Skip to content
Home » Аломати Иброҳим 2: Росткорӣ

Аломати Иброҳим 2: Росткорӣ

  • by

Ҳамаи мо аз Аллоҳ чиро мехоҳем? Ба ин савол якчанд ҷавобҳо ҳастанд, аммо аломати Одам ба мо ёдрас менамояд, ки эҳтиёҷи амиқтарини инсон – эҳтиёҷ ба росткорӣ аст. Ва ин аломат бевосита ба мо нигаронида шудааст (ба фарзандони Одам):

Эй фарзандони Одам, барои шумо ҷомае фиристодем, то шармгоҳатонро бипӯшад ва низ ҷомаи зинат. Ва ҷомаи парҳезгорӣ аз ҳар ҷомае беҳтар аст. Ин неъматҳо аз аломатҳое мебошанд, ки ҳақиқати Аллоҳ ва раҳмдилии Ӯро таъкид мекунанд, то ки одамон бузургии Ӯро  ҳамеша дар ёд дошта бошанд ва донанд, ки танҳо Ӯ сазовори парастиш аст. Қиссаи Одам – яке аз қиссаҳоест, ки нишон медиҳанд, ки одамонро барои беитоатӣ ба Аллоҳ чӣ ҷазое интизор аст. Шояд одамон инро ба ёд оварда, ба Аллоҳ итоат кунанд ва барои неъматҳое ки мефиристад, шукргузор бошанд!

Сураи 7:26 Аъроф

Росткорӣ чист? Дар Таврот оид ба Аллоҳ гуфта шудааст, ки

Ӯ Кӯҳпора аст, амали Ӯ комил аст,

Зеро ки ҳамаи роҳҳои Ӯ росткорона ҳастанд;

Ӯ Худои боваринок аст ва ноинсофӣ надорад,

Ӯ одил ва ҳаққонист.

Так. Шар. 32:4

Ин тасвири рамзии росткорӣ чун атоест, ки Аллоҳ медиҳад. Росткорӣ маънои комил буданро дорад, ва маҳз: яъне ҳама (на баъзеҳо ё бисёриҳо, балки ҳама) роҳҳои инсон парҳезгорона мебошанд, ва ӯ  ҳеҷ гуна (мутлақо ҳеҷ гуна) корҳои бад намекунад. Чунин инсон росткор аст. Росткорӣ ҳамин аст, ва Аллоҳ дар Таврот ба мо маҳз ҳамин гуна ошкор мегардад. Аммо росткорӣ ба мо чӣ даркор аст? Барои ҷавоб бевосита ба матни Забур рӯ меоварем. Дар таронаи 14-уми Забур (ки онро пайғамбар Довуд навиштааст) чунин суханонро мехонем:

Маро нигаҳбонӣ намо, эй Худо, зеро ки ба Ту паноҳ мебарам.

Ба Парвардигор гуфтам: «Ту Худованди ман ҳастӣ;

Некӯӣ барои ман ҷуз аз Ту нест».

Дар муқаддасон, ки дар сарзамин ҳастанд,

Ва дар нерумандон тамоми хушии ман аст.

Ғамҳои онҳое ки дар пайи худои дигар мешитобанд,

Бисёр мешаванд;

Қурбониҳои рехтании хунини онҳоро намерезам,

Ва номҳои онҳоро ба забон намеоварам.

Ту қуръаи маро нигоҳ медорӣ.

Забур 15

Саволи «Кист, ки дар кӯҳи муқаддаси Ту сокин гардад?»-ро ба таври дигар баён кардан мумкин аст: «Кӣ бо Аллоҳ дар биҳишт сокин буда метавонад?» Мо аз ҷавоб мебинем, ки танҳо росткор (ояти 2) бо Аллоҳ дар биҳишт сокин буда метавонад. Аз ҳамин сабаб ба ҳамаи мо росткорӣ даркор аст. Росткорӣ шарти зарурии бо Аллоҳ дар биҳишт сокин будани мост, зеро ки Ӯ комил аст.

Акнун ба аломати Иброҳим алайҳиссалом рӯ меоварем. Ин ҷоро зер кунед, то ки ин матнро дар китобҳои муқаддас хонед. Мо дар ин матнҳо аз Таврот ва Қуръон мебинем, ки Иброҳим алайҳиссалом «пайрави роҳи ӯ буд» (Сураи 37:83) ва, чунин карда, ӯ росткорӣ ба даст овард (Ҳастӣ 15:6) — маҳз он чи ба мо даркор аст, чунон ки аломати Одам мегӯяд. Ҳамин тариқ, ба саволи муҳим ҷавоб додан лозим аст: ӯ чӣ гуна росткориро ба даст овард?

Ман фикр мекунам, ки росткориро бо яке аз ду восита ба даст овардан мумкин аст. Воситаи якум (чунон ки ман фикр мекунам) — ба мавҷудияти Аллоҳ бовар кардан аст. Ман ба Аллоҳ бовар мекунам. Агар Иброҳим алайҳиссаломро мисол гирем, магар ӯ ба Парвардигор бовар намекард (Ҳастӣ 15:6)? Аммо ба ҳар ҳол пас аз андак андешаронӣ ман ба хулосае омадам, ки ӯ на танҳо ба мавҷудияти Худои ягона бовар мекард. Не. Охир, Аллоҳ ваъдаи аниқ дод, ки писаре ба ӯ медиҳад. Ва Иброҳим алайҳиссалом интихобе дошт, ки ба ваъдаи Аллоҳ бовар кунад ё не. Бори дигар фикр мекунем: иблис (ки ҳамчунин шайтон номида мешавад) ба мавҷудияти Аллоҳ бовар мекунад, аммо, албатта, ҳеҷ гуна росткорӣ надорад. Пас, танҳо бовар кардан ба мавҷудияти Аллоҳ барои пайрави «роҳ» будан кофӣ нест.

Воситаи дуюми ба даст овардани росткорӣ, ки ман бисёр вақт дар бораи он фикр мекунам, ба даст овардани он бо корҳои нек ва парҳезгорона аст — ба воситаи дастовардҳо. Аз корҳои бад бештар корҳои нек карда, дуо гуфта, амалҳои парҳезгорона ба ҷо оварда, ман сазовори росткорӣ мешавам. Аммо, он қадар ки ман медонам, дар Таврот тамоман чизи дигар гуфта шудааст.

Иброҳим ба Парвардигор бовар кард, ва Ӯ [Аллоҳ] росткориро ҳамчун туҳфа ба ҳисоби ӯ [Иброҳим] даровард.

Ҳастӣ 15:6

Иброҳим бо амалҳо сазовори росткорӣ нашуд; он «ба ҳисоби ӯ дароварда шуд». Фарқ дар чист? Фарқ дар он аст, ки  бо амалҳо чизеро сазовор шудан — музд барои меҳнат аст. Шумо бо амалҳо подошро «сазовор шудаед». Ин монанди он аст, ки музди меҳнат гиред. Аммо ҳангоме ки чизе ба ҳисоб шумо дароварда мешавад, ин маънои онро дорад, ки шумо барои ин ҳеҷ кор накардаед. Ин туҳфа аст. Шумо бо амалҳо сазовори он нашудаед.

Иброҳим алайҳиссалом ба мавҷудияти Аллоҳ боварии амиқ дошт. Ӯ бисёр дуо мегуфт, Аллоҳро гиромӣ медошт ва ба одамон дар вақти мушкилӣ ёрӣ мерасонд (барои бародарзодааш Лут/Лот дуо мегуфт ва ба ӯ ёрӣ мерасонд). Албатта, инро аз назар соқит кардан лозим нест. Ва тамоми «роҳ»-и Иброҳим дар ин ҷо чунон одӣ тасвир ёфтааст, ки ба ин аҳамият надодан ғайриимкон аст. Дар Таврот гуфта шудааст, ки росткорӣ аз он сабаб ба ҳисоби Иброҳим алайҳиссалом дароварда шуд, ки ӯ ба ваъдаи додаи Аллоҳ бовар кард. Ин бо тасаввуроти мо дар бораи тарзи ба даст овардани росткорӣ тамоман мухолифат дорад. Мо фикр мекунем, ки росткорӣ бо яке аз ин ду роҳ ба даст оварда мешавад: ё фақат бо бовар кардан ба мавҷудияти Аллоҳ, ё бо миқдори зиёди корҳои нек ва рафтори парҳезгорона (дуо, рӯза ва ғайра). Аммо роҳи Иброҳим дигар буд. Ӯ фақат ба ваъда бовар кард.

Аз як тараф ба ваъда дар бораи писар бовар кардан осон аст, аммо аз тарафи дигар — хеле мушкил.  Иброҳим алайҳиссалом ба осонӣ метавонист ин ваъдаро сарфи назар кунад — масалан, ба хулосае ояд, ки агар Аллоҳ ҳақиқатан ба ӯ писар доданӣ мебуд, кайҳо ин корро мекард. Дар он вақт Иброҳим ва занаш Соро аллакай пир шуда буданд ва фарзанддор шуда наметавонистанд. Дар аломати якуми Иброҳим гуфта шудааст, ки Иброҳим 75-сола буд, ҳангоме ки хонаи падарро тарк карда, ва Канъон равона шуд. Ҳамон вақт Аллоҳ ба ӯ ваъда дода буд, ки ӯ «халқи бузург» мешавад. Аз он замон солҳои бисёр гузаштанд. Дар интизории ваъда, Иброҳим ва Соро хеле пир шуданд. Ва ҳанӯз фарзанде надоштанд, дар бораи «халқ» бошад, ҳоҷати гап ҳам нест. Эҳтимол, Иброҳим дар дил чунин фикр мекард: «Чаро Аллоҳ то ҳол ба мо писар надод? Охир, Ӯ ин корро карда метавонист». Ба ибораи дигар, ӯ ба ваъда дар бораи писар бовар мекард, агарчи шубҳаҳо дошт. Ӯ ба ваъда дар асоси он бовар мекард, ки ваъдаро Аллоҳ додааст, аммо ба таври одамӣ ӯ бисёр чизҳоро намефаҳмид. Барои бовар кардан ба ваъда дар бораи писар (дар синни пиронсолӣ, ки он вақт фарзанддор шудан ғайриимкон аст) боварӣ ба он даркор аст, ки Аллоҳ муъҷиза ба амал оварда метавонад.

Барои нигоҳ доштани боварӣ ба чунин ваъда, муддати зиёд ва пурсабдона интизор шуда тавонистан даркор аст. Иброҳим солҳои зиёд дар хаймаҳо дар Замини Ваъдашуда зиндагӣ карда, писари ваъдашударо интизор буд, то даме ки интизории ӯ бо хабарҳои ғайричашмдошт қатъ гардид. Ваъдаи Аллоҳро тамоман фаромӯш карда, ба ҳаёти пештараи бароҳат дар Байнаннаҳрайн (ҳозира Ироқ), ки чандин солҳо пештар онро тарк карда буд, баргаштан хеле осонтар буд. Дар он ҷо ҳанӯз ҳам бародар ва хешовандони сершумораш зиндагӣ мекарданд. Иброҳим аз боиси боварӣ ба ваъдаи Аллоҳ бо бисёр нохушиҳо муросо карда буд. Солҳои зиёд ӯ пурсаброна иҷрои пешгӯиро интизор буд. Ӯ ба ваъда чунон боварии самимӣ дошт, ки ҳама чизи дигар дар ҳаёташ аҳамияти дуюмдараҷа дошт — роҳат, некӯаҳволӣ ва ғайра. Ба як маъно, дар интизории иҷрои ваъда, Иброҳим аз майлҳои муқаррарии инсонӣ дар зиндагӣ даст кашид. Боварӣ ба ваъда далели аёнии боварӣ ва муҳаббати ӯ ба Аллоҳ гардид.

Имони ӯ на танҳо розигии ақлонӣ бо суханони Аллоҳ буд. Иброҳим ҳаёти худ, ном нек, бехатарӣ, ва низ амалҳои ҳозира ва умед ба ояндаро ба қимор гузошт. Ба ваъда бовар карда, ӯ фаъолона ва бо фурӯтанӣ интизори Аллоҳ буд.

Ин аломат мегӯяд, ки Иброҳим алайҳиссалом ба ваъдаи Аллоҳ дар бораи писар бовар кард, ва Аллоҳ росткориро ба ҳисоби ӯ даровард. Дар асл, Иброҳим дар ин ҷо итоаткорӣ ва фурӯтании бузург зоҳир намуд. Ӯ метавонист ба ваъда бовар накунад, метавонист ба ватанаш (ҳудуди Ироқи ҳозира), ки онро тарк карда буд, баргардад. Агар ӯ фақат ба мавҷудияти Аллоҳ бовар мекард, дуоҳо мегуфт, рӯзадорӣ мекард ва ба дигарон ёрӣ мерасонд, ӯ ваъдаро сарфи назар карда метавонист. Дар ин маврид ӯ ба дини худ вафодор мемонд, аммо росткорӣ ба ҳисоби ӯ дароварда намешуд. Чунон ки дар Қуръон барои ҳамаи фарзандони Одам гуфта шудааст: «Ҷомаи парҳезгорӣ (росткорӣ) аз ҳар ҷомае беҳтар аст». Ин роҳи Иброҳим аст.

Бисёр чизҳо ба ошкор карда шудаанд. Росткорӣ, ё он чи барои сокини биҳишт шудани мо даркор аст, натиҷаи дастовардҳои мо нест. Росткорӣ ба ҳисоби мо дароварда мешавад. Бо бовар кардан ба ваъдаи Аллоҳ. Аммо ба ҳар ҳол, агар мо барои росткорӣ музд намедода бошем, ин муздро кӣ медиҳад? Аломати 3-ро аз назар мегузаронем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *