Skip to content
Home » Инҷил таҳриф шудааст! Қуръон чӣ мегӯяд?

Инҷил таҳриф шудааст! Қуръон чӣ мегӯяд?

  • by

Ман дӯстони бисёри мусулмон дорам. Ман бисёр вақт бо онҳо дар бораи имон ва ақидаҳои худ гап мезанам, зеро ман низ ба Аллоҳ (Худо) имон дорам ва ба Инҷил пайравӣ менамоям. Ба як маъно байни мо умумиятҳои бисёр ҳастанд. Аммо ба ҳар ҳол ман доимо дар гуфтугӯҳо мешунавам, ки гӯё Инҷил (ва низ Забур ва Таврот, ки якҷоя ал-китоб= Библияро ташкил медиҳанд) дар шакли таҳрифшуда ё дигаргуншуда то замони мо расидаанд. Ва матне ки мо ҳозир мехонем, гӯё вайрон карда шудааст, ва аз он чи пайғамбарон ва шогирдони Аллоҳ бо илҳоми Ӯ аз ибтидо навиштаанд, фарқ дорад. Бо ин изҳорот дар назар дошта шудааст, ки мо ҳозир ба Китоби Муқаддас дар он шакле ки то мо омада расидааст, боварӣ карда наметавонем, ва мувофиқан, он ба мо ҳақиқати Аллоҳро ошкор намекунад. Ман ҳам Библия (ал-китоб), ҳам Қуръони муқаддасро бо диққат мехонам. Ба қарибӣ ман омӯхтани Суннаро сар кардам. Маро беш аз ҳама он чиз ҳайрон мекунад, ки дар худи Қуръон чунин ақидаи қатъӣ нисбати Библия (ал-китоб), ки дар ҷаҳони ҳозира мебинем, нест. Зиёда аз он, ман ҳатто аз он эътиборнокӣ, ки Қуръон ба Библия (ал-китоб) нисбат медиҳад, ба тарс афтодам. Намунаи мушаххас меоварам.

Инак он чи дар Қуръон оид ба Библия (ал-китоб) гуфта шудааст

Бигӯ:  «Эй аҳли китоб, шумо чизе нестед, то он гоҳ, ки Таврот ва Инҷил ва он чиро аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, барпой доред». Он чи аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст, бар туғён ва куфри бештаринашон бияфзояд. Сураи 5:68 Ал-Моида Ниг. ҳамчунин 4:136

Агар дар он чи бар ту нозил кардаем, дар шубҳа ҳастӣ, аз онҳое, ки китоби осмонии пеш аз туро мехонанд, бипурс. Ҳаройина ҳақ аст он чи аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст. Пас набояд дар шумори шубҳакунандагон бошӣ! Сураи 10:94 Юнyc

Дар ин оятҳо гуфта шудааст, ки ваҳйе ки ба «аҳли китоб» (масеҳиён ва яҳудиён) дода шудааст, — аз ҷониби Аллоҳ аст. Дӯстони ман мегӯянд, ки ин танҳо ба нусхаи асл дахл дорад, аммо азбаски нусхаи асл таҳриф шудааст, мо ин суханонро нисбати матни ҳозираи Библия истифода бурда наметавонем. Аммо дар ояти дуюм ҳамчунин дар бораи онҳое гуфта шудааст, ки «китоби осмонии пеш аз туро мехонанд». Аён аст, ки ин ҷо сухан на дар бораи нусхаи асл, балки дар бораи Библияи он замоне меравад, ки ба ҷаҳон Қуръон нозил карда шуд. Қуръон ба пайғамбар Муҳаммад (с) тақрибан дар соли 600-уми милодӣ дода шуд. Порча возеҳан ба он ишора мекунад, ки Библия (ал-китоб) дар он шакле ки дар соли 600-уми милодӣ вуҷуд дошт, дуруст аст. Дигар порчаҳо низ дар ин бора шаҳодат медиҳанд. Ин оятҳоро хонед:

Агар худ намедонед, аз (уламои)  аҳли Зикр (муъминони аҳли китоб) бипурсед, ки Мо пеш аз ту ба пайғамбарӣ нафиристодем, ғайри мардоне (на фариштагон), ки ба онҳо ваҳй мефиристодем. Сураи 16:43 Ан-Наҳл

Мо пеш аз ту ба пайғамбарӣ нафиристодем, магар мардонеро, ки ба онҳо ваҳй мекардем ва агар худ намедонед, аз аҳли зикр (муъминон ва олимони аҳли китоб) бипурсед. Сураи 21:7 Ал-Анбиё

Аён аст, ки дар ин ҷо оид ба пайғамбароне гуфта шудааст, ки то пайҳамбар Муҳаммад (с) зиндагӣ кардаанд. Аммо он чиз бештар ҷолиби диққат аст, ки дар соли 600-уми милодӣ пайғамбариҳое ки Худо ба ин мардон (пайғамбарон) дода буд, мавҷуд буданд. Ба ибораи дигар, ваҳйи аслӣ, ибтидоӣ, ки аз ҷониби Аллоҳ нозир шуда буд, дар замони пайғамбар Муҳаммад (с) таҳриф нашуда буд.

Дар Қуръони муқаддас гуфта шудааст, ки суханони Аллоҳ тағйирнопазиранд

Аниқтараш, Қуръон худи имконияти таҳриф, ё дигаргун карда шудани ал-китобро имконнопазир меҳисобад. Фаромӯш накунед, ки дар Ал-Моида 5:68 (Таврот ва Инҷил… аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст…). Андеша намоед:

Паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту буданд, дурӯғгӯ шумориданд, вале онҳо бар он такзибу озор сабр карданд, то ёрии мо фаро расидашон. Ва суханони Худоро тағйирдиҳандае нест. Ва ҳаройина порае аз ахбори паёмбарон бар ту нозил шудааст. Сураи 6:34 Ал-Анъом

Ва каломи Парвардигори ту дар ростиву адолат ба ҳадди камол аст. Ҳеҷ кас нест, ки ёрои дигаргун кардани суханони ӯро дошта бошад. Ӯст шунавою доно! Сураи 6:115 Ал-Анъом

Хушхабар аст онҳоро дар дунёву охират. Сухани Худо дигаргун намешавад. Ин аст комёбии бузург! Сураи 10:64 Юнyc

Аз китоби Парвардигорат ҳар чи бар ту ваҳй шудааст, тиловат кун. Сухани ӯро тағйирдиҳандае нест. Ва ту ҷуз ӯ, ҳаргиз, паноҳгоҳе намеёбӣ. Сураи 18:27 Ал-Каҳф

Агар мо қабул намоем, ки ба пайғамбарони пеш аз Муҳаммад (с) ваҳй аз ҷониби Аллоҳ дода шудааст (чунон ки дар Моида 5:68-69 гуфта шудааст), ва азбаски ин порчаҳо гаштаву баргашта мегӯянд, ки ҳеҷ кас суханони Худоро дигаргун карда наметавонад, пас чӣ гуна гуфтан мумкин аст, ки Таврот, Забур ва Инҷилро (яъне ал-китоб = Библияро) гӯё одамон таҳриф ва вайрон кардаанд? Ин монанди рад кардани суханони Қуръон аст.

Бояд гуфт, ки Қуръон, бар хилофи ақидаи паҳншуда, худи идеяро дар хусуси он ки ваҳйҳои гуногунро ба категорияҳо тақсим кардан мумкин аст (як ваҳй аз ваҳйи дигар саҳеҳтар аст), рад менамояд.

Бигӯед:  «Мо ба Худо ва оёте, ки бар мо нозил шуда ва низ он чи бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва сибтҳо (дувоздаҳ писарон Яъқуб)  нозил омада ва низ он чи  ба Мусо ва Исо фиристода шуда ва он чи  бар  паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон  омадааст, имон овардаем. Миёни ҳеҷ як аз паёмбарон фарқе намениҳем ва ҳама дар баробари Худо таслим ҳастем». Сураи 2:136 Ал-Бақара  (Ниг. ҳамчунин 2:285).

Аз ҳамин сабаб мо набояд байни ваҳйҳо фарқ гузорем. Ин ба омӯзиши ваҳйҳо низ дахл дорад. Ҳамаи китобҳои муқаддасро омӯхтан даркор аст. Ман ба масеҳиён бо исрор маслиҳат медиҳам, ки Қуръонро омӯзанд, ба мусулмонон маслиҳат медиҳам, ки Библияро омӯзанд.

Омӯзиши ин китобҳо вақт ва мардонагиро металабад. Ва дар айни ҳол бисёр саволҳо ба миён меоянд. Бо вуҷуди ин, ин беҳтарин воситаи сарф кардани вақти зиндагӣ дар замин аст — тадқиқ намудани китобҳои пайғамбарон! Агар сухан дар бораи ман равад, ман барои омӯхтани китобҳои муқаддас вақт ва қувваи зиёд сарф кардаам, ва дар сарам саволҳои бисёре пайдо шудаанд. Аммо ман медонам, ки дар натиҷаи ин раванд манфиати зиёде ба даст овардаам ва дар худ баракати Аллоҳро эҳсос менамоям. Ман самимона умед дорам, ки шумо шиносоиро бо мақолаҳо ва дарсҳое ки дар ин веб-сайт ҷой дода шудаанд, давом медиҳед. Шояд, беҳтараш аз он сар кунед, ки ҳадисҳо ва пайғамбар Муҳаммад (с) дар бораи Таврот, Забур ва Инҷил (китобҳое ки ба таркиби ал-китоб = Библия дохил мешаванд) чӣ мегӯянд. Инак ишора ба ин мақола. Агар ба ҷиҳатҳои илмии он шавқ дошта бошед, ки дуруст будани китобҳои кадимӣ умуман чӣ гуна баҳо дода мешавад, ва оё аз нуқтаи назари илмӣ Библияро сарчашмаи таҳрифшуда ҳисобидан мумкин аст, ин мақоларо хонед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *