Skip to content

1. Илтимос дар бораи ҷалол додан.

1Исо, чун инро гуфт, чашмони Худро сӯи осмон боло карда, гуфт: «Эй Падар! Соат расидааст: Писари Худро ҷалол деҳ, то ки Писарат низ Туро ҷалол диҳад.
2Зеро ки Ӯро бар тамоми башар қудрат додаӣ, то ки ба ҳар кӣ Ту ба Ӯ бахшидаӣ, ҳаёти ҷовидонӣ бидиҳад:
3Ва ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд.
4Ман Туро дар рӯи замин ҷалол додам ва кореро, ки ба Ман супурда будӣ, то бикунам, ба анҷом расондам;
5Ва акнун Ту, эй Падар, Маро назди Худ ҷалол деҳ ба ҳамон ҷалоле ки пеш аз ҳастии олам назди Ту доштам.

2. Илтимос дар бораи ёздаҳ шогирдон.

6Исми Туро ба одамоне ки аз ҷаҳон ба Ман ато кардӣ, шиносондам; онҳо аз они Ту буданд, ва Ту онҳоро ба Ман ато кардӣ, ва онҳо каломи Туро риоят кардаанд;
7Ва акнун донистанд, ки ҳар он чи ба Ман додаӣ, аз ҷониби Туст;
8Зеро каломеро, ки ба Ман додӣ, ба онҳо супурдам, ва онҳо қабул карданд ва ҳақиқатан донистанд, ки Ман аз ҷониби Ту омадаам, ва имон оварданд, ки Ту Маро фиристодаӣ.
9Ман барои онҳо илтимос мекунам: на барои ҷаҳон, балки барои онҳое ки Ту ба Ман додаӣ, зеро ки онҳо аз они Ту мебошанд;
10Ва он чи аз они Ман аст, аз они Туст, ва он чи аз они Туст, аз они Ман аст; ва Ман дар онҳо ҷалол ёфтаам.
11Ман дигар дар ҷаҳон нестам, лекин онҳо дар ҷаҳон ҳастанд, ва Ман назди Ту меоям. Эй Падари Муқаддас! Инҳоро, ки ба Ман додаӣ, ба исми Худ нигоҳ дор, то ки як бошанд, чунон ки Мо ҳастем.
12Вақте ки бо онҳо дар ҷаҳон будам, онҳоро ба исми Ту нигоҳ доштам; онҳоеро, ки Ту ба Ман додӣ, нигаҳбонӣ кардам, ва ҳеҷ яке аз онҳо ҳалок нашуд, ҷуз аз писари ҳалокат, то ки Навишта ба амал ояд.
13Вале акнун назди Ту меоям, ва инро дар ҷаҳон мегӯям, то ки шодии Ман дар онҳо комил бошад.
14Ман каломи Туро ба онҳо супурдам, ва ҷаҳон аз онҳо нафрат кард, чунки онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман низ аз ҷаҳон нестам.
15Илтимос намекунам, ки Ту онҳоро аз ҷаҳон бибарӣ, балки онҳоро аз шарорат муҳофизат намоӣ;
16Онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман низ аз ҷаҳон нестам.
17Онҳоро бо ростии Худ тақдис кун: каломи Ту ростист.
18Чунон ки Ту Маро ба ҷаҳон фиристодӣ, Ман низ онҳоро ба ҷаҳон фиристодам;
19Ва Худро барои онҳо тақдис мекунам, то ки онҳо низ бо ростӣ тақдис карда шаванд.

3. Дуо дар бораи имондорони ҳамаи замонҳо.

20Танҳо барои онҳо илтимос намекунам, балки низ барои касоне ки ба василаи каломи онҳо ба Ман имон хоҳанд овард:
21То ки ҳама як бошанд; чунон ки Ту, эй Падар, дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту, онҳо низ дар Мо як бошанд, — то ҷаҳон имон оварад, ки Ту Маро фиристодӣ.
22Ва Ман ҷалолеро, ки ба Ман додаӣ, ба онҳо додаам: то ки як бошанд, чунон ки Мо як ҳастем.
23Ман дар онҳо ҳастам, ва Ту дар Ман; то ки онҳо дар ягонагӣ комил бошанд, ва ҷаҳон бидонад, ки Ту Маро фиристодӣ ва онҳоро дӯст доштӣ, чунон ки Маро дӯст доштӣ.
24Эй Падар! Мехоҳам онҳое ки ба Ман додаӣ, дар он ҷое ки мебошам, бо Ман бошанд, то ҷалоли Маро, ки ба Ман додаӣ, бубинанд, чунки Маро пеш аз таъсиси ҷаҳон дӯст доштӣ.
25Эй Падари Одил! Ҷаҳон Туро нашинохт; лекин Ман Туро шинохтам, ва инҳо донистанд, ки Ту Маро фиристодӣ;
26Ва Ман ба онҳо исми Туро шиносондам ва боз ҳам хоҳам шиносонид, то он муҳаббате ки Ту ба Ман дорӣ, дар онҳо бошад, ва Ман низ дар онҳо бошам».