Такрори Шариат 28:1 – 31:29
Ваъдаи баракат.
1«Ва агар ту ба овози Худованд Худои худ бодиққат гӯш андозӣ, то ки тамоми аҳкоми Ӯро, ки имрӯз ман ба ту амр мефармоям, риоя намуда, ба амал оварӣ, он гоҳ Худованд Худоят туро бар ҳамаи халқҳои замин баланд хоҳад гардонид,
2Ва ҳамаи ин баракатҳо ба ту хоҳад расид ва барои ту ба амал хоҳад омад, агар ту ба овози Худованд Худои худ гӯш андозӣ:
3Дар шаҳр ту бобаракот хоҳӣ буд ва дар саҳро ту бобаракот хоҳӣ буд.
4Меваи батни ту ва ҳосили замини ту ва самараи чорпоёни ту, зоиши говони ту ва афзоиши гӯсфандони ту бобаракот хоҳад буд.
5Сабади ту ва корсони ту бобаракот хоҳад буд.
6Ҳангоми даромадани худ ту бобаракот хоҳӣ буд ва ҳангоми баромадани худ ту бобаракот хоҳӣ буд.
7Худованд душманони туро, ки ба зидди ту қиём менамоянд, пеши ту мағлуб хоҳад кард; бо як роҳ ба зидди ту хоҳанд омад, ва бо ҳафт роҳ аз пеши ту хоҳанд гурехт.
8Худованд ба ту дар анборҳоят ва дар ҳар шуғли дастат баракат хоҳад фиристод, ва туро дар замине ки Худованд ба ту медиҳад, бобаракот хоҳад кард.
9Худованд туро барои Худ қавми муқаддас хоҳад гардонид, чунон ки ба ту қасам хӯрдааст, агар аҳкоми Худованд Худои худро риоя намуда, бо роҳҳои Ӯ равона шавӣ.
10Ва ҳамаи қавмҳои замин хоҳанд дид, ки исми Худованд бар ту хонда шудааст, ва аз ту хоҳанд тарсид.
11Ва Худованд ба ту дар меваи батнат, ва дар самараи чорпоёнат, ва дар ҳосили заминат, дар замине ки Худованд ба падаронат қасам хӯрдааст, ки ба ту бидиҳад, фаровонии зиёде хоҳад бахшид.
12Худованд барои ту ганҷинаи некӯи Худ, яъне осмонро воз хоҳад кард, то ки борони замини туро дар сари вақт биборонад ва ба ҳар шуғли дасти ту баракат диҳад, ва ту ба халқҳои бисьёр қарз хоҳӣ дод, вале худат қарз нахоҳӣ гирифт.
13Ва Худованд туро сар хоҳад кард, на дум; ва фақат баланд хоҳӣ буд, на паст, — агар ту ба аҳкоми Худованд Худои худ, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, гӯш андозӣ, ва онҳоро риоя намуда, ба ҷо оварӣ,
14Ва аз ҳамаи суханоне ки ман имрӯз ба шумо амр мефармоям, ба тарафи рост ё чап майл накунӣ, то ки худоёни дигарро пайравӣ ва ибодат намоӣ.
Огоҳӣ аз лаънатҳо.
15Валекин агар ба овози Худованд Худои худ гӯш наандозӣ, то ки тамоми аҳкому фароизи Ӯро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, риоя намуда ба амал оварӣ, — он гоҳ ҳамаи ин лаънатҳо ба ту хоҳад расид ва барои ту ба амал хоҳад омад:
16Дар шаҳр ту малъун хоҳӣ буд ва дар саҳро ту малъун хоҳӣ буд.
17Сабади ту ва корсони ту малъун хоҳад буд.
18Меваи батни ту ва ҳосили замини ту, зоиши говони ту ва афзоиши гӯсфандони ту малъун хоҳад буд.
19Ҳангоми даромадани худ ту малъун хоҳӣ буд, ва ҳангоми баромадани худ ту малъун хоҳӣ буд.
20Худованд ба ту дар ҳар шуғли дастат, ки ба амал меоварӣ, лаънат, изтироб ва мусибат хоҳад фиристод, то даме ки маҳв шавӣ, ва то даме ки ба зудӣ нест шавӣ, аз боиси бадии аъмолат, аз боиси он ки Маро тарк кардаӣ.
21Худованд ваборо ба ту хоҳад часпонид, то даме ки туро аз замине ки барои тасарруф кардани он ба он дохил мешавӣ, маҳв кунад.
22Худованд туро ба сил, таб, илтиҳоб, окила, хушксолӣ, боди самум ва ярақон гирифтор хоҳад кард; ва онҳо туро таъқиб хоҳад кард, то даме ки маҳв шавӣ.
23Ва осмони ту, ки болои сари туст, монанди мис хоҳад гардид, ва замине ки зери пои туст, — монанди оҳан.
24Худованд борони заминатро ғубор ва хок хоҳад гардонид, ва он аз осмон бар ту фурӯд хоҳад омад, то даме ки несту нобуд шавӣ.
25Худованд туро пеши душманонат мағлуб хоҳад кард; бо як роҳ ба зидди онҳо берун хоҳӣ рафт, ва бо ҳафт роҳ аз пеши онҳо хоҳӣ гурехт, ва барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшате табдил хоҳӣ ёфт.
26Ва лошаи ту барои ҳар мурғи ҳаво ва ҳайвони замин хӯрок хоҳад шуд, ва ҳеҷ кас онҳоро нахоҳад рамонид.
27Худованд туро ба обилаи Миср, захми думбалдор, ҷараб ва хоришак гирифтор хоҳад кард, ки аз онҳо наметавонӣ шифо ёбӣ.
28Худованд туро ба девонагӣ, кӯрӣ ва карахтӣ гирифтор хоҳад кард.
29Ва мисли кӯре ки дар торикӣ даст‐даст карда роҳ меравад, ту дар нимирӯзӣ даст‐дасткунон роҳ хоҳӣ рафт, ва дар роҳҳои худ муваффақият нахоҳӣ ёфт, ва тамоми айём туро ба танг хоҳанд овард ва тороҷ хоҳанд кард, — ва наҷотдиҳандае нахоҳад буд.
30Занеро номзад хоҳӣ кард, вале марди дигаре бо вай хоҳад хобид; хонае бино хоҳӣ кард, вале дар он сокин нахоҳӣ шуд; токзоре хоҳӣ шинонид, вале аз ангураш нахоҳӣ хӯрд.
31Говатро дар пеши назарат хоҳанд кушт, вале аз гӯшти он нахоҳӣ хӯрд; харатро аз пеши ту ба тороҷ хоҳанд бурд, ва он назди ту нахоҳад баргашт; гӯсфандонат ба душманони ту дода хоҳад шуд, — ва наҷотдиҳандае барои ту нахоҳад буд.
32Писаронат ва духтаронат ба қавми дигаре дода хоҳанд шуд, ва чашмонат инро хоҳад дид, ва тамоми айём ба раҳи онҳо чор хоҳад шуд, вале дидорашон барои ту дастрас нахоҳад буд.
33Ҳосили заминат ва тамоми меҳнататро қавме ки ту намешинохтӣ, хоҳанд хӯрд; ва ту тамоми айём фақат мазлум ва ситамкаш хоҳӣ буд.
34Ва ту аз он чи чашмонат мебинад, девона хоҳӣ шуд.
35Худованд зонуҳо ва соқҳои туро ба обилаи бад гирифтор хоҳад кард, ки аз он, аз кафи пой то фарқи сари худ, шифо нахоҳӣ ёфт.
36Худованд туро, ва подшоҳатро, ки бар худ таъин менамоӣ, сӯи халқе хоҳад бурд, ки варо ту ва падаронат намешинохтед; ва дар он ҷо ту худоёни дигарро, ки аз чӯб ва санг иборатанд, ибодат хоҳӣ кард.
37Ва дар миёни қавмҳое ки Худованд туро ба он ҷо хоҳад бурд, ту василаи ҳайрат, масал ва тамасхур хоҳӣ гардид.
38Тухмии зиёде ба саҳро хоҳӣ бурд, валекин андаке ҷамъ хоҳӣ кард, зеро ки малах онро хоҳад хӯрд.
39Токзорҳо шинонида, парвариш хоҳӣ кард, вале шароб нахоҳӣ нӯшид ва ангур нахоҳӣ чид, зеро ки онро кирм хоҳад хӯрд.
40Дарахтони зайтун дар тамоми ҳудуди ту хоҳад буд, вале равған ба баданат нахоҳӣ молид, зеро ки зайтуни ту норасида хоҳад рехт.
41Писарон ва духтарон ба дуньё хоҳӣ овард, вале онҳо аз они ту нахоҳанд буд, зеро ки ба асирӣ хоҳанд рафт.
42Ҳамаи дарахтонат ва маҳсули заминатро малах нобуд хоҳад кард.
43Ғарибе ки дар миёни туст, бар ту торафт баланд хоҳад шуд, ва ту торафт ба паст хоҳӣ афтод.
44Вай ба ту қарз хоҳад дод, вале ту ба вай қарз нахоҳӣ дод; вай сар хоҳад буд, вале ту дум хоҳӣ буд.
45Ва ҳамаи ин лаънатҳо бар ту хоҳад омад, ва туро таъқиб намуда, ба ту хоҳад расид, то даме ки маҳв шавӣ, зеро ки ту ба овози Худованд Худои худ гӯш надодӣ, то ки аҳкому фароизи Ӯро, ки ба ту амр фармуда буд, риоя намоӣ;
46Ва онҳо бар ту ва бар насли ту то абад аломат ва ибрат хоҳад буд.
47Азбаски ту Худованд Худои худро бо шодӣ ва дилхушӣ барои фаровонии ҳар чиз ибодат накардӣ, —
48Бинобар ин ту ба душмани худ, ки Худованд варо бар ту хоҳад фиристод, ба сабаби гуруснагӣ ва ташнагӣ ва бараҳнагӣ ва камии ҳар чиз хизмат хоҳӣ кард, дар сурате ки вай юғи оҳанин бар гардани ту хоҳад гузошт, то даме ки туро несту нобуд кунад.
49Худованд аз дурдаст, аз ақсои замин халқеро, ки мисли уқоб мепарад, бар ту хоҳад овард, — халқе ки забонашро ту нахоҳӣ фаҳмид,
50Халқи рӯйнатане ки поси хотири пиронро нигоҳ намедорад, ва ба ҷавонон раҳм намекунад;
51Ва самараи чорпоёнат ва ҳосили заминатро хоҳад хӯрд, то даме ки хонавайрон шавӣ, ба тавре ки ғалла, шираи ангур, равғани зайтун, зоиши говонат ва афзоиши гӯсфандонатро барои ту боқӣ нахоҳад гузошт, то даме ки туро маҳв созад;
52Ва туро дар ҳамаи шаҳрҳоят муҳосира хоҳад кард, то даме ки деворҳои баланд ва мустаҳками туро, ки ба онҳо таваккал менамоӣ, дар тамоми заминат хароб кунад; ва туро дар тамоми шаҳрҳоят, дар тамоми заминат, ки онро Худованд Худоят ба ту медиҳад, муҳосира хоҳад кард.
53Ва ту меваи батни худро, яъне гӯшти писаронат ва духтаронатро, ки Худованд Худоят ба ту додааст, дар муҳосира ва тангие ки душманат бар ту оварад, хоҳӣ хӯрд.
54Марди нозпарварде ки дар миёни ту ба айшу ишрат одат карда буд, чашмаш ба бародараш ва зани ҳамоғӯшаш ва бақияи фарзандонаш, ки боқӣ мемонанд, бад хоҳад шуд,
55Ба тавре ки вай ба ҳеҷ яке аз онҳо аз гӯшти фарзандони худ, ки мехӯрад, нахоҳад дод, зеро дар муҳосира ва тангие ки душманат дар ҳамаи шаҳрҳоят бар ту оварад, чизе барои вай боқӣ нахоҳад монд.
56Зани нозпарварде ки дар миёни ту ба айшу ишрат одат карда буд, ва ба сабаби айшу ишрат ва нозпарвардагӣ ҷуръат надошт кафи пояшро ба замин монад, чашмаш ба шавҳари ҳамоғӯшаш ва писараш ва духтараш бад хоҳад шуд,
57Ва низ ба ҳамроҳаке ки аз миёни пойҳояш берун меояд, ва ба писароне ки мезояд; зеро ки вай онҳоро, ба сабаби камии ҳар чиз, дар муҳосира ва тангие ки душманат дар шаҳрҳои ту бар ту оварад, ба таври пинҳонӣ хоҳад хӯрд.
58Агар ҳамаи суханони ин шариатро, ки дар ин китоб навишта шудааст, риоя намуда ба амал наоварӣ, ва аз ин исми арҷманд ва саҳмгин, яъне аз Худованд Худои худ натарсӣ, —
59Худованд ба ту ва ба насли ту зарбаҳои даҳшатангез хоҳад расонид, зарбаҳои азим ва давомдор, ва бемориҳои сахт ва давомдор;
60Ва ҳамаи дардҳои Мисрро, ки аз онҳо метарсидӣ, ба сари ту хоҳад овард, ва онҳо ба ту хоҳад часпид.
61Низ ҳар беморӣ ва зарбаеро, ки дар ин китоби шариат навишта нашудааст, Худованд ба сари ту хоҳад овард, то даме ки маҳв шавӣ.
62Ва аз шумо шумораи каме боқӣ хоҳанд монд, ва ҳол он ки шумо мисли ситорагони осмон сершумор будед; зеро ки ту ба овози Худованд Худои худ гӯш надодӣ.
Дар натиҷаи беитоатии бардавом дар рӯи замин пароканда хоҳед шуд.
63Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки чӣ тавре ки Худованд шодикунон ба шумо эҳсон намуда, шуморо афзун гардонида буд, ҳамон тавр Худованд шодикунон шуморо несту нобуд хоҳад кард, ва шумо аз замине ки барои тасарруф кардани он ба он дохил мешавед, ронда хоҳед шуд.
64Ва Худованд туро дар миёни ҳамаи қавмҳо, аз як канори замин то канори дигари замин, пароканда хоҳад кард; ва дар он ҷо ту худоёни дигарро, ки аз чӯб ва санг иборатанд, ва онҳоро ту ва падаронат намешинохтед, ибодат хоҳӣ кард.
65Ва дар миёни он халқҳо ту фароғат нахоҳӣ ёфт, ва барои кафи поят оромӣ нахоҳад буд, ва дар он ҷо Худованд ба ту дили беқарор ва чашмони чор ва ҷони пурозор хоҳад дод.
66Ва ҳаёти ту пеши назари ту ба мӯе овезон хоҳад буд, ва ту рӯзонаю шабона ҳаросон шуда, ба ҳаёти худ дилпурӣ нахоҳӣ дошт.
67Субҳгоҳон хоҳӣ гуфт: „Кошки шом мебуд!“, ва шомгоҳон хоҳӣ гуфт: „Кошки субҳ мебуд!“ — ба сабаби тарси дили худ, ки туро фаро хоҳад гирифт, ва ба сабаби рӯъёи чашмони худ, ки ту хоҳӣ дид.
68Ва туро Худованд дар киштиҳо бо роҳе ки дар бораи он ба ту гуфта будам: „Дигар ҳаргиз нахоҳед дид“, ба Миср хоҳад баргардонид; ва шумо дар он ҷо худро ба душманони худ барои ғуломӣ ва канизӣ хоҳед фурӯхт, вале харидоре нахоҳад буд».
Аз нав барқарор кардани аҳд.
1Ин аст суханони аҳде ки Худованд ба Мусо амр фармуд, ки бо банӣ‐Исроил дар замини Мӯоб бибандад, ғайр аз он аҳде ки бо онҳо дар Ҳӯриб баста буд.
2Ва Мусо тамоми Исроилро хонда, ба онҳо гуфт: «Ҳар он чиро, ки Худованд пеши назари шумо дар замини Миср ба фиръавн ва ҳамаи бандагонаш ва тамоми заминаш ба амал овард, шумо дидаед:
3Он имтиҳонҳои бузургро, ки чашмони шумо дид, он аломот ва мӯъҷизоти азимро;
4Валекин Худованд диле барои донистан ва чашмон барои дидан ва гӯшҳо барои шунидан то имрӯз ба шумо надодааст.
5Ва ман шуморо чил сол дар биёбон бурдам; либоси шумо бар танатон ҷиғда‐ҷиғда нашуд, ва кафшатон бар поятон пора нашуд.
6Нон нахӯрдед ва бӯза нанӯшидед, то бидонед, ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам.
7Ва ба ин макон расидед, ва Сиҳӯн, подшоҳи Ҳешбӯн, ва Ӯҷ, подшоҳи Бошон, ба истиқболи мо барои ҷанг берун омаданд, ва мо онҳоро торумор кардем.
8Ва замини онҳоро гирифта, ба реубениён ва ҷодиён ва нисфи сибти менашшеиён ҳамчун мулк додем.
9Пас, суханони ин аҳдро риоя намоед ва онҳоро ба ҷо оваред, то ки дар ҳар чи мекунед, муваффақият ба даст оваред.
10Имрӯз ҳамаи шумо ба ҳузури Худованд Худои худ истодаед, яъне сардорони шумо, сибтҳои шумо, пирони шумо ва нозирони шумо, ҳамаи мардони Исроил,
11Кӯдакони шумо, занони шумо, ва ғарибе ки андаруни ӯрдугоҳи шумост, аз ҳезумкафони ту гирифта то машкоби ту, —
12То ки ба аҳди Худованд Худои худ ва ба савгандномаи Ӯ, ки Худованд Худоят имрӯз бо ту мебандад, дохил шавӣ,
13То ки Ӯ туро имрӯз қавми Худ таъин намояд, ва Ӯ Худои ту бошад, чунон ки Ӯ ба ту гуфтааст, ва чунон ки ба падаронат Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрдааст.
14Ва на танҳо бо шумо ман ин аҳд ва ин савгандномаро мебандам,
15Балки ҳам бо онҳое ки имрӯз ҳамроҳи мо ба ҳузури Худованд Худои мо истодаанд, ва ҳам бо онҳое ки имрӯз дар ин чо ҳамроҳи мо нестанд.
16Зеро шумо медонед, ки чӣ гуна мо дар замини Миср умр ба сар мебурдем, ва чи гуна мо аз миёни халқҳое ки шумо убур намудед, гузаштем.
17Ва шумо қабоҳатҳо ва бутҳои онҳоро, ки иборат аз чӯб ва санг, ва нуқра ва тилло дар миёни онҳо буд, дидед.
18Мабодо дар миёни шумо мард ё зан, ё қабила ё сибте бошад, ки дилаш имрӯз аз Худованд Худои мо гардад, то ки рафта, худоёни он халқҳоро ибодат намояд; мабодо дар миёни шумо решае бошад, ки заҳр ва явшон ба вуҷуд оварад, —
19Ва ҳангоме ки вай суханони ин савгандномаро бишнавад, дар дили худ худро баракат дода, гӯяд: „Бо вуҷуди он ки дар сахтии дили худ рафтор менамоям, то ки сероб ва ташнаро якҷоя нобуд кунам, ман саломат хоҳам монд“, —
20Худованд варо нахоҳад омурзид, балки он вақт ғазаби Худованд ва рашки Ӯ бар он кас аланга хоҳад зад, ва тамоми лаънате ки дар ин китоб навишта шудааст, ба сари вай хоҳад омад, ва Худованд номи варо аз зери осмон маҳв хоҳад кард;
21Ва Худованд варо аз ҳамаи сибтҳои Исроил барои ҳалокат ҷудо хоҳад кард, бар тибқи ҳамаи лаънатҳои аҳде ки дар ин китоби шариат навишта шудааст.
22Ва насли баъдина, яъне фарзандони шумо, ки баъд аз шумо пайдо хоҳанд шуд, ва аҷнабиёне ки аз замини дурдаст хоҳанд омад, ҳангоме ки мусибатҳои ин замин ва вабоҳоеро, ки Худованд ба сари он меоварад, бубинанд, хоҳанд гуфт:
23„Тамоми замин сӯхта, ба кибрит ва шӯра табдил ёфтааст, кишт карда намешавад, ва ҳосиле намерӯёнад, ва ҳеҷ як алафе дар он намесабзад, монанди табаддулоти Садӯм ва Амӯро, Адмо ва Сабӯим, ки онҳоро Худованд дар хашм ва ғазаби худ вожгун карда буд“.
24Ва ҳамаи халқҳо хоҳанд гуфт: „Аз чӣ сабаб Худованд ба ин замин чунин амал кардааст? Шиддати ин ғазаби азим аз чӣ сабаб аст?“
25Ва хоҳанд гуфт: „Аз он сабаб аст, ки онҳо аҳди Худованд Худои падарони худро, ки дар вақти берун овардани онҳо аз замини Миср бо онҳо баста буд, тарк карданд,
26Ва рафта, худоёни дигарро ибодат карданд ва ба онҳо саҷда бурданд, — худоёнеро, ки намешинохтанд, ва Ӯ насибаи онҳо нагардонида буд;
27Бинобар ин хашми Худованд бар ин замин аланга зад, ва Ӯ тамоми лаънатеро, ки дар ин китоб навишта шудаст, бар он овард;
28Ва Худованд онҳоро бо ғазаб ва хашм ва қаҳри азим аз заминашон решакан карда, ба замини дигаре партофт, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст“.
29Чизҳои ниҳонӣ аз они Худованд Худои мост, ва чизҳои ошкор то абад аз они мо ва фарзандони мост, то ки ҳамаи суханони ин шариатро ба амал оварем.
Мусо ба тавбакунандагон эҳсон ваъда медиҳад.
1Ва ҳангоме ки ҳамаи ин суханон, яъне баракат ва лаънате ки ба ту пешниҳод намудам, ба сари ту ояд, ва ту онҳоро дар миёни ҳамаи халқҳое ки туро Худованд Худоят ба он ҷо пароканда созад, дар дили худ ҷой диҳӣ,
2Ва сӯи Худованд Худои худ руҷӯъ намоӣ, ва ту ҳамроҳи фарзандонат, мувофиқи ҳар он чи ман имрӯз ба ту амр мефармоям, бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ ба овози Ӯ гӯш андозӣ, —
3Он гоҳ Худованд Худоят асирони туро хоҳад баргардонид, ва ба ту раҳм хоҳад намуд, ва аз нав туро аз миёни ҳамаи қавмҳое ки Худованд Худоят туро ба он ҷо пароканда созад, ҷамъ хоҳад кард.
4Ҳатто агар парокандагии ту то ақсои осмон бошад, аз он ҷо туро Худованд Худоят ҷамъ хоҳад кард ва аз он ҷо туро хоҳад гирифт,
5Ва туро Худованд Худоят ба замине ки падаронат тасарруф карда буданд, хоҳад овард, ва ту онро тасарруф хоҳӣ кард, ва Ӯ ба ту марҳамат намуда, туро бештар аз падаронат афзун хоҳад гардонид.
6Ва Худованд Худоят дили ту ва дили насли туро махтун хоҳад кард, то ки Худованд Худои худро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ дӯст дошта, зинда бимонӣ.
7Ва Худованд Худоят ҳамаи ин лаънатҳоро бар сари душманон ва бадхоҳони ту, ки туро таъқиб мекарданд, хоҳад овард.
8Ва ту баргашта, ба овози Худованд гӯш хоҳӣ дод, ва тамоми аҳкоми Ӯро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, ба амал хоҳӣ овард.
9Ва Худованд Худоят ба ту дар ҳар амали дастат, дар меваи батнат, ва дар зоиши чорпоёнат, ва дар ҳосили заминат ба некӯӣ комьёбии зиёде хоҳад бахшид, зеро Худованд аз нав дар бораи ту ба некӯӣ шодӣ хоҳад кард, чунон ки дар бораи падаронат шодӣ мекард,
10Агар ту ба овози Худованд Худои худ гӯш андохта, аҳком ва фароизи Ӯро, ки дар ин китоби шариат навишта шудааст, риоя намоӣ, ва агар ту бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ сӯи Худованд Худои худ баргардӣ.
Огоҳии охирин.
11Зеро ки аҳкоме ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, барои ту дастнорас нест, ва дур нест.
12Он дар осмон нест, ки бигӯӣ: „Кист, ки барои мо ба осмон сууд намуда, онро барои мо бигирад, ва онро ба мо бишнавонад, то ки онро ба амал оварем?“
13Ва он дар он тарафи баҳр нест, ки бигӯӣ: „Кист, ки барои мо ба он тарафи баҳр убур намуда, онро барои мо бигирад, ва онро ба мо бишнавонад, то ки онро ба амал оварем?“
14Балки ин чиз бағоят ба ту наздик аст, он дар даҳон ва дили туст, то ки онро ба амал оварӣ.
15Инак, ман имрӯз ба ту ҳаёт ва некӯӣ, ва мамот ва бадиро пешниҳод кардам,
16Ва ман имрӯз ба ту амр мефармоям, ки Худованд Худои худро дӯст бидорӣ, бо роҳҳои Ӯ равона шавӣ, ва аҳком ва фароиз ва дастуроти Ӯро риоя намоӣ, то ки зинда монда афзун шавӣ, ва туро Худованд Худоят дар замине ки барои тасарруф кардани он ба он дохил мешавӣ, баракат диҳад.
17Валекин агар дили ту гардад, ва ту гӯш надиҳӣ, ва гумроҳ шуда, ба худоёни дигар саҷда барӣ ва онҳоро ибодат намоӣ, —
18Пас, имрӯз ман шуморо огоҳ мекунам, ки ҳатман талаф хоҳед шуд, ва дар замине ки аз Урдун убур карда, ба он дохил мешавед, то ки онро тасарруф намоед, умри дароз нахоҳед дид.
19Имрӯз осмон ва заминро ман пеши шумо ба шоҳидӣ даъват менамоям, ки ҳаёт ва мамотро, яъне баракат ва лаънатро ба шумо пешниҳод кардам; пас, ҳаётро ихтиёр намо, то ки ту бо насли худ зинда бимонӣ,
20Худованд Худои худро дӯст бидорӣ, ба овози Ӯ гӯш диҳӣ ва ба Ӯ бичаспӣ, зеро ки Ӯ ҳаёти ту ва дарозии умри туст, то ки ту дар замине ки худованд ба падаронат Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрдааст, ки онро ба онҳо бидиҳад, сукунат намоӣ»
Мусо ба коҳинон, левизодагон ва Еҳушаъ ибни Нун дастуроти охирин медиҳад.
1Ва Мусо рафта, ин суханонро ба тамоми банӣ‐Исроил баён кард,
2Ва ба онҳо гуфт: «Ман имрӯз саду бистсола шудаам, дигар ёрои баромадан ва даромадан надорам, ва Худованд ба ман гуфтааст: „Ту аз ин Урдун убур нахоҳӣ кард“.
3Худованд Худоят Худаш пешопеши ту убур хоҳад намуд, Худаш ин халқҳоро аз пеши ту маҳв хоҳад кард, то ки ту онҳоро зердаст намоӣ; Еҳушаъ пешопеши ту убур хоҳад намуд, чунон ки Худованд гуфтааст.
4Ва Худованд ба онҳо ончунон амал хоҳад кард, чунон ки ба Сиҳӯн ва Ӯҷ, подшоҳони амӯриён, ва ба замини онҳо амал карда, онҳоро маҳв намуд.
5Ва Худованд онҳоро ба дасти шумо хоҳад супурд, ва шумо ба онҳо мувофиқи тамоми аҳкоме ки ман ба шумо амр фармудаам, амал намоед.
6Кавӣ ва далер бошед, аз онҳо натарсед ва ҳаросон нашавед, зеро ки Худованд Худоят Худаш бо ту меравад; Ӯ аз ту даст нахоҳад кашид ва туро тарк нахоҳад кард».
7Ва Мусо Еҳушаъро хонда, пеши назари тамоми Исроил ба вай гуфт: «Қавӣ ва далер бош, зеро ки ту бо ин қавм ба замине ки Худованд ба падаронашон қасам хӯрдааст, ки ба онҳо бидиҳад, дохил хоҳӣ шуд, ва ту онро ба онҳо ҳамчун мулк тақсим хоҳӣ кард.
8Ва Худованд Худаш пешопеши ту меравад, Ӯ бо ту хоҳад буд, аз ту даст нахоҳад кашид ва туро тарк нахоҳад кард; натарс ва ҳаросон нашав».
9Ва Мусо ин шариатро навишт, ва онро ба коҳинони банӣ‐Левӣ, ки сандуқи аҳди Худовандро мебардоштанд, ва ба пирони Исроил дод.
10Ва Мусо ба онҳо амр фармуда, гуфт: «Дар соли ҳафтум, дар вақти соли муоф, дар иди хаймаҳо,
11Ҳангоме ки тамоми Исроил биёянд, то ки ба ҳузури Худованд Худои ту дар маконе ки Ӯ баргузинад, ҳозир шаванд, ин шариатро пеши тамоми Исроил хонда, ба самъи онҳо бирасон.
12Қавмро — мардон ва занон ва кӯдакон, ва ғарибонеро, ки дар шаҳрҳои ту мебошанд, — ҷамъ кун, то ки бишнаванд ва таълим гиранд ва аз Худованд Худои шумо битарсанд, ва ҳамаи суханони ин шариатро риоя намуда, ба амал оваранд.
13Ва писарони онҳо, ки инро намедонанд, бишнаванд ва таълим гиранд, то ки аз Худованд Худои шумо битарсанд, дар тамоми айёме ки шумо дар замине ки барои тасарруф кардани он аз Урдун убур менамоед, умр ба сар хоҳед бурд».
Дастуроти Худованд ба Мусо ва Еҳушаъ ибни Нун.
14Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инак, айёми мурдани ту наздик аст; Еҳушаъро бихон, ва дар хаймаи ҷомеъ ҳозир шавед, то ки ба вай дастурот диҳам». Ва Мусо ва Еҳушаъ рафта, дар хаймаи ҷомеъ ҳозир шуданд.
15Ва Худованд андаруни сутуни абр дар хайма зоҳир шуд; ва сутуни абр бар дари хайма истод.
16Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инак, ту бо падаронат мехобӣ, ва ин кавм бархоста, худоёни бегонаи заминеро, ки ба он ҷо дар миёни онҳо мераванд, зинокорона пайравӣ хоҳанд намуд, ва Маро тарк карда, аҳдеро ки бо онҳо бастаам, хоҳанд шикаст;
17Ва ғазаби Ман бар онҳо дар он рӯз аланга зада, онҳоро тарк хоҳам кард, ва рӯи Худро аз онҳо пинҳон хоҳам дошт, ва онҳо талаф хоҳанд шуд, ва бадиҳо ва кулфатҳои зиёде ба сари онҳо хоҳад омад; ва дар он рӯз онҳо хоҳанд гуфт: „Азбаски Худои мо дар миёни мо нест, ин бадиҳо ба сари мо омадааст“.
18Вале Ман рӯи Худро дар он рӯз албатта пинҳон хоҳам дошт, ба сабаби тамоми бадие ки онҳо ба амал оварданд, вақте ки ба худоёни дигар руҷӯъ карданд.
19Ва алҳол ин сурудро барои худ бинависед, ва ту онро ба банӣ‐Исроил таълим дода, дар даҳонашон бимон, то ки ин суруд барои Ман шаҳодате бар банӣ‐Исроил бошад,
20Зеро ки Ман онҳоро, чунон ки ба падаронашон қасам хӯрдаам, ба замине дохил мекунам, ки шир ва асал дар он ҷорист, ва онҳо хӯрда, сер ва фарбеҳ хоҳанд шуд, ва ба худоёни дигар руҷӯъ намуда, онҳоро ибодат хоҳанд кард, ва Маро ба хашм оварда, аҳди Маро хоҳанд шикаст.
21Ва ҳангоме ки бадиҳо ва кулфатҳои зиёд ба сари онҳо биёяд, ин суруд мисли шаҳодате бар онҳо гувоҳӣ хоҳад дод, зеро ки он аз даҳони насли онҳо фаромӯш нахоҳад шуд; чунки Ман иштиёқи онҳо, ва он чиро, ки онҳо имрӯз мекунанд, медонам, пеш аз он ки онҳоро ба замине ки дар бораи он қасам хӯрдаам, дохил кунам».
22Ва Мусо ин сурудро дар он рӯз навишт, ва онро ба банӣ‐Исроил таълим дод.
23Ва Худованд ба Еҳушаъ ибни Нун амр фармуда, гуфт: «Қавӣ ва далер бош, зеро ки ту банӣ‐Исроилро ба замине ки дар бораи он ба онҳо қасам хӯрдаам, дохил хоҳӣ кард, ва Ман бо ту хоҳам буд».
24Ва ҳангоме ки Мусо навиштани суханони ин шариатро дар китоб комилан ба анҷом расонид,
25Мусо ба левизодагоне ки сандуқи аҳди Худовандро мебардоштанд, амр фармуда, гуфт:
26«Ин китоби шариатро бигиред, ва онро дар паҳлуи сандуқи аҳди Худованд Худои худ бимонед, то ки он дар он ҷо шаҳодате бар ту бошад.
27Зеро ки ман балвогарӣ ва гарданкашии туро медонам; инак, имрӯз, ки ман ҳанӯз бо шумо зинда ҳастам, шумо ба Худованд балво мебардоштед; алалхусус баъд аз мурдани ман!
28Ҳамаи пирони сибтҳои худ ва нозирони худро назди ман ҷамъ кунед, то ки ин суханонро ба самъи онҳо бирасонам, ва осмону заминро бар онҳо барои шоҳидӣ даъват намоям.
29Зеро медонам, ки шумо, баъд аз мурдани ман тамоман фосид гардида, аз роҳе ки ба шумо амр фармудаам, дур хоҳед шуд, ва дар охири айём бадӣ бар шумо хоҳад омад, зеро ки он чи дар назари Худованд бад аст, ба амал хоҳед овард, то ки Ӯ ро бо аъмоли дасти худ ба хашм оваред»
.