Skip to content
Home » Аломати Иброҳим 1: Баракат

Аломати Иброҳим 1: Баракат

  • by

Иброҳим алайҳиссалом! Ӯро ҳамчунин Абром меноманд.  Ҳар се дини монотеистӣ — яҳудият, масеҳият ва ислом — ӯро ҳамчун намунаи муқаддасӣ эҳтиром менамоянд. Арабҳо ва яҳудиёни ҳозира худро аз авлоди писарони Иброҳим, Исмоил ва Исҳоқ меҳисобанд. Ӯ дар байни пайғамбарон низ ҷудо шуда меистад, зеро аломатҳои вобаста бо ӯ асоси ҳамаи пайғамбариҳои оянда мебошанд. Ӯ чӣ дошт, чӣ карда буд, чиро медонист, ки дар байни пайғамбарон чунин ҷои барҷастаро ишғол кардааст? Ба ин савол ҷавоб додан муҳим аст. Аломати Иброҳим алайҳиссаломро аз назар мегузаронем, ки он аз якчанд қисмҳо иборат аст.  Ин ҷойро зер кунед, то ки аломати якумро дар Қуръон ва Таврот хонед.

Дар ин оят мо мебинем, ки Иброҳим алайҳиссалом падари халқҳои бисёр мешавад. Ва баъд ҳамаи ин халқҳо «Подшоҳии бузург»-ро ба даст меоваранд. Аммо барои он ки «падари халқҳои бисёр» шавад, шахс бояд ақаллан як писар дошта бошад. Ва то даме ки шахс маҳалли зист надорад, «Подшоҳии бузург» доштани ӯ ғайриимкон аст.

Аҳд бо ба Иброҳим алайҳиссалом

Дар ин порчаи Таврот (Ҳас. 12:1-7) мо мебинем, ки чӣ тавр Аллоҳ ваъдаи дутарафаи худро иҷро карданӣ аст — дар бораи «халқҳо» ва «подшоҳии бузург»-и авлодони Иброҳим алайҳиссалом. Аллоҳ ба ӯ ваъдаеро дод, ки асоси ҳамаи он чизҳоест, ки дар оянда ба амал хоҳанд омад. Онро муфассалан аз назар мегузаронем. Аллоҳ ба Иброҳим гуфт:

«Аз ту халқи бузурге ба вуҷуд меоварам, Ва туро баракат медиҳам, ва номи туро бузург месозам; ва ту намунаи баракат мешавӣ. Баракатдиҳандагонатро баракат медиҳам, ва лаънатгӯёнатро лаънат мегӯям. Ҳамаи халқҳои рӯи замин ба воситаи  ту баракат меёбанд».

Бузургии Иброҳим

Бисёр одамон дар Ғарб, ки ман дар он ҷо сокин ҳастам, ба мавҷудияти Худо шубҳа доранд, ва мепурсанд, ки чӣ тавр боварӣ ҳосил намудан мумкин аст, ки Худо ҳақиқатан Худро дар Таврот зоҳир намудааст. Аммо инак дар назди мо ваъдаест, ки иҷрошавии онро қисман тафтиш кардан мумкин аст. Дар охири ваҳйи Худ Аллоҳ ба Иброҳим алайҳиссалом баъда медиҳад, ки «номи ӯро бузург месозад».  Ҳозир, дар асри ХХI, мо гуфта метавонем, ки номи Иброҳим (Абраҳам, Абром) — яке аз номҳои муътабартарин дар таърих аст.  Ваъдаи Аллоҳ  ҳам ба маънои таҳтуллафзӣ, ҳам ба маънои таърихии сухан  иҷро шуд.  Нусхаи қадимитарини Таврот, ки мо ҳозир дорем, дар байни лӯлапечҳои баҳри Мурда ёфт шудааст, ки аз солҳои 200-100-уми то милод мебошад (ниг. мақолаи ман  дар бораи он ки оё Сунна дар бораи тағйирнопазирии Таврот, Забур ва Инҷил шаҳодат медиҳад).  Дар ҳадди ақалл, ин маънои онро дорад, ки дар он замон ваъдаи Иброҳим аллакай дар шакли хаттӣ вуҷуд дошт. Аммо ба ҳар ҳол дар он давра номи Иброҳим берун аз доираи танги яҳудиён, ки Тавротро муътабар медонистанд, маълум набуд. Аммо ҳозир мо то чӣ андоза бузург будани ин ном ва иҷро шудани ваъдаро мебинем, ки танҳо пас аз навишта шуданаш иҷро шуд — на пештар.

Ҳамин тариқ, қисми якуми ваъда ба Иброҳим аллакай иҷро шудааст, ва ин ҳатто ба беимонон аён аст. Акнун мо боварии бештар дорем, ки қисми дуюми ваъдаи Аллоҳ низ иҷро мешавад. Муҳокимарониҳоро  давом медиҳем.

Баракат ба ҳамаи мо

Дар ин ҷо боз ҳам ваъда дар хусуси «халқи бузург» ва «баракат»-и Иброҳим садо медиҳад. Аммо дар ваъда боз чизи дигар низ гуфта шудааст: баракат на танҳо ба Иброҳим ваъда шудааст. Дар матн гуфта шудааст, ки «ҳамаи халқҳои рӯи замин ба воситаи  ту баракат меёбанд» (ба воситаи Иброҳим). Ин аллакай ба мову шумо дахл дорад ва шоистаи диққати ҷиддитарин аст. Охир, мову шумо як ҷузъи ҳамон «ҳамаи халқҳо»-и замон ҳастем, новобаста ба дин, мансубияти миллӣ, маҳалли зист, мақоми иҷтимоӣ ва забон. Ин ваъда ҳамаи касонеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд, дар бар мегирад! Ва агарчи мо бисёр вақт аз ҷиҳати дин, ахлоқ, забон аз ҳам фарқ дорем, ва бисёр вақт бо ҳам дар ихтилоф мебошем, ваъдаи Аллоҳ ҳамаи ин монеаҳоро рафъ менамояд. Чӣ тавр? Кай? Ин чӣ баракат аст? Мо бо ваҳйи пурасрор сару кор дорем. Ба воситаи аломати Иброҳим алайҳиссалом мо ваъдаеро ба даст овардаем, ки ба он мову шумо низ дохил карда шудаем.  Азбаски мо боварӣ дорем, ки қисми якуми ваъда иҷро шудааст, мо метавонем боварӣ дошта бошем, ки қисми дуюми  ваъда низ, ки ба мо дахл дорад, аниқ ва ба таври таҳтуллафзӣ иҷро мешавад. Мо танҳо бояд калиди фаҳмидани онро пайдо намоем.

Аҳамият диҳед: ҳангоме ки Иброҳим ваъдаро гирифт, ӯ ба Аллоҳ итоат намуд ва…

«Ва Абром, чунон ки Парвардигор ба ӯ гуфт, равона шуд» (о. 4).

 

Ин сафари ӯ ба Замини Ваъдашуда чӣ қадар давом кард? Ба харита менигарем. Аввал ӯ дар Ур зиндагӣ мекард (қисми ҷанубии Ироқи ҳозира), ва баъд ба Ҳорон кӯчид (шимоли Ироқ). Пас аз ин Иброҳим ба замине равона шуд, ки он замон Канъон номида мешуд.  Чунон ки мебинед, сафари ӯ тӯлонӣ буд. Эҳтимол, ӯ савори шутур, асп ва ё хар сафар мекард. Ва ба ӯ якчанд моҳ даркор шуд, то ки ба маҳалли даркорӣ расад. Иброҳим оила, маҳалли зист дар Байнаннаҳрайн (он вақт ин маҳал маркази тамаддун буд), бехатарӣ ва ҳамаи он чиро, ки барояш одатӣ буд, тарк карда ба замини номаълум равона шуд. Мувофиқи Таврот, ӯ қариб 75-сола буд.

Чун пайғамбарони пештара, ӯ қурбониҳо мекунад

Дар Таврот ҳамчунин гуфта шудааст, ки ҳангоме Иброҳим алайҳиссалом ба Канъон омад, ӯ:

«…Ва дар он ҷо барои Парвардигор…қурбонгоҳе сохт» (ст. 7).

Қурбонгоҳ ҷоест, ки Иброҳим, чун Қобил ва Нӯҳ, ба Аллоҳ қурбониҳо меовард. Мо медонем, ки пайғамбарон ҳамин тавр Аллоҳро парастиш мекарданд.

Иброҳим алайҳиссалом ба хотири итоат ба Аллоҳ ҳамаи он чиро, ки дошт, қурбон намуд, ва синни ӯ дар он вақт аллакай ба ҷое расида буд. Ин корро карда, ӯ худро ба ихтиёри Аллоҳ супурд, ки ба ӯ аҳд баст ва ваъда дод, ки ба воситаи ӯ ҳамаи халқҳоро баракат медиҳад. Аз ҳамин сабаб ӯ барои мо ин қадар муҳим аст. Аммо аломат бо ҳамин ба охир намерасад. Дар мақолаи навбатӣ мо Аломати дуюми Иброҳимро аз назар мегузаронем.

 

 

 

Карта странствий Ибрахима

Карта странствий Ибрахима

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *