Пешгӯӣ дар бораи омадани пайғамбар Яҳё алайҳиссалом
Дар мақолаи «Аломати банда» мо ваъдаи омадани бандаи Худоро таҳлил кардем. Ин ваъда комилан ба ҷавоби яке аз саволҳои муҳимтарин вобаста буд. Ишаъё 53 бо ин савол сар мешавад:
«Кӣ ба пайғоми мо бовар кардааст, ва бозуи Парвардигор ба кӣ ошкор гардидааст?»
Иш. 53:1
Ишаъё алайҳиссалом огоҳ намуд, ки дар аввал ба суханони ин банда бовар намекунанд. Ва мушкилӣ на дар он аст, ки одамон аломатҳо надоштанд. Не, аломатҳо вақти омадани ӯро ба таври возеҳ пешгӯӣ мекарданд – ба воситаи ҳафтаҳои пурасрор, ошкор шудани ном ва инчунин ба воситаи нишон додани он, ки ӯ “аз замини зиндаҳо канда мешавад”. Сабаб умуман набудани нишонаҳо нест. Сабаб сахт шудани дилҳост. Аз ин рӯ, пеш аз омадани банда бояд як нафари дигаре ба дунё меомад, ки дили мардумро ба омадани ӯ тайёр кунад. Пайғамбар Ишаъё алайҳиссалом дар бораи касе нақл мекунад, ки роҳро барои бандаи Худо тайёр мекунад. Инро дар Забур, дар китоби Ишаъё хондан мумкин аст:
Овозе фарёд мекунад: «Дар биёбон роҳе барои Парвардигор тайёр кунед, роҳе барои Худои мо дар саҳро ҳамвор кунед! Ҳар дара баланд, ва ҳар кӯҳу теппа паст шавад. Каҷиҳо рост, ва ноҳамвориҳо ҳамвор гарданд. Он гоҳ ҷалоли Парвардигор ошкор хоҳад шуд, ва тамоми башарият якбора онро хоҳад дид, зеро ки даҳони Парвардигор инро гуфтааст».
Иш. 40:3-5
Аз рӯи суханони Ишаъё алайҳиссалом касе дар биёбон зиндагӣ карда, “роҳи Худовандро омода хоҳад намуд”. Ӯ ҳар монеаро дар роҳи Худованд бартараф хоҳад кард, то ки «ҷалоли Парвардигор ошкор шавад». Аммо Ишаъё аниқ нагуфтааст, ки ин чӣ гуна мешавад.
Пайғамбар Малокӣ – охирин пайғамбари Забур
Пайғамбар Малокӣ тақрибан 300 сол пас аз пайғамбар Ишаъё зиндагӣ кардааст. Ӯ муаллифи китоби охирини Забур аст. Дар китоби худ ӯ ҳама чизеро, ки Ишаъё қаблан дар бораи омадани муждарасон хабар дода буд, такрор кард. Инак он чи ӯ навиштааст:
«Инак, Ман қосиди Худро мефиристам, ва ӯ роҳро пеши Ман холӣ хоҳад кард; ва ногаҳон Парвардигор, ки шумо толиби Ӯ ҳастед, ба қасри Худ хоҳад омад, ва қосиди паймон низ, ки шумо муштоқи Ӯ мебошед; инак, меояд, мегӯяд Парвардигори лашкарҳо.
Мал. 3:1
Дар ин ҷо мо боз пешгӯиро дар бораи омадани фариштае (қосиде) мехонем, ки «роҳро барои Худованд омода мекунад». Пас аз пайдо шудани ин фаришта «фариштаи аҳд» низ пайдо мешавад. Малокӣ алайҳиссалом дар ин ҷо дар бораи кадом аҳд сухан меронад? Чунон ки шумо дар ёд доред, Ирмиё алайҳиссалом эълон карда буд, ки Аллоҳ бо мо аҳди нав баста, онро дар қалби мо менависад. Танҳо дар ҳамин маврид ташнагӣ, ки моро ба гуноҳ тела медиҳад, рафъ мешавад. Малокӣ алайҳиссалом дар бораи ҳамин аҳд сухан мегӯяд. Бастани ин аҳд бо омадани Муждарасон нишон дода мешавад.
Малоки алайҳиссалом Забурро бо пешгӯии махсус ба анҷом мерасонад. Дар банди охири китоби худ боз ба оянда менигарад ва менависад:
Инак, Ман Илёси пайғамбарро пеш аз фаро расидани рӯзи бузург ва тарсовари Парвардигор назди шумо мефиристам. Ва ӯ дили падаронро сӯи писарон, ва дили писаронро сӯи падарон хоҳад баргардонид, мабодо биёям ва заминро бо лаънат бизанам».
Мал. 4:5-6
Вақте Малокӣ алайҳиссалом гуфт, ки пеш аз рӯзи бузурги Худованд Илёс пайғамбар меояд, чиро дар назар дошт? Ва ин Илёс кист? Ин пайғамбари дигари Забур аст, ки то ҳол зикр накардаем (дар бораи ҳамаи пайғамбарони Забур дар ин ҷо гуфта наметавонем, зеро ин бисёр дароз мешавад. Солҳои умри ӯ дар ҷадвали замон сабт шудааст). Илёс алайҳиссалом тақрибан дар соли 850 милодӣ зиндагӣ кардааст. Ӯ ҳамчун гӯшанишин маъруф аст, ки дар биёбон зиндагӣ мекард; либоси пашмин дошт ва малах ва асали ёбоиро мехӯрд. Ва, албатта, вай хеле ғайриодӣ менамуд. Малокӣ алайҳиссалом навиштааст, ки муждадиҳанда пеш аз Аҳди Ҷадид ба дунё меояд ва мисли Илёс алайҳиссалом хоҳад буд.
Бо ҳамин изҳорот Забур ба поён мерасад. Охирин пешгӯӣ дар Забур тақрибан дар соли 450 пеш аз милод сабт шудааст. Тавроту Забур дар бораи оянда ваъдаҳои зиёде доранд. Баъзе аз онҳоро дида мебароем.
Ваъдаҳои Таврот ва Забур, ки ҳанӯз иҷро нашудаанд
- Мақолаи «Аломати қурбонӣ» ба хамин бахшида шудааст. Вақте ки давраи Забур ба поён расид, яҳудиён ҳанӯз ҳам ин қурбониро аз Худо интизор буданд.
- Пайғамбар Мусо алайҳиссалом иди Песаҳро аломате барои банӣ-Исроил номид ва ба ҳамин хотир исроилиён дар тӯли таърихи худ иди Песаҳро ҷашн мегиранд. Аммо фаромӯш карданд, ки ин аломат ба чизе дар оянда ишора мекунад, ки ҳанӯз ошкор нашудааст.
- Мусо алайҳиссалом дар Таврот пешгӯӣ кардааст, ки пайғамбаре меояд, ки худи Аллоҳ дар бораи ӯ гуфтааст: «Сухани Худро дар даҳони ӯ мегузорам». Дар ваъдаи пайғамбари оянда Аллоҳ ҳамчунин гуфтааст: «Ҳар кӣ ба суханони Маро, ки [он Пайғамбар] ба номи Ман мегӯяд, гӯш надиҳад, аз ӯ бозхост мекунам».
- Подшоҳ Довуд алайҳиссалом низ омадани Масеҳро пешгӯӣ карда буд. Дар тӯли таърихи худ исроилиён ба худ савол медоданд, ки Подшоҳии Масеҳ чӣ гуна хоҳад буд.
- Дар пайғамбар Ишаъё алайҳиссалом мо суханонеро меёбем, ки бокирае ҳомила мешавад ва Писаре мезояд. Яҳудиён ҳанӯз дар поёни давраи Забур мунтазири иҷрои ин пешгӯии аҷиб буданд.
- Пайғамбар Ирмиё алайҳиссалом мегӯяд, ки рӯзе Худо бо мардум аҳди нав мебандад, ки он на дар тахтаҳои сангин, балки дар дили инсонҳо навишта мешавад.
- Пайғамбар Закарё дар бораи номи Масеҳ ваҳй дорад.
- Пайғамбар Дониёл алайҳиссалом хабар дод, ки Масеҳ «нобуд мешавад» – бар хилофи интизории ҳама дар бораи подшоҳии ӯ.
- Ишаъё алайҳиссалом дар бораи бандае сухан меронад, ки у бисёр азоб кашида, «аз замини зиндаҳо канда мешавад».
- Чунон ки дар боло гуфта шуд, пайғамбар Малокӣ алайҳиссалом ишора кардааст, ки пеш аз фаро расидани ҳамаи ин ҳодисаҳо ба ҷаҳон муждадиҳандае меояд. Вазифаи ӯ аз он иборат аст, ки дилҳои мардумро барои омадани банда тайёр кунад, чунки дилҳои онҳо ба осонӣ бар зидди Худо сахт мешаванд.
Забур дар соли 450 пеш аз милод ба охир расид, дар ҳоле ки яҳудиён ҳанӯз мунтазири иҷрои ин пешгӯиҳои муҳим буданд. Вақт мегузашт ва ҳамаи онҳо интизорӣ мекашиданд. Наслҳо меомаданду мерафтанд, аммо ваъдаҳо иҷро нашуда монданд.
Пас аз анҷом ёфтани давраи Забур чӣ рӯй дод
Чунон ки аз мақолаи «Таърихи Исроил» маълум аст, дар соли 330 пеш аз милод қисми зиёди ҷаҳони дар он вакт маълумро Искандари Мақдунӣ забт карда буд. Баъди ин истило халқҳо ва фарҳангҳои ҷаҳон забони юнониро қабул карданд. Имрӯз забони англисӣ дар ҷаҳони тиҷорат, маориф ва адабиёт забони муоширати байналмилалӣ ҳисоб мешавад, дар ҳоле ки дар он рӯзҳо забони юнонӣ бартарӣ дошт. Тақрибан 250 пеш аз милод муаллимони шариати яҳудӣ Таврот ва Забурро аз ибронӣ ба юнонӣ тарҷума карданд. Ин тарҷума бо номи Септуагинта маълум аст. Тавре ки мо аллакай гуфта будем, аввалин маротиба калимаи «Христос (Масеҳ)» дар ҳамин тарҷума пайдо шудааст. Ва дар ин мақола дар бораи номи “Исо”, ки бори аввал дар ҳамон ҷо истифода мешавад, гуфта мешавад.
Дар худи ҳамин давра (солҳои 300 – 100 пеш аз милод, ки бо ранги кабуд дар ҷадвали вақт нишон дода шудааст) Миср ва Сурия дар ҳолати ҷанги доимӣ буданд ва исроилиён ба ин муноқишаҳои беохир ҷалб шуда буданд, зеро аз ҷиҳати ҳудуд дар байни онҳо зиндагӣ мекарданд. Подшоҳони Сурия аксар вақт ба Исроил бисёрхудоии юнониро (бутпарастӣ) бор мекарданд, то имон ба Худои ягонаро аз байн баранд. Сарварони яҳудӣ барои ҳифзи монотеизм ва барқарор кардани покии дин, ки пайғамбар Мусо алайҳиссалом муқаррар карда буд, шӯриш карданд. Шояд ин пешвоёни динӣ иҷрошавии пешгӯии яҳудиён бошанд? Гап дар сари он аст, ки онҳо ҳар қадар ҳимоятгарони вафодори имон бошанд ва ҳар қадар ғайратмандона фармудаҳои Тавроту Забурро риоя кунанд ҳам, аломатҳои пешгӯишуда дар бораи чизи дигар мегӯянд. Зиёда аз он, ин одамон худро пайғамбар наменомиданд, балки яҳудиёни диндор, ҳимоятгарони имон аз бутпарастӣ меномиданд.
Дар бораи он ки яҳудиён барои нигоҳ доштани имони аслии худ чӣ гуна мубориза мебурданд, китобҳо навишта шудаанд. Дар онҳо дар бораи таърихи халқи Исроил бисьёр маълумотхои гаронбаҳо, ва низ дарсҳои зиёди рӯҳонӣ ҳастанд. Аммо ба ҳар ҳол яҳудиён ин китобҳоро пайғамбарона намеҳисобанд ва аз ин рӯ онҳоро ба Забур дохил накардаанд. Инҳо китобҳои муфиданд ва онҳоро одамони бағоят диндор навиштаанд. Аммо на пайғамбарон. Номи умумии ин китобҳо апокрифҳо мебошад.
Азбаски дар ин китобҳо маълумотҳои арзишнок ва судманд бисёранд, онҳо дар баробари китобҳои Тавроту Забур ҳамчун солномаи таърихии мардуми яҳудӣ истифода мешуданд. Ва пас аз навишта шудани «Инҷил» ва таблиғи Исои Масеҳ алайҳиссалом китобҳои Таврот, Забур ва Инҷил дар як китоб – «ал-Китоб», Библия гирд оварда шуданд. Апокрифҳо то ҳол дар баъзе нусхаҳои Библия ҳастанд, агарчи онҳо ба Таврот, Забур ва Инҷил дохил нашудаанд.
Дар айни ҳол ваъдаҳои Тавроту Забур иҷро нашуда монда буданд. Пас аз ҳукмронии юнониён кишвари яҳудиён аз ҷониби империяи пурқудрати Рум забт шуд, ки ҳудуди таъсири худро хеле васеъ кард (давра дар ҷадвали вақт бо ранги зард пас аз кабуд нишон дода шудааст). Ҳукмронии Рум самаранок, вале сахт амалӣ карда мешуд. Андозҳоро зиёд карда, Рум мухолифонро бераҳмона пахш мекард. Орзуву омоли яҳудиён дар бораи пешгӯиҳои Тавроту Забур боз ҳам шадидтар шуданд, аммо дар тӯли интизории тӯлонӣ оташи ибодати Худо сард шуд. Дар ин муддат қонуну қоидаҳои зиёде ҷорӣ гардиданд, ки дар бораи онҳо пайғамбарон чизе нагуфта буданд. Ин қонуну қоидаҳои иловагӣ танҳо як қисми анъана буданд. Вақте ки ин қоидаҳои иловагӣ ба кор даромаданд, дар назар бад набуданд, вале ба зудӣ дар дилу дидаи устодони яҳудӣ ҷои фармудаҳои аслии Тавроту Забурро гирифтанд.
Ва ҳангоме ба назар чунин менамуд, ки Аллоҳ ваъдаҳои додаашро фаромӯш кардааст, фаришта Ҷабраил хабари таваллуди муждадиҳандаеро, ки мардум кайҳо боз интизораш буданд, ба ҷаҳон расонд. Имрӯз ӯро бо номи Яҳё (Яҳёи Таъмиддиҳанда алайҳиссалом) мешиносанд. Ва ин ибтидои Инҷил аст, ки дар мақолаи навбатӣ дар бораи он сухан хоҳем ронд.