То Ҳо) Сураи 20: 121-123

121|Аз он дарахт хӯрданд ва шармгоҳашон дар назарашон падидор шуд. Ва ҳамчунон барги
дарахтони биҳишт бар онҳо мечаспониданд. Одам ба Парвардигори худ оси шуд ва роҳ гум кард.
20|122|Сипас Парвардигораш ӯро ихтиёр кард ва тавбаашро бипазируфт ва ҳидояташ кард.
20|123|Гуфт: «Ҳамагӣ аз он ҷо поин равед, душманони якдигар! Агар аз ҷониби Ман шуморо
роҳнамоӣ омад, ҳар кас аз он роҳнамоии Ман пайравӣ кунад, на гумроҳ мешавад ва на тирабахт.

Ҳастӣ :15–17

15Ва Худованд Худо одамро гирифт, ва ӯро дар боғи Адан гузошт, то ки кори онро бикунад ва онро нигаҳдорӣ намояд.
16Ва Худованд Худо ба одам амр фармуда, гуфт: «Аз ҳар дарахти боғ хӯрдан гир;
17Аммо аз дарахти маърифати неку бад зинҳор нахӯр; зеро рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд»

Ҳастӣ 3:1–23

1Ва мор аз ҳамаи ҳайвонҳои саҳро, ки Худованд Худо ба вуҷуд оварда буд, айёртар буд. Ва ба зан гуфт: «Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст, ки аз ҳамаи дарахтони боғ нахӯред?»
2Зан ба мор гуфт: «Аз меваи дарахтони боғ хӯрда метавонем,
3Лекин аз меваи дарахте ки дар васати боғ аст, Худо гуфт, ки нахӯред ва онро ламс накунед, мабодо бимиред».
4Мор ба зан гуфт: «Не, нахоҳед мурд;
5Балки Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд, ва шумо, монанди Худо, орифи неку бад хоҳед шуд».
Маъсият.
6Ва зан дид, ки он дарахт барои хӯрок хуб аст, ва назаррабост, ва дарахти дилпазири донишафзост; ва аз меваи он гирифта, хӯрд; ва ба шавҳари худ низ дод, ва ӯ хӯрд.
7Ва чашмони ҳар дуи онҳо воз шуд, ва донистанд, ки бараҳнаанд, ва баргҳои анҷирро ба ҳам дӯхта, лӯнгиҳо барои худ сохтанд.
Оромии рӯзи шанбе халалдор шуд; ибтидои офариниши нав.
8Ва овози Худованд Худоро шуниданд, ки дар вақти салқинии рӯз дар боғ мегашт; ва Одам ва занаш аз пеши назари Худованд Худо дар миёни дарахтони боғ пинҳон шуданд.
9Ва Худованд Худо ба Одам хитоб карда, гуфт: «Куҷоӣ ту?»
10Гуфт: «Чун овозатро дар боғ шунидам, ҳаросон шудам, зеро ки ман бараҳнаам, ва пинҳон шудам».
11Ва гуфт: «Кӣ ба ту гуфт, ки ту бараҳнаӣ? Оё аз он дарахте ки хӯрданашро ба ту манъ кардам, хӯрдаӣ?»
12Одам гуфт: «Ин зане ки ба ман додаӣ, аз меваи дарахт ба ман дод, ва ман хӯрдам».
13Ва Худованд Худо ба зан гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки кардӣ?» Зан гуфт: «Мор маро фирефта кард, ва ман хӯрдам».
Аҳди дуюми Худо бо одам:
Наҷотдиҳанда ваъда карда шуд.
14Ва Худованд Худо ба мор гуфт:
«Азбаски ин корро кардӣ,
аз ҳамаи чорпоён ва аз ҳамаи ҳайвонҳои
саҳро ту малъун бошӣ;
ту бар шикамат роҳ хоҳӣ рафт,
ва тамоми айёми умрат хок хоҳӣ хӯрд.
15Ва дар миёни ту ва зан,
ва дар миёни насли ту
ва насли вай адоват меандозам:
вай сари туро хоҳад кӯфт,
ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт».
16Ба зан гуфт:
«Ранҷи туро дар ҳомиладории ту бисьёр афзун мегардонам;
бо дард фарзандон хоҳӣ зоид;
ва иштиёқи ту ба шавҳарат хоҳад буд,
ва ӯ бар ту ҳукмронӣ хоҳад кард».
17Ва ба Одам гуфт: «Азбаски ба овози занат гӯш додӣ ва аз он дарахт хӯрдӣ, ки амр фармуда, гуфтам:
„Аз он нахӯрӣ“,
замин аз боиси ту малъун шуд;
тамоми айёми умрат аз он бо ранҷ хоҳӣ хӯрд;
18Хору хас бароят хоҳад рӯёнид;
ва алафи саҳроро хоҳӣ хӯрд.
19Ба арақи ҷабинат нон хоҳӣ хӯрд,
то даме ки ба хок баргардӣ,
ки аз он гирифта шудаӣ;
зеро ки ту хок ҳастӣ,
ва ба хок хоҳӣ баргашт».
20Ва Одам зани худро Ҳавво ном ниҳод, зеро ки вай модари ҳамаи зиндаҳо шуд.
21Ва Худованд Худо барои Одам ва зани ӯ либос аз пӯст сохт ва онҳоро пӯшонид.
22Ва Худованд Худо гуфт: «Инак, Одам мисли яке аз Мо орифи неку бад гардидааст; ва акнун мабодо дасти худро дароз кунад, ва аз дарахти ҳаёт низ гирифта хӯрад, ва то абад зинда монад».
23Ва Худованд Худо ӯро аз боғи Адан берун кард, то ки заминро, ки аз он гирифта шудааст, кор кунад.
24Ва Одамро бадар ронд, ва ба тарафи шарқии боғи Адан каррубиёнро, ва шамшери оташбори чархзанандаро гузошт, то ки роҳи дарахти ҳаётро нигаҳбонӣ кунанд.