Skip to content
Home » Аломати Иброҳим 3: Қурбонӣ

Аломати Иброҳим 3: Қурбонӣ

  • by

Ба пайғамбар Иброҳим алайҳиссалом писар ваъда шуда буд, чунон ки мо дар аломати гузашта хондем, ва Аллоҳ ваъдаашро иҷро кард. Дар Таврот гуфта шудааст, ки Иброҳим алайҳиссалом соҳиби ду писар шуд. Мо мехонем (Ҳас. 16), ки аз Ҳоҷар Исмоил таваллуд шуд, ва баъд аз чордаҳ сол, аз Соро Исҳоқ таваллуд шуд (Ҳас. 21). Аламовар аст, ки ин боиси ихтилофот дар байни ду зани Иброҳим шуд, ва ба пайғамбар лозим омад, ки Ҳоҷар ва писарашро аз хона пеш кунад. Дар бораи он ки ин чӣ гуна рӯй дод, ва чӣ гуна Аллоҳ Ҳоҷару Исмоилро баракат дод, дар ин ҷо хондан мумкин аст.

Қурбонии пайғамбар Иброҳим: асос барои иди қурбон

Акнун, ки дар хонаи Иброҳим алайҳиссалом танҳо як писар монд, пайғамбар ба озмоиши бузургтарин дучор шуд, ва маҳз ҳамин озмоиш Роҳи ростро ба мо нишон медиҳад. Қисса дар бораи он ки Иброҳим писарашро ба қурбонӣ овард, дар Таврот ва Қуръон сабт шудааст, ва онро дар ин ҷо хондан мумкин аст . Иди қурбон маҳз аз ҳамин сабаб ҷашн гирифта мешавад. Аммо ин на танҳо як воқеаи таърихӣ аст. Аҳамиятнокии ин қурбонӣ хеле бештар аст.

Дар китобҳои муқаддас гуфта шудааст, ки барои Иброҳим алайҳиссалом ин озмоиши имон гардид. Аммо ин танҳо як ҷиҳати воқеа аст. Иброҳим пайғамбар аст, ва ин воқеа барои мо ҳамчунин аломат аст, то ки мо дар бораи муҳаббате ки Худо ба мо дорад, донем. Ин аломат аз чӣ иборат аст? Аҳамият диҳед, ки Иброҳим он маҳаллеро, ки Исҳоқ ба қурбонӣ оварда шуд, чӣ номид. Порчаи мувофиқ аз Таврот дар зер оварда шудааст, то ки шумо худи ҳозир онро хонда тавонед.

«Ва Иброҳим чашм андохта, дид: инак, дар қафо қӯчқоре бо шохҳояш дар беша андармон шудааст; ва Иброҳим рафта, қӯчқорро гирифт, ва дар ивази писараш онро барои қурбонии сӯхтанӣ тақдим кард. Ва Иброҳим он маконро Яҳува-яро номид; бинобар ин то имрӯз гуфта мешавад: «Дар кӯҳ Парвардигор омода мекунад». Ҳас. 22:13-14

Аҳамият диҳед, ки Иброҳим ин ҷойро чӣ номид – «Дар кӯҳ Парвардигор омода мекунад». Ин пешгӯӣ дар кадом замон ифода ёфтааст: гузашта, ҳозира ё оянда? Дар замони оянда. Барои пурра аниқ кардани ин ҷиҳат, пайғамбар Мусо алайҳиссалом (ки матни Тавротро 500 сол пас навишт) дар ҷумлаи зерин маънидоди худро илова мекунад ва худи ҳамин чизро такрор менамояд: «омода мешавад». Боз замони оянда. Аксаран ин порчаро чунин маънидод мекунанд, ки гӯё Иброҳим қӯчқореро дар назар дорад, ки бо шохҳояш дар бутта андармон шуда буд ва ба ҷои Исҳоқ қурбонӣ карда шуд. Аммо аҳамият диҳед: ҳангоме ки Иброҳим ба ин ҷой ном медиҳад, қӯчқор аллакай кушта шуда, қурбонӣ карда шудааст ва сӯзонида шудааст. Агар Иброҳим қӯчқорро дар назар медошт, чунин мегуфт: «Парвардигор омода кард» дар замони гузашта. Мусо алайҳиссалом низ мегуфт: «бинобар ин то имрӯз гуфта мешавад: «Парвардигор омода кард», агар сухан дар бораи қӯчқоре мерафт, ки ба ҷои Исҳоқ қурбонӣ карда шуд. Аммо ҳар ду пайғамбар, ба ин ҷой ном дода, замони ояндаро истифода бурданд. Пас сухан на дар бораи қӯчқоре меравад, ки аллакай кушта шудааст ва қурбонӣ карда шудааст.

Сухан дар бораи кӣ мерафт? Ба ин чиз диққат диҳед: Аллоҳ ба Иброҳим аломатро дода, ӯро ба куҷо фиристод?

Худо гуфт: «Писари худро, ки ягонаи туст, ва ӯро дӯст медорӣ, яъне Исҳоқро гир; ва ба сарзамини Мӯриё рав, ва дар он ҷо ӯро бар яке аз кӯҳҳое ки ба ту мегӯям, барои қурбонии сӯхтанӣ барор» ояти 2

Пас, ҳамааш дар замини Мӯриё рӯй дод. Ин замин дар куҷост? Дар замони Иброҳим (соли 2000 то милод) ин биёбоне буд, аммо пас аз ҳазор сол (соли 1000 то милод) подшоҳи маъруф Довуд дар он ҷо шаҳри Уршалимро бунёд намуд, ва писараш Сулаймон дар он ҷо маъбад сохт. Дар Забур мо мехонем:

Он гоҳ Сулаймон ба сохтани хонаи Парвардигор дар Уршалим, бар кӯҳи Мӯриё оғоз кард, ки дар он ҷо Парвардигор ба падараш Довуд зоҳир шуда буд.2 Вақ. 3:1

Ба ибораи дигар, кӯҳи Мӯриё дар замони Иброҳим (ва баъд дар замони Мусо) кӯҳи алоҳидае дар байни биёбон буд, аммо пас аз 1000 сол Довуд ва Сулаймон дар он ҷо пойтахти подшоҳии Исроилро бунёд намуданд, ва баъд маъбади Парвардигорро сохтанд. Ин ҷой то ҳол барои яҳудиён макони муқаддас аст.

Кӯҳи Мӯриёро на Иброҳим алайҳиссалом, балки маҳз Парвардигор интихоб намуд. Дар сураи Ал-Ҷинн (Сураи 72) гуфта шудааст:

 Масҷидҳо аз они Худост. Ва бо вуҷуди Худои барҳақ  касеро ба худоӣ нахонед. Сураи Ал-Ҷинн 72:18

Ҷойҳои парастишро Худи Парвардигор интихоб менамояд. Биёед мефаҳмем, ки чаро ӯ маҳз кӯҳи Мӯриёро интихоб намуд.

Исои Масеҳ

Дар ин ҷо мо робитаи бевоситаро бо Исои Масеҳ алайҳиссалом ва Инҷил мебинем. Ин робита он вақт аён мегардад, ки мо яке аз номҳои Исоро мефаҳмем. Исо номҳои бисёр дошт. Аммо номи машҳуртарини Ӯ — Масеҳ аст. Ӯ ном дигар низ дорад, ки на он қадар машҳур аст, аммо аҳамияташ камтар нест. Дар ин бора дар Инҷил, дар Инҷили Юҳанно гуфта шудааст, ки он ҷо пайғамбар Яҳё (Яҳёи Таъмиддиҳанда дар Инҷил) мегӯяд:

«Фардои он, Яҳё Исоро дид, ки ба сӯи вай меояд, ва гуфт: «Инак Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад. Ин аст Он ки ман дар бораи Ӯ гуфтам: “Пас аз ман марде меояд, ки бар ман бартарӣ дорад, зеро пеш аз ман будааст”» Инҷили Юҳанно 1:29-30

Яҳё номи дигар, номи на он қадар машҳури Исоро зикр мекунад: Барраи Худо. Аммо аҳамияти ин ном ҳақиқатан бузург аст. Ба ёд оваред, ки ҳаёти Исо чӣ гуна ба охир расид. Ӯ дар куҷо ба ҳабс гирифта шуд ва ба марг маҳкум гардид? Дар Уршалим (яъне дар кӯҳи Мӯриё). Дар бораи ҳабс шудани ӯ гуфта шудааст:

«Ва чун [Пилотус] донист, ки Ӯ аз вилояти Ҳиродус аст, Ӯро назди Ҳиродус равона кард, ки вай низ дар он рӯзҳо дар Уршалим буд» Инҷили Луқо 23:7

Хулоса, ҳабс, пурсуков ва қатли Исо дар Уршалим (= кӯҳи Мӯриё) рӯй додаанд.

Аммо ба Иброҳим бармегардем. Чаро ӯ дар тасвири ин маҳал замони ояндаро истифода бурд: «Дар кӯҳ Парвардигор омода мекунад»? Ӯ пайғамбар буд, ва медонист, ки дар ин кӯҳ Парвардигор чизеро омода мекунад. Писари Иброҳим аз марг раҳоӣ ёфт, чунки ба ҷои ӯ баррае кушта шуд — дар лаҳзаи охирин. Пас аз ду ҳазор сол, Исо, Барраи Худо, ҳабс карда шуд ва дар худи ҳамон ҷой кушта шуд!

Қурбоние ки Иброҳимро аз марг бозхарид намуд

Оё ин ба мо муносибат дорад? Ман ба охири аломати Иброҳим аҳамият додам. Дар ояти 107-и Қуръони муқаддас дар бораи Иброҳим алайҳиссалом гуфта шудааст:

«Ва Мо ӯро [писарро] бо қурбонии бузург бозхаридем».

Бозхаридан – ба ҷои асир пул дода ӯро халос кардан аст. Агар Иброҳим алайҳиссалом бозхарид шуда бошад, пас ӯ асир, ғуломи касе буд (ҳатто пайғамбари бузург ғулом буда метавонад!)   Ӯро кӣ асир карда буд? Дар ин бора қиссаи ба қурбонӣ оварда шудани Исҳоқ мегӯяд. Ӯ асири марг буд. Агарчи ӯ пайғамбари бузург буд, дар асорати марг буд. Мо аз аломати Одам медонем, ки Аллоҳ Одам ва авлодони ӯро (ҳамаро, бо зимни пайғамбарон) миранда офарид. Онҳо асирони марг ҳастанд. Аммо дар қиссаи барраи қурбонӣ Иброҳим алайҳиссалом бо кадом як восита аз асорат «бозхарид карда шуд». Агар пайдарҳамии аломатҳоро таҳлил намоем (ОдамҚобил ва ҲобилНӯҳ, Иброҳим), ки дар бораи онҳо аллакай гуфта будем, аён аст, ки пайғамбарон аз замонҳои қадим ҳайвонҳоро ба қурбонӣ меоварданд. Аз афти кор, онҳо чизеро медонистанд, ки мо намедонем. Ғайр аз ин мо мебинем, ки азбаски қурбонии Исҳоқ ба оянда, ва маҳз ба Исо, Барраи Худо, ишора мекунад, пас бозхарид кардан бо он робитае дорад.

Қурбонӣ: баракат барои мо

Қурбонӣ кардани барра дар кӯҳи Мӯриё барои мову шумо низ аҳамияти бузург дорад. Дар охири гуфтугӯ Аллоҳ ба Иброҳим хабар медиҳад:

«Ва ҳамаи халқҳои рӯи замин дар насли ту баракат меёбанд, чунки ба овози Ман гӯш додӣ» Ҳас. 22:18

Агар шумо ба «ҳамаи халқҳо» мансуб бошед (ва ин ҳамин тавр аст!), пас ин ваъда ба шумо низ дахл дорад — ба шумо аз худи Аллоҳ баракат ваъда шудааст! Магар ин олидараҷа нест?! Аммо бо кадом тарз робитаи байни қиссаи Иброҳим ва Исо барои мо баракат мегардад? Дар аввал зикр мекунем, ки Иброҳим алайҳиссалом «бозхарид карда шуд», ва ин барои мо ишораест. Бе ин ишора ҷавоб ва саволи мо тамоман ақин намешавад. Бинобар ин ба аломати Мусо мегузарем (ба ӯ ду аломат дода шуда буд), ва ин чиз вазъиятро аниқ менамояд.

Ҳоло бошад ба назар гиред, ки калимаи «насл» дар шакли танҳо истифода шудааст. Сухан дар бораи наслҳои зиёд намеравад. Ваъда ба воситаи ягона насли Иброҳим меояд. Яъне сухан дар бораи як шахси ҷинсаш мард меравад — на дар бораи одамони бисёр. Аломати Песаҳи пайғамбар Мусо барои фаҳмидани ҳамаи ин ба мо ёрӣ мерасонад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *