Skip to content

Дар бораи рӯзи мусолиҳа.

1Ва Худованд ба Мусо баъд аз мурдани ду писари Ҳорун, ки ба ҳузури Худованд наздик омаданд ва мурданд, сухан ронда, гуфт;
2Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба бародарат Ҳорун бигӯ, ки дар қудс ба пушти пардае ки пеши сарпӯши сандуқ аст, ҳар вақт дохил нашавад, то ки намирад, зеро ки Ман андаруни абр бар сарпӯш зоҳир хоҳам шуд.
3Бо ин чизҳо Ҳорун бояд ба қудс дохил шавад: бо гӯсолае барои қурбонии гуноҳ ва бо қӯчқоре барои қурбонии сӯхтанӣ.
4Бигзор пероҳани катони муқаддасро дар бар кунад, ва эзори катон бар баданаш бошад, ва камарбанди катонро бибандад, ва аммомаи катонро бипӯшад: инҳо либосҳои муқаддас аст; ва бадани худро дар об ғусл дода, онҳоро дар бар кунад.
5Ва аз ҷамоати банӣ‐Исроил бигзор ду нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ва як қӯчқор барои қурбонии сӯхтанӣ бигирад.
6Ва Ҳорун гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худи ӯст, тақдим карда, худаш ва аҳли байташро кафорат менамояд;
7Ва ду нарбузро мегирад, ва онҳоро ба ҳузури Худованд, назди дари хаймаи ҷомеъ мегузорад.
8Ва Ҳорун бар он ду нарбуз қуръа мепартояд: як қуръа барои Худованд, ва як қуръа барои Азозил.
9Ва Ҳорун нарбузеро, ки қуръа барои Худованд бар он баромадааст, наздик меоварад, ва онро барои қурбонии гуноҳ тақдим менамояд.
10Ва нарбузеро, ки куръа барои Азозил бар он баромадааст, дар ҳолати зинда ба ҳузури Худованд мегузорад, то ки бар он кафорат намояд ва онро барои Азозил ба биёбон бифиристад.
11Ва Ҳорун гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худи ӯст, наздик меоварад, ва худаш ва аҳли байташро кафорат менамояд; ва ин гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худи ӯст, забҳ мекунад,
12Ва маҷмари пур аз лахчаҳои оташро аз болои қурбонгоҳе ки дар ҳузури Худованд аст, ва ду мушт бухури муаттари сударо гирифта, ба пушти парда медарояд;
13Ва бухурро бар оташ ба ҳузури Худованд мемонад, ва абри бухур сарпӯшеро, ки бар алвоҳи шаҳодат аст, мепӯшонад, то ки ӯ намирад;
14Ва аз хуни гӯсола гирифта, бо ангушташ ба тарафи шарқии сарпӯш мепошад, ва пеши сарпӯш ҳафт карат аз он хун бо ангушташ мепошад;
15Ва нарбузи қурбонии гуноҳро, ки барои қавм аст, забҳ мекунад, ва хуни онро ба пушти парда меоварад, ва бо хунаш ончунон амал мекунад, ки бо хуни гӯсола амал карда буд, ва онро бар сарпӯш ва пеши сарпӯш мепошад;
16Ва қудсро аз нопокиҳои банӣ‐Исроил ва аз ҷиноятҳои онҳо, ки дар ҳамаи гуноҳҳои онҳост, кафорат менамояд; ва бо хаймаи ҷомеъ низ, ки бо онҳо дар миёни нопокиҳои онҳо сокин аст, чунин амал мекунад.
17Ва ҳеҷ кас набояд дар хаймаи ҷомеъ бошад, аз вақте ки ӯ барои кафорат кардан ба қудс дохил мешавад, то вақте ки берун меояд; ва ҳамин тавр ӯ худаш, аҳли байташ ва тамоми ҷамоати Исроилро кафорат менамояд;
18Ва назди қурбонгоҳе ки дар ҳузури Худованд аст, берун омада, онро кафорат менамояд, яъне аз хуни гӯсола ва аз хуни нарбуз гирифта, бар шохҳои қурбонгоҳ гирдогирд мемолад;
19Ва бар он аз хун бо ангушташ ҳафт карат мепошад, ва онро аз нопокиҳои банӣ‐Исроил пок мегардонад ва тақдис менамояд;
20Ва кафорати қудс ва хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳро ба анҷом расонида, нарбузи зиндаро наздик меоварад.
21Ва Ҳорун ду дасти худро бар сари нарбузи зинда мемонад, ва бар он ҳамаи хатоҳои банӣ‐Исроил ва ҳамаи ҷиноятҳои онҳо ва ҳамаи гуноҳҳои онҳоро эътироф менамояд, ва онҳоро бар сари нарбуз мегузорад, ва онро ба воситаи шахси махсус ба биёбон мефиристонад.
22Ва нарбуз ҳамаи гуноҳҳои онҳоро бар худ бардошта, ба замини харобазор мебарад; ва он шахс нарбузро дар биёбон сар медиҳад.
23Ва Ҳорун ба хаймаи ҷомеъ дохил мешавад, ва либосҳои катонро, ки ҳангоми дохил шудан ба қудс пӯшида буд, мекашад, ва онҳоро дар он ҷо мемонад;
24Ва бадани худро дар макони муқаддас дар об ғусл медиҳад, ва либосҳои худро мепӯшад, ва берун омада, қурбонии сӯхтании худаш ва қурбонии сӯхтании қавмро тақдим мекунад, ва худаш ва қавмро кафорат менамояд;
25Ва чарбуи қурбонии гуноҳро бар қурбонгоҳ месӯзонад.
26Ва он шахс, ки нарбузро барои Азозил бурдааст, бояд либосҳои худро бишӯяд, ва бадани худро дар об ғусл диҳад, ва баъд аз он метавонад ба ӯрдугоҳ дохил шавад.
27Ва гӯсолаи қурбонии гуноҳ ва нарбузи қурбонии гуноҳро, ки хунашон барои кафорат ба қудс дароварда шуда буд, бигзор аз ӯрдугоҳ берун оваранд, ва пӯсти онҳо ва гӯшти онҳо ва саргини онҳоро дар оташ бисӯзонанд.
28Ва он шахс, ки онҳоро месӯзонад, бояд либосҳои худро бишӯяд, ва бадани худро дар об ғусл диҳад, ва баъд аз он метавонад ба ӯрдугоҳ дохил шавад.
29Ва бигзор ин барои шумо фаризаи абадӣ бошад: дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи даҳуми моҳ, ҷонҳои худро бо рӯза азият диҳед ва ҳеҷ коре накунед, — ҳам тубҷоиён ва ҳам ғарибоне ки дар миёни шумо маскан гирифта бошанд.
30Зеро ки дар ин рӯз коҳин шуморо кафорат менамояд, то ки шуморо аз хамаи гуноҳҳотон пок гардонад: шумо ба хузури Худованд пок хоҳед шуд.
31Ин шанбеи оромист барои шумо, ва шумо ҷонҳои худро бо рӯза азият диҳед: ин фаризаи абадист.
32Ва кафоратро бояд коҳине ба амал оварад, ки ӯро тадҳин намуда, баргумошта бошанд, то ки ба ҷои падараш каҳонат намояд; ва ӯ либосҳои катон, яъне либосҳои муқаддас дар бар мекунад,
33Ва қудси қудсҳоро кафорат менамояд, ва хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳро низ кафорат менамояд, ва коҳинон ва тамоми ҷамоати қавмро кафорат менамояд.
34Ва ин барои шумо фаризаи абадӣ хоҳад буд, то ки банӣ‐Исроил аз ҳамаи гуноҳҳошон соле як карат кафорат карда шаванд». Ва Ҳорун ончунон, ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ба амал овард.