Аломати Иброхим (Кисми 2) – Куръон | Аломати Иброҳим (Қисми 2) – Таврот |
Сураи 37: 83-84,99-101 (Сафот) 83. |Иброҳим аз пайравони ӯ буд. 84. Он гоҳ ки бо диле холи аз шубҳа рӯй ба Парвардигораш овард. 99. 99|Гуфт: «Ман ба сӯи Парвардигорам меравам. Ӯ маро роҳнамоӣ хоҳад кард. 100. 100|Эй Парвардигори ман, маро фарзанде солеҳ ато кун!» 101.101|Пас ӯро ба писаре бурдбор хушхабар додем. |
Ҳастӣ 15: 1-6
Иҷрои аҳд: ваъда кардани насли рӯҳонӣ.
1Баъд аз ин ҳодисаҳо каломи Худованд дар рӯъё ба Абром расида, гуфт:
«Натарс, эй Абром;
Ман сипари ту ҳастам;
музди ту бағоят бузург аст».
2Ва Абром гуфт: «Худоё Худовандо! Ба ман чӣ медиҳӣ? Ва ман бефарзанд меравам; ва Алиазари димишқӣ хонаи маро идора мекунад».
3Ва Абром гуфт: «Инак, ба ман насл надодӣ, ва инак, хоназодам вориси ман аст».
4Ва дарҳол каломи Худованд ба ӯ даррасида, гуфт: «Ин вориси ту нахоҳад буд, балки он ки аз камари ту барояд, вориси ту хоҳад буд».
5Ва ӯро берун оварда, гуфт: «Ба осмон назар кун, ва ситорагонро бишумур, агар онҳоро шумурда тавонӣ». Ва ба ӯ гуфт: «Насли ту ҳамин қадар хоҳад шуд».
6Ва ба Худованд имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд.
|