Дар Қуръон ҳангоме ки сухан дар бораи пайғамбар Исо алайҳиссалом меравад, пешоянди «ал-Масиҳ» истифода мешавад. Ин чӣ маъно дорад ва аз куҷо пайдо шудааст? Чаро масеҳиён Исоро «Масеҳ» меноманд? Оё “Масеҳ” муодили калимаи “Христос” аст, ё баръакс, ҳангоми тарҷума аз забони аслӣ нишонаи таҳриф ё ихтилоф аст? Дар Забур (китоби Таронаҳо) ҷавобҳои ин саволҳои муҳим ҳастанд. Аммо барои пурра фаҳмидани мақолаи дар поён овардашуда мо аввал бояд бо принсипҳои тарҷумаи Китоби Муқаддас шинос шавем, зеро дар ин ҷо онҳо ба мо даркор мешаванд.
Асли пайдоиши калимаи «Христос»
Дар диаграммаи поёнӣ ман дар ҳамон пайдарпайӣ, ки дар мақолаи “Тарҷумаи Библия чӣ гуна анҷом дода мешуд?”, калимаи «Христос»-ро дар Инҷили муосир, яъне Аҳди Ҷадид ба забони русӣ истифода мекунам.
Мо мебинем, ки калимаи аслии ибронӣ дар Забур “mashiyach” будааст (квадрати 1); луғати тафсирӣ ӯро ҳамчун шахси «тадҳиншуда ё ба коре таъйиншуда» муайян мекунад. Якчанд оятҳои Забур (Таронаҳо) «масеҳ»-и махсусро ёдовар мешаванд, ки мувофиқи пешгӯӣ бояд биёяд. Ҳангоми таълифи Септуагинта дар соли 250-уми пеш аз милод (ниг. мақолаи «Тарҷумаи Китоби Муқаддас чӣ гуна анҷом дода мешуд?») тарҷумонҳо барои калимаи “mashiyach” калимаи аз ҷиҳати маъно шабеҳи Χριστός -ро интихоб карданд (Христос); он аз калимаи chrio бармеояд, ки маънояш «равған молидан» ҳангоми ба подшоҳӣ таъйин намудан аст. Аз ин рӯ, калимаи Christos дар Септуагинти юнонӣ аз рӯи маъно (на аз рӯи садо) аз калима аслии “mashiyach“-и ибронӣ тарҷума шудааст. Он дар квадрати 2 гузошта шудааст. Шогирдони Исо алайҳиссалом фаҳмиданд, ки Септуагинта маҳз дар бораи Устоди онҳо сухан меронад ва калимаи Христосро дар робита ба Ӯ дар Инҷил, яъне Аҳди Ҷадид истифода бурданд.
Баъдтар калимаи Christos аз рӯи садо (транслитератсия) аз юнонӣ ба забонҳои муосир, аз ҷумла ба русӣ ҳамчун Христос тарҷума шуд. Раванди тарҷума бо тирчаҳо дар квадрати поёнии 3 нишон дода шудааст. Ҳамин тариқ, калимаи русии «Христос» унвони хеле махсусро дар «Таронаҳо»-и Забур ифода мекунад; он ба воситаи тарҷума аз забони ибрӣ ба юнонӣ ва баъд бо транслитерация аз юнонӣ ба русӣ ба амал омад.
Китоби Забур аз забони ибрӣ ба забонҳои муосир тарҷума шудааст ва тарҷумонҳо муодилҳои мухталифи “mashiyach”-и аслиро истифода кардаанд. Дар баъзе тарҷумаҳои Забур “mashiyach” аз забони ибронӣ аз рӯи садо чун Мессия тарҷума шудааст; дар дигарон, он аз рӯи маъно ҳамчун Тадҳиншуда тарҷума шудааст.
Дар ҳар сурат, калимаи «Масеҳ» дар матнҳои муосири Забур хеле кам вомехӯрад, аз ин рӯ пайгирӣ кардани робитаи он бо Аҳди Қадим душвор аст. Аммо таҳлили мо нишон медиҳад, ки дар Библия (ал-китоб) «Христос» = «Масеҳ» = «Тадҳиншуда» аст, ва ин калима унвони махсусро ифода мекунад.
Калимаи «Масиҳ» дар Қуръон аз куҷо пайдо шудааст?
Мо ҳозир силсилаи муодилҳои «Христос» = «Масеҳ» = «Тадҳиншуда»-ро, ки дар матни Библия (аль китаб) вомехӯранд, аз назар гузарондем. Аммо калимаи «Христос» дар Қуръон чӣ гуна ифода ёфтааст? Ба ин савол ҷавоб дода, ман схемаи тарҷумаи калимаи ‘mashiyach’ -> Христосро дар Библия (ал китоб), ки дар боло зикр шуда буд, ба асос мегирам.
Ба схема Қуръон ба забони арабӣ дохил карда мешавад, ки аз замони навишта шудани нусхаи асли Библия (ал китоб) ба ибронӣ ва тарҷумаи юнонии он дертар навишта шудааст. Ман квадрати 1-ро ба ду қисм ҷудо кардам. Қисми якум, 1а бетағйир монд ва калимаи аслии ‘mashiyach’-ро ба ибронӣ дар матнҳои Забур мефаҳмонад. Қисми дуюм, 1б пайдо шудани ин истилоҳро дар забони арабӣ пайгирӣ мекунад. Мо мебинем, ки калимаи ‘mashiyach’ дар Қуръон (مسيح) транслитератсия шудааст (аз рӯи садо). Дертар, тарҷумонҳо аз арабӣ ба русӣ боз ин калимаро аз рӯи садо интиқол намуда, истилоҳи «Масиҳ»-ро ба вуҷуд оварданд.
Ҳамин тавр ин 4 унвонро таҳлил намуда, мо хулоса мекунем, ки онҳо як мебошанд ва ҳамон як маъноро ифода менамоянд, чун «4» = «чор» = IV (румӣ) = 6-2 = 2+2.
Христос, ки дар асри 1-ум пешбинӣ шуда буд
Дар асоси таҳлили боло, биёед ба Инҷил назар андозем. Дар зер аксуламали подшоҳ Ҳиродус оварда шудааст, вақте ки муғон (мунаҷҷимон) аз Шарқ барои саҷда ба “Подшоҳи Яҳудиён” омаданд – ин порчаи маъруф аз ҳикоят дар бораи таваллуд шудани Исо аст. Аҳамият диҳед, ки калимаи “Подшоҳ” бо ҳарфҳои калон навишта шудааст, то ки Подшоҳи оянда, Подшоҳи подшоҳонро ифода намояд:
… аз ҷониби шарқ ба Уршалим муғон омада, гуфтанд: «Куҷост он Подшоҳи яҳудиён, ки таваллуд ёфт? Чунки ситораи Ӯро дар шарқ дидем ва омадем, ки ба Ӯ таъзим кунем». Чун подшоҳ Ҳиродус инро шунид, ба ташвиш афтод, ва бо вай тамоми Уршалим ҳам. Вай ҳамаи сардорони коҳинон ва китобдонони қавмроb ҷамъ карда, аз онҳо пурсид, ки Масеҳ дар куҷо бояд таваллуд ёбад? (Инҷили Матто 2:1-4)
Мафҳуми «Масеҳ (Христос)» ба Ҳиродус ва мушовирони рӯҳонии ӯ хуб маълум буд – ҳанӯз пеш аз таваллуд шудани Исо – ва дар мавриди додашуда он бе ишораи махсус ба Исо истифода шудааст. Ин аз он сабаб аст, ки «Христос (Масеҳ)» аз Аҳди Ҷадид ба забони юнонӣ аст, ки онро яҳудиён дар асри 1-ум дар ҳама ҷо мехонданд. «Христос (Масеҳ)» унвон аст, на ном. Ин калима садҳо сол пеш аз масеҳият пайдо шудааст.
Пешгӯиҳои Аҳди Қадим дар бораи омадани «Масеҳ (Христос)»
Дар асл, унвони пайғмабаронаи «Масеҳ (Христос)» аллакай дар Таронаҳои Забур вомехӯрад, ки Довуд тақрибан дар соли 1000-уми пеш аз милод навиштааст, – хеле пештар аз таваллуд шудани Исо.
Подшоҳони замин бармехезанд … Бар зидди Парвардигор ва бар зидди Тадҳиншудаи Ӯ … Он ки дар осмон нишастааст, механдад; Худованд онҳоро масхара менамояд. Он гоҳ… ба онҳо сухан меронад: “ Ман бар кӯҳи муқаддаси Худ Сион подшоҳи Худро таъйин кардаам; Амри Парвардигорро баён мекунам. Ӯ ба Ман гуфт: «Ту Писари Ман ҳастӣ; Ман имрӯз Туро ба дунё овардаам… Хушо ҳамаи онҳое ки ба Ӯ паноҳ мебаранд! ()
Забур 2:2-7
Таронаи 2 дар Септуагинта чунин хонда мешавад (ман онро бо калимаи транслитератсияшудаи Христос (Масеҳ) меоварам, то ки шумо унвони «Христос (Масеҳ)»-ро бинед, мисли он ки Септуагинтаро мехонед):
Подшоҳони замин бармехезанд … Бар зидди Парвардигор ва бар зидди Масеҳи Ӯ … Он ки дар осмон нишастааст, механдад; Худованд онҳоро масхара менамояд. Он гоҳ… ба онҳо сухан меронад
Забур 2
Акнун шумо Масеҳро (Христосро) дар ин банд «мебинед», чунон ки хонандаи асри 1-ум медид. Таронаҳои баъдинаи Забур боз ишораҳоро дар бораи омадани Масеҳ (Христос) доранд. Барои фаҳмиши беҳтар ман порчаи стандартиро дар баробари порчае меоварам, ки калимаи транслитератсияшудаи «Христос (Масеҳ)»-ро дорад:
Таронаи 132 – аз ибронӣ | Таронаи 132 – аз Септуагинта |
Эй Яҳува, … 10Ба хотири бандаи Худ Довуд тадҳиншудаи Худро барнагардон. Парвардигор ба Довуд ба ростӣ қасам хӯрдааст, ва аз он нахоҳад баргашт: «Аз камари ту рӯёнда, бар тахти ту хоҳам гузошт … 17Дар он ҷо шохи Довудро месабзонам. Чароғе барои тадҳиншудаи Худ тайёр кардаам. | Эй Яҳува, … 10Ба хотири бандаи Худ Довуд масеҳи Худро барнагардон. Парвардигор ба Довуд ба ростӣ қасам хӯрдааст, ва аз он нахоҳад баргашт: «Аз камари ту рӯёнда, бар тахти ту хоҳам гузошт … 17Дар он ҷо шохи Довудро месабзонам. Чароғе барои масеҳи Худ тайёр кардаам. |
Таронаи 132 ба оянда нигаронида шудааст («…Дар он ҷо шохи Довудро месабзонам»), чун бисёр порчаҳои дигари Аҳди Қадим. Гап дар он нест, ки Аҳди Ҷадид суханонро аз Аҳди Қадим гирифта, онҳоро барои Исо “мувофиқ мекунад”. Яҳудиён тамоми ин вақт интизори Масеҳ (Христос) буданд. Он факт, ки онҳо Масеҳро интизоранд ё ба омадани Ӯ умед доранд, бо пешгӯиҳои Аҳди Қадим, ки ба оянда нигаронида шудаанд, шарҳ дода мешаванд.
Пешгӯиҳои Таврот ва Забур: мисли системаи калид-қуфл
Пешгӯиҳои махсуси оянда дар Тавроту Забур ин китобҳоро ба қуфли дар монанд мекунанд. Қуфл сохти муайян дорад, бинобар ин танҳо “калид”-и аниқ, ки ба қуфл мувофиқ аст, онро кушода метавонад. Аҳди Қадимро метавон ба қалъа монанд кард. Мо пайғамбариҳоро дар бораи омадани пайғамбари интихобшуда дар мақолаҳои Қурбонии Иброҳим алайҳиссалом, Аломати Мусо 1 – Песаҳ, ва дар Аломати писаре ки аз бокира таваллуд шудааст, вохӯрдаем.
Таронаи 132 дар Забур ҳамчунин шартеро дар бар мегирад, ки «Масеҳ» бояд аз насли пайғамбар ва шоҳ Довуд (= Довуд алайҳиссалом) бошад. Вақте ки дар Аҳди Қадим пешгӯиҳои нав пайдо мешаванд, «қуфл» торафт дақиқтар мешавад. Аммо Забур бо ин пешгӯиҳо тамом намешавад, балки тафсилоти бештареро дар бораи чӣ гуна будани Масеҳ ва чӣ кор карданаш ошкор мекунад. Шиносоии худро бо Забур минбаъд давом медиҳем.