Skip to content

Сураи 7:80-83.

Ибтидо 19: 1-26
80. |Ва Лутро фиристодем. Он гоҳ ба қавми худ гуфт: «Чаро коре зишт мекунед, ки ҳеҷ кас аз
мардуми Ҷаҳон пеш аз шумо накардааст?

81. |Шумо ба ҷои занон бо мардон шаҳват меронед. Шумо мардуме таҷовузкор ҳастед».

82. Ҷавоби қавми ӯ ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Онҳоро аз деҳаи худ биронед, ки онон мардуме
ҳастанд, ки аз кори мо безорӣ меҷӯянд!

83. Лут ва хонадонашро наҷот додем. Ғайри занаш, ки бо дигарон дар шаҳр монд.

84. Бар онҳо бороне боридем, бингар, ки оқибати муҷримон чӣ гуна буд!

Сураи 11:77-83 (Худ)

77.|Чун расулони Мо назди Лут омаданд, Лут андӯҳгину дилтанг шуд ва гуфт: «Имрӯз рӯзи
сахтест».

78. Ва қавмаш шитобон назди ӯ омаданд ва онон пеш аз ин муртакиби корҳои зишт мешуданд.
Лут гуфт: «Эй қавми ман, инҳо духтарони ман ҳастанд. Барои Шумо покизатаранд. Аз Худо
битарсед ва моро дар баробари меҳмононам ҳиҷил макунед. Оё марди хирадманде дар миёни
шумо нест?»

79. Гуфтаь: д: «Ту худ медонӣ, ки моро ба духтарони ту ниёзе нест ва низ медонӣ, ки чӣ
мехоҳем».

80.80|Лут гуфт: «Кош дар баробари шумо қудрате медоштам ва метавонистам ба такягоҳе устувор
паноҳ бибарам!»

81. 81|Гуфтанд: «Эй Лут, мо расулони Парвардигори ту ҳастем! Инҳо ҳаргиз ба ту даст нахоҳанд
ёфт. Чун посе аз шаб бигзарад, хонадони худро берун бибар. Ва ҳеҷ як аз шумо рӯй
барнагардонад, ҷуз занат, ки ба ӯ низ он чӣ ба онҳо расад, хоҳад расид. Ваъдаи онҳо субҳгоҳ аст.
Оё субҳ наздик нест?»

82. 82|Чун фармони Мо фаро расид, он ҷоро зеру забар кардем ва бар он шаҳр бороне аз сангҳое
аз сиҷҷил” пай дар пай боронидем,

83. 83|ки бар онҳо нишони Парвардигорат буд ва чунин азобе аз ситамкорон дур нест.

Ҳалокати Садӯм.

1Ва он ду фаришта бегоҳирӯзӣ ба Садӯм омаданд, ва Лут назди дарвозаи Садӯм нишаста буд. Ва чун Лут онҳоро дид, ба пешвози онҳо бархост, ва рӯй бар замин ниҳода, саҷда кард.
2Ва гуфт: «Эй оғоёни ман! Ба хонаи бандаи худ биёед, ва шабро гузаронед, ва пойҳои худро бишӯед, ва бомдодон бархоста, роҳи худро пеш гиред». Вале гуфтанд: «Не, шабро дар кӯча мегузаронем».
3Ва чун онҳоро бисьёр илтиҷо намуд, назди ӯ равона шуда, ба хонааш даромаданд. Ва ӯ онҳоро зиёфат дод, ва фатир пухт; ва онҳо тановул карданд.
4Ҳанӯз ба хоб нарафта буданд, ки сокинони шаҳр, мардони Садӯм, аз ҷавон то пир, тамоми халқ аз ҳар ҷониб хонаро иҳота карданд.
5Ва Лутро ҷеғ зада, гуфтанд: «Куҷоянд он касоне ки имшаб назди ту омаданд? Онҳоро назди мо берун овар, то ки бо онҳо бихобем».
6Ва Лут назди онҳо дар пеши остона берун омад, ва дарро аз ақиби худ бибаст,
7Ва гуфт: «Эй бародаронам, зинҳор, бадӣ накунед.
8Инак, ман ду духтар дорам, ки бокира ҳастанд; беҳтар, ки онҳоро назди шумо берун оварам, ва он чи дар назари шумо писанд ояд, бо онҳо бикунед; фақат ба ин мардон ҳеҷ коре накунед, зеро ки онҳо зери сояи сақфи ман омадаанд».
9Ва гуфтанд: «Дафъ шав!» Ва гуфтанд: «Ин яке барои иқомат омад, ва мехоҳад довар бошад? Акнун ба ту, назар ба онҳо, бадтар муомила мекунем». Ва бо шиддат ба ин мард, яъне ба Лут, ҳамла оварда, наздик шуданд, то ки дарро бишкананд.
10Вале он мардон дастҳои худро дароз карда, Лутро назди худ ба хона дароварданд, ва дарро бастанд.
11Ва мардумеро, ки назди дари хона буданд, аз хурд то калон, ба кӯрӣ гирифтор карданд, ба тавре ки онҳо аз ёфтани дар оҷиз монданд.
12Ва он мардон ба Лут гуфтанд: «Оё каси дигаре дар ин ҷо дорӣ? Домодон, ва писарон, ва духтарони худ, ва ҳар киро, ки дар шаҳр дорӣ, аз ин макон берун овар.
13Зеро ки мо ин маконро маҳв хоҳем кард; чунки фиғон аз дасти онҳо пеши Худованд бисьёр шудааст, ва Худованд моро фиристод, ки онро маҳв созем».
14Ва Лут берун рафта, бо домодонаш, ки духтарони ӯро гирифтанӣ буданд, гап зад, ва гуфт: «Бархезед, аз ин макон равед; зеро ки Худованд ин шаҳрро маҳв мекунад». Вале ба назари домодонаш чунин намуд, ки ӯ ҳазлбозӣ мекунад.
15Ва ҳангоми дамидани субҳ он фариштагон Лутро шитоб кунонда, гуфтанд: «Бархез, зани худро бо ду духтаре ки пешат ҳастанд, бигир, то ки аз боиси гуноҳи ин шаҳр нобуд нашавӣ».
16Ва чун дер мекард, он мардон дасти ӯ, ва дасти занаш, ва дасти ду духтарашро гирифтанд, — чунки Худованд бар ӯ шафқат кард, — ва ӯро бароварда, дар беруни шаҳр гузоштанд.
17Вақте ки онҳоро берун оварданд, гуфт: «Ҷони худро раҳо кун; ба ақиб нигоҳ накун, дар ҳеҷ ҷои ин водӣ наист; ба кӯҳ гурехта рав, то ки нобуд нашавӣ».
18Вале Лут ба онҳо гуфт: «Не, Худоё!
19Инак, бандаат дар назарат илтифот ёфтааст, ва эҳсони азиме ба ман кардӣ, ки ҷонамро раҳоӣ додӣ; вале ман кудрати он надорам, ки ба кӯҳ гурехта равам, мабодо балое ба сарам ояду бимирам.
20Инак, он шаҳр барои гурехта рафтан наздик аст, ва ин чизи андак аст; ба он ҷо гурехта равам — ин, охир, чизи андак аст, — ва ҷонам зинда мемонад».
21Ва ба ӯ гуфт: «Инак, дар ин бобат ҳам туро рӯихотир мекунам: шаҳреро, ки гуфтӣ, вожгун намесозам.
22Шитобон ба он ҷо гурехта рав; зеро ки то ба он ҷо нарасӣ, чизе карда наметавонам». Аз ин сабаб он шаҳр Сӯар номида шудааст.
23Офтоб бар замин тулӯъ кард, вақте ки Лут ба Сӯар расид.
24Ва Худованд бар Садӯм ва Амӯро кибрит ва оташ аз ҷониби Худованд аз осмон боронид.
25Ва он шаҳрҳоро, ва тамоми водиро, ва ҳамаи сокинони шаҳрҳо ва набототи заминро вожгун сохт.
26Вале зани Лут аз ақиби ӯ нигарист, ва сутуни намак гардид.