Skip to content

Матто 21:23 – 23:39

Ба Ерусалим ворид шудани Исо.
1Чун ба Ерусалим наздик шуда, ба Байт‐Фоҷии назди кӯҳи Зайтун расиданд, Исо ду шогирди Худро фиристода,
2Ба онҳо гуфт: «Ба ин деҳа, ки рӯ ба рӯи шумост, биравед; ва дарҳол модахареро баста хоҳед ёфт, ки куррааш назди вай аст; онҳоро воз карда, назди Ман биёред;
3Ва агар касе ба шумо ҳарфе занад, бигӯед, ки Худованд ба инҳо эҳтиёҷ дорад; ва дарҳол онҳоро хоҳад фиристод».
4Ин ҳама рӯй дод, то ба амал ояд каломе ки бо забони набӣ гуфта шудааст:
5«Ба духтари Сион бигӯед:
„Инак, Подшоҳи ту бар харе, бар курраи бачаи модахар савор шуда,
бо фурӯтанӣ назди ту меояд“».
6Шогирдон рафтанд ва он чи Исо фармуда буд, ба ҷо оварданд:
7Модаҳар ва курраро оварда, ҷомаҳои худро бар онҳо афканданд, ва Ӯ бар онҳо савор шуд.
8Мардуми бисьёре ҷомахои худро бар роҳ густурданд, ва дигарон шохаҳои дарахтонро бурида, бар роҳ густурданд;
9Ва мардуме ки аз пеш ва аз пас равона буданд, хитоб мекарданд:
«Ҳӯшаъно ба Писари Довуд!
Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!
Ҳӯшаъно дар арши аъло!»
10Ва ҳангоме ки Ӯ ба Ерусалим ворид шуд, тамоми аҳли шаҳр ба ошӯб омада, мегуфтанд: «Ин кист?»
11Мардум мегуфтанд: «Ин аст Исои Пайғамбар аз Носираи Ҷалил».
Исо бори дуюм маъбадро пок мекунад.
12Ва Исо ба маъбади Худо даромада, ҳамаи онҳоеро, ки дар маъбад харидуфурӯш мекарданд, пеш кард, мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа кард.
13Ва ба онҳо гуфт: «Навишта шудааст, ки „хонаи Ман хонаи ибодат номида хоҳад шуд“; аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед».
14Дар маъбад назди Ӯ кӯрон ва лангон омаданд, ва Ӯ онҳоро шифо дод.
15Чун саркоҳинон ва китобдонон диданд, ки Ӯ мӯъҷизаҳоро ба амал овард, ва кӯдакон дар маъбад «ҳӯшаъно ба Писари Довуд!» гӯён хитоб мекарданд, хашмгин шуданд,
16Ва ба Ӯ гуфтанд: «Оё Ту мешунавӣ, ки онҳо чӣ мегӯянд?» Исо ба онҳо гуфт: «Оре! Магар нахондаед: „Аз даҳони кӯдакон ва ширмакон ҳамдро ба вуҷуд овардаӣ“?»
17Ва онҳоро тарк карда, аз шаҳр сӯи Байт‐Ҳинӣ рафт ва шабро дар он ҷо гузаронд.
Дарахти анҷири хушкшуда.
18Бомдодон, вақте ки ба шаҳр бармегашт, гурусна монд;
19Дар сари роҳ дарахти анҷире дида, назди он рафт ва, ҷуз баргҳо, чизе бар он наёфта, ба он гуфт: «Пас аз ин то абад мевае аз ту нарӯяд». Ва ҳамон дам дарахти анҷир хушк шуд.
20Шогирдон инро дида, дар тааҷҷуб монданд ва гуфтанд: «Чӣ гуна ин дарахти анҷир даррав хушк шуд?»
21Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар имон дошта бошед ва шубҳа накунед, на танҳо онро, ки ба дарахти анҷир рӯй дод, ба амал хоҳед овард, балки агар ба ин кӯҳ гӯед, ки „бархоста, худро дар баҳр афкан“, — чунин хоҳад шуд;
22Ва ҳар он чи дар дуо бо имон талаб кунед, хохед ёфт».
Масъалаи қудрати Исо.
23Ва ҳангоме ки ба маъбад омада таълим медод, саркоҳинон ва пирони қавм назди Ӯ омада, гуфтанд: «Бо кадом қудрат ин корҳоро мекунӣ? Ва кист, ки ин қудратро ба Ту додааст?»
24Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам; агар шумо онро ба Ман гӯед, Ман ҳам ба шумо хоҳам гуфт, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам;
25Таъмиди Яҳьё аз куҷо буд: аз осмон ё аз инсон?» Аммо онҳо дар дили худ андеша мекарданд: «Агар гӯем, ки „аз осмон буд“, Ӯ бигӯяд: „Пас чаро ба вай имон наовардед?“
26Ва агар гӯем, ки „аз инсон буд“, — аз мардум метарсем, зеро ки ҳама Яҳьёро набӣ медонанд».
27Ва дар ҷавоби Исо гуфтанд: «Намедонем». Ӯ низ ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам.
Масал дар бораи ду писар.
28Лекин фикри шумо чист? Марде ду писар дошт; ва назди нахустин омада, гуфт: „Писарам! Имрӯз ба токзори ман рафта кор кун“.
29Дар ҷавоб гуфт: „Намехоҳам“; аммо баъд пушаймон шуд ва рафт.
30Назди дигаре омада, ҳамон гапро гуфт. Вай дар ҷавоб гуфт: „Меравам, оғо“; ва нарафт.
31Кадом як аз ин ду нафар хоҳиши падарро ба ҷо овард?» Ба Ӯ гуфтанд: «Нахустин». Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки боҷгирон ва фоҳишагон пеш аз шумо ба Малакути Худо дохил хоҳанд шуд;
32Зеро ки Яҳьё назди шумо бо роҳи адолат омад, ва шумо ба ӯ имон наовардед, лекин боҷгирон ва фоҳишагон ба ӯ имон оварданд; ва шумо, инро дида, баъд аз он ҳам тавба накардед, то ки ба ӯ имон оваред.
Масал дар бораи токдорони бадкор.
33Масали дигаре бишнавед. Соҳиби хонае буд, ки ток шинонд, деворе гирдаш кашид, чархуште дар он сохт, бурҷе барпо кард ва онро ба токдорон супурду ба сафар рафт.
34Чун мавсими мева расид, хизматгорони худро назди токдорон фиристод, то ки меваи худро бигирад;
35Лекин токдорон хизматгорони ӯро гирифта, баъзеро заданд, баъзеро куштанд ва баъзеро сангборон карданд.
36Боз ӯ хизматгорони дигарро фиристод, ки аз пештара зиёдтар буданд; ба онҳо низ ҳамон тавр амал карданд.
37Дар охир писари худро назди онҳо фиристода, гуфт: „Аз писарам шарм хоҳанд дошт“.
38Лекин токдорон чун писарро диданд, ба якдигар гуфтанд: „Ин ворис аст; биёед, вайро бикушем ва соҳиби мерос шавем“.
39Ва ӯро гирифта, аз токзор берун бароварданд ва куштанд.
40Пас, чун соҳиби токзор ояд, ба он токдорон чӣ хоҳад кард?»
41Ба Ӯ гуфтанд: «Он бадкоронро ба марги шадид маҳкум карда, токзорро ба токдорони дигаре хоҳад супурд, ки меваро дар мавсимаш ба ӯ диҳанд».
42Исо ба онҳо гуфт: «Магар ин Навиштаро ҳаргиз нахондаед:
„Санге ки меъморон рад карданд,
санги сари гӯшаи бино гардид:
ин аз ҷониби Худованд шуд ва дар назари мо ҳайратангез аст“?
43Бинобар ин ба шумо мегӯям, ки Малакути Худо аз шумо гирифта, ба халқе дода хоҳад шуд, ки меваи онро биёрад;
44Ва ҳар кӣ бар ин санг афтад, пора‐пора шавад; ва агар он бар касе афтад, вайро мачақ кунад».
45Саркоҳинон ва фарисиён масалҳои Ӯро шунида, донистанд, ки Ӯ дар бораи онҳо сухан меронад,
46Ва хостанд Ӯро дастгир кунанд; лекин аз мардум тарсиданд, чунки Ӯро пайғамбар медонистанд
Риёкории китобдонон ва фарисиён.
1Он гоҳ Исо ба мардум ва ба шогирдони Худ хитоб кард
2Ва гуфт: «Китобдонон ва фарисиён бар курсии Мусо нишастаанд;
3Пас, он чи ба шумо гӯянд, ба ҷо оваред ва риоя кунед; лекин аз рӯи аъмоли онҳо рафтор накунед, зеро ки мегӯянд ва намекунанд;
4Борҳои гарон ва душворро баста, бар дӯши мардум мегузоранд, лекин худашон намехоҳанд онҳоро ҳатто бо як ангушт ҳаракат диҳанд;
5Ҳамаи корҳои худро барои он мекунанд, ки ба мардум нишон диҳанд: дуо‐қуттичаҳон худро васеътар мекунанд ва пӯпакҳои ридоҳои худро калонтар месозанд;
6Ва дӯст медоранд, ки дар зиёфатҳо болонишин бошанд ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷойгир шаванд,
7Ва дар кӯчаю бозорҳо мардум ба онҳо таъзим кунанд ва онҳоро „Устод! Устод!“ гӯянд.
8Лекин шумо набояд устод хонда шавед, зеро ки устоди шумо якест, яъне Масеҳ аст, ва ҳамаи шумо бародаронед;
9Ва ҳеҷ касро бар замин падари худ нахонед, зеро ки Падари шумо якест, ки дар осмон аст;
10Ва набояд роҳнамо хонда шавед, зеро ки Роҳнамои шумо якест, яъне Масеҳ аст.
11Бузургтарини шумо хизматгори шумо бошад:
12Зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст гардад; ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз гардад.
Исо ба китобдонон ва фарисиён «вой бар ҳоли шумо» мегӯяд.
13Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки Малакути Осмонро ба рӯи мардум мебандед; зеро ки худатон намедароед ва ба онҳое ки даромадан мехоҳанд, монеъ мешавед.
14Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки хонаҳои бевазанонро фурӯ мебаред ва дуоро риёкорона тӯл медиҳед: ба ин сабаб сахттар маҳкум хоҳед шуд.
15Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки баҳр ва хушкиро давр мезанед, то якеро ба дини худ гардонед; ва ҳангоме ки ин ба шумо муяссар шавад, вайро ду баробар аз худатон зиёдтар писари дӯзах месозед.
16Вой бар ҳоли шумо, эй пешвоёни кӯр, ки мегӯед: „Ҳар кӣ ба маъбад қасам хӯрад, ҳеҷ гап не; лекин ҳар кӣ ба тиллои маъбад қасам хӯрад, ӯҳдадор хоҳад буд“.
17Эй аблаҳон ва кӯрон! Кадомаш афзал аст: тилло ё маъбад, ки тиллоро тақдис мекунад?
18Ҳамчунин мегӯед: „Ҳар кӣ ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, ҳеҷ гап не; лекин хар кӣ ба қурбоние ки бар он аст, қасам хӯрад, ӯҳдадор хоҳад буд“.
19Эй аблаҳон ва кӯрон! Кадомаш афзал аст: қурбонӣ ё қурбонгоҳ, ки қурбониро тақдис мекунад?
20Пас, ҳар кӣ ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, ба он ва ба ҳар чи бар он аст, қасам хӯрда бошад;
21Ва ҳар кӣ ба маъбад қасам хӯрад, ба он ва ба Ӯ, ки сокини он аст, қасам хӯрда бошад.
22Ва ҳар кӣ ба осмон қасам хӯрад, ба таҳти Худо ва ба Ӯ, ки бар он нишастааст, қасам хӯрда бошад.
23Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки аз наъно, бодиён ва зира ушр медиҳед, лекин бузургтарин аҳкоми шариат, яъне доварӣ, марҳамат ва имонро тарк кардаед; мебоист онҳоро ба ҷо оварда, инҳоро низ тарк намекардед.
24Эй пешвоёни кӯр, ки пашшаро софӣ карда, шутурро фурӯ мебаред!
25Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки беруни пиёла ва табақро тоза мекунед, дар сурате ки даруни онҳо аз дуздӣ ва ифроткорӣ пур аст.
26Эй фарисии кӯр! Аввал даруни пиёла ва табақро тоза кун, то ки беруни он низ тоза бошад.
27Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки ба қабрҳои сафед кардашуда монанд мебошед, ки аз берун зебо менамоянд, лекин дарунашон аз устухонҳои мурдагон ва ҳар хел наҷосат пур аст;
28Ҳамчунин шумо низ ба зоҳир ба назари мардум одил менамоед, лекин дар ботин аз риёкорӣ ва шарорат пур ҳастед.
29Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки мақбараҳои анбиёро бино мекунед ва биноҳои ёдгории одилонро зинат медиҳед,
30Ва мегӯед: „Агар дар замони падарони худ мебудем, дар рехтани хуни анбиё бо онҳо шарик намешудем“.
31Ба ҳамин тариқ худатон бар зидди худ шаҳодат медиҳед, ки фарзандони қотилони анбиё ҳастед;
32Пас, шумо ҳам зарфи падарони худро лабрез кунед.
33Эй морон ва афъизодагон! Аз маҳкумияти дӯзах чӣ тавр гурехта метавонед?
34Бинобар ин, инак, Ман назди шумо анбиё ва хукамо ва китобдононро мефиристам; ва шумо баъзеро хоҳед кушт ва маслуб хоҳед кард, ва баъзеро дар куништҳои худ тозиёна зада, аз шаҳре ба шаҳре хоҳед ронд;
35То тамоми хуни одилон, ки бар замин рехта шуд, бар сари шумо фурӯд ояд, аз хуни Ҳобили одил то хуни Закарьё ибни Баракьё, ки вайро шумо дар миёни маъбад ва қурбонгоҳ куштед.
36Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин ҳама бар сари ин насл хоҳад омад.
Маҳзунии Исо дар бораи Ерусалим.
37Эй Ерусалим, Ерусалим, ки анбиёро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед!
38Инак, хонаи шумо ба шумо вайрон гузошта мешавад.
39Зеро ба шумо мегӯям: аз ин пас Маро нахоҳед дид, то даме ки бигӯед: „Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!“»