Skip to content
Home » Аломати Таврот дар бораи Пайғамбар

Аломати Таврот дар бораи Пайғамбар

  • by

Пайғамбарон Мусо алайҳиссалом ва Хорун алайҳиссалом дар давоми 40 сол исроилиёнро роҳбарӣ мекарданд. Онҳо Фармудаҳоро навиштанд ва қурбониҳоро ва низ бисёр аломатҳоро дар Таврот муқаррар намуданд. Пас аз муддате вақти мурдани ин ду пайғамбар расид. Биёед қонуниятҳои Тавротро аз назар мегузаронем, пеш аз он ки Тавротро ба охир расонем.

Қонунияти аломатҳо дар Таврот чӣ гуна аст?

Қурбониҳо дар Таврот

Ба аҳамият ва зудии  қурбониовариҳо диққат диҳед. Дар хусуси он чи ҳозир мо аз назар мегузаронем, фикр кунед:

Ҳамаи ин қурбониҳо бо ҳайвонҳои пок ба амал оварда мешуданд – гӯсфандон, нарбузҳо ё нарговҳо. Ҳамаи онҳо нар буданд, ғайр аз модагов.

Ин қурбониҳо барои одамоне ки онҳоро меоварданд, кафорат буданд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо пӯшиш буданд, зеро айбдорӣ ва шармсории одаме ки қурбонӣ меовард, пӯшонида мешуданд. Ин аз Одам сар шуд, ки марҳамати Аллоҳро дар шакли пӯстҳо ба даст овард. Ин пӯстҳо марги ҳайвонҳоро металабиданд, то ки лучӣ пӯшонида шавад. Саволи муҳим: Чаро қурбониҳо акнун оварда намешаванд ва пешкаш карда намешаванд? Ҷавобро мо дертар мебинем.

Росткорӣ дар Таврот

Калимаи “росткорӣ” доимо пайдо мешавад. Мо бори аввал онро дар қиссаи Одам дидем, ҳангоме ки Аллоҳ ба ӯ гуфт, ки “либоси росткорӣ беҳтар буд”. Мо дидем, ки Иброҳим росткор «ҳисобида шуд», ҳангоме ки ба ваъда дар бораи писардор шудан дар оянда бовар кард. Исроилиён росткорӣ ба даст оварда метавонистанд, агар  Шариатро риоя кунанд – аммо бояд онро пурра риоя менамуданд – доимо.

Ҷазо дар Таврот

Мо ҳамчунин дидем, ки иҷро накардани фармудаҳо боиси ҷазо аз Аллоҳ гардид. Ин аз Одам сар шуд, ки ҳамагӣ як бор беитоатӣ кард, ва ҷазо дода шуд. Ҷазо ҳамеша боиси марг мегардид. Ё шахси ҷазо додашаванда мемурд, ё ҳайвони қурбонишаванда. Дар бораи ин чизҳо фикр кунед:

  • Бо  Одам ҳайвоне ки барои пӯст қурбонӣ гардид, мурд.
  • Бо Ҳобил – ҳайвони тақдимкардаи ӯ мурд.
  • Бо Нӯҳ – одамон дар вақти тӯфон мурданд, ва ҳатто Нӯҳ, пас аз тӯфон, қурбонӣ карда, ҳайвонро кушт.
  • Бо Лут, мардуми Садӯм ва Амӯро дар натиҷаи доварии Худо мурданд – зани Лут низ.
  • Бо қурбонии писари Иброҳим писар мемурд, аммо ба ҷои ӯ қӯчқоре мурд.
  • Бо Песаҳ ё нахустзода мурд (барои фиръавн ва дигар беимонон), ё барра мурд, ки хунаш ба паҳлудариҳо молида шуд.
  • Мувофиқи фармудаҳои Шариат ё айбдор мурд, ё як нарбуз дар рӯзи кафорат (Йом Кипур) мурд.

Ин чӣ маъно дорад? Мо дар давом мебинем. Аммо ҳозир  Мусо алайҳиссалом ва Ҳорун алайҳиссалом Тавротро ба охир расонданӣ ҳастанд. Ва онҳо бо ду паёми муҳими бевосита аз ҷониби Аллоҳ гирифташуда ин корро мекунанд, ҳар ду паём ба оянда дахл доранд ва ҳозир барои мо муҳиманд – Пайғамбари оянда ва Балоҳо ва Баракатҳои оянда. Дар ин ҷо ба Пайғамбар менигарем.

Пайғамбари оянда

Ҳангоме ки Аллоҳ  дар кӯҳи Сино (Ҷабал-Мусо) лавҳҳои сангинро дод, Ӯ ин корро бо зоҳир намудани даҳшатовари қувва кард. Таврот манзараро чанде пеш аз дода шудани лавҳҳо тасвир менамояд.

Ва дар рӯзи сеюм чунин шуд, ки баробари дамидани субҳ тундарҳо ва чароғакҳо ба амал омада, абри ғафсе кӯҳро фаро гирифт, ва садои хеле баланди шайпур ба гӯш расид; ва тамоми қавме ки дар бошишгоҳ буданд, ба ларза дароманд. Ва Мусо қавмро ба пешвози Худо аз бошишгоҳ берун овард, ва онҳо дар домани кӯҳ истоданд. Ва тамоми кӯҳи Синоро дуд фаро гирифта буд, чунки Парвардигор дар оташ бар он фуруд омад, ва дуди он чун дуди кӯра мебаромад; ва тамоми кӯҳ бисёр меларзид.

Хуруҷ 19: 16-18

Одамон хеле тарсида буданд. Таврот инро чунин тасвир менамояд:

Ва чун тамоми қавм тундарҳо, забонаҳои оташ, садои шайпур ва кӯҳи пур аз дудро диданд ва шуниданд, ларзиданд ва аз дур истоданд. Ва ба Мусо гуфтанд: «Ту ба мо сухан гӯй, ва мо гӯш мекунем, вале Худо ба мо сухан нагӯяд, мабодо мурем».

Хуруҷ 20: 18-19

Ин дар ибтидои давраи 40-солаи роҳбарии Мусо алайҳиссалом бар ҷамоат буд. Дар охир Аллоҳ бо пайғамбар Мусо алайҳиссалом оид ба ин вазъияти гузашта гуфтугӯ карда, ба одамон дар бораи тарс дар гузашта ёдрас намуд ва барои оянда ваъда дод. Мусо алайҳиссалом дар Таврот навиштааст:

15 Пайғамбаре монанди ман аз миёни ту, аз бародарони ту Парвардигор Худоят барои ту ба миён меоварад; ба Вай гӯш диҳед.

16 Мувофиқи ҳар он чи ту дар Ҳуриб, дар рӯзи ҷамъомад, аз Парвардигор Худои худ пурсида, гуфтӣ: “Овози Парвардигор Худои худро дигар нашунавам, ва ин оташи азимро дигар набинам, мабодо мурам”, — 17 Парвардигор ба ман гуфт: “Он чи онҳо гуфтанд, хуб аст.

18 Пайғамбаре, монанди ту, Ман барои онҳо аз миёни бародарони онҳо ба миён меоварам, ва суханони Худро ба даҳони Вай мегузорам, ва ҳар он чи ба Вай фармоям, ба онҳо мегӯяд;

19 ва касе ки ба суханони Ман, ки Вай ба номи Ман мегӯяд, гӯш наандозад, Ман Худам аз ӯ бозхост мекунам.

20 Аммо пайғамбаре ки худсарона ба номи Ман сухане мегӯяд, ки ба гуфтанаш нафармудаам, ё ба номи худоёни дигар сухан мегӯяд, — он пайғамбар бояд кушта шавад”.

21 Ва агар дар дили худ гӯӣ: “Суханеро, ки Парвардигор нагуфта бошад, чӣ гуна шиносем?” —

22 пас, сухане ки пайғамбар ба номи Парвардигор мегӯяд, вале он ба амал намеояд ва иҷро намешавад, он суханест, ки Парвардигор нагуфтааст, балки пайғамбар худсарона гуфтааст, — аз ӯ натарс.

Такрори Шариат 18: 15-22

Аллоҳ мехост, ки одамон эҳтироми солим дошта бошанд, аз ҳамин сабаб ҳангоме ки Ӯ Фармудаҳои дар лавҳҳо навишташавандаро ба забон меовард, Ӯ инро чунон кард, ки боиси даҳшати одамон гардид. Аммо акнун Ӯ ба оянда нигариста ваъда медиҳад, ки замоне фаро мерасад, ки пайғамбаре монанди Мусо алайҳиссалом дар байни исроилиён пайдо мешавад. Баъд ду дастур дода мешаванд:

  1. Агар одамон ба Пайғамбари омада аҳамият надиҳанд, худи Аллоҳ онҳоро масъул меҳисобад.
  2. Барои ба қароре омадан, ки оё Аллоҳ ба воситаи Пайғамбар сухан рондаааст, паём бояд ояндаро пешгӯӣ кунад ва ба амал ояд.

Дастури якум маънои онро надошт, ки пас аз Мусо алайҳиссалом боз танҳо як пайғамбар хоҳад буд, аммо Ӯ ҳамоне хоҳад буд, ки мо бояд Ӯро махсусан гӯш кунем, чунки ӯ дар паёми худ нақши махсус хоҳад бозид – ин “Суханони Ман” хоҳанд буд. Азбаски фақат худи Аллоҳ ояндаро медонад – бешубҳа, ҳеҷ як одам намедонад, – дастури дуюм барои одамон воситаи донистани он буд, ки оё паём ҳақиқатан аз ҷониби Аллоҳ аст ё не. Дар давом мо мебинем, ки чӣ тавр Мусо алайҳиссалом дастури дуюмро истифода бурд, то ки дар Баракатҳо ва Балоҳои исроилиён, ки Тавротро ба охир мерасонанд, ояндаи исроилиёнро пешбинӣ кунад.

Аммо “ Пайғамбари оянда” чӣ? Ӯ кӣ буд? Баъзе олимон тахмин мекунанд, ки ин ба пайғамбар Муҳаммад (с) дахл дорад. Аммо аҳамият диҳед, ки дар пешгӯӣ гуфта шудаааст, ки ин пайғамбар “аз миёни бародарони онҳо сроилиён”, яъне яҳудиён хоҳад буд. Бинобар он ин ба ӯ дахл дошта наметавонад. Дигар олимон ба худ савол медоданд, ки оё пайғамбар Исои Масеҳ алайҳиссалом дар назар дошта шудааст. Ӯ яҳудӣ буд, ва илова ба ин бо қудрати бузург таълим медод – гӯё суханони Аллоҳ “дар даҳони ӯ” буданд. Дар вақти қурбонӣ овардани Иброҳим, дар вақти ҷашн гирифтани аввалин Песаҳ, ва низ дар ин пешгӯӣ дар бораи “пайғамбаре” ки суханони Худо дар даҳонаш мебошанд, омадани Исои Масеҳ алайҳиссалом пешбинӣ шуда буд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *