Skip to content

Қуръон

Таврот

(Ҳуд) Сурат 11: 25-48

Ва Нӯҳро бар мардумаш ба паёмбарӣ фиристодем. Гуфт: «Ман барои шумо бимдиҳандае
ошкорам,
11|26|ки ҷуз Худоӣ якторо напарастед! Зеро аз азоби рӯзи сахти қиёмат бар шумо бимнокам!»
11|27|Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: -Мо туро ҷуз инсоне монанди худ намебинем.
Ва намебинем, ки ҷуз одамони паст ба ту пайравӣ кунанд. Ва намебинем, ки шуморо бар мо
беҳтарие бошад, балки пиндорем, ки дурӯғ мегӯед».
11|28|Гуфт: «Эй қавми ман, чӣ мегӯед, агар аз Парвардигорам ҳуҷҷате ба ҳамроҳ дошта бошам ва
Ӯ маро раҳмати хеш арзонӣ карда бошад ва шумо аз дидани он нотавон бошед, оё дар ҳоле, ки
худ намехоҳед, шуморо ба зӯрӣ ба қабули Ӯ водорем?
11|29|Эй қавми ман, дар баробари таблиғи рисолати худ моле аз шумо наметалабам, Музди ман
танҳо бо Худост. Онҳоеро, ки имон овардаанд, аз худ намеронам, онон бо Парвардигори худ дидор
хоҳанд кард. Вале мебинам, ки шумо мардуме нодон ҳастед.
11|30|Эй қавми ман, агар онҳоро аз худ биронам, чӣ касе дар муқобили Худо маро ёрӣ хоҳад
кард? Оё ҳақиқатро дарнамеёбед?
11|31|Ба шумо намегӯям, ки хазоини Худо дар назди ман аст, Ва илми ғайб ҳам намедонам. Ва
намегӯям, ки фаришта ҳастам. Ва намегӯям, ки Худо ба онон, ки шумо ба ҳақорат дар онҳо
менигаред, хайри худро ато накунад. Худо ба он чӣ дар дилҳои онҳост, огоҳтар аст. Агар чунин
кунам, аз ситамкорон хоҳам буд».
11|32|Гуфтанд: «Эй Нӯҳ бо мо ҷидол кардӣ ва бисёр ҳам ҷидол кардӣ. Агар рост мегӯӣ, ҳар
ваъдае, ки ба мо додаӣ, биёвар!»
11|33|Гуфт: «Худост, ки агар бихоҳад, он ваъдаро ошкор мекунад ва шумо аз он натавонед гурехт.
11|34|Ва агар Худо хоста бошад, ки гумроҳатон созад, агар ман бихоҳам шуморо панд диҳам,
пандам суд нахоҳад кард. Ӯст Парвардигори шумо ва ҳама ба назди Ӯ бозмегардед».
11|35|Ё мегӯянд, ки онро ба Худо дурӯғ бастааст. Бигӯ: «Агар онро ба Худо дурӯғ баста бошам,
гуноҳаш бар ман аст ва ман аз гуноҳе, ки мокунед, мубарро (пок) ҳастам.
11|36|Ва ба Нӯҳ ваҳй расид, ки аз қавми ту ҷуз он гурӯҳ, ки имон овардаанд, дигар имон нахоҳанд
овард. Аз кирдори онон андӯҳгин мабош.
11|37|Киштиро зери назар ва илҳоми Мо бисоз ва дар бораи ин ситамкорон бо Ман сухан магӯй,
ки ҳама ғарқ шаванд.
11|38|Нӯҳ киштӣ месохт ва ҳар бор, ки бузургони қавмаш бар ӯ мегузаштанд, масхарааш
мекарданд. Мегуфт: «Агар шумо моро масхара мекунед, ба зуди мо ҳам монанди шумо
масхараатон хоҳем кард.
11|39|Ба зуди хоҳед донист, ки азоб бар ки расад ва хораш созад ва азоби ҷовид бар кӣ фарояд!»
11|40|Чуи фармони Мо фаро омад ва танур ҷӯшид, гуфтем: «Аз ҳар нару мода дуто ва низ
хонадони худро дар киштӣ биншон, — ғайри он касе, ки ҳукм дар борааш аз пеш содир шуда
бошад — ва низ онҳоеро, ки ба ту имон овардаанд. Ва ҷуз андаке ба ӯ имон наёварда буданд».
11|41|Гуфт: «Бар он савор шавед, ки ба номи Худо ба рох афтад ва ба номи Худо биистад. Зеро
Парвардигори ман бахшояндаву меҳрубон аст!
11|42|Киштӣ ононро дар миёни мавчҳое чун кӯҳ мебурд. Нӯҳ писарашро, ки дар гушае истода буд,
нидо дод: «Эй писар, бо мо савор шав ва бо кофирон мабош!»
11|43|Гуфт: «Ман бар сари кӯҳе, ки маро аз об нигаҳ дорад, ҷо хоҳам гирифт». Гуфт: «Имрӯз ҳеҷ
нигаҳдорандае аз фармони Худо нест, ғайри касеро, ки бар ӯ раҳм оварад». Ногаҳон мавҷ миёни
он ду парда гашт ва ӯ аз ғарқ шудагон буд.
11|44|Ва гуфта шуд: «Эй замин, оби худ фурӯ бар ва эй осмон, бозист». Об фурӯ шуд ва кор ба
поён омад ва киштӣ бар кӯҳи Ҷудӣ қарор гирифт ва нидо омад, ки лаънат бод бар мардуми
ситамкора!
11|45|Нӯҳ Парвардигорашро нидо дод: «Эй Парвардигори ман, писарам аз хонадони ман буд ва
ваъдаи Ту ҳақ аст ва нерӯмандтарини ҳукмкунандагон Ту Ҳастӣ!»
11|46|Гуфт: «Эй Нӯҳ, ӯ аз хонадони ту нест, ӯ амалест носолеҳ. Аз сари ноогоҳӣ аз Ман чизе
махоҳ. Барҳазар медорам туро, ки аз мардуми нодон бошӣ».
11|47|Гуфт: «Эй Парвардигори ман, паноҳ мебарам ба Ту, агар аз сари ноогоҳӣ чизе бихоҳам ва
агар маро набахшоӣ ва ба ман раҳмат наёварӣ, аз зиёнкардагон хоҳам буд».
11|48|Гуфта шуд: «Эй Нӯҳ ба саломат ва баракоте, ки бар туву онҳо, ки ҳамроҳи туанд, арзонӣ
доштаем, фуруд ой. Ва умматҳое ҳастанд, ки онҳоро бархурдор месозем, он гоҳ дастхуши азоби
дардовари Мо мешаванд».

الاعراف7: 59-64

7|59|Нӯҳро бар қавмаш ба рисолат фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Оллоҳро бипарастед,
шуморо Худое ҷуз Ӯ нест, ман аз азоби рӯзе бузург бар шумо метарсам».
7|60|Бузургони қавмаш гуфтанд: «Ту] ро ба ошкоро дар гумроҳӣ мебинем».
7|61|Гуфт: «Эй қавми ман, гумроҳиро дар ман роҳе нест, ман паёмбаре аз ҷониби Парвардигори
ҷаҳониёнам.
7|62|Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва шуморо панд медиҳам ва аз Худо он
медонам, ки шумо намедонед.
7|63|Оё аз ин ки бар марде аз худатон аз ҷониби Парвардигоратон ваҳй нозил шудааст, то
шуморо битарсонад ва парҳезгори кунед ва коре кунад, ки мавриди раҳмат қарор гиред, тааҷҷуб
кардед?»
7|64|Пас дурӯғ бароварданд ва Мо ӯву касонеро, ки бо ӯ дар киштӣ буданд, раҳонидем ва ононро,
ки оёти Моро дурӯғ мепиндоштанд, ғарқ сохтем, ки мардуме кӯрдил буданд!

Ҳастӣ 6-8

Тӯфон. Сабабҳои ғазаби Худо.
1Ва чун одамон бар рӯи замин афзудан гирифтанд, ва ба онҳо духтарон таваллуд шуданд,
2Писарони Худо духтарони одамизодро диданд, ки хушрӯянд, ва ҳар кадомро, ки хуш мекарданд, барои худ ба занӣ мегирифтанд.
3Ва Худованд гуфт: «Рӯҳи Ман дар одамизод доим нахоҳад монд, зеро ки вай башар аст; бигзор айёми вай саду бист сол бошад».
4Дар он рӯзгорон дар замин баҳодурон буданд, алалхусус баъд аз замоне ки писарони Худо назди духтарони одамизод омаданд, ва онҳо барояшон фарзанд оварданд. Ин паҳлавонон аз қадимулайём мардони номвар буданд.
Сарнавишт дар бораи доварӣ.
5Ва Худованд дид, ки бадкирдории одамизод дар замин бисьёр аст, ва ҳамаи фикру андешаҳои дили ӯ ҳамеша фақат бад аст.
6Ва Худованд пушаймон шуд, ки одамизодро бар замин ба вуҷуд овард, ва дилаш маҳзун шуд.
7Ва Худованд гуфт: «Одамизодро, ки офаридаам, аз рӯи замин маҳв месозам, аз одамизод то чорпоён, то ҳайвоноти хазанда ва то паррандагони осмон маҳв месозам; зеро пушаймонам, ки онҳоро ба вуҷуд овардаам».
Сарнавишт дар бораи файз.
8Аммо Нӯҳ дар назари Худованд илтифот ёфт.
9Ин аст насаби Нӯҳ: Нӯҳ марди одил буд, ва дар насли худ покдоман; Нӯҳ пеши Худо роҳ мерафт.
10Ва Нӯҳ се писар: Сом, Ҳом ва Ёфатро ба дуньё овард.
11Ва замин пеши Худо фосид шуд, ва замин аз ситам пур шуд.
12Ва Худо заминро дид, ки инак, он фосид шудааст: зеро ки ҳар башар роҳи худро бар замин фосид кардааст.
13Ва Худо ба Нӯҳ гуфт: «Интиҳои ҳар башар пеши Ман фаро расидааст; зеро ки замин аз дасти онҳо аз ситам пур шудааст. Ва инак, Ман онҳоро аз замин нест мекунам.
14Барои худ киштие аз чӯби ҷӯфар бисоз; лонаҳо дар киштӣ бино кун, ва онро аз дарун ва аз берун қир бимол.
15Ва онро ин тавр бисоз: қади киштӣ сесад зироъ бошад, бари он — панҷоҳ зироъ, ва баландии он — сӣ зироъ.
16Равзане дар киштӣ бисоз, ва онро ба зирое аз боло тамом кун, ва дари киштиро аз паҳлуи он бигузор; ва қабатҳои поён, миёна ва боло дар он бисоз.
17Ва инак, Ман тӯфони обро бар замин меоварам, то ҳар махлуқеро, ки рӯҳи ҳаёт дар он бошад, аз зери осмон нест кунам; ва ҳар чӣ бар замин аст, хоҳад мурд.
18Ва аҳди Худро бо ту барқарор мекунам, ва ба киштӣ медароӣ, ту, ва писаронат, ва занат, ва занони писаронат бо ту.
19Ва аз тамоми ҳайвонот, аз ҳар махлуқе ҷуфте ба киштӣ дохил кун, то ки бо худ зинда нигоҳ дорӣ: нар ва мода бошанд.
20Аз паррандагон мувофиқи ҷинсашон, ва аз чорпоён мувофиқи ҷинсашон, ва аз тамоми ҳайвоноти хазандаи замин мувофиқи ҷинсаш, ҷуфт‐ҷуфт аз ҳама назди ту оянд, то ки зинда нигоҳ дорӣ.
21Ва аз ҳар озуқае ки хӯрда шавад, бигир ва назди худ захира намо, то ки барои ту ва онҳо хӯрок бошад».
22Ва Нӯҳ чунин кард; ҳар он чиро, ки Худо ба ӯ фармуда буд, ба ҷо овард.
Тӯфон ҳамчун зуҳури доварии Худо.
1Ва Худованд ба Нӯҳ гуфт: «Ту ва тамоми аҳли байтат ба киштӣ дароед; зеро ки туро дар ин насл пеши Худам одил дидам.
2Аз ҳар чорпои пок ҳафт‐ҳафт, нар ва мода, бо худ бигир, ва аз чорпои нопок ҷуфт‐ҷуфт, нар ва мода.
3Аз паррандагони осмон низ ҳафт‐ҳафт, нар ва мода, то ки насле бар рӯи тамоми замин нигоҳ дорӣ.
4Зеро, баъд аз ҳафт рӯз, Ман чил рӯз ва чил шаб ба замин борон меборонам; ва тамоми махлуқотеро, ки офаридаам, аз рӯи замин маҳв мекунам».
5Ва Нӯҳ ҳар он чиро, ки Худованд ба ӯ фармуд, ба ҷо овард.
6Ва Нӯҳ шашсадсола буд, чун тӯфони об бар замин омад.
7Ва Нӯҳ, ва писаронаш, ва занаш, ва занони писаронаш бо ӯ аз боиси оби тӯфон ба киштӣ даромаданд.
8Аз чорпоёни пок, ва аз чорпоёни нопок, ва аз паррандагон, ва аз тамоми ҳайвоноти хазандаи замин,
9Ҷуфт‐ҷуфт, нар ва мода, назди Нӯҳ ба киштӣ даромаданд, чунон ки Худо ба Нӯҳ фармуда буд.
10Ва баъд аз ҳафт рӯз оби тӯфон бар замин омад.
11Дар соли шашсадуми ҳаёти Нӯҳ, дар моҳи дуюм, дар рӯзи ҳафдаҳуми моҳ, дар ҳамон рӯз ҳамаи чашмаҳои вартаи азим шикофта шуд, ва равзанҳои осмон кушода.
12Ва борон чил рӯз ва чил шаб бар рӯи замин борид.
13Дар худи ҳамон рӯз Нӯҳ, ва Сом, Ҳом ва Ёфат, писарони Нӯҳ, ва зани Нӯҳ, ва се зани писаронаш бо онҳо ба киштӣ даромаданд.
14Онҳо, ва ҳамаи ҳайвонҳо мувофиқи ҷинсашон, ва ҳар гуна чорпоён мувофиқи ҷинсашон, ва тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазад, мувофиқи ҷинсаш, ва ҳамаи паррандагон мувофиқи ҷинсашон, ҳамаи мурғон, ҳамаи болдорон,
15Ҷуфт‐ҷуфт аз ҳар махлуқе ки рӯҳи ҳаёт дорад, назди Нӯҳ ба киштӣ омаданд.
16Ва онҳое ки омаданд, нар ва мода аз ҳар махлуқ омаданд, чунон ки Худо ба ӯ фармуда буд. Ва Худованд дарро аз пушти ӯ баст.
17Ва тӯфон чил рӯз бар замин давом кард, ва об афзуд, ва киштиро бардошт, ва он аз замин баланд шуд.
18Ва об пурзӯр мешуд ва бар замин хеле меафзуд; ва киштӣ бар сатҳи об шино мекард.
19Ва об бар замин хеле ва хеле пурзӯр шуд, ва ҳамаи кӯҳҳои баланде ки зери тамоми осмон буд, пӯшида шуд.
20Об пурзӯр шуда, понздаҳ зироъ болотар баромад, ва кӯҳҳо пӯшида шуд.
21Ва тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазид, ва паррандагон, ва чорпоён, ва ҳайвонҳои ваҳшӣ, ва ҳар махлуқе ки бар замин ҳаракат мекард, ва ҳамаи одамон мурданд.
22Ҳар он чи дар хушкӣ дами рӯҳи ҳаёт дар димоғаш буд, мурд.
23Ва ҳар махлуқе ки бар рӯи замин буд, аз одам то чорпоён, то ҳайвоноти хазанда ва то паррандагони осмон аз замин маҳв шуд: фақат Нӯҳ, ва он чи бо ӯ дар киштӣ буд, боқӣ монд.
24Ва об бар замин саду панҷоҳ рӯз пурзӯр мешуд
Анҷоми тӯфон.
1Ва Худо Нӯҳ ва ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшӣ ва ҳамаи чорпоёнро, ки бо ӯ дар киштӣ буданд, ба ёд овард; ва Худо боде бар замин вазонид, ва об фурӯ нишаст.
2Ва чашмаҳои варта ва равзанҳои осмон баста шуд, ва борон аз осмон бозистод.
3Ва об рафта‐рафта аз рӯи замин баргашт, ва баъд аз гузаштани саду панҷоҳ рӯз об кам шуд.
4Ва дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи ҳафдаҳуми моҳ, киштӣ бар кӯҳҳои Аророт қарор гирифт.
5Ва то моҳи даҳум об рафта‐рафта кам мешуд; ва дар рӯзи аввали моҳи даҳум қуллаҳои кӯҳҳо намудор шуд.
6Ва баъд аз гузаштани чил рӯз Нӯҳ даричаи киштиро, ки сохта буд, воз кард.
7Ва зоғро сар дод, ва он берун парида, мерафту меомад, то даме ки оби рӯи замин хушк шуд.
8Баъд кабӯтарро аз пеши худ сар дод, то бубинад, ки оё об аз рӯи замин фуромадааст.
9Аммо кабӯтар ҷои осоише барои кафи пои худ наёфт, ва назди ӯ ба киштӣ баргашт; зеро ки об дар тамоми рӯи замин буд; ва ӯ дасти худро дароз кард ва онро гирифта, назди худ ба киштӣ даровард.
10Ва ҳафт рӯзи дигар таваққуф намуд; ва боз кабӯтарро аз киштӣ сар дод.
11Ва шомгоҳ кабӯтар назди ӯ баргашт; ва инак, барги тозаи зайтун дар минқори вай; ва Нӯҳ донист, ки об аз рӯи замин фуромадааст.
12Ва боз ҳафт рӯзи дигар таваққуф намуда, кабӯтарро сар дод; ва он дигар назди ӯ гашта наомад.
13Ва дар соли шашсаду якум, дар моҳи аввал, дар рӯзи якуми моҳ, оби рӯи замин хушк шуд; ва Нӯҳ сарпӯши киштиро бардошта, нигарист, ва инак, рӯи замин хушк буд.
14Ва дар моҳи дуюм, дар рӯзи бисту ҳафтуми моҳ, замин хушк шуд.
15Ва Худо Нӯҳро хитоб карда, гуфт:
16«Аз киштӣ берун ой, ту, ва занат, ва писаронат, ва занони писаронат бо ту.
17Ва ҳамаи ҳайвонҳоеро, ки назди худ дорӣ, ҳар махлуқеро аз паррандагон, ва чорпоён, ва тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазад, бо худ берун овар, то ки бар замин паҳн шуда раванд, ва борвар ва афзун шаванд».
18Ва Нӯҳ, ва писаронаш, ва занаш, ва занони писаронаш бо ӯ берун омаданд.
19Ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшӣ, ва тамоми ҳайвоноти хазанда, ва ҳамаи паррандагон, ва ҳар чӣ бар замин ҳаракат мекунад, мувофиқи ҷинсҳои худ, аз киштӣ баромаданд.
Аҳди сеюми Худо бо одам.
20Ва Нӯҳ қурбонгоҳе барои Худованд бино кард; ва аз ҳар чорпои пок, ва аз ҳар паррандаи пок гирифта, қурбониҳои сӯхтанӣ бар қурбонгоҳ гузаронид.
21Ва Худованд атри гуворо бӯид, ва Худованд дар дили Худ гуфт: «Заминро бори дигар аз боиси одамизод лаънат накунам, зеро ки андешаи дили одам аз наврасии ӯ бад аст; ва ҳамаи ҷонваронро бори дигар талаф накунам, чунон ки кардам.
22Минбаъд дар тамоми айёми замин
кишт ва дарав,
сармо ва гармо,
тобистон ва зимистон,
рӯз ва шаб
хотима нахоҳад ёфт».