Одам ва занаш Ҳавво аз он ҷиҳат нотакрор буданд, ки онҳоро бевосита Аллоҳ офарид, ва онҳо дар биҳишт мезистанд. Қиссаи онҳо – аломати муҳимтарин барои замони мост, ки ба он диққати ҷидди додан даркор аст. Дар Қуръон ду порча дар бораи Одам ҳаст, ва боз як порча дар Таврот. (Ин ҷойро зер кунед, то ки онҳоро хонед).
Ин қиссаҳо хеле монанд ҳастанд. Дар ҳар ду қисса мо ҳамон як персонажҳоро мебинем {Одам, Ҳавво, шайтон (иблис), Аллоҳ}. Дар ҳар ду қисса ҳамон як ҷой зикр шудааст (боғ); шайтон (иблис) дурӯғ мегӯяд ва Одаму Ҳавворо ба васваса гирифтор мекунад; Одаму Ҳавво барои пӯшонидани лучии шармовари худ баргҳоро дар бар мекунанд; Аллоҳ меояд ва ҷазоро эълон менамояд; Аллоҳ ба онҳо раҳм намуда, барои пӯшондани лучии онҳо либос ато менамояд. Қуръон дар бораи «аломати Аллоҳ» барои фарзандони Одам мегӯяд, яъне барои мову шумо. Дигар хел карда гӯем, ин на танҳо дарси таърих оид ба воқеаҳои муқаддас аст, ки замоне рӯй додаанд. Қиссаи Одам барои замони мо низ дарсҳоро дар бар мегирад.
Огоҳкунии Одам барои мову шумо
Одаму Ҳавво дар назди Аллоҳ ҳамагӣ як гуноҳ карданд, ва баъд ҷазо омад. Мо дар ин ҷо беитоатиҳои бисёрро намебинем, ва Аллоҳ ба онҳо нӯҳ огоҳӣ намедиҳад, то ки дафъаи даҳум ҷазо диҳад. Не, ҷазо барои ягона гуноҳ омад. Бисёр касон чунин меҳисобанд, ки Аллоҳ танҳо ҳамон вақт одамонро доварӣ мекунад, ки онҳо гуноҳҳои бисёр содир кунанд. Онҳо гумон мекунанд, ки дар муқоиса бо дигар одамон гуноҳҳои камтар доранд, ё чунин меҳисобанд, ки агар корҳои неки онҳо аз корҳои бадашон бисёртар бошад, (эҳтимол) Худо онҳоро ҷазо намедиҳад. Таҷрибаи Одаму Ҳавво барои ҳамаи мо ёдрас менамояд, ки ин тавр нест. Аллоҳ барои ягона гуноҳи беитоатӣ доварӣ мекунад.
Ва ин комилан мантиқӣ аст, агар беитоатӣ ба Аллоҳ ва вайрон кардани қонунҳои кодекси ҷиноятиро бо ҳам муқоиса кунем. Ман, масалан, дар Канада зиндагӣ мекунам, ва агар фақат як қонунро вайрон кунам (масалан, дуздӣ кунам), давлат маро ҷазо дода метавонад. Ва ман баҳона пеш оварда наметавонам, ки танҳо як қонунро вайрон кардаам – ва одамонро накуштаам ва нарабудаам. Вайрон кардани танҳо як қонун кифоя аст, ки шахс ба доварии кишвари Канада кашида шавад. Бо аллоҳ низ ҳамин тавр аст.
Ҳангоме ки Одаму Ҳавво лучии худро бо баргҳои дарахти ғор пӯшонданд, онҳо ин корро аз боиси ҳисси шармсорӣ карданд. Ман низ ҳангоми кардани кори шармовар, кӯшиш мекунам онро аз дигарон пинҳон кунам. Аммо ба ҳар ҳол кӯшишҳои аз Худо пинҳон шудани Одам беҳуда буданд. Аллоҳ ин беҳудагии кӯшишҳоро дид ва амал намудан ва сухан гуфтанро сар кард.
Амалҳои Аллоҳ ҳамчун ҷазо ва раҳм
Мо дар ин ҷо се амалро мебинем:
- Аллоҳ онҳоро миранда гардонд – Одаму Ҳавво мемиранд.
- Аллоҳ онҳоро аз Боғ ронд. Акнун онҳо маҷбуранд дар Замин зиста, бо арақи ҷабин меҳнат кунанд.
- Аллоҳ ба онҳо либосе аз пӯсти ҳайвон дод.
Он чиз ҳайратовар аст, ки ҳамаи мо натиҷаҳои ин амалро то ҳол дар худ эҳсос менамоем. Ҳар яки мо мемирад. Ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ ба Боғ барнамегардад, на пайғамбарон, на одамони одӣ. Ҳамаи мо ҳоло ҳам либосҳоро барои пӯшондани гуноҳи худ мепӯшем. Аммо ҳамаи ин натиҷаҳо барои мо он қадар муқаррарӣ шудаанд, ки мо онҳоро пай намебарем. Аммо ба ҳар ҳол ҷазое ки Аллоҳ ба Одаму Ҳавво эълон намуд, то ҳол бо мост, агарчи аллакай ҳазорсолаҳо гузаштаанд. Натиҷаҳои он чиро, ки он вақт рӯй дод, мо ҳоло ҳам эҳсос менамоем.
Либосҳои туҳфакардаи Аллоҳ амали раҳмдилӣ буд – Худо шармсории онҳоро пӯшонд. Ҳа, Ӯ Одаму Ҳавворо ҷазо дод, аммо Ӯ ҳамчунин ба онҳо раҳм намуд. Ӯ маҷбур набуд чунин кунад. Одаму Ҳавво бо ҳеҷ як дастовард сазовори ин «пӯшиш» нашуда буданд, онҳо ба қадри кофӣ корҳои хуб накарда буданд, ки дастоварди онҳо буда, аз амали беитоатӣ вазни бештар дошта бошад. Одаму Ҳавво туҳфаи Аллоҳро фақат қабул карда метавонистанд, бе ҳеҷ гуна дастовард, ҳатто бе он ки сазовори ин туҳфа бошанд. Аммо ба ҳар ҳол мавҷудоти дигаре музди ин туҳфаро доданд. Дар Таврот гуфта шудааст, ки Худо ин либосҳоро аз пӯст тайёр кард. Пӯст аз ҳайвонҳо буд. То он вақт ҳанӯз марг набуд, аммо акнун ҳайвон музди гуноҳи одамонро дод – бо пӯсти худ. Ҳайвонҳо мурданд, то ки Аллоҳ ба Одаму Ҳавво раҳм карда тавонад.
Дар Қуръон гуфта шудааст, ки ин либосҳо ҳақиқатан шармсории онҳоро пӯшонданд, аммо ин пӯшиш барои адолат даркор буд, ва ба маънои муайян, либосҳо (пӯстҳо) аломати адолат, нишонае барои мо буданд.
«Эй фарзандони Одам, барои шумо ҷомае фиристодем, то шармгоҳатонро бипӯшад ва низ ҷомаи зинат. Ва ҷомаи парҳезгорӣ аз ҳар ҷомае беҳтар аст. Ва ин яке аз оятҳои Худост, бошад, ки панд гиранд» [Сураи 7:26 (Аъроф)].
Саволи хуб: мо ин «ҷомаи парҳезгорӣ»-ро чӣ гуна ба даст меоварем? Пайғамбарони баъдина ҷавобро ба ин саволи муҳим нишон медиҳанд.
Суханони Аллоҳ – ҷазо ва раҳм
Аллоҳ ба ҳамаи он чи барои Одам, Ҳавво ва мо (фарзандони онҳо) гуфт, Каломи Худро илова менамояд. Дар ҳар ду қисса Аллоҳ дар бораи «душманӣ» мегӯяд, аммо дар Таврот илова менамояд, ки ин душманӣ байни зан ва мор (шайтон) хоҳад буд. Маҳз ин калима дар ин ҷо такрор мешавад. Ман персонажҳоеро, ки ин ба онҳо дахл дорад, дар қавс () зикр кардам. Аллоҳ мегӯяд:
«Ва Ман (Аллоҳ байни ту (шайтон) ва зан, ва байни насли ту ва насли вай) душманӣ меандозам; вай (насли зан) сари туро (шайтонро) хоҳад кӯфт, ва ту (шайтон) пошнаи вайро (насли занро) хоҳӣ газид» (Ҳастӣ 3:15).
Чн муаммо садо медиҳад, аммо фаҳмидан мумкин аст. Инро бо диққат хонда, панҷ персонажро мебинед. Ин пайғамбарӣ аст, ки ба оянда дахл дорад. Инак он персонажҳо:
-
- Худо (ё Аллоҳ)
- Шайтон (ё иблис)
- Зан
- Насли зан
- Насли шайтон
Дар муаммо муносибатҳои байни персонажҳо дар оянда нишон дода шудаанд. Ниг. тасвири аёнӣ дар поён
Персонажҳо ва муносибатҳои онҳо дар ваъдаи Аллоҳ, ки дар Биҳишт додааст.
Дар ваъда гуфта нашудааст, ки ин зан кист. Аммо Аллоҳ дар бораи «насл»-и шайтон ва «насл»-и зан мегӯяд. Ин сирри бузургест, аммо мо дар бораи насли зан як чизро аниқ медонем. Азбаски насл бо ҷонишини “вай (бо ҷинсияти грамматикии мардона)” ишора шудааст, мо медонем, ки сухан дар бораи як мард меравад. Акнун мо якчанд маънидодҳои имконпазирро пешкаш карда метавонем. Азбаски насл бо ҷонишини ҷинсияти грамматикияш мардонаи “вай” ишора шудааст, вай на зан, балки мард аст. Гуфта шудааст, ки «вай» аз зан ба вуҷуд меояд. Насл на «онҳо» (на шумораи ҷамъ), балки «вай» аст. Насл НА гурӯҳи одамон, яъне на гурӯҳи намояндагони ягон миллат ва на гурӯҳи намояндагони ягон дин аст. Насл на «он» бо ҷинсияти грамматикии миёна, балки «вай» бо ҷинсияти грамматикии мардона аст, яъне насл одам аст). Ба ҳар ҳол чунин тасвия имкониятеро истисно мекунад, ки насл – фалсафа, таълимот ё дин бошад. Ба ибораи дигар, насл – НА масеҳият аст ва на ислом, зеро агар чунин мебуд, «вай» дар ҷинсияти грамматикии миёна гуфта мешуд. Ин на гурӯҳи одамон, яъне на яҳудиён, на масеҳиён ва на мусулмонон аст, зеро дар чунин маврид «онҳо» гуфта мешуд. Кӣ будани ин насл то ҳол муаммост, аммо ба ҳар ҳол мо якчанд вариантҳои имконпазирро, ки ба хаёламон омада метавонистанд, рад кардем.
Аз замони оянда, ки ин ваъда дар он баён шудааст, фаҳмост, ки Аллоҳ ба ягон мақсади аниқ расиданӣ аст. Ин насл сари шайтонро мекӯбад (яъне ӯро нобуд мекунад), шайтон «пошнаи ӯро хоҳад газид». Ҳанӯз маълум нест, ки ин чӣ маъно дорад, аммо мо медонем, ки мақсадҳои Худо иҷро мешаванд.
Аҳамият диҳед, ки Аллоҳ НА ба Одам гап мезанад. Насл ба мард ваъда нашудааст – танҳо ба зан. Ва ин хеле ғайриодӣ аст, хусусан агар аҳамияти махсуси насабномаҳои нахустпадаронро дар Таврот, Забур ва Инҷил ба назар гирем. Дар насабномаҳо дар Таврот, Забур ва Инҷил қариб ҳамеша писарон зикр мешаванд, ки мувофиқан аз падарон ба вуҷуд омадаанд. Аммо дар ин ваъда, ки дар Боғ ба забон оварда шуд, ҳамааш дигар аст: дар ин ҷо насл аз мард зикр нашудааст. Таврот танҳо насли занро зикр мекунад – бе зикри мард.
Аз ҳамаи одамон, ки замоне дар рӯи замин зистаанд, танҳо ду кас ҳеҷ гоҳ падари заминӣ надоштанд. Аввалӣ Одам буд, ки ӯро бевосита Худо офарид. Дуюмӣ Исои Масеҳ буд (Исо алайҳиссалом), ки аз бокидае таваллуд шуд – яъне бе иштироки падари заминӣ. Ин бо ваъда дар хусуси он ки насл на «вай» (дар ҷинсияти грамматикии занона) , «онҳо» ё «он», балки «вай» (дар ҷинсияти грамматикии мардона) аст, пурра мувофиқат мекунад. Исои Масеҳ (алайҳиссалом) насли зан аст. Аммо душмани ӯ, насли шайтон кист? Мо имконияти дар ин бора муфассал гап задан надорем, аммо дар Китобҳо дар бораи «писари иҷозат», «писари шайтон» ва дигар номҳо гуфта шудааст, ки ҳокими ояндаи заминиро тасвир менамоянд, ки бар зидди Масеҳ мебарояд. Ӯ ҳамчунин бо номи Даҷҷол маъруф аст, ва китобҳои дертар навишташуда дар бораи ҷанге мегӯянд, ки дар оянда байни зиддимасеҳ ва Масеҳ рӯй медиҳад. Аммо бори аввал ин ҷанг аллакай дар худи аввали қисса зикр мешавад.
Қиссаи ҷанги байни шайтон ва Аллоҳ ҳанӯз дар Боғ, аз пешгӯии Китоби якум сар шуда буд. Аммо ба ҳар ҳол бисёр саволҳо беҷавоб мондаанд, ҳол он ки бисёр саволҳое ҳастанд, ки мо ба онҳо дахл накардаем. Гӯш кардани Фиристодашудагонро (Расулонро) давом медиҳем, ва ин барои ҷавоби беҳтар додан ба ҳамаи саволҳо ёрӣ медиҳад, то фаҳмидани замонеро, ки дар он зиндагӣ мекунем, ёд гирем. Гуфтугӯро бо нақл дар бораи писарони Одаму Ҳавво, ки Қобил ва Ҳобил ном доштанд, давом медиҳем.