Skip to content

Фармон дар бораи модагови сурх.

1Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:
2«Ин аст фаризаи шариат, ки Худованд амр фармуда, мегӯяд: ба банӣ‐Исроил бигӯ, ки модагови сурхи комиле ки айбе надошта бошад, ва юғ бар гарданаш гузошта нашуда бошад, назди ту биёранд.
3Ва онро ба Элъозори коҳин бидиҳед, ва ӯ онро аз ӯрдугоҳ берун меоварад, ва онро ба ҳузури ӯ мекушанд.
4Ва бигзор Элъозори коҳин бо ангушти худ аз хуни он гирифта, ба тарафи пеши хаймаи ҷомеъ ҳафт карат он хунро бипошад.
5Ва модаговро пеши назари ӯ месӯзонанд: бигзор пӯсти он ва гӯшти он ва хуни он бо якҷоягии саргини он сӯзонида шавад.
6Ва бигзор коҳин чӯби арз ва зуфо ва риштаи қирмиз гирифта, бар оташи модагов партояд;
7Ва коҳин либосашро бишӯяд ва баданашро дар об ғусл диҳад, ва баъд аз он ба ӯрдугоҳ биёяд, ва коҳин то шом наҷис хоҳад буд.
8Ва касе ки онро сӯзонидааст, бигзор либосашро бо об бишӯяд, ва баданашро дар об ғусл диҳад, ва то шом наҷис хоҳад буд.
9Ва бигзор шахси поке хокистари модаговро ҷамъ карда, берун аз ӯрдугоҳ дар макони поке бимонад, ва он аз баҳри ҷамоати банӣ‐Исроил барои оби поккунанда нигоҳ дошта хоҳад шуд: ин пок кардан аст аз гуноҳ.
10Ва касе ки хокистари модаговро ҷамъ кардааст, бигзор либосашро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд. Ва бигзор ин барои банӣ‐Исроил ва барои ғарибе ки дар миёни онхо сукунат дорад, фаризаи доимӣ бошад.
11Касе ки ба ҷасади мурдаи ҳар одаме мерасад, ҳафт рӯз наҷис хоҳад буд.
12Вай бояд худро дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум бо он пок гардонад, ва он гоҳ пок хоҳад буд; вале агар худро дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум пок нагардонад, пок нахоҳад буд.
13Ҳар касе ки ба мурдае, ба ҷасади одаме ки мурдааст, расида, худро пок нагардонида бошад, маскани Худовандро палид месозад, ва он кас аз миёни Исроил маҳв хоҳад шуд; зеро ки оби поккунанда бар вай пошида нашудааст, аз ин рӯ вай нопок аст, яъне нопокии вай ҳанӯз бар вай боқист.
14Ин аст шариат: агар касе дар хайма бимирад, ҳар кӣ ба он хайма дарояд, ва ҳар чи дар он хайма бошад, ҳафт рӯз наҷис хоҳад буд.
15Ва ҳар зарфи кушода, ки сарпӯшаш бар он маҳкам карда нашуда бошад, наҷис хоҳад буд.
16Ва ҳар кӣ дар саҳро ба ҷасади каси бо шамшер кушташуда, ё бо аҷали худ мурда, ё ба устухони одамизод, ба қабри вай мерасад, ҳафт рӯз наҷис хоҳад буд.
17Ва бигзор барои шахси наҷис аз хокистари он қурбонии аз баҳри гуноҳ сӯзонидашуда бигиранд, ва оби равон бар он дар зарфе бирезанд;
18Ва шахси поке зуфо гирифта, дар он об биғӯтонад, ва бар хайма ва бар тамоми коло ва бар касоне ки дар он буданд, ва бар шахсе ки ба устухон, ё ба мақтул, ё ба ҷасади мурда, ё ба қабр расидааст, бипошад;
19Ва шахси пок бар шахси наҷис дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум бипошад, ва дар рӯзи ҳафтум ӯро пок гардонад, ва он гоҳ ӯ либосашро мешӯяд, ва дар об ғусл мекунад, ва шомгоҳ пок хоҳад буд.
20Вале агар касе наҷис шуда, худро пок нагардонад, он кас аз миёни ҷамоат маҳв хоҳад шуд, зеро ки вай қудси Худовандро палид кардааст: оби поккунанда бар вай пошида нашудааст, вай наҷис аст.
21Ва бигзор ин барои онҳо фаризаи доимӣ бошад; ва касе ки оби поккунанда пошидааст, бигзор либосашро бишӯяд; ва касе ки ба оби поккунанда расидааст, то шом наҷис хоҳад буд.22Ва ҳар чизе ки шахси наҷис ба он расида бошад, наҷис хоҳад буд, ва касе ки ба он бирасад, то шом наҷис хоҳад буд».