Skip to content
Home » Шаҳодати Таврот: Тақдири пайғамбар Исмоил алайҳиссалом чӣ гуна аст?

Шаҳодати Таврот: Тақдири пайғамбар Исмоил алайҳиссалом чӣ гуна аст?

  • by

Оид ба пайғамбар Исмоил ақидаҳои гуногун ҳастанд. Аммо дар Таврот, ки 3500 сол пеш
пайғамбар Мусо алайҳиссалом навиштааст, маълумотҳои равшан ва аниқ дар бораи
тақдири ӯ ҳастанд. Аллоҳ ба Иброҳим алайҳиссалом ваъда дод, ки ӯро баракат медиҳад
ва авлодони ӯро чун реги соҳилҳои баҳр зиёд мегардонад (ниг. ин ҷо). Сипас Иброҳим
алайҳиссалом аз ду зан соҳиби ду писар шуд, аммо ба зудӣ байни занҳо душманӣ ба миён
омад, ва ба Иброҳим лозим омад, ки Ҳоҷар ва Исмоилро аз пеши рӯи худ дур кунад.
Душманӣ дар ду марҳала ба миён меомад. Давраи аввал — давраи пас аз зода шудани
Исмоил то зода шудани Исҳоқ. Дар бораи ин душманӣ ва дар бораи он ки Аллоҳ Ҳоҷарро
ҳимоя намуд, ба ӯ зоҳир шуд ва ба Исмоил алайҳиссалом баракат ато кард, дар Таврот
чунин гуфта шудааст:


1 Сорай, зани Абром, ба вай фарзанд намезоид, ва ӯро Ҳоҷар ном канизи мисрие буд.
2 Ва Сорай ба Абром гуфт: «Инак, Парвардигор маро аз зоидан боздошт; бо канизи ман
бихоб; шояд, аз вай фарзанддор шавам». Ва Абром ба сухани Сорай даромад.
3 Ва чун даҳ сол аз иқомати Абром дар сарзамини Канъон гузашт, Сорай, зани Абром,
канизи худ Ҳоҷари мисриро гирифт, ва ба шавҳари худ Абром ӯро ба занӣ дод.
4 Ва Иброҳим бо Ҳоҷар хобид; вай ҳомила шуд. Ва чун дид, ки ҳомила аст, бонуяшро хор
дошт.
5 Ва Сорай ба Абром гуфт: «Дар озори ман айбдор ту ҳастӣ; ман канизи худро ба оғӯши ту
додам; ва чун дид, ки ҳомила аст, маро хор дошт; Парвардигор дар миёни ману ту доварӣ
кунад».
6 Ва Абром ба Сорай гуфт: «Инак, канизи ту ба дасти туст; он чи писанди назари ту бошад,
бо вай кун». Ва Сорай вайро ба танг овард; вай аз пеши ӯ гурехта рафт.
7 Ва Фиристодаи Парвардигор вайро назди чашмаи об дар биёбон, яъне чашмае ки ба
роҳи Шур мебошад, ёфт.
8 Ва гуфт: «Эй Ҳоҷар, канизи Сорай! Аз куҷо омадӣ ва ба куҷо меравӣ?» Вай гуфт: «Ман аз
пеши бонуи худ Сорай гурехтам».
9 Ва Фиристодаи Парвардигор ба вай гуфт: «Назди бонуи худ баргард ва зери дасти вай
гардан фурор».
10 Ва Фиристодаи Парвардигор ба вай гуфт: «Насли туро хеле зиёд мегардонам, ки аз
бисёрӣ онро шумурдан намешавад».
11 Ва Фиристодаи Парвардигор ба вай гуфт:
 «Инак, ҳомила ҳастӣ, ва писаре мезоӣ,
 Ва ӯро Исмоил ном мемонӣ;
 Зеро Парвардигор азобатро шунидааст.
 12 Ва ӯ марде чун гӯрхар мешавад;
 Дасти ӯ бар ҳама, ва дасти ҳама бар ӯ;
 Ба ҳамаи бародаронаш зид мешавад».
 13 Ва номи Парвардигорро, ки ба ӯ гап зад, «Ту Худое ҳастӣ, ки маро мебинад» монд,
зеро гуфт: «Оё Ӯро, ки маро мебинад, дар ин ҷо надидам?»
14 Аз ин сабаб он чоҳ “Чоҳи Худои зинда, ки маро мебинад” ном дорад, ки дар миёни
Қодеш ва Борад аст. (Ҳастӣ 16:1-16)

Мо мебинем, ки Ҳоҷар набия буд, зеро бо Парвардигор гуфтугӯ кард. Ӯ бо касе гуфтугӯ
кард, ки номи писарашро (Исмоил) ба ӯ ошкор намуд, ва ба ӯ ваъда дод: «Насли туро хеле
зиёд мегардонам». Ҳоҷар ин ваҳйро гирифта, ба назди бонуи худ баргашт, ва душманӣ
муваққатан қатъ гардид.
Душманӣ меафзояд
Пас аз он ки бо гузаштани 14 сол Сорай Исҳоқро таваллуд кард, душманӣ бо қувваи нав
авҷ гирифт. Дар Таврот мо оид ба ин муфассалтар мефаҳмем:


8 Ва Исҳоқ калон шуд, ва ӯро аз сина ҷудо карданд; ва дар рӯзе ки Исҳоқро аз сина ҷудо
карданд, Иброҳим зиёфати калоне дод.   
9 Ва Соро дид, ки писари Ҳоҷари мисрӣ, ки ба Иброҳим зоида буд, ханда мекунад.  
10 Ва ба Иброҳим гуфт: «Ин канизро бо писараш пеш кун; зеро писари ин каниз набояд бо
писари ман Исҳоқ ворис шавад».  
11 Вале ин сухан дар назари Иброҳим дар ҳаққи писараш хеле бад омад.  
12 Ва Худо ба Иброҳим гуфт: «Ин дар ҳаққи писарат ва канизат дар назари ту бад наояд;
ҳар он чи Соро ба ту мегӯяд, ба суханаш гӯш андоз; зеро насли ту аз Исҳоқ номида
мешавад.  
13 Ва аз писари каниз низ халқе ба вуҷуд меоварам, чунки ӯ насли туст».
14 Ва саҳарии барвақт Иброҳим бархест, ва нон ва машки обе гирифт, ва ба Ҳоҷар дода,
бар китфи ӯ гузошт, ва ӯро бо писар равона кард; ва ӯ рафт, ва дар биёбони Беэр-Шебаъ
роҳро гум кард.  
15 Ва чун оби машк тамом шуд, писарро зери буттае гузошт.  
16 Ва ба масофаи тиррас дур рафта, дар рӯ ба рӯи вай нишаст, зеро гуфт:
«Мурдани писарро набинам». Ва дар рӯ ба рӯи вай нишаста, овози худро баланд кард ва
гирист.  
17 Ва Худо овози бачаро шунид; ва фиристодаи Худо аз осмон Ҳоҷарро нидо карда, ба вай
гуфт: «Эй Ҳоҷар, туро чӣ шуд? Натарс; зеро Худо овози бачаро аз он ҷое ки ҳаст, шунид.  
18 Бархез ва писарро бардошта, дасташро гир; зеро аз вай xалқи бузурге ба вуҷуд
меоварам».  
19 Ва Худо чашмони ӯро воз кард, ва ӯ чоҳи обе дид, ва пеш рафта, машкро об пур кард,
ва бачаро нӯшонд.  
20 Ва Худо бо он бача буд; ва ӯ калон шуда, сокини биёбон гашт; ва камонкаш шуд.  
21 Ва дар биёбони Порон иқомат дошт; ва модараш зане аз сарзамини Миср барои ӯ
гирифт. (Ҳастӣ 21:8-21)

Мо мебинем, ки Соро (номи Сорай ба Соро иваз карда шуд) дар як хона бо Ҳоҷар зиста
наметавонист ва аз шавҳараш талаб намуд, ки Ҳоҷарро пеш кунад. Иброҳим
алайҳиссалом ин корро кардан намехост, аммо Аллоҳ ба ӯ ваъда дод, ки дар ҳаққи Ҳоҷар
ва Исмоил алайҳиссалом ғамхорӣ мекунад. Ӯ ба Ҳоҷар бори дигар зоҳир шуда, чашмони
ӯро кушод, то ки дар биёбон чашмаеро бинад, ва ба ӯ ошкор кард, ки аз Исмоил
алайҳиссалом халқи бузурге ба вуҷуд меояд.

Дар Таврот оид ба марҳалаҳои аввали ташаккули халқи нав гуфта шудааст. Мо хонда
метавонем, ки дар вақти вафоти Иброҳим алайҳиссалом бо Исмоил алайҳиссалом чӣ шуд:


7 Ва айёми солҳои умри Иброҳим, ки зиндагонӣ кард, 175 сол буд.  
8 Ва Иброҳим мурд, ва дар мӯйсафедии некӯ, пиру солхӯрда шуда, аз дунё чашм пӯшид,
ва ба қавми худ пайваст.  
9 Ва писаронаш Исҳоқ ва Исмоил ӯро дар ғори Макпело, дар саҳрои Эфрун писари Суҳари
ҳиттӣ, ки дар рӯ ба рӯи Мамре аст, ба хок супурданд,  
10 дар саҳрое ки Иброҳим аз банӣ-Ҳит харида буд. Дар он ҷо Иброҳим ва занаш Соро ба
хок супурда шуданд.  
11 Пас аз марги Иброҳим Худо писари ӯ Исҳоқро баракат дод; ва Исҳоқ назди Беэр-лаҳай-
рӯӣ иқомат дошт.
12 Ва ин аст насли Исмоил, писари Иброҳим, ки Ҳоҷари мисрӣ, канизи Соро, ба Иброҳим
зоида буд.  
13 Ва ин аст номҳои писарони Исмоил, номҳои онҳо мувофиқи наслҳои онҳо: нахустзодаи
Исмоил Набоют, Қедор, Адбаил, Мибсом,  
14 Мишмоъ, Думо, Массо,  
15 Ҳадад, Темо, Ятур, Нофиш ва Қедмо.  
16 Инҳоянд писарони Исмоил, ва ин аст номҳои онҳо, дар деҳоти онҳо ва дар
бошишгоҳҳои онҳо; дувоздаҳ амири қабилаҳои онҳо.  
17 Ва солҳои зиндагонии Исмоил 137 сол буданд; ва ӯ мурд, ва аз дунё чашм пӯшид, ва ба
қавми худ пайваст.  
18 Ва онҳо аз Ҳавило то Шур, ки пеши Миср ба сӯи Ашшур аст, иқомат доштанд; ҷудо аз
ҳамаи бародарони худ сокин шуда буданд. (Ҳастӣ 25:7-18)
Исмоил ҳақиқатан умри дароз дид, ва авлодони ӯ амирони дувоздаҳ қабила шуданд.
Аллоҳ ваъдаашро иҷро кард. Арабҳо то ҳол аслу насаби худро аз Иброҳим (ба воситаи
Исмоил) меҳисобанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *