Skip to content
Home » Знамение Раба

Знамение Раба

  • by

Дар мақолаи гузашта гуфта будем, ки Масеҳ бояд «нобуд мешуд» – мувофиқи пешгӯии Дониёл. Мо ба охири омӯзиши Забур наздик мешавем. Аммо ҳанӯз баъзе маълумотҳоро ҷамъ кардан даркор аст.

Солҳои ҳаёти пайғамбар Ишаъё дар ҷадвали замонӣ дар робита бо дигар пайғамбарони Забур

Пайғамбар Ишаъё (солҳои ҳаёташ дар ҷадвали замонӣ инъикос ёфтаанд)  бо истифодаи ташбеҳи навда  дар хусуси замони омадани Масеҳ пешгӯӣ мекард. Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки касе меояд, ки ӯ «бандаи Парвардигор» номидааст. Ӯ ба ин банда порчаи тӯлониии матнро бахшидааст. Ин банда кист? Ӯ чӣ мекунад? Пайғамбарии Ишаъёро муфассал аз назар мегузаронем. Онро дар ин ҷо аниқ меоварам ва баъзе тавзеҳот медиҳам.

Омадани банда дар китоби ИшаъёМатни пурраи пешгӯии Ишаъё (52:13-53:12)

 Инак, Бандаи Ман комёб хоҳад гардид; олиқадр ва болодаст ва ниҳоятдараҷа баланд хоҳад шуд. Чунон ки бисёр касон аз Ту дар ҳайрат монда буданд, — Зеро ки намуди Ӯ аз ҳар шахс бештар маъюб шуда буд,

Ва симои Ӯ аз банӣ-одам бештар хароб шуда буд! — Ончунон Ӯ халқҳои зиёдро дар ҳайрат хоҳад андохт; Подшоҳон пеши Ӯ даҳони худро хоҳанд баст. Зеро он чиро, ки ба онҳо ҳикоят карда нашуда буд, хоҳанд дид, ва он чиро, ки нашунида буданд, хоҳанд фаҳмид.

Иш. 52:13-15

Аз порча маълум мешавад, ки банда дар ин чо шахсро ифода мекунад, зеро ҷонишини «ӯ» ба шахс ишора мекунанд. Ҳорун алайҳиссалом ҳар гоҳе ки барои гуноҳи бани Исроил қурбонӣ мекард, хуни ҳайвоноти қурбониро ба сари халқ мепошид. Ва он гоҳ гуноҳҳои халқ пӯшида ҳисобида мешуданд ва ба ҳисоби онҳо дароварда намешуданд. Ишаъё мегӯяд, ки ғулом инчунин ба халқҳои зиёде «хоҳад пошид» (дар тарҷумаи тоҷикӣ: дар ҳайрат хоҳад андохт). Яъне ин банда гуноҳро аз мардум дур мекунад, чунон ки Ҳорун алайҳиссалом ба воситаи қурбонӣ гуноҳҳоро аз мардум дур кард.

Дар бораи банда гуфта шудааст, ки ӯ бар «халқҳои зиёде» хоҳад пошид. Аз ин бармеояд, ки банда на танҳо ба хотири яҳудиён меояд. Ин ишора ба ваъдаи Аллоҳ ба Иброҳим алайҳиссалом аст, вақте ки Худои таоло (Аломати 1 ва Аломати 3) эълон кард, ки “ҳамаи халқҳо” дар насли Иброҳим баракат хоҳанд ёфт. Ин «пошидан» боиси «баднамуд» шудани банда мегардад. На он қадар фаҳмост, ки чаро чеҳраи ӯ ин қадар таҳриф мешавад, аммо рӯзе ҳамаи халқҳо инро хоҳанд дид.

Кӣ ба пайғоми мо бовар кардааст, ва бозуи Парвардигор ба кӣ ошкор гардидааст? Ӯ мисли навдае ба ҳузури Парвардигор рӯидааст, ва монанди решае аз замини хушк. Ӯро на симое буд, на зебоие, то ба Ӯ нигоҳ кунем; ва на намуде буд, то хоҳони дидораш гардем. Ӯ хор буд ва радди мардум, марди дардманд ва ранҷур, ва мисли касе ки аз вай рӯй мегардонанд; Ӯ хор буд, ва мо Ӯро писанд намекардем.

Иш. 53:1-3

Бо кадом як сабаби ба мо номаълум банда, ки бисёр халқҳоро аз гуноҳ пок кардааст, «хор», «радди мардум», «марди дардманд», «ранҷур» хоҳад буд.

Аммо Ӯ бемориҳои моро ба сар мебурд, ва ба дардҳои мо гирифтор буд. Мо гумон бурдем, ки Ӯро Худо зада, ба бадбахтӣ ва азобҳо гирифтор кардааст. Ҳол он ки Ӯ аз хатоҳои мо захмдор, ва аз гуноҳҳои мо лату кӯб шудааст; сазои осоиши мо бар Ӯст, ва ба воситаи захмҳои Ӯ мо шифо ёфтаем.

Иш. 53:4-5

 Вай дарди моро ба гардани худ мегирад. Ғайр аз ин, ӯро «мезананд» ва «ба азобҳо гирифтор» мекунанд, ва ин «сазо» мешавад. Сазое, ки ба мо (бисёр халқҳо) осоиш овард ва бемориҳои моро шифо бахшид.

Ҳамаамон монанди гӯсфандон гумроҳ будем, ва ҳар яке ба роҳи худ мерафтем, аммо Парвардигор гуноҳи ҳамаи моро ба гардани Ӯ монд.

Иш. 53:6

Дар мақолаи «Аломати ташнагӣ» мо дар бораи он сухан ронда будем, ки инсон барои қонеъ кардани ташнагии худ ба чӣ зудӣ ба «сардобаҳои шикаста» рӯ меоварад – ба ҷои он ки ба Худо рӯ оварад. Ҳама роҳи худро гум кардаем, ҳар кас ба роҳи худ рафтааст. Ин гуноҳ аст (= шарорат).

 Ӯ ситам кашид, вале гардан фуровард, ва даҳони Худро воз накард; монанди баррае ки барои куштан бурда мешавад, ва мисли гӯсфанде ки назди пашмтарошонаш безабон аст, Ӯ ҳамчунон даҳони Худро воз накард.

Иш. 53:7

Пайғамбарон Ҳобил, Нӯҳ, Иброҳим, Мусо ва Ҳорун барраҳоро қурбонӣ мекарданд. Ва ин банда худаш барраи қурбонӣ хоҳад шуд, ки барои куштан оварда мешавад. Вай садояшро баланд намекунад ва бар зидди кушта шудани худ эътироз намекунад.

 Ӯ аз банд ва аз доварӣ гирифта шуд; кӣ аз насли Ӯ парвое дошт? Зеро ки Ӯ аз замини зиндаҳо канда шуд; барои гуноҳи қавми Ман ба Ӯ осеб расид.

Иш. 53:8

Банда «аз замини зиндаҳо канда шуд». Оё ин ҳамон чизе нест, ки Дониёл дар назар дошт, ҳангоме гуфта буд, ки Масеҳ «нобуд мешавад»? Аҳамият диҳед, ки дар ин ҷо (дар нусхаи аслӣ) ҳамон калимаҳо истифода шудаанд, ки Дониёл истифода кардааст! Ибораи «аз замини зиндаҳо канда шуд» боз чӣ маъно дошта метавонад, агар нобуд шудан набошад?

Қабри Ӯро бо бадкорон таъйин карданд, вале баъд аз мурданаш дар қабри сарватманде буд, зеро ки Ӯ гуноҳе накардааст, ва дар забонаш фиребе набуд.

Иш. 53:9

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки барои Ӯ қабр таъйин карда шуд. Пас, банда бояд бимирад. Ӯ чун бадкоре мурд, агарчи гуноҳе накарда буд ва дар забонаш дурӯғе набуд.

Валекин хости Парвардигор ин буд, ки Ӯро зарба зада, ба дардҳо гирифтор кунад. Ҳангоме ки Ӯ ҷони Худро қурбонии гуноҳ созад, Насл дида, умраш дароз хоҳад шуд, ва хости Парвардигор дар дасти Ӯ муяссар хоҳад гардид.

Иш. 53:10

Ин марги бераҳмона як тасодуфи фоҷиавӣ набуд. Мо мехонем, ки хости Парвардигор ин буд, ки ӯро зарба занад. Аммо барои чӣ? Ҷавоб ин аст: ҳамон гуна ки қурбониҳои Ҳорун барои пок кардани гуноҳ хизмат мекарданд, то касе ки қурбонӣ меовард, аз ҳар гуна гуноҳ озод шавад, ин банда ҳам барои гуноҳ қурбонӣ шуд. Ин гуноҳи кист? Азбаски сухан дар бораи пошидан бар бисёр халқҳо меравад (пошидан аз олами боло), маълум аст, ки банда гуноҳи бисёр халқҳоро кафорат мекунад.

Ӯ аз заҳмати ҷони Худ самар дида, қонеъ хоҳад шуд. Бандаи росткори Ман бо дониши Худ мардуми бисёреро сафед хоҳад кард, ва гуноҳҳои онҳоро бар дӯши Худ хоҳад бардошт.

Иш. 53:11

Пешгӯӣ дар бораи бандаи Парвардигор дар ибтидои порча даҳшатовар садо медиҳад, аммо дар охир оҳанги он ба умедбахш, рӯҳбаландкунанда ва ҳатто тантананок табдил меёбад. Пас аз ранҷу азоби сахт (канда шудан аз замини зиндаҳо ва таъйин карда шудани қабр) банда «нури ҳаёт»-ро мебинад (дар тарҷумаи тоҷикӣ «аз заҳмати ҷони Худ самар дида, қонеъ хоҳад шуд». Тавзеҳи тарҷумон). Пас оё ӯ ба ҳаёт бармегардад? Гузашта аз ин, гуфта шудааст, ки пас аз азобаш ӯ бисёр касонро сафед мекунад.

“Сафед кардан” маънои росткорӣ ато намуданро дорад. Тавре ки мо аллакай гуфта будем, мувофиқи Шариати Мусо, шахс мебоист ТАМОМИ фармудаҳои Шариатро ДОИМО иҷро кунад, то ки ба таври ҳақиқӣ росткор номида шавад. Аммо тавре ки мо дар хусуси пайғамбар Иброҳим дар ёд дорем, (Аломати 2) росткорӣ «ба ҳисоби ӯ дароварда шуд». Он танҳо дар натиҷаи ба Худо бовар кардани ӯ дода шуд. Айнан ҳамин тавр, банда низ сафед мекунад, яъне ба «бисёрҳо» росткорӣ ато менамояд. Магар росткорӣ он чизе нест, ки мо онро ин қадар хоҳонем ва ба он эҳтиёҷ дорем?

Бинобар ин Ман ба Ӯ дар миёни бузургон ҳиссае хоҳам дод, ва Ӯ ғаниматро бо зӯрмандон тақсим хоҳад кард. Зеро ки ҷони Худро ба коми марг рехт, ва аз хатокорон шумурда шуд; Ӯ гуноҳи мардуми бисёреро бар худ бор кард, ва барои хатокорон шафоат намуд.

Иш. 53:12

Банда “дар миёни бузургон” насиб хоҳад дошт, зеро ӯ ихтиёран ҷони худро ба марг дод. Ӯ ҳамчун ҷинояткор мурд, аз ҷумлаи бадкорон, гуноҳкорон ҳисоб карда шуд. Ва акнун ин банда метавонад барои мо шафоат кунад – барои мо гунаҳкорон. Шафоаткунанда миёнарав байни ду тараф аст. Дар мавриди додашуда ин Худованд  ва «халқҳои бисьёр» аст. Маълум аст, ки банда сазовори он аст, ки манфиати моро дар назди Аллоҳ ҳимоя кунад!

Ин ғулом кист? Ва ин ҳама чӣ гуна рӯй медиҳад? Оё дар ҳақиқат дар назди Аллоҳ барои бисёр халқҳо шафоат карда метавонад ва мекунад? Омӯзиши Забурро анҷом дода, пешгӯии охиринро аз назар мегузаронем, ва баъд ба Инҷил мегузарем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *