Skip to content
Home » Аломати Ҳорун: як модагов, ду нарбуз

Аломати Ҳорун: як модагов, ду нарбуз

  • by

Дар хусуси Аломати Мусо 2 сухан ронда, мо гуфта будем, ки фармудаҳои дар кӯҳи Сино додашуда хеле қатъӣ буданд. Ман аз шумо хоҳиш кардам, ки баҳо диҳед (мувофиқи талаботи Шариат), оё шумо фармудаҳоро ҳамеша ва ба таври пурра риоя мекунед. Ва агар шумо, чун ман, Шариатро на ҳамеша риоя мекарда бошед, ба мо балои азим таҳдид мекунад – Доварии оянда. Аммо наход ҳеҷ кор кардан мумкин набошад? Барои пок шудан аз гуноҳ, Ҳорун (бародари Мусо) ва авлодони ӯ ба Худо қурбониҳо меоварданд. Ин қурбониҳо кафоратӣ, яъне пӯшонандаи гуноҳ ҳисобида мешуданд. Ду қурбонии махсус, ки Ҳорун тақдим менамуд, аломатҳои он буданд, ки Аллоҳ гуноҳи вайрон кардани фармудаҳоро мепӯшонад.  Ба Ҳорун фармуда шуда буд, ки як модагов ва ду нарбузро қурбонӣ кунад. Аввал дар бораи нарбузҳо гап мезанем.

Нарбузи тарккунанда ва Рӯзи покшавӣ

Аз вақти фиристода шудани Аломати 1-уми Мусо  яҳудиён ҳар сол иди Песаҳро ҷашн мегиранд – барои хотираи раҳоӣ аз асорати фиръавн (то ҳол!). Лекин дар Таврот дар хусуси дигар идҳо низ фармудаҳо ҳастанд. Яке аз асоситарин идҳои яҳудиён Рӯзи покшавӣ номида мешавад. Ин ҷойро зер кунед, то ки матни пурраро, ки дар Таврот оварда шудааст, хонед.

Аммо ин гуна тафсилот дар бораи тарзи ҷашн гирифтани Рӯзи покшавӣ чӣ даркоранд? Ба ибтидо аҳамият диҳед:

Ва Парвардигор ба Мусо пас аз мурдани ду писари Ҳорун, ки ба ҳузури Парвардигор наздик омаданд ва мурданд, сухан ронда, гуфт; ва Парвардигор ба Мусо гуфт: «Ба бародарат Ҳорун гӯй, ки дар макони муқаддас ба пушти пардае ки пеши сарпӯши сандуқ аст, ҳар вақт дохил нашавад, то ки намурад, зеро Ман андаруни абр бар сарпӯш зоҳир мешавам.

Иб. 16:1-2

Ду писари Ҳорун, ки (бо оташи бегона) назди Парвардигор ҳозир шуданд, мурданд. Чунон ки мо мебинем, риоя накардани ҳамаи фармудаҳои Шариат дар Қудс боиси марги писарони Ҳорун шуд. Чаро? Зеро дар хаймаи ҷомеъ сандуқи Аҳд буд. Сандуқи Аҳд дар Қуръон низ зикр шудааст. Инак он чи дар он ҷо гуфта шудааст:

Пайғамбарашон гуфт, ки нишони подшоҳии ӯ ин аст, сандуқе, ки оромии дил аз Парвардигоратон ва боқии мероси хонадони Мусо ва хонадони Ҳорун дар он аст ва фариштагон мебардорандаш, назди шумо ояд. Агар муъмин бошед, ин барои шумо ибратест.

Сураи 2:248 (ал-Бақара

Мо мехонем, ки сандуқи Аҳд  аломати қудрат буда, ба таври рамзӣ аҳди Худоро дар Шариати Мусо ифода менамуд.  Дар даруни сандуқ лавҳҳои Даҳ Фармуда нигоҳ дошта мешуданд. Ҳар касе ки дар наздикии сандуқ камтарин фармудаи Шариатро вайрон мекард – мемурд. Ду писари калонсоли Ҳорун мурданд, ҳангоме ки ба хаймаи ҷомеъ ба таври ношоиста даромаданд. Сабаби дастурҳои муфассал дар ҳамин аст: Ҳорун бояд соле танҳо як бор ба Қудси Қудсҳо медаромад – дар Рӯзи покшавӣ. Агар ӯ дар рӯзи дигар ба он ҷой медаромад, ҳамчунин мемурд. Аммо ҳатто дар Рӯзи покшавӣ Ҳорун ба Қудси Қудсҳо, ки он ҷо сандуқ буд, ҳамин тавр даромада наметавонист. Дар аввал:

… Ҳорун гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худи ӯст, тақдим карда, худаш ва аҳли хонаашро кафорат намояд, ва бухурро бар оташ ба ҳузури Парвардигор монад, ва абри бухур сарпӯшеро, ки бар тахтасангҳои шаҳодат аст, пӯшонад, то ӯ намурад…

Иб. 16:6,13

Гӯсола барои покшавӣ ё кафорати гуноҳҳои худи Ҳорун, ки ҳамчунин фармудаҳои Шариатро вайрон мекард, қурбонӣ карда мешуд. Пас аз ин Ҳорун маросими махсуси қурбонӣ кардани ду нарбузро ба ҷо меовард.

Ва ду нарбузро гирад, ва онҳоро ба ҳузури Парвардигор назди дари хаймаи вохӯрӣ гузорад. Ва Ҳорун бар он ду нарбуз қуръа партояд: як қуръа барои Парвардигор, ва як қуръа барои Азозил. Ва Ҳорун нарбузеро, ки қуръа барои Парвардигор бар он баромадааст, наздик оварад ва онро барои қурбонии гуноҳ тақдим намояд…

Иб. 16:7-9

Баъди ба қурбонӣ овардани гӯсола Ҳорун ду нарбузро мегирифт ва қуръа мепартофт. Нарбузи якум нарбузи таркшаванда номида мешуд. Дигарӣ – барои гуноҳ қурбонӣ карда мешуд. Чаро?

Ва нарбузи қурбонии гуноҳро, ки барои қавм аст, кушад… ва макони муқаддасро аз нопокиҳои банӣ-Исроил ва аз хатоҳои онҳо, ки дар ҳамаи гуноҳҳои онҳоянд, кафорат намояд…

Иб. 16:15-16

Баъд бо нарбузи таркшаванда чӣ мешуд?

Ва кафорати макони муқаддас ва хаймаи вохӯрӣ ва қурбонгоҳро ба анҷом расонда, нарбузи зиндаро наздик оварад. Ва Ҳорун ду дасти худро бар сари нарбузи зинда монад, ва бар он ҳамаи айбҳои банӣ-Исроил ва ҳамаи хатоҳои онҳо ва ҳамаи гуноҳҳои онҳоро эътироф намояд, ва онҳоро бар сари нарбуз гузорад, ва онро ба воситаи шахси махсус ба биёбон фиристонад. Ва нарбуз ҳамаи гуноҳҳои онҳоро бар худ бардошта, ба замини харобазор барад; ва он шахс нарбузро дар биёбон сар диҳад.

Иб. 16:20-22

Гӯсола барои гуноҳҳои худи Ҳорун ба қурбонӣ оварда мешуд. Нарбузи якум барои пок кардани гуноҳҳои Исроил қурбонӣ карда мешуд. Сипас Ҳорун ба сари нарбузи зинда дастонашро мегузошт ва ба таври рамзӣ тамоми гуноҳҳои халқро ба он мегузаронд. Сипас ин бузро ҳамчун нишонаи шуста шудан ва дур карда шудани гуноҳҳои халқ ба биёбон сар медоданд. Чунин буданд қурбониҳое ки барои кафорати гуноҳҳо муқаррар шуда буданд. Маросим ҳар сол дар Рӯзи покшавӣ ба ҷо оварда мешуд.

Модагов, ё ал-Бақара ва Таврот

Ба Ҳорун фармуда шуда буд, ки дигар қурбониҳо низ биёрад, аз ҷумла қурбонии модагов (аҳамият диҳед, ки на наргов). Ин қурбонӣ ба Сураи 2 «ал-Бақара» (дар Қуръони муқаддас) ном додааст. Дар Қуръон дар бораи ин қурбонӣ бевосита гуфта шудааст. Ин ҷойро зер кунед, то ки матни пурраро хонед. Чунон ки мебинед, тамоми халқ ҳайрон шуда буд, ки чаро дар ин маврид фармуда шудааст, ки модагов қурбонӣ карда шавад, на ин ки наргови муқаррарӣ. Матн ин тавр ба охир мерасад:

Сипас гуфтем:  «Порае аз онро (модаговро) бар он кушта бизанед. Худо мурдагонро инчунин зинда месозад ва нишонаҳои қудрати хешро инчунин ба шумо менамоёнад, то ки ба ақл дарёбед!»

Сураи 2:73 ал-Бақара

Ҳамин тариқ, сухан дар бораи аломате аст, ки барои мо дода шудааст. Аммо модагов барои мо чӣ тавр ҳамчун аломат хизмат мекунад? Мо мехонем, ки ин бо ҳаёт ва марг робита дорад. Шояд, мо ин масъаларо беҳтар мефаҳмем, агар дастурҳои ибтидоиро, ки ба Ҳорун оид ба ин қурбонӣ дар Таврот дода шудаанд, хонем. Ин ҷойро зер кунед , то ки матни пурраро хонед. Ҳамин тариқ, мо мебинем:

Ва модаговро пеши назари ӯ сӯзонанд: бигзор пӯсти он ва гӯшти он ва хуни он бо якҷоягии саргини он сӯзонда шавад. Ва бигзор коҳин чӯби сарв ва зуфо ва риштаи қирмизӣ гирифта, бар оташи модагов партояд.

Ададҳо 19:5-6

Зуфо шохачаи дарахти паҳнбарг буд. Ба исроилиён ҳангоми Песаҳ чунин фармуда дода шуд, то ки марг аз пеши хонаҳои онҳо гузашта равад:

Ва бандчае аз зуфо гирифта, дар хуне ки дар лаган аст, ғӯтонед, ва ба болодарӣ ва ду паҳлударӣ аз хуне ки дар лаган аст, молед …

Хур. 12:22

Зуфо ҳамчунин дар қурбонӣ кардани модагов истифода мешуд, ва баъд модагов, зуфо, пашм ва дарахти сарв пурра сӯзонда мешуданд. Пас аз ин

… бигзор шахси поке хокистари модаговро ҷамъ карда, берун аз бошишгоҳ дар макони поке гузорад, ва он аз баҳри ҷамоати банӣ-Исроил барои оби поккунанда нигоҳ дошта шавад: ин пок кардан аст аз гуноҳ.

Ададҳо 19:9

Сипас хокистари модагов бо «оби покшавӣ» омехта карда мешуд. Шахси нопок бо ин оби хокистардор шустушӯй карда, аз нопокии маросимӣ пок шуда метавонист (маросими таҳорат, вузуъ). Лекин ин хокистар на ҳар гуна нопокиро, балки нопокии муайянро пок мекард.

Касе ки ба ҷасади мурдаи ҳар одаме мерасад, ҳафт рӯз нопок мемонад. Вай бояд худро дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум бо он пок гардонад, ва он гоҳ пок мешавад; вале агар худро дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум пок нагардонад, пок намешавад. Ҳар касе ки ба мурдае, ба ҷасади одаме ки мурдааст, расида, худро пок нагардонда бошад, маскани Парвардигорро палид месозад: он кас аз миёни Исроил нобуд шавад; зеро оби поккунанда бар вай пошида нашудааст, аз ин рӯ вай нопок аст, яъне нопокии вай ҳанӯз бар вай боқист.

Ададҳо 19:11-13

Ҳамин тариқ, хокистари бо об омехташуда барои маросими таҳорат (вузуъ) истифода мешуд, то ки шахсе ки ба мурда расидааст, аз нопокии худ пок шуда тавонад. Аммо чаро расидан ба мурда боиси нопокии маросимӣ мешуд? Биёед фикр мекунем. Дар натиҷаи гуноҳи худ Одам ва ҳамаи авлодони ӯ миранда шуданд (бо зимни мову шумо). Марг одамро аз он сабаб нопок мекунад, ки он – натиҷаи гуноҳ аст. Аз рӯи худи ҳамонандӣ бо нопокӣ, шахсе ки ба мурда мерасад, ҳамчунин нопок мешавад. Лекин хокистари зикршуда, ки аломат аст, шахсро аз нопокӣ пок менамуд. Шахси нопок, ки ба маънои маросимӣ аз боиси нопокии худ мурдааст, бо покшавӣ аз нопокӣ ба воситаи таҳорат бо хокистари модагов ҳаёти нав ба даст меовард.

Чаро маҳз модагов истифода мешуд? Ба мо ҷавоби бевосита дода нашудааст, лекин мо метавонем худамон дар асоси Навишта муҳокимаронӣ намоем. Дар ҳама ҷои Таврот (ва дигар китобҳои муқаддас) дар бораи Аллоҳ дар ҷинси мардона гуфта шудааст. Дар бораи Исроил бошад ба таври ҷомеъ чун дар бораи духтар, дар ҷинси занона гуфта шудааст. Рамзи никоҳро истифода бурда, гуфтан мумкин аст, ки Аллоҳ чун доҳии халқи Худ баромад мекунад, ва пайравони вафодораш аз пайи Ӯ мераванд. Аммо ба ҳар ҳол ташаббус ҳамеша ба Аллоҳ тааллуқ дорад. Маҳз Ӯ ба Иброҳим фармуд, ки писарашро ба қурбонӣ оварад; бо ташаббуси Ӯ исроилиён Даҳ Фармуда гирифтанд; Ӯ ба замин тӯфони Нӯҳро овард ва ғайра. Одам (бо зимни пайғамбарон) ҳеҷ гоҳ сабаби ибтидоӣ набуд; пайравони Аллоҳ ба роҳнамоии Ӯ итоат менамуданд.

Хокистари модагов барои он дода шуда буд, ки  эҳтиёҷи инсонии моро ба покшавӣ аз нопокӣ қонеъ намояд. Чун аломати эҳтиёҷи инсонӣ, ҳайвони қурбонишаванда бояд мода мебуд. Бар хилофи айбдорӣ дар назди Аллоҳ, нопокӣ рамзи шармсорӣ аст, ки мо бо содир кардани гуноҳ аз сар мегузаронем. Ҳангоме ки ман гуноҳ мекунам, на танҳо дар вайрон кардани Шариат дар пеши назари Довари Олам айбдорам, балки ҳамчунин бо шармхорӣ ва таассуф фаро гирифта шудаам. Аллоҳ чӣ кард, то ки моро аз шармсорӣ халос кунад? Пеш аз ҳама ба мо пӯшиданӣ, лобос дод. Ба Одам ва Ҳавво ӯ аз пӯст либос тайёр кард ва ҳамин лучӣ ва шармсории онҳоро пӯшонд. Аз ҳамон вақт фарзандони Одам ҳамеша либос мепӯшанд – ин бароямон чунон одатӣ аст, ки мо қариб ҳеҷ гоҳ фикр намекунем, ки чаро либос мепӯшем. Бо хокистари модагов таҳорат кардан – боз як воситаи сабук кардани виҷдони мо аз нопокии гуноҳ аст. Модагов барои пок кардани мо ба қурбонӣ оварда мешуд.

…пас бо дили соф ва бо имони комил, дилҳои худро ба воситаи пошидани хуни Масеҳ аз виҷдони бад пок намуда ва бадани худро бо оби пок шуста, ба ҳузури Худо наздик оем…

ба Ибриён 10:22

Агар сухан дар бораи нарбузҳо равад, ки дар Рӯзи покшавӣ оварда мешуданд, онҳо, чун ҳайвонҳои нарина, асосан барои Аллоҳ қурбонӣ карда мешуданд. Дар хусуси аломати Даҳ Фармуда сухан ронда, мо гаштаву баргашта зикр мекунем, ки ҷазо барои вайрон кардани Шариат – марг аст (ин ҷойро зер кунед, то ки порчаҳоро аз назар гузаронед). Аллоҳ Довар буд ва ҳаст, ва чун Довар Ӯ ҳукми маргро талаб мекунад. Марги модагов талаби Аллоҳро оид ба кафорати гуноҳи Ҳорун қонеъ менамояд. Марги нарбузи якум талаби Аллоҳро оид ба кафорати гуноҳи халқи Исроил қонеъ менамояд. Ва танҳо пас аз он гуноҳҳои халқро ба таври рамзӣ бар нарбузи тарккунанда гузоштан мумкин буд. Ва Ҳорун ҳамин тавр мекард. Нарбуз ба биёбон сар дода мешуд ва ҳамчун нишонаи он хизмат менамуд, ки гуноҳҳои ҷамоати Исроил бахшида шудаанд.

Чунин қурбониҳоро Ҳорун ва авлодони ӯ дар давоми ҳазорҳо сол меоварданд. Дар давоми он вақте ки исроилиён дар замини ваъдашуда мезистанд, дар давоми тамоми таърихи подшоҳии Довуд ва авлодони ӯ, ва низ дар замони пайғамбарон, ки хости Аллоҳро мерасонданд, ҳамчунин дар замони Исои Масеҳ алайҳиссалом ин қурбониҳо барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти насли башар оварда мешуданд. Ва ба ҳар ҳол онҳо танҳо соя, ё аломати наҷоти оянда буданд.

Аломатҳои охирини Мусо ва Ҳорун нишондиҳандаи охири Таврот мебошанд. Пас аз он пайғамбарон меоянд, ва хости Аллоҳро Забур мерасонад. Аммо Таврот ба мо насиҳати охирин медиҳад. Пайғамбар Мусо алайҳиссалом омадани Пайғамбари бузургро пешакӣ фаҳмидааст ва баракатҳо ва лаънатҳоеро, ки бар банӣ Исроил меоянд, пешгӯӣ кардааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *