Skip to content
Home » Грядущее Царство

Подшоҳии оянда

  • by

Дар сураи охирини Қуръон – ан-Нос (Сураи 114 – «Одамон») гуфта шудааст:

Бигӯ: «Ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам, фармонравои мардум…»

Сураи ан-Нос 114:1-2

Аллоҳ Парвардигор ва фармонравои (подшоҳи) тамоми инсоният аст. Ва ҳар як подшоҳ ҳатман подшоҳии худро дорад. Подшоҳии Худо чӣ гуна аст? Сураи 108 – сураи «ал-Кавсар» ҷавобро ба ин савол дар бар мегирад:

Албатта, Мо кавсарро (неъмати абадии фаровон) ба ту ато кардем.

Сураи Ал-Кавсар 108:1

Азбаски Подшоҳ неъматҳои фаровон медиҳад, подшоҳии ӯ бояд аз фаровонӣ пур бошад. Аммо пур аз чӣ гуна фаровонӣ? Донистани ин ба паёмбарони Забур ошкор шуда буд.

Дар китоби пайғамбар Ишаъё ба ҷаҳон омадани писари бокира пешгӯӣ шуда буд. Ин пешгӯӣ пас аз якчанд аср дар таваллуди Исои Масеҳ алайҳиссалом амалӣ шуд. Дар баробари ин дар Забур пешгӯиҳои дигаре низ ҳастанд, ки аз фаро расидани осоиш ва некӯаҳволии умумибашарӣ хабар медиҳанд.

Агар дар бораи таърихи мардуми Исроил сухан ронем, паёмбар ва подшоҳ Довуд алайҳиссаломро зикр накардан ғайриимкон аст, ки Худованд ӯро аввалин подшоҳ дар Уршалим таъйин карда буд. Пас аз Довуд ва Сулаймон бисёрии подшоҳон бадкирдор буданд. Зиндагӣ дар замони чунин подшоҳон аз диктатураҳои имрӯза чандон фарқ надошт. Ҷангҳо, душманӣ байни одамон ва тамоми халқҳо — ҳама чиз чун дар ҷаҳони мо буд. Фасодкорӣ ва истисмори камбағалон аз ҷониби сарватмандон мисли имрӯз буд. Марг ва ранҷу азоб дар ҳама ҷо вуҷуд дошт – ҳама чиз ҳамон тавре ки дар мост. Аммо пайғамбарони Забур эълон карда буданд, ки рӯзе фаро мерасад, ки дар рӯи замин подшоҳии нав меояд. Подшоҳии адолат, марҳамат, муҳаббат ва осоиш. Пайғамбар Ишаъё алайҳиссалом ба таври равшан тасвир кардааст, ки зиндагӣ дар ин подшоҳӣ чӣ гуна хоҳад буд:

Ӯ дар миёни халқҳо доварӣ хоҳад кард, ва қавмҳои бисёрро танбеҳ хоҳад намуд. Онҳо шамшерҳои худро ба омочҳо, ва найзаҳои худро ба досколаҳо табдил хоҳанд дод. Халқе бар халқе шамшер нахоҳад кашид, ва ҷангро дигар таълим нахоҳанд гирифт.

Иш. 2:4

Ҳама ҷангҳо хотима меёбанд! Ҷаҳони имрӯза аз он дур аст. Илова бар ин, пешгӯиҳо на танҳо фаро расидани осоиши умумӣ, балки беҳтар шудани муҳити зистро низ пешгӯӣ мекунанд.

Гург бо барра зиндагӣ хоҳад кард, ва паланг бо бузғола хоҳад хобид; гӯсола ва шербача ва парворӣ бо ҳам хоҳанд буд, ва кӯдаки хурде онҳоро хоҳад чаронд. Гов бо хирс хоҳад чарид, ва бачаҳои онҳо бо ҳам хоҳанд хобид; ва шер монанди гов коҳ хоҳад хӯрд. Бачаи ширмак бар сӯрохи мори гурза бозӣ хоҳад кард, ва кӯдаки аз пистон баромада дасти худро ба хонаи мори афъӣ дароз хоҳад кард. Дар тамоми кӯҳи муқаддаси Ман бадӣ нахоҳанд кард ва осебе нахоҳанд расонд, зеро замин аз шинохтани Парвардигор пур хоҳад буд, монанди он ки баҳр пур аз обҳост.

Иш. 11:6-9

Ҳоло бошад, мо ин гуна чизҳоро намебинем. Ва як чизи дигар: пешгӯиҳо дар бораи зиёд шудани давомнокии умр ва амнияти шахсӣ сухан мегӯянд.

Дар он ҷо дигар хурдсоле ва пире нахоҳад буд, ки ба пурии рӯзҳои худ нарасида бошад. Касе ки дар синни садсолагӣ мурад, ҷавон ҳисоб меёбад, ва агар гуноҳкор дар синни садсолагӣ мурад, ба лаънат дучор мешавад. Хонаҳо бино карда, дар онҳо сокин хоҳанд шуд, ва токҳо шинонда, меваи онҳоро хоҳанд хӯрд.

Бино нахоҳанд кард барои он ки дигарон сокин шаванд; нахоҳанд шинонд барои он ки дигарон хӯранд. Зеро рӯзҳои қавми Ман мисли рӯзҳои дарахт хоҳанд буд, ва интихобшудагони Ман аз амали дастҳои худ то ба охир истифода хоҳанд бурд.

Меҳнати беҳуда нахоҳанд кард, ва барои марги ногаҳон нахоҳанд зоид, зеро ки онҳо, ва фарзандонашон бо ҳам, насли мубораки Парвардигор мебошанд. Пеш аз он ки дуо кунанд, Ман ҷавоб хоҳам дод, ва ҳанӯз сухан бар забонашон аст, ки хоҳам шунид. Гург ва барра бо ҳам хоҳанд чарид, ва шер монанди гов коҳ хоҳад хӯрд…

Иш. 65:20-25

Амният, осоиш, зуд иҷобат шудани дуоҳо… Албатта, ин пешгӯиҳо ҳанӯз иҷро нашудаанд — ҳанӯз. Аммо онҳо гуфта шудаанд ва навишта шудаанд! Бисёр одамон фикр мекунанд, ки шояд дар ин пешгӯиҳои умедбахш ягон хато ворид шуда бошад. Аммо як лаҳза фикр кунед: аломати писари бокира таҳтуллафзан иҷро шуд — оё ин ба мо дилпурӣ намедиҳад, ки боқимондаи пешгӯиҳо низ пурра иҷро мешаванд?

Подшоҳии Худо

Агар каме фикр кунем, маълум мешавад, ки чаро ҳамаи ин пешгӯиҳо ҳанӯз иҷро нашудаанд. Онҳо дар заминаи Подшоҳии Худо – ҳукмронии Худо дар ҳаёт ва корҳои одамон эълон карда шудаанд. Боз як пешгӯиро дар бораи Подшоҳии оянда хонед

Парвардигоро, Туро ҳамаи корҳоят сипос мегӯянд, ва сарсупурдагонат Туро муборак мехонанд. Аз ҷалоли подшоҳии Ту сухан меронанд, ва қудрати Туро баён менамоянд, то ки қудрати Ӯро ба банӣ-одам маълум кунанд, ва ҷалоли арҷманди подшоҳии Ӯро. Подшоҳии Ту подшоҳии ҳамаи замонҳост, ва ҳукмфармоии Ту дар ҳамаи наслҳост. Парвардигор ҳамаи афтодагонро дастгирӣ мекунад, ва ҳамаи хамидақоматонро рост мегардонад.

Заб. 145:10-14

Ин таълимоти подшоҳ ва пайғамбар Довуд алайҳиссалом аст, ки тақрибан дар соли 1000-уми пеш аз милод эълон шудааст. (Ба истинод дар ин ҷо нигаред, то дар ҷадвали замонӣ солҳои зиндагии Довуд ва паёмбарони Забурро бинед). Пешгӯиҳо рӯзи бо қудрат омадани Подшоҳии Худоро пешгӯӣ мекунанд. Он Подшоҳии бузург ва ҷалол хоҳад буд, аммо бар хилофи подшоҳиҳои инсонӣ, он абадӣ хоҳад буд. То ҳол ин Подшоҳӣ дар рӯи замин вуҷуд надорад ва аз ин рӯ ҳама пешгӯиҳои дигар дар бораи осоиш ва некӯаҳволӣ низ ба оянда ишора мекунанд. Осоиш танҳо бо омадани ниҳоии Подшоҳии Худо фаро мерасад

Дониёл алайҳиссалом паёмбари дигари Забур аст, ки тақрибан дар соли 550-уми пеш аз милод, ҳангоми аз Замини ваъдашуда ронда шудани исроилиён зиндагӣ кардааст. Ӯ дар бораи чӣ гуна омадани ин подшоҳӣ пешгӯӣ карда буд.

Замони пайғамбар Дониёл алайҳиссалом дар робита бо дигар пайғамбарони Забур

Боре Дониёл хобҳоеро, ки Аллоҳ ба подшоҳи Бобил фиридтода буд, маънидод намуд. Хобҳо ба он дахл доштанд, ки подшоҳиҳо дар рӯи замин чӣ гуна якдигарро иваз хоҳанд кард. Ва пайғамбар Дониёл чунин маънидод намуд.

Ту, эй подшоҳ, шоҳаншоҳе ҳастӣ, ки Худои осмон ба ту (яъне ба подшоҳи Бобил дар соли 550-уми то милод) салтанат, қудрат, тавоноӣ ва ҷалол бахшидааст; ва дар ҳар ҷое ки банӣ-одам, ҳайвоноти саҳро ва мурғони ҳаво сукунат доранд, онҳоро ба дасти ту супурда, туро бар ҳамаи онҳо ҳукмраво гардондааст … Баъд аз ту салтанати дигаре барпо хоҳад шуд, ки аз салтанати ту пасттар бошад, ва салтанати сеюми дигаре, — салтанати мисин, — ки он бар тамоми замин ҳукмфармо хоҳад шуд. Ва салтанати чорум мисли оҳан қавӣ хоҳад буд; чунон ки оҳан ҳама чизро пора-пора ва гард-гард мекунад, он низ, мисли ҳамин оҳани шикананда, ҳамаи ин чизҳоро пора-пора хоҳад кард ва хоҳад шикаст… Ва дар айёми он подшоҳон Худои осмон салтанате барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд: он ҳамаи ин салтанатҳоро гард-гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод. Чунон ки ту (подшоҳ Набукаднесар) дидаӣ, ки санге аз кӯҳ канда шуд, бе он ки дасте расида бошад!

Дон. 2:37-45

Подшоҳӣ аз як санги хурд – аз санги аз кӯҳ кандашуда сар мешавад, вале тадриҷан тамоми ҷаҳонро соҳиб мешавад, чунон ки дар пешгӯии дар боло зикршудаи Довуд алайҳиссалом омадааст. Чаро Аллоҳ подшоҳии худро ин қадар суст барпо мекунад? Чаро ин қадар вақт мегирад? Чаро то ҳол фаро нарасидааст? Агар шумо дар ин бора фикр кунед, пас ҳама подшоҳиҳо, ба ин ё он тарз, бо маҷмӯи унсурҳои монанд тавсиф мешаванд:

  • Подшоҳ ё фармонраво
  • шаҳрвандон
  • Сарқонун
  • Табиат

Масалан, ман дар Канада зиндагӣ мекунам. Ин ҳам подшоҳӣ аст. Канада ҳокими худро дорад – имрӯз ин Ҷастин Трюдо, сарвазири интихобшуда аст. Дар Канада шаҳрвандон ҳастанд – ман яке аз онҳо ҳастам; Он сарқонуни худро дорад, қонуне дорад, ки ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандонро муқаррар мекунад. Канада табиати беназири худро дорад. Кишвар дар минтақаи муайяни ҷаҳон, ки андозаи табиӣ, иқлим, захираҳои табиӣ ва ғайраро муайян мекунад, ҷойгир аст. Ҳама кишварҳо ва подшоҳиҳои ҷаҳон, чӣ гузашта ва чӣ имрӯза, ҳамаи ин чаҳор унсурро доранд.

Мову шумо ба ин Подшоҳӣ даъват шудаем

Подшоҳии Худо низ ҳамаи ин чаҳор унсурро дорад. Аз пешгӯиҳо дар бораи Подшоҳӣ мо мефаҳмем, ки он табиати нотакрор (вайроннашаванда ва олидараҷа) ва Сарқонуни худро (осоиш, адолат, мувофиқат бо ҷаҳони атроф ва ғайра) хоҳад дошт. Аммо худи имконияти мавҷудияти чунин Подшоҳӣ аз ҳузури ду унсури дигари зикршуда – Подшоҳ ва шаҳрвандон бармеояд. Дар мақолаи навбатӣ ба Подшоҳ таваҷҷуҳ карда мешавад. Ҳоло бошад, ба худ савол диҳед: Оё шумо мехоҳед, ба Подшоҳии Худо дохил шавед? Пайғамбар Ишаъё алайҳиссалом ҳамаи одамонро ин гуна ба он даъват мекунад:

Эй ҳамаи ташнагон, сӯи обҳо биёед! Ва эй шумо, ки нуқра надоред, биёед, харед ва хӯред! … Чаро нуқраро барои он чи нон нест, сарф мекунед, ва меҳнати худро барои он чи сер намекунад? Маро бо диққат шунавед, ва чизҳои хубро хӯред, то ки ҷони шумо аз фаровонӣ лаззат барад… Шунавед, то ки ҷони шумо зинда шавад. Ман бо шумо аҳди абадӣ мебандам, ба хотири меҳру вафои Ман ба Довуд… Парвардигорро ҷӯед, вақте ки Ӯ ёфт мешавад; ба Ӯ дуо кунед, вақте ки Ӯ наздик аст.

Иш. 55:1-3,6

Аллоҳ хамаи ҳамаи касонеро, ки ташнаи дохил шудан ба Подшоҳӣ ҳастанд, даъват мекунад, ки ба Подшоҳӣ дароянд, ва он гоҳ муҳаббате, ки ба подшоҳи қадим Довуд алайҳисалом нозил шуда буд, ба хамаи шахсоне ки тобеи Подшоҳи бузург мешаванд, насиб мегардад. Агар шуморо ба ҷое даъват кунанд, пас шумо ҳанӯз дар он ҷо нестед. Аммо ин ҳам дуруст аст, ки Худо моро ба Подшоҳии Худ даъват намуда, мехоҳад, ки мо дар он ҷо бошем ва мехоҳад, ки мо дар ҷои оромии абадӣ зиндагӣ кунем. То имрӯз саволҳои зиёде боқӣ мондаанд, ки ин чӣ гуна ва кай рӯй медиҳад. Аммо дар ин бора дар мақолаҳои баъдӣ дар бораи Забур сӯҳбат хоҳем кард. Ҳоло ба як саволи муҳим ҷавоб додан мумкин аст: “Оё шумо мехоҳед ба ин Подшоҳӣ дохил шавед?”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *