Skip to content
Home » Аломати Мусо 1: Песаҳ

Аломати Мусо 1: Песаҳ

  • by

Пас аз вафоти пайғамбар Иброҳим алайҳиссалом зиёда аз 500 сол гузашт. Воқеаҳои дар зер тасвиршуда қарибиҳои соли 1500-уми то милод рӯй додаанд. Авлодони пайғамбар Иброҳим (ба воситаи писараш Исҳоқ) акнун исроилиён номида мешуданд ва халқи сершуморе шуда буданд. Аммо бо мурури замон онҳо ба мисриён ғулом шуданд. Ин пас аз он рӯй дод, ки Юсуф, набераи Иброҳим алайҳиссалом, ба Миср ба ғуломӣ фурӯхта шуд, ва баъд, пас аз чандин сол, аҳли оилаи ӯ низ ба Миср рафтанд. Дар ин бора дар китоби Ҳастӣ, бобҳои 45-46 нақл карда мешавад. Ин аввалин китоби пайғамбар Мусо аст (китоби якуми Таврот).

Акнун мо ба аломатҳои дигар пайғамбари бузург, пайғамбар Мусо алайҳиссалом рӯ меоварем. Дар бораи ин аломатҳо дар китоби Хуруҷ нақл карда шудааст. Дар ин китоб мо мехонем, ки пайғамбар Мусо алайҳиссалом халқи Исроилро аз Миср мебарорад. ПАРВАРДИГОР ба пайғамбар Мусо алайҳиссалом фармуд, ки назди фиръавни Миср ҳозир шуда, озод кардани исроилиёнро талаб намояд, ва дар натиҷа мусобиқаи байни Мусо алайҳиссалом ва соҳирони фиръавн рӯй дод. Ин мусобиқа бо он анҷом ёфт, ки Аллоҳ ҳамон даҳ балоро бар фиръавн овард, ки барои ӯ аломат гардиданд. Аммо фиръавн бо хости ПАРВАРДИГОР розӣ нашуд ва ба аломатҳо гӯш надод.

Сураи Ан-Нозиот (Сураи 79) ин воқеаҳоро дар оятҳои зерин тасвир менамояд:

 Оё достони Мусо ба ту расидааст? Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар водии муқаддаси Туво нидо дод: Ба сӯйи фиръавн бирав, ки ҳаройшна, ӯ аз ҳад гузаштааст. Бигӯ: «Оё туро рағбате ҳаст, ки (аз куфру исён) покиза шавӣ, ва ман туро ба Парвардигорат роҳ бинамоям ва ту (аз Худо) битарсӣ?» Пас, он муъҷизаи (аломати) бузургро ба ӯ нишон дод…

Сураи Ан-Нозиот 79:15-20

Сураи Ал-Музаммил (Сураи 73) ҷавоби фиръавнро дар бар мегирад:

 Ва фиръавн аз паёмбар фармон набурд ва Мо ӯро ҷазои  сахт додем.

Сураи Ал-Музаммил 73:16

Дар сураи Ан-Нозиот чӣ «муъҷизаи (аломати) бузург»-и Мисо зикр шудааст, ва дар сураи Ал-Музаммил кадом «ҷазои сахт» барои фиръавн тасвир шудааст? Ҳар ду ба балои даҳуми Аллоҳ дахл доранд.

Балои даҳум

Он гоҳ Аллоҳ ваъда дод, ки бар Миср балои даҳум, балои даҳшатноктаринро меоварад. Дар Таврот дар бораи тайёрии махсус гуфта шудааст – бо амри Парвардигор исроилиён бояд пеш аз омадани балои даҳум корҳоеро мекарданд. Дар ин бора дар қуръон гуфта шудааст. Ояти зеринро хонед:

«Аз бани Исроил бипурс, ки чун Мусо назди онҳо омад, ба ӯ нӯҳ нишонаи (аломати) ошкоро дода будем. Ва фиръавн ба ӯ гуфт: «Эй Мусо, пиндорам, ки туро ҷоду карда бошанд».

(Мгсо ба фиръавн) гуфт: «Ба ҳақиқат  медонӣ, ин нишонаҳои ошкорро ҷуз Парвардигори осмонҳову замин нафиристодааст. Ва ту, эй фиръавн, яқинан ба ҳалокат хоҳӣ расид».

Сураи 17 Ал-Исро: 101-102

Гуфта шудааст, ки фиръавн «ба ҳалокат хоҳад расид». Аммо ин чӣ тавр рӯй медиҳад? Дар гузашта Аллоҳ бо тарзҳои гуногун одамонро доварӣ менамуд. Дар замони Нӯҳ, масалан, ҷаҳон дар обҳои тӯфони умумиҷаҳонӣ ғарқ шуд; зани Лут ба сутуни намак табдил ёфт. Лекин дар мавриди додашуда ин на танҳо “ҳалокат” буд, балки ҳамчунин аломат барои ҳамаи халқҳо буд — аломати бузург. Дар Қуръон гуфта шудааст:

Ва Мусо муъҷизаи бузургро ба фиръавн нишон дод..Сураи 79:20

Тафсирро ба балои даҳум дар Таврот, дар китоби Хуруҷ хондан мумкин аст. Ишора дар ин ҷо аст. Ман бо исрор ба шумо тавсия менамоям, ки ин матнро хонед, зеро ин баёни пурратарини воқеаҳои бароятон шавқовар аст, ва барои фаҳмидани он чи баъд рӯй медиҳад, ёрӣ мерасонад.

Барраи песаҳ ва халосӣ аз ҳалокат

Чунон ки аз матн бармеояд, дар он шаби фадокатовар Аллоҳ ваъда дод, ки ҳамаи нахустзодаҳои Мисрро нобуд мекунад, магар ин ки одамон ба паҳлудариҳои хонаҳояшон хуни барраи қурбониро бимоланд. Фиръавн низ огоҳонида шуд, ки агар амри Парвардигорро ба ҷо наоварад, писар ва вориси тахти ӯ мемурад. Нахустзодаҳои ҳамаи мисриён мемуранд, магар ин ки ба аломати барраи песаҳ итоат кунанд ба паҳлудариҳои хонаҳояшон хуни барраи қурбониро бимоланд. Барои Миср ин фалокати миллӣ буд.

Лекин, мувофиқи ваъдаи Аллоҳ, дар хонаҳое ки дар паҳлудариҳои онҳо хуни барраи қурбонишуда намоён бошад, ҳама зинда мемонанд. Балои Аллоҳ аз назди хона гузашта меравад. Аз ҳамин сабаб ин рӯз ва ин аломат Песаҳ ном гирифт (калимаи «Песаҳ» маънои онро дорад, ки марг аз назди он хонаҳое ки ба паҳлудариҳояшон хуни барра буд, гузашта рафт). Аломати  паҳлудариҳое ки бар онҳо хуни барра молида шудааст, барои кӣ буд? Дар Таврот гуфта шудааст:

ПАРВАРДИГОР ба Мусо гуфт: “… Ман Парвардигор ҳастам. Ва он хун барои шумо аломате мешавад бар хонаҳое ки шумо дар он ҷо мебошед, ва Ман хунро дида, аз болои шумо мегузарам, ва ҳангоме ки сарзамини Мисрро зарба мезанам, он офати ҳалокатовар ба шумо намерасад” .

Хур. 12:13

Ҳамин тариқ, мо мебинем, ки аломат на барои ПАРВАРДИГОР БУД, агарчи Ӯ ба паҳлудариҳои хонаҳо менигарист, то ки хуни хуни барраҳоро дида, гузашта равад. Дар матн гуфта шудааст: «Барои шумо хун аломат хоҳад буд». Яъне ин аломат барои одамон аст. Ғайр аз ин, ин ба ману шумо низ, ки ҳозир Тавротро мехонем, дахл дорад. Чаро? Чунки пас аз ин воқеаҳо ПАРВАРДИГОР фармуд:

Ва ин амрро, ҳамчун қоида, барои худ ва барои писарони худ то абад риоя намоед. Ва чун ба сарзамине дохил шудед … ин ибодатро риоя намоед … Ин қурбонии Песаҳ барои ПАРВАРДИГОР аст

Хуруҷ 12:24-27

Тақвими яҳудиён аз Песаҳ сар мешавад

Ба исроилиён фармуда шуд, ки ҳар сол дар ҳамон як рӯз Песаҳро ҷашн гиранд. Тақвими исроилиён аз тақвими мардуми Ғарб андаке фарқ дорад. Он ҳар сол нисбат ба тақвими мо ҷой иваз мекунад — монанди он ки иди Рамазон низ ҳар сол нисбат ба тақвими ғарбӣ ҷой иваз мекунад, зеро рӯзҳои ин ид мувофиқи давомнокии дигари сол муқаррар шудаанд. Ҳозир, пас аз 3500 сол, яҳудиён ҳар сол Песаҳро барои хотираи он ҷашн мегиранд, ки Мусо алайҳиссалом аз ПАРВАРДИГОР аҳди Песаҳро итоаткорона қабул намуд, чунон ки дар Таврот навишта шудааст.

Куштани барраҳо дар арафаи песаҳи яҳудиён

Тасвири ҳозираи куштани барраҳо барои иди Песаҳ. Ин ид монанди Иди Қурбон аст.

Таърихи тӯлонии ин идро мушоҳида намуда, мо як чизи аҷибро ошкор менамоем. Масалан, дар Инҷил оид ба ҳабс ва доварӣ шудани пайғамбар Исои Масеҳ алайҳиссалом гуфта шудааст:

«Аз ҳавлии Қаёфо Исоро ба қасри ҳоким бурданд… Онҳо ба қасри ҳоким [Пилотус] надаромаданд, то нопок нашаванд ва Песаҳро хӯранд». … [Пилотус] [ба сарварони яҳудиён] гуфт: “Шумо одате доред, ки бандиеро дар Песаҳ барои шумо озод кунам. Оё мехоҳед, ки Подшоҳи яҳудиёнро [Исои Масеҳро]барои шумо озод кунам?» Боз ҳама фарёд зада, гуфтанд: «Ӯро не, балки Барабборо». Бараббо як роҳзан буд».

Юҳ. 18:28, 39-40

Ба ибораи дигар, Исои Масеҳ алайҳиссалом дар рӯзи Песаҳ (аз рӯи тақвими яҳудиён) ҳабс карда шуд ва ба қатл бурда шуд. Чунон ки шумо аз мақолаи Аломати Иброҳим 3 медонед, яке аз номҳои пайғамбар Исо, ки пайғамбар Яҳё алайҳиссалом ба Ӯ дод, чунин буд:

Фардои он, Яҳё Исоро дид, ки ба сӯи вай меояд, ва гуфт: «Инак Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад.

Инҷили Юҳанно 1:29-30

Исо алайҳиссалом дар рӯзи Песаҳ маҳкум карда шуд

Нотакрории ин аломат маҳз дар ҳамин аст. Исо алайҳиссаломро – Барраи Худоро дар ҳамон рӯзе ба қатл маҳкум намуданд (марги қурбонӣ), ки яҳудиёни замони ӯ (соли 33-юми милодӣ аз рӯи тақвими ғарбӣ) барои хотираи қурбонии якуми Песаҳ, ки 1500 сол пеш аз онҳо карда шуда буд, барраҳои худро қурбонӣ мекарданд. Аз ҳамин сабаб Песаҳи яҳудиён ҳар сол ба ҳамон ҳафтае рост меояд, ки тамоми ҷаҳони боқимонда Песаҳро ҷашн мегирад, ки он ёдоварӣ аст дар хусуси қурбонии Исои Масеҳ, зеро Исо алайҳиссалом дар ҳамон рӯз кушта шуд. (Песаҳи муқаррарӣ ва Песаҳи яҳудиён аз он сабаб ба ҳамон як рӯз рост намеоянд, ки дарозии сол дар тақвимҳои яҳудиён ва ғарбиён аз ҳам фарқ доранд. Лекин ин идҳо ҳамеша ба ҳамон як ҳафта рост меоянд).

Акнун лаҳзае дар бораи он фикр мекунем, ки ‘аломатҳо’ умуман барои чӣ даркоранд.  Дар зер якчанд намунаҳо оварда шудаанд.

Вазифаи онҳо аз чӣ иборат аст? Аломатҳо — нишондиҳандаҳо барои ба ягон чизи дигар равона кардани диққати мо мебошанд

Ҳангоме ки мо аломати устухонҳо ва косахонаи сарро мебинем, дар бораи хатари марговар фикр мекунем. Аломат бо «равоқҳои тиллоӣ» фикри моро ба ошхонаи McDonalds равона мекунад. Аломати √ дар банданаи теннисист Надал маънои фирмаи Nike-ро дорад. Фирмаи Nike мехоҳад, ки ҳар боре ки мо дар пешонии Надал ин аломатро мебинем, дар бораи фирмаи Nike фикр кунем. Ба ибораи дигар, аломатҳо — нишодиҳандаҳо барои ба ягон объект равона кардани диққати мо мебошанд. Агар сухан дар бораи аломати Мусо алайҳиссалом равад, дар он Аллоҳ ба мо ишорае мекунад. Он ба мо чӣ даркор аст? Куштани барраҳои қурбонӣ дар ҳамон рӯзе ки пайғамбар Исо кушта шуд, маҳз нишондиҳанда ба аҳамиятнокии қурбонии Исои Масеҳ алайҳиссалом аст.

Песаҳ — аломатест, ки ба қурбонии Исои Масеҳ ишора менамояд

Таъсири аломат ба фикри мо ҳамон тавр рӯй медиҳад, ки дар схема тасвир ёфтааст. Мақсади ин аломат — ба марги фидокоронаи Исои Масеҳ равона кардани диққати мост. Дар вақти Песаҳи якум хуни барраҳо барои он рехта шуд, ки одамон аз фариштаи марг раҳоӣ ёбанд. Дар ин маврид низ — аломат маънои онро дорад, ки Исо, Барраи Худо, кушта шуд, то ки мо аз ҳалокат раҳоӣ ёфта тавонем.

Ба қурбонӣ оварда шудани писари Иброҳим низ аломат аст; он нигоҳи моро ба сӯи Исои Масеҳ мегардонад

Чунон ки мо дар мақолаи Аломати Иброҳим 3 хондем, маҳалле ки Иброҳим алайҳиссалом озмуда шуд, кӯҳи Мӯриё ном дошт. Дар лаҳзаи охирин ба ҷои писар Аллоҳ барраро ҳамчун қурбонӣ пешкаш намуд. Ба ҷои писари Иброҳим барра мурд. Ва кӯҳи Мӯриё ҳамон маҳал дар Исроил буд, ки Исои Масеҳ ҳамчун қурбонӣ мурд. Ин низ барои мо аломат, нишондиҳанда ба Исои Масеҳ аст, ки маҳза дар ин ҷо мурд. Дар бораи аломати Мусо гап зада, мо боз як нишондиҳандаро ба худи ҳамон воқеа меёбем, яъне ба қурбонӣ оварда шудани Исои Масеҳ алайҳиссалом. Сухан дар бораи рӯзи тақвимии қурбонии Песаҳ меравад. Ва боз қурбонӣ кардани барра барои мо чун нишондиҳанда ба ин воқеаи тақдирсоз хизмат мекунад. Чӣ тавр? Аломати навбатии Мусоро аз назар мегузаронем, ки ба ин масъалаи шавқовар рӯшанӣ меандозад. Аломати навбатӣ — дода шудани Шариат дар кӯҳи Сино аст.

Дар охири ин мақола он чиро, ки бо фиръавн рӯй дод, ёдрас менамоям. Дар порчаи Таврот мо мехонем, ки ӯ ба огоҳкуниҳои пайғамбар аҳамият надод, ва писари нахустзода ва вориси ӯ дар он шаби фалокатбор мурд. Дар охир фиръавн ба ҳар ҳол иҷозат дод, ки исроилиён Мисрро тарк кунанд. Аммо дар лаҳзаи охирин ӯ аз раъйи худ гашт ва исроилиёнро то баҳри Қулзум (Сурх) таъқиб намуд. Бо хости ПАРВАРДИГОР исроилиён бо хушкӣ аз баҳр гузаштанд, аммо фиръавн бо тамоми лашкари худ ғарқ шуд. Ҳамин тариқ, нӯҳ бало, марги нахустзодаҳо дар вақти Песаҳ ва ҳалокати лашкар боиси суст шудани қудрати Миср гардиданд. Миср дигар шӯҳрати давлати пешрафтаи ҷаҳониро баргардонда натавонист. Доварии Аллоҳ чунин буд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *